Ҷумъа 29 Март 2024 мелодӣ / 18 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

шаръ аст ва бо ин васф, ибқоъи он, агарчи бидуни итоъат аз онон дар мавориде ки бо ақл ва шаръ мухолифат мекунанд, ба маънои ибқоъи мухолифати онон бо ақл ва шаръ аст ки иъонат бар он ва табъан мухолифат бо ақл ва шаръ шумурда мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَلَا تَعَاوَنُوا عَلَى الْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ ۚ﴾[1]; «Ва ба якдигар бар гуноҳ ва дароздастӣ кӯмак накунед»! Аз ин рӯ, инсоф он аст ки ҳурмати итоъат аз ҳокимони золим ва ибқоъи ҳукумати онон, аз бадеҳиёти Ислом аст ки тасаввури он барои тасдиқи он кофӣ аст, то ҷойе ки эътиқод ба вуҷуби он, бо эътиқод ба вуҷуби ҳаром, баробар аст; Чунонки олимтарин, солеҳтарин ва носеҳтарини мусалмонон дар замони худ, ба ин ҳукм воқиф буданд ва ба вуҷуби итоъат ва ибқоъи ҳокимони золим бовар надоштанд, монанди Ҳусейн ибни Алӣ ибни абӣ Толиб ки бино бар хабари мутавотири Паёмбар, саййиди ҷавонони аҳли биҳишт буд[2] ва бо ин васф, ҷони худ ва аҳли байташро дар хуруҷ бар ҳокими золим фидо кард то усваи ҳасанае барои муслмонон бошад, ҳар чанд бештари мусалмонон ки пайравӣ Умавиён буданд, ҳаргиз ба ақидаи ӯ дар ин бора гардан наниҳоданд.

[Табаъоти итоъат аз ҳокимони золим]

Ба ҳар ҳол, машҳуд аст ки эътиқод ба вуҷуби итоъат аз ҳокимони золим ва ҳифзи онҳо, аз шумтарин ақойиди ройиҷ дар миёни мусалмонон буда ки муҷиби ваҳни Ислом ва суқути тамаддуни Исломӣ ва густариши мавонеъи шинохт дар миёни мусалмонон шудааст; Чароки ҳокимони золим дар тӯли қарнҳои мутамодӣ, бо сӯъи истифода аз ин эътиқоди бепоя ки тавассути сафиҳонӣ вобаста ба онҳо тарвиҷ шуда, ақойид ва аҳкоми Исломро яке аз пайи дигарӣ, ба суди худ тағйир додаанд ва қироъате аз онро расмият бахшидаанд ки мутобиқи бо амёли онҳост ва дар ин

↑[1] . Моъида/ 2
↑[2] . Нигоҳ кун ба: Ибни абӣ Шейба, Ал-Мусаннаф, ҷ7, с512; Муснади Аҳмад, ҷ3, с3, 62, 64 ва 82 ва ҷ 5, с391; Сунани Ибни Моҷаҳ, ҷ1, с44; Сунанул Тирмизӣ, ҷ5, с321 ва 326; Нисоӣ, Ал-Сунанул кубро, ҷ5, с50, 81, 95, 145, 148 ва 149; Ҳаму, Фазоъилул саҳобаҳ, с20, 58 ва 76; Ҳаму, Хасоъису амирул муъминин, с123; Муснади абӣ Яъло, ҷ2, с395; Саҳеҳи Ибни Ҳибон, ҷ15, с411, 412 ва 413; Ҳокими Нешобурӣ, Ал-Мустадрак, ҷ3, с167; Табаронӣ, Ал-Муъҷамул Авсат, ҷ1, с117 ва ҷ 2, с347 ва ҷ 4, с325 ва ҷ 5, с243 ва ҷ 6, с327; Ҳаму, Ал-Муъҷамул Кабир, ҷ3, с35, 36, 37, 38, 39 ва 40; Ҳейсамӣ, Маҷмаъуз-завоъид, ҷ9, с182, 183, 184 ва 201. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз тавотури он, нигоҳ кун ба: Каттонӣ, Назмул мутаносир минал ҳадисул мутавотир, с196.