Сешанбе 16 Апрел 2024 мелодӣ / 7 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

мусалмоне ки мутамаккин аз он бошад, воҷиб аст.

Ҳосил онки шинохт, танҳо барои касе муяссар хоҳад шуд ки нафси худро аз ҳуббу буғзҳои бепоя, холӣ карда бошад ва пешзеҳниятҳо ва пешдовариҳои худро канор ниҳода бошад ва писандҳо ва нописандҳои худро бар писандҳо ва нописандҳои Худованд, мубтанӣ сохта бошад.

4. Дунёгароӣ

Яке дигар аз мавонеъи шинохт, «Дунёгароӣ» аст. Манзур аз дунёгароӣ, авлавият додан ба чизҳое аст ки одаме ба иқтизои ғарази худ, барои зиндагии дунё, қатъи назар аз зиндагии охират, ба онҳо ниёзманд аст ва фиқдони онҳо, лузуман ба зиндагии охират зиёне намерасонад; Монанди чизҳое ки Худованд дар китоби худ ном бурда ва фармудааст: ﴿زُيِّنَ لِلنَّاسِ حُبُّ الشَّهَوَاتِ مِنَ النِّسَاءِ وَالْبَنِينَ وَالْقَنَاطِيرِ الْمُقَنْطَرَةِ مِنَ الذَّهَبِ وَالْفِضَّةِ وَالْخَيْلِ الْمُسَوَّمَةِ وَالْأَنْعَامِ وَالْحَرْثِ ۗ ذَٰلِكَ مَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا﴾[1]; «Дӯстии дилбастагиҳо аз занон ва писарон ва сарватҳои анбошта аз тилло ва нуқра ва асбҳои қиматӣ ва чаҳорпоён ва кишт, барои мардум ороста шудааст; Ин бархурдории зиндагии дунёст»! Рӯшан аст ки зиндагии инсон, бино бар ончи аз ақл ва шаръ маълум аст, маҳдуд ба зиндагии дунё нест; Балки зиндагии дунё, муқаддамае бар зиндагии охирад аст, балки зиндагии охират нисбат ба зиндагии дунё, асл нисбат ба бадал шумурда мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَمَا هَٰذِهِ الْحَيَاةُ الدُّنْيَا إِلَّا لَهْوٌ وَلَعِبٌ ۚ وَإِنَّ الدَّارَ الْآخِرَةَ لَهِيَ الْحَيَوَانُ ۚ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ﴾[2]; «Ва ин зиндагии дунё ҷуз саргармӣ ва бозичае нест ва саройи охират бегумон ҳамон зиндагонӣ аст агар бидонанд» Ва фармудааст: ﴿يَا قَوْمِ إِنَّمَا هَٰذِهِ الْحَيَاةُ الدُّنْيَا مَتَاعٌ وَإِنَّ الْآخِرَةَ هِيَ دَارُ الْقَرَارِ﴾[3]; «Эй қавм! Ҷуз ин нест ки зиндагии дунё як бархурдоре аст ва он охират аст ки сароӣ мондагоре аст»! Албатта дӯст доштани чизҳое ки барои зиндагии дунё зарурат доранд, табиъӣ аст ва бад шумурда намешавад, вале дӯст доштани онҳо беш аз чизҳое ки барои зиндагии охират зарурат доранд, табиъӣ нест ва бад шумурда мешаванд; Чароки

↑[1] . Оли Имрон/ 14
↑[2] . Анкабут/ 64
↑[3] . Ғофир/ 39