Ҷумъа 19 Апрел 2024 мелодӣ / 10 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

онон, ширки ба Худоро тавҳид ва тағаллуб[1] бар мусалмононро хилофат ва куштани кӯдаконро ҷиҳод ва сирқати амволро ғанимат ва қатли хештанро шаҳодат меноманд то бадин шева, мусалмононро бифиребанд ва ба номи ризои Худованд, ризои нафси аъммораро бароваранд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿يُخَادِعُونَ اللَّهَ وَالَّذِينَ آمَنُوا وَمَا يَخْدَعُونَ إِلَّا أَنْفُسَهُمْ وَمَا يَشْعُرُونَ﴾[2]; «Мехоҳанд Худо ва касоне ки имон дорандро бифиребанд, дар ҳоле ки ҷуз худашонро фиреб намедиҳанд ва намефаҳманд» Ва фармудааст: ﴿وَلَيَحْلِفُنَّ إِنْ أَرَدْنَا إِلَّا الْحُسْنَىٰ ۖ وَاللَّهُ يَشْهَدُ إِنَّهُمْ لَكَاذِبُونَ﴾[3]; «Ва савганд мехуранд ки муроде ҷуз хубӣ надоштем, дар ҳоле ки Худованд шаҳодат медиҳад ки онон дурӯғгӯёнанд»! Гуфта мешавад кор ба ҷойе расидааст ки фоҳишаҳое аз миёни онон, бо фатвои мансуб ба бархӣ муфтиён Оли Саъуд, барои зино бо муфсидони дар замин, ба Сурия ва Ироқ мераванд ва номи онро ҷиҳоди никоҳ мениҳанд то мояи ваҳни Ислом шаванд ва ба ҷанги мусалмонон бо ҳам, доман зананд, дар ҳоле ки ғараз аз ҷиҳод, иқомаи аҳкоми Ислом аст на изоъаи аҳкоми он ва касоне ки худ рӯшантарин аҳкоми он дар бораи фуруҷ ва дамоъи мусалмононро зойеъ мекунанд, муҷоҳид нестанд, балки муҳориб ва муфсиди дар заминанд! Чунонки каме дуртар аз онон, мусалмонони мазлум дар Фаластин, ба дасти кофирони ҷаббор кушта ва овора мешаванд ва касе нест ки барои дифоъ аз онон, ба майдон дарояд ва мусалмонони мустазъаф дар Африқои марказӣ, ба дасти кофирони ваҳшӣ, салохӣ ва сӯзонда мешаванд ва касе нест ки барои ҳифзи онон, иқдом кунад; Чароки борикиҳои хурди Фаластин ва даштҳои гарми Африқои марказӣ, ҷазобияте барои ин муҷоҳидони дар роҳи нафс надорад!

Ҳеҷ шакке нест ки имрӯз, ҷангҳои мусалмонон бо якдигар дар Сурия, Ироқ, Афғонистон ва Покистон, на бар пояи Ислом, ки бар пояи ҳавои нафс аст ва табъан ҳар кас ки дар он кушта мешавад, бар хилофи пиндори худ шойистаи дӯзах аст; Ҳамчунонки возеҳ аст касоне ки мусалмононро ба ин ҷангҳо таҳрез мекунанд, муфсиди дар заминанд ва қатли онон, бар ҳар

↑[1] . [Султаҷӯйи аз роҳи зӯр ва қудрат]
↑[2] . Бақара/ 9
↑[3] . Тавба/ 107