Панҷшанбе 28 Март 2024 мелодӣ / 17 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Матни дарс
 
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси панҷоҳу севвум
Мавзӯъ:

Ривоҷи ҳадисгароӣ (3)

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Устозунал Мансур дар идомаи баҳси худ дар бораи ҳадисгароӣ мефармояд:) Акнун дерзамоне аст (яъне аз қарни аввали ҳиҷрӣ то кунун) ки аҳли ҳадис (билмаънилаъам яъне ҳамаи касоне ки хабари воҳидро ҳуҷҷат медонанд, на сирфан муҳаддисон ва ахбориён), ақойид ва аъмолеро аз ҷоӣ дур (аз ҳайси замонӣ яъне муддатҳо баъд аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва дар ҳоле ки аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ғойиб ҳастанд, ба он Ҳазрат нисбат медиҳанд; Чунонки Худованд (дар васф ва мазаммати амсоли онҳо) фармудааст: ﴿وَيَقْذِفُونَ بِالْغَيْبِ مِنْ مَكَانٍ بَعِيدٍ;[1] «Ва дар ғиёб аз ҷоӣ дур нисбат медиҳанд» («Қазф» ба маънои нисбат додани чизе ба касе аст. Бинобарин, Худованд нисбат додани чизе ки ба касе дар ғиёб ва аз ҷоӣ дурро нораво мешуморад) Ва нисбатҳои дигарон ба он Ҳазрат аз ҷоӣ дур (яъне ахбори оҳод) ро истимоъ мекунанд (яъне мепиндоранд); Чунонки Худованд (дар васф ва мазаммати амсоли онҳо) фармудааст: ﴿أُولَئِكَ يُنَادَوْنَ مِنْ مَكَانٍ بَعِيدٍ;[2] «Онон аз ҷоӣ дур нидо дода мешаванд» (яъне аз ҷойе ки дар он ҳузур надоранд ва аз он фосилаи зиёде доранд. Истифода аз ин оёт барои табйини бештари адами ҳуҷҷияти хабари воҳид, аз ибтикороти устозунал Мансур аст ва аз иттисоли хосси ин олими бузург ба Қуръон ҳикоят мекунад) Ва ин (нисбат додан дар ғиёб ва аз ҷойи дур ва шунидани нидоҳо яъне нисбатҳо аз ҷоӣ дур) кори нодурусте аст ки шайтон (аз тариқи шабаҳдалилҳои фиребанда) дар назари онон оростааст то ононро аз роҳи дуруст (ки рафтан ба назди халифаи зиндаи Худованд дар замин аст) боздорад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَزَيَّنَ لَهُمُ الشَّيْطَانُ أَعْمَالَهُمْ فَصَدَّهُمْ عَنِ السَّبِيلِ فَهُمْ لَا يَهْتَدُونَ;[3] «Ва шайтон корҳошонро барояшон зиннат дода, пас ононро аз роҳ боз доштааст, пас онон роҳро намеёбанд»!

Ба ҳар ҳол, тардиде нест ки хабарҳои воҳиди мавҷуд дар кутуби аҳли ҳадис, бо тавҷҷуҳ ба адами асолат ва диққати бисёрӣ аз онҳо (яъне бо таваҷҷуҳ ба инки бисёрӣ аз онҳо воқеъан содир нашудаанд ё бо ин алфоз ва иборот содир нашудаанд) ва таъоруз ва танофии фарогирашон бо якдигар (ки гоҳ инсонро ваҳшатзада мекунад ки чи тавр аҳодиси саҳиҳул аснод якдигарро нақз мекунанд), яке аз муҳимтарин авомили инҳирофи ва ихтилофии мусалмонон аз дербоз то кунун будааст (ҳам омили инҳирофи онон будааст ва ҳам омили ихтилофи онон); Чароки ҳар гурӯҳ аз онон, ба ривоятӣ мутафовит тамассук ҷуста ва ривояти дигариро вогузошта ва бадин сон, заннеро бар занни дигар муқаддам доштааст; Дар ҳоле ки мусалламан нисбат додани як ақида ё амал ба Худованд ва Паёмбараш, бар пояи занн ҷойиз нест ва нохоста ба ифтироъ бар онҳо меанҷомад (чароки занн яъне эҳтимоли он ҳаст ки Худованд ва Паёмбараш ба чунин ақида ё амале амр накарда бошанд); Чунонки Худованд фармудааст: ﴿انْظُرْ كَيْفَ يَفْتَرُونَ عَلَى اللَّهِ الْكَذِبَ ۖ وَكَفَى بِهِ إِثْمًا مُبِينًا;[4] «Бингар ки чигуна бар Худованд дурӯғ мебанданд ва он ба унвони гуноҳ кофӣ аст» Ва фармудааст: ﴿وَلَا تَقُولُوا لِمَا تَصِفُ أَلْسِنَتُكُمُ الْكَذِبَ هَذَا حَلَالٌ وَهَذَا حَرَامٌ لِتَفْتَرُوا عَلَى اللَّهِ الْكَذِبَ ۚ إِنَّ الَّذِينَ يَفْتَرُونَ عَلَى اللَّهِ الْكَذِبَ لَا يُفْلِحُونَ;[5] «Ва барои чизе ки забонҳотон ба дурӯғ васф мекунад нагӯйед ки ин ҳалол аст ва ин ҳаром аст то бар Худованд дурӯғ бибандед; Зеро касоне ки бар Худованд дурӯғ мебанданд растгор нахоҳанд шуд»!

Аз инҷо дониста мешавад ки ҳадисгароӣ, бар хилофи ончи пиндошта мешавад, як бидъат буда ки дар мухолифат бо иҷмоъи саҳоба (яъне иҷмоъи мураккаби онҳо ки дар дарси қабли тавзеҳ дода шуд), монанди бисёрӣ аз бидъатҳои дигар, дар замони ҳукмронии Умавиён (мушаххасан аз замони ҳукумати Муъовия) падид омада ва асле дар Ислом надоштааст; Чароки Ислом, аҳли худро ба ақида ва амали яқинӣ таклиф карда (куҷо чунин кореро анҷом дода? Онҷо ки фармудааст: ﴿وَلَا تَقْفُ مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ [Исроъ/ 36]; «Аз чизе ки ба он илме надорӣ пайравӣ накун»! «Чизе ки ба он илме надорӣ» ҳам мутлақ аст ва ақидаву амали ҳар дуро шомил мешавад) ва барои имкони он (яъне имкони ақида ва амали яқинӣ), асбоби лозимро қарор дода ва муъаррифӣ намуда ва он (асбоби лозим) ҳамоно (ду ҷиз аст ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам он дуро «Сақалайн» яъне ду чизи гаронмоя номидааст. Яке аз он ду) китоби Худост ки (ҳуҷҷияти он бино бар эъҷоз ва тавотур собит аст ва) ҳамвора дар дастраси мусалмонон аст (чун тақрибан дар хонаи ҳар мусалмоне пайдо мешавад) ва ҳеҷ гоҳ бо мурури замон, ишколе мутаваҷҷеҳи он намешавад; Чунонки Худованд дар бораи он фармудааст: ﴿لَا يَأْتِيهِ الْبَاطِلُ مِنْ بَيْنِ يَدَيْهِ وَلَا مِنْ خَلْفِهِ ۖ تَنْزِيلٌ مِنْ حَكِيمٍ حَمِيدٍ;[6] «Ботил на аз пеши рӯяш ва на аз пушти сараш ба суроғи ӯ намеояд; Фурӯ фиристодане аз Ҳакимӣ сутуда аст» Ва дигарӣ аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ки ҳамвора касе аз онон монанди Қуръон дар миёни мусалмонон вуҷуд дорад ва қобили дастрасӣ аст ва ҳидояти онон ба Исломро мумкин месозад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَمِمَّنْ خَلَقْنَا أُمَّةٌ يَهْدُونَ بِالْحَقِّ وَبِهِ يَعْدِلُونَ;[7] «Ва аз касоне ки офаридаем гурӯҳе вуҷуд доранд ки ба ҳақ ҳидоят мекунанд ва бо он адолат меварзанд»! (Албатта бояд таваҷҷӯҳ дошт ки «Уммат» метавонад як нафар бошад; Чунонки Худованд ба унвони намуна фармудааст: ﴿إِنَّ إِبْرَاهِيمَ كَانَ أُمَّةً [Наҳл/ 120]; «Ҳароина Иброҳим уммате буд». Бо ин ҳисоб, дар ҳар замоне ҳаддиақал як нафар вуҷуд дорад ки ба ҳақ ҳидоят мекунад ва бо он адолат меварзад. Аз ин рӯ, устозунал Мансур фармуд: «Ҳамвора касе аз онон дар миёни мусалмонон вуҷуд дорад») Бинобарин, мабное ки Ислом барои ақойид ва аъмоли мусалмонон тарроҳӣ ва эҷод карда, табаиъат аз китоби Худо ба унвони ресмоне аз Худо ва итрари Паёмбар ба унвони ресмоне аз мардум аст ки муҷиби яқин мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿ضُرِبَتْ عَلَيْهِمُ الذِّلَّةُ أَيْنَ مَا ثُقِفُوا إِلَّا بِحَبْلٍ مِنَ اللَّهِ وَحَبْلٍ مِنَ النَّاسِ وَبَاءُوا بِغَضَبٍ مِنَ اللَّهِ وَضُرِبَتْ عَلَيْهِمُ الْمَسْكَنَةُ;[8] «Зиллат бар онон фуруд ояд ҳар ҷо ки ёфт шаванд магар назди ресмоне аз Худо ва ресмоне аз мардум ва ба хашме аз Худо дучор оянд ва бечизӣ бар онон фуруд ояд»! Оре, бе ҳеҷ гумоне мабнои Ислом ин будааст (табаъият аз Қуръон ва итрати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), на табаъият аз Қуръон ва ҳадис ки муҷиби яқин намешавад; Чароки ҳуҷҷияти Қуръон ва итрати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, мубтанӣ бар хабарӣ воҳид нест, бал мубтанӣ бар хабарӣ мутавотир аст ки шумори фаровоне дар ҳар табақа (яъне дар ҳар ҳалқа аз занҷираи ровиён шомили саҳоба, тобеъин, атбоъи тобеъин ва ровиёни баъдӣ то касоне ки хабарро дар китобҳои худ овардаанд) онро ривоят кардаанд ва чунин хабаре бар хилофи хабари воҳид, муҷиби яқин мешавад. Аз инҷо дониста мешавад ки ҳадис, ҳамвора ҷойгузине бар итрати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам будааст то адами муроҷиъаи мусалмонон ба ононро ҷуброн кунад; Зеро нодурустии назари гурӯҳе аз саҳоба ки китоби Худоро пас аз он Ҳазрат кофӣ медонистанд, ба суръат (яъне дар ҳамон қарни аввал) барои мусалмонон ошкор шуд, вале дурустии назари гурӯҳӣ дигар аз саҳоба ки аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро дар канори китоби Худо зарурӣ медонистанд, ҳанӯз (баъд аз 14 қарн) барои онон ошкор нашудааст; Чароки мавонеъи шинохт хусусан таблиғоти ҳокимони золим (яъне тақлид аз золимон) ва тақлиди (аз) пешиниён (ки дар мабҳаси «Тақлид» табйин фармуд), маҷоли ошкор шудани онро барояшон надодааст. Аз ин рӯ, онон назари севвумеро эҳдос намудаанд ва ба ҳадис рӯй овардаанд («Аҳодис» ва «Ҳадис» аз як решаанд ва «Ҳадис» ҳам ба маънои ривоят аст ва ҳам ба маънои чизи ҷадид ки дар инҷо ҳар ду саҳиҳ аст; Лизо таъбири устозунал Мансур як саноъати адабӣ аст) то бо такя бар он (яъне ҳадис) дар канори китоби Худо, ниёзҳои худ (дар ҳавзаи шариъат) ро бароварда созанд (албатта гоҳ аз ин ҳам фаротар рафтаанд ва ҳадисро бар китоби Худо ҳоким сохтаанд; Ба ин сурат ки ба василаи ҳадис, китоби Худоро тахсис задаанд ва ҳатто насх кардаанд); Дар ҳоле ки мусалламан ҳадис, ба унвони хабарӣ ғайри яқинӣ, бо китоби Худо синхияте надорад ва наметавонад дар радифи он воқеъ шавад (чи расад ба инки дар он муқаддам шавад); Чароки китоби Худо яқинӣ аст ва ғайри яқинӣ дар арзи яқинӣ қарор намегирад. Танҳо халифаи Худованд аз аҳли байти Паёмбар аст ки ба иқтизои таҳораташ аз ҳар гуна нопокӣ мутобиқи бо Қуръон (яъне бино бар ояи Татҳир) ва адами ифтироқаш аз Қуръон то рӯзи қиёмат мутобиқи бо ҳадиси мутавотир (яъне бино бар ҳадиси Сақалайн), салоҳияти онро дорад ки қарини Қуръон воқеъ шавад (ба ҳамин далил ҳам Паёмбар, ӯро дар канори Қуръон зикр фармуда) ва рӯшан аст ки (дар ҳолати оддӣ) руҷӯъи мустақим ба ӯ мумкин ва монанди руҷӯъи мустақим ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам муҷиби яқин ба ақида ва амали Исломӣ аст.

Аз инҷо дониста мешавад ки Худованди одил ва меҳрубон (ба иқтизои адолат ва раҳмати худ), имкони яқин ба ақида ва амали Исломӣ ва расидани ба ваҳдат дар динро танҳо ба асҳоби Паёмбараш ато нафармуда (то мо танҳо ҳасрат бихурем ва бигӯйем хушо ба ҳоли онон ки метавонистанд ба ақида ва амали худ яқин пайдо кунан ва бо ҳам муттаҳид шаванд ва ниёзе ба хабари воҳид надоштанд), балки ба ҳамаи мусалмонон то рӯзи қиёмат арзонӣ доштааст то ҳеҷ насле аз онон бар Ӯ ҳуҷҷате надошта бошад ва натавонад узр оварад ки агар мо Паёмбарро дарк мекардем, дар бораи ақойид ва аъмоли худ ба яқин мерасидем ва дар миёни худ ихтилоф намекардем (чи нуктаи муҳим ва бадеъӣ аст ин нукта ки устозунал Мансур мефармояд); Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَأَقْسَمُوا بِاللَّهِ جَهْدَ أَيْمَانِهِمْ لَئِنْ جَاءَهُمْ نَذِيرٌ لَيَكُونُنَّ أَهْدَى مِنْ إِحْدَى الْأُمَمِ ۖ فَلَمَّا جَاءَهُمْ نَذِيرٌ مَا زَادَهُمْ إِلَّا نُفُورًا;[9] «Ва ба Худованд бо сахттарин савгандҳошон қасам хӯрданд ки агар ононро бимдиҳандае меомад ҳатман аз ҳамаи умматҳо ҳидоят ёфтатар мебуданд; Пас чун ононро бимдиҳандае омад, ҷуз бар нафраташон наяфзуд»! Ҳамчунонки онон ки Паёмбарро дарк намуданд (яъне навъи саҳоба), монанди инон дар бораи ақойид ва аъмоли худ ба яқин нарасиданд ва дар миёни худ ихтилоф карданд то аввал ва охири ин уммат бо ҳам баробар бошад. Ба ҳар ҳол, адолати Худованд (ки як асли бисёр муҳим дар ақойиди Исломӣ аст) иқтизо мекунад, ҳамаи имконоти лозим барои расидан ба яқин ки барои насли аввал қарор дода (яъне китоб ва халифаи Худованд) ро барои наслҳои пасин низ қарор диҳад то ҳамагон аз ин ҳайс бо ҳам баробар бошанд ва бартарии онон аз якдигар маълум шавад (чароки танҳо дар шаройити баробар, бартарии онон аз якдигар маълум мешавад); Чунонки фармудааст: ﴿إِنَّمَا أَنْتَ مُنْذِرٌ ۖ وَلِكُلِّ قَوْمٍ هَادٍ;[10] «Ҷуз ин нест ки ту танҳо бимдиҳандае ҳастӣ ва барои ҳар қавме роҳнамойе ҳаст»! (Инки мефармояд: «Барои ҳар қавме роҳнамойе ҳаст» танҳо ба гузашта марбут намешавад, балки мутлақ аст ва ояндаро ҳам дар бар мегирад ва мурод аз ҳар қавм ҳам аҳли ҳар замон аст, на аҳли ҳар қабила ё шаҳр ё уммат; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба ояти ﴿إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً [Бақара/ 30]; «Ман дар замин халифаеро қарор диҳандаам» ки далили бар як халифа дар ҳар замон аст то замин дар ҳеҷ замоне холӣ аз халифа набошад ва бо таваҷҷуҳ ба инки мусалламан аҳли ҳар қабила ё шаҳре роҳнамойи ҷудогона аз ҷониби Худованд надоранд ва уммат ба маънои мусталаҳ ҳам баъд аз зуҳури роҳнамо шакл мегирад на қабд аз он; Монанди уммати Мӯсо ва уммати Исо ва уммати Муҳаммад алаҳимуссалом.) Ин ба маънои он аст ки дар ҳар насле аз мусалмонон, роҳнамоӣ зинда вуҷуд дорад ки Худованд ӯро гумошта ва Паёмбараш аз ӯ хабар дода ва табъан қавл ва феъли ӯ кошиф аз қавл ва феъли Худованд ва Паёмбари Ӯст ва вазифаи ҳар мусалмоне, шинохти ӯ аз тариқи нас (дар мавориде ки нассе вуҷуд дорад) ва оят (дар мавориде ки нассе вуҷуд надорад) ва руҷӯъ ба ӯ дар канори китоби Худованд (мутобиқ бо ҳадиси Сақалайн) аст ва бо ин васф, ақида ва амале ки мубтанӣ бар ин кор (яъне мубтанӣ бар руҷӯъ ба роҳнамои зинда дар канори китоби Худованд) нест, агар чи мубтанӣ бар ривоёт бошад, пазируфта нест; Магар ривоёте ки мутавотир бошанд; Бо таваҷҷуҳ ба инки ривоёти мутавотир, ақлан муҷиби яқин ҳастанд ва яқин метавонад мабнои ақида ва амали мусалмон воқеъ шавад; Ё ривоёте ки аз роҳнамоӣ зиндаҳ барои мусалмононе дар замони ӯ нақл шаванд ҳаргоҳ дар адами дастрасӣ ба ӯ муқассир набошанд (монанди занон ва кӯдакон ва мустазъафон ва беморон ва тоҷирон ва муҷоҳидон ки қодир ба омадан назди роҳнамои зинда дар мавқеъи лузум нестанд, на касоне ки метавонанд ба назди ӯ биёянд ва кӯтоҳӣ макунанд); Бо таваҷҷуҳ ба инки ривоёти роҳнамои зинда, ҳаргоҳ бар хилофи воқеъ бошанд, одатан тавассути ӯ шиносоӣ ва тасҳиҳ мешаванд (хусусан бо таваҷҷуҳ ба назорати олии ӯ бар асҳобаш ва бархурдории ӯ аз ҳидоятҳои Илоҳӣ); Чароки дурӯғ бастан бар зиндагон (хусусан ҳаргоҳ халифаи Худованд дар замин бошад), кори содае нест ва ба содагӣ қобили шиносоӣ ва тасҳиҳ тавассути онон аст; Бар хилофи ривоёти раҳнамоёни даргузашта ки имкони шиносоӣ ва тасҳиҳи онҳо барояшон нест (чароки онон дар дунё нестанд). Ин аст ки Худованд инзори Паёмбарро мунҳасир ба аҳли замонаш (яъне зиндагон) шумурда ва фармудааст: ﴿لِيُنْذِرَ مَنْ كَانَ حَيًّا وَيَحِقَّ الْقَوْلُ عَلَى الْكَافِرِينَ;[11] «То касонеро бим диҳад ки зинда ҳастанд ва суханро бар кофирон рост гардонад»; Ба ин маъно ки вазифаи бим диҳанда, бим додани касоне аст ки дар замони ӯ зинда ҳастанд (дар инҷо ду нукта аст: Яке инки фоъил дар ﴿لِيُنْذِرَ; «То бим диҳад» Паёмбар аст, на Қуръон; Чароки дар ояи қабли мефармояд: ﴿وَمَا عَلَّمْنَاهُ الشِّعْرَ وَمَا يَنْبَغِي لَهُ ۚ إِنْ هُوَ إِلَّا ذِكْرٌ وَقُرْآنٌ مُبِينٌ [Ёсин/ 69]; «Ва мо ба ӯ шеър наёмӯхтем ва барои ӯ шойиста нест, он танҳо зикр ва Қуръонӣ рӯшангар аст». Дар инҷо сухан дар бораи Паёмбар аст ва мефармояд ки сухани ӯ шеър нест, балки тазаккур ва ваҳй аст то касоне ки зиндаандро ба василаи он бим диҳад. Бинобарин, фоъил дар ﴿لِيُنْذِرَ; «То бим диҳад» Паёмбар аст, на Қуръон ва дигар инки устозунал Мансур ба зоҳири оя ахз карда ва зинда буданро дар он ба маънои зинда будани моддӣ ва воқеъӣ донистааст, на зинда будани маънавӣ ва маҷозӣ; Чароки асл бар ҳақиқат аст ва ҷуз ба зарурат аз зоҳир удул карда намешавад. Бинобарин, вазифаи бим диҳанда, бим додани касоне аст ки дар замони ӯ зинда ҳастанд) ва бим додани ояндагон (ба шакли мустақим), вазифаи ӯ нест; Чароки дар суннати Худованд, ояндагон бим диҳандаи зинда барои худ хоҳанд дошт ки бим додани онон (ба шакли мустақим) вазифаи ӯст то мутаносиб бо ниёзашон дар замони худ, ононро бим диҳад (албатта дар идома мефармояд ки Паёмбар, ояндагонро ҳам бим медиҳад, вале ба шакли ғайри мустақим ва ба воситаи бим диҳандаи зинаде ки халифаи ӯ маҳсуб мешавад ва посдори суннати ӯст). Аз инҷо дониста мешавад ки агар касе роҳнамои гузаштаеро бишиносад, вале роҳнамои замони худро нашносад, ақойид ва аъмоли ӯ бар пояи аҳодисе ки аз роҳнамои гузашта барои ӯ ривоят шудааст, муҷзӣ (яъне кифоят кунанда) нест; Чароки чорае аз руҷӯъ ба роҳнамои замон вуҷуд надорад; Бо таваҷҷуҳ ба инки агар чорае аз он вуҷуд дошт, қарор додани роҳнамои замон (ки вуқуъи он собит шуд) зарурате надошт (яъне беҳуда буд), дар ҳоле ки кори беҳуда аз Худованд муҳол аст. Бо ин васф, адами дастрасӣ ба роҳнамои замон низ дар сурате ки барои мусалмонон пеш омада бошад (қатъан пеш омада, вале аз онҷо ки ҳанӯз дар китоб ба ин мавзӯъ напардохтааст, мефармояд: Дар сурате ки барои мусалмонон пеш омада бошад), қаҳран ношӣ аз тақсири онон дар шинохт ё ҳифозати ӯ будааст (ҳамон тавр ки баъдан ба тафсил табйин мефармояд) ва бо ин васф, рӯшан аст ки узре барои онон дар ахзи ба ривоёти заннӣ шумурда намешавад (ин посух ба касоне аст ки мегӯянд мо ба роҳнамои замонамон дастрасӣ надорем ва ба ҳамин далил, дар ахзи ба ривоёти заннӣ маъзур ҳастем. Мефармояд: Маъзур нестед; Зеро худатон сабаб шудаед ки ба роҳнамои замонатон дастрасӣ надошта бошед. Метавонистед ӯро бишиносед ва ҳифозат кунед то ба ӯ дастрасӣ дошта бошед. Ҳол ки бо сӯъи ихтиёри худ ин корро накардаед, дигар маъзур нестед); Зеро бо таваҷҷуҳ ба иқдом ва тақсири онон, мумкин аст ки таҳсили яқин барояшон бо дастрасӣ ба роҳнамои замонашон, мумкин набошад ва дар айни ҳол, ахзи ба ривоёти заннӣ баряашон ҷойиз набошад; (Яъне аз як сӯ таҳсили яқин ба ҳамаи ақойид ва аҳкоми Исломи барояшон мумкин нест; Чароки ба роҳнамои замонашон дастрасӣ надоранд ва аз сӯӣ дигар ахзи ба ривоёти заннӣ барояшон ҷойиз нест ва ҳеҷ зулме ҳам аз ноҳияи Худованд лозим намеояд; Чароки худашон ба худашон зулм кардаанд) Бо таваҷҷуҳ ба инки вуҷуди мандуҳа[12] (яъне роҳи чора ва гурез) барои онон дар чунин мавриде, воҷиб нест ва махмасаи (яъне бунбасти) ҳосил аз он, ба Худованд нисбат дода намешавад то бо лутфи Ӯ мунофот дошта бошад.

Ҳосил онки ҳадис ба маънои хабари воҳид, агар чи дар истилоҳи (аҳли ҳадис) саҳиҳ шумурда шавад (яъне ровиёни он сиқа ва сабт бошанд), арзиши динӣ надорад ва монанди раъй (мубтанӣ бар қиёси мустанбитул илла ва истеҳсон) аз манобеъи Ислом нест ва ақида ва амале ки бар пояи он шакл мегирад, (аз дараҷаи эътибор) соқит аст ва мабнои тадаюн, руҷӯъи мустақим ба (Сақалайн, яъне) китоби Худо ва роҳнамои зиндае аст ки барои мардум гумошта; Чунонки фармудааст: ﴿فَإِمَّا يَأْتِيَنَّكُمْ مِنِّي هُدًى فَمَنْ تَبِعَ هُدَايَ فَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ;[13] «Пас ҳаргоҳ ки шуморо аз ҷониби Ман роҳнамое омад, пас ҳар кас ки аз роҳнамои Ман табаъият кунад на биме бар онон хоҳад буд ва на андуҳнок хоҳанд шуд» Ва фармудааст: ﴿فَإِمَّا يَأْتِيَنَّكُمْ مِنِّي هُدًى فَمَنِ اتَّبَعَ هُدَايَ فَلَا يَضِلُّ وَلَا يَشْقَى;[14] «Пас ҳаргоҳ ки шуморо аз ҷониби Ман роҳнамое омад, пас ҳар кас ки аз роҳнамои Ман табаъият кунад на гумроҳ мешавад ва на бадбахт» Ва албатта руҷӯъи мустақим ба ин раҳнамо, руҷӯъи ғайри мустақим ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шумурда мешавад; Чароки ӯ (аз худаш чизе намегӯяд, балки) баёнгари суннати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ва бо ин васф, руҷӯъи мусалмонон, ҳамвора ба китоби Худо ва суннати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз рӯӣ яқин хоҳад буд ва занн, баҳамдулиллоҳи ва миннатиҳ, ҷойе дар Ислом надорад. (Худованд ин олими бузургро барои Ислом ва мусалмонон ҳифз бифармояд ки ин ҳақойиқи нобро бо ин фасоҳат ва балоғат ва бидуни музд ва миннат табйин мефармояд. Умедворам ки қадрдони ин неъмати азим бошем.

والسلام علیکم و رحمت الله)

↑[1] . Сабаъ/ 53.
↑[2] . Фуссилат/ 44.
↑[3] . Намл/ 24.
↑[4] . Нисоъ/ 50.
↑[5] . Наҳл/ 116.
↑[6] . Фуссилат/ 42.
↑[7] . Аъроф/ 181.
↑[8] . Оли Имрон/ 112.
↑[9] . Фотир/ 42.
↑[10] . Раъд/ 7.
↑[11] . Ёсин/ 70.
↑[12] . [Роҳи чора ва гурез].
↑[13] . Бақара/ 38.
↑[14] . Тоҳо/ 123.
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Барои шунидани савти дарси панҷоҳу севвум инҷоро клик кунед.