Шанбе 20 Апрел 2024 мелодӣ / 11 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

аст. Меъёрҳои мутаъаддид, шинохтҳои мутаъаддидеро эҷоб мекунанд ва шинохтҳои мутаъаддид, ихтилофро ба вуҷуд меоваранд ва ихтилоф барои мусалмонон хуб нест; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَاعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَمِيعًا وَلَا تَفَرَّقُوا ۚ﴾[1]; «Ҳамагӣ ба ресмони Худованд чанг дар занед ва мутафарриқ нашавед» Ва ин низ гувоҳӣ бар он аст ки ресмони Худованд, воҳид аст; Чароки агар мутаъаддид буд, чанг задан ба он муҷиби иттиҳод намешуд, балки худ омили тафриқа буд!

Ба илова, бояд таваҷҷуҳ дошт ки ҳақ, моҳиятӣ воҳид ва ғайри қобили такассур дорад; Зеро дар ҳақиқати худ, чизе ҷуз вуҷуд нест ки зотӣ басит ва ғайри қобили таъаддуд дорад ва ин мусталзими ваҳдати шинахти он ва табъан ваҳдати меъёри шинохти он аст. Ба иборати дигар, ҳақ таквин ё ташриъи Худованд аст ки аз ваҳдати зотии Ӯ нашъат гирифтааст ва аз ин рӯ, дар он ихтилофе вуҷуд надорад ва наметавон онро мухталиф ёфт; Чунонки Худованд дар бораи таквини худ фармудааст: ﴿مَا تَرَىٰ فِي خَلْقِ الرَّحْمَٰنِ مِنْ تَفَاوُتٍ ۖ﴾[2]; «Дар хилқати Худованд ҳеҷ тафовуте намебинӣ» Ва дар бораи ташриъи худ фармудааст: ﴿وَلَوْ كَانَ مِنْ عِنْدِ غَيْرِ اللَّهِ لَوَجَدُوا فِيهِ اخْتِلَافًا كَثِيرًا﴾[3]; «Ва агар он аз назди ғайри Худованд буд, ҳатман дар он ихтилофи бисёре меёфтанд». Бинобарин, ҳақ чи таквини Худованд бошад ва чи ташриъи Ӯ, вуҷудӣ воҳид ва ғайри қобили таъаддуд дорад ки ҳар чизе ҷуз он ботил шумурда мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿فَمَاذَا بَعْدَ الْحَقِّ إِلَّا الضَّلَالُ ۖ﴾[4]; «Пас чист баъд аз ҳақ ҷуз гумроҳӣ?!». Хулоса онки ҳақ, воҳид аст; Чароки маншаъи воҳиде дорад ва воҳид, шинохти воҳидеро иқтизо мекунад ва шинохти воҳид, меъёри воҳидеро ниёз дорад.

Мункирони ваҳдати ҳақ ва меъёри шинохти он

Ваҳдати ҳақ ва шинохти он ва меъёре ки барои он лозим аст, аз масоъили зарурӣ аст ки тардид дар он маъно надорад. Бо ин ҳол, аз дербоз то кунун касоне будаанд ки дар он тардид доштаанд ва ҳтто онро инкор намудаанд.

↑[1] . Оли Имрон/ 103
↑[2] . Мулк/ 3
↑[3] . Нисоъ/ 82
↑[4] . Юнус/ 32