Чоршанбе 24 Апрел 2024 мелодӣ / 15 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

шинохти одамӣ аст ва қувваи мудрикае ҷуз он дар нафси ӯ вуҷуд надорад. Ба иборати дигар, барои ақл ҷойгузине нест ки дар арзи он қарор дошта башад ва битавонад аз он бениёз кунад ва ин як амри маҳсус ва виҷдонӣ аст. Вонгаҳе шинохти инсон амалан ба василаи ақл анҷом мешавад ва ризоят ё кароҳати ӯ таъсире бар ин воқеъият надорад; Чароки ин воқеъият, хислати зотии инсон ва хилқати Парвардигори Ҳаким аст ва бо ин авсоф, тағйири он тавассути инсон, мумкин нест. Ба ин тартиб, ақл аслитарин ва ибтидоитарин мабнои шинохт аст ва ҳар шинохте ки мустақим ё ғайри мустақим ба ақл намеанҷомад, бемаъност. Мабонии дигар, агар вуҷуд дошта бошанд, худ ба ақл боз мегарданд; Чароки бидуни ақл шинохта намешаванд ва ҷуз барои оқилон коройӣ надоранд; Ҳамчунонки шаръ, агарчи бисёр судманд аст, худ ба василаи ақл шинохта мешавад ва танҳо оқилонро мухотаб сохта ва масалан фармудааст: ﴿فَاتَّقُوا اللَّهَ يَا أُولِي الْأَلْبَابِ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ﴾[1]; «Аз Худо битарсед эй соҳибони ақлҳо, бошад ки растгорӣ ёбед» Ва фармудааст: ﴿إِنَّ فِي خَلْقِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَاخْتِلَافِ اللَّيْلِ وَالنَّهَارِ لَآيَاتٍ لِأُولِي الْأَلْبَابِ﴾[2]; «Ҳамоно дар хилқати осмонҳо ва замин ва омаду шуди шабу рӯз, нишонаҳое барои соҳибони ақлҳост» Ва фармудааст: ﴿إِنَّمَا يَتَذَكَّرُ أُولُو الْأَلْبَابِ﴾[3]; «Танҳо соҳибони ақлҳо панд мегиранд»!

Ваҳдати ақл

Ақл, гавҳари якдонае аст ки миёни фарзандони Одам муштарак аст ва мабнои ихтиёри фардӣ ва масъулияти иҷтимоии онон ва ҳалқаи итисолашон ба якдигар маҳсуб мешавад ва аз онҷо ки маншаъи воҳиде дорад, идрокоти воҳиде низ дорад ва миёни афроди он, ихтилофе нест. Маншаъи ақл, Парвардигори ҷаҳониён аст ки худ ақли маҳз ва раъиси оқилон аст ва дар афъоли Ӯ мунофоте нест. Аз ин рӯ, оқилон дар саросари ҷаҳон бо ҳар нажод ва забон ва фарҳанге, дар назариёте ки ба ақл истинод дорад, иттифоқ доранд ва ду нафар аз онон бо ҳам ихтилоф намекунанд. Ба унвони мисол, ҳамаи онон итифоқ доранд ки ончи ҳис мешавад вуҷуд дорад ва кул аз ҷузъ бузургтар аст ва иҷтимои ду нақиз муҳол аст ва ҳодис ба муҳдис ниёзманд аст

↑[1] . Моъида/ 100
↑[2] . Оли Имрон/ 190
↑[3] . Раъд/ 19