Ҷумъа 19 Апрел 2024 мелодӣ / 10 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

кофир шуданд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿بَلْ يُرِيدُ كُلُّ امْرِئٍ مِنْهُمْ أَنْ يُؤْتَىٰ صُحُفًا مُنَشَّرَةً﴾[1]; «Бал ҳар як аз онон мехоҳад ки ба ӯ номаҳоӣ ҷудогона дода шавад» Ва фармудааст: ﴿قَالُوا لَنْ نُؤْمِنَ حَتَّىٰ نُؤْتَىٰ مِثْلَ مَا أُوتِيَ رُسُلُ اللَّهِ ۘ﴾[2]; «Гуфтанд: Мо имон намеоварем то онгоҳ ки ончи ба Паёмбарони Худо дода шуд, ба мо низ дода шавад»! Дар ҳоле ки ин тавакқуъоти онон, ҳеҷ як мубтанӣ бар ақл набуд ва танҳо аз хушояндҳо ва нохушояндҳои онон нашъат гирифта буд. Намунаи дигари ин пешзеҳниятҳо, пешзеҳнияти яҳудиён буд ки тавақкуъ доштанд Паёмбари хотам, аз насли Исҳоқ бошад; Пас чун ӯро аз насли Исмоъил ёфтанд, инкор карданд; Чунонки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿وَكَانُوا مِنْ قَبْلُ يَسْتَفْتِحُونَ عَلَى الَّذِينَ كَفَرُوا فَلَمَّا جَاءَهُمْ مَا عَرَفُوا كَفَرُوا بِهِ ۚ فَلَعْنَةُ اللَّهِ عَلَى الْكَافِرِينَ﴾[3]; «Ва пештар бар касоне ки кофир шуданд пирӯзӣ меҷустанд, вале чун ҷизе ки мешинохтанд ононро омад, ӯро инкор карданд; Пас лаънати Худованд бар кофирон бод!»; Ё тавақкуъ доштанд ки ҳар Паёмбаре, қурбоние барои онон биёварад ки оташ онро бихурад ва ҳангоме ки Паёмбаре онро наёвард, ӯро такзиб карданд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿الَّذِينَ قَالُوا إِنَّ اللَّهَ عَهِدَ إِلَيْنَا أَلَّا نُؤْمِنَ لِرَسُولٍ حَتَّىٰ يَأْتِيَنَا بِقُرْبَانٍ تَأْكُلُهُ النَّارُ ۗ﴾[4]; «Касоне ки гуфтанд: Худованд бо мо аҳд кардааст ки ба Паёмбаре имон наёварем то онгоҳ ки барои мо қурбоние биёварад ки оташ онро бихурад!»; Дар ҳоле ки ин тавақкуъоти онон, мубтанӣ бар ақл набуд ва танҳо аз орузуҳои онон нашъат гирифта буд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿تِلْكَ أَمَانِيُّهُمْ ۗ قُلْ هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ﴾[5]; «Он орзуҳои онон аст; Бигӯ бурҳони худро биёваред агар рост мегӯйед»! Бадин сон, пешзеҳниятҳои ношӣ аз хоҳишҳои нафсонӣ, шуруте барои шинохти ҳақ таъйин мекунанд ки дар воқеъ, шинохти ҳақ машрут ба онҳо нест. Ба илова, бо барангехтани пешдовариҳо, фурсати шинохти ҳаққро салб мекунанд ва ба ақл, фурсате барои баррасии он намедиҳанд; Монанди як қозие ки иддаъои муддаъиро пеш аз шунидани далоили ӯ, рад мекунад, ба далили онки дӯст намедорад ӯ ростгӯ бошад ё бар пояи пешфарзҳояш,

↑[1] . Муддасир/ 52
↑[2] . Анъом/ 124
↑[3] . Бақара/ 89
↑[4] . Оли Имрон/ 183
↑[5] . Бақара/ 111