Ҷумъа 29 Март 2024 мелодӣ / 18 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

ақл, зиндагии абадиро бар зиндагии муваққат тарҷеҳ медиҳад ва савоб ё иқоби бештарро бар савоб ё иқоби камтар муқаддам мешуморад. Бинобарин, дӯст доштани зиндагии дунё, бад нест; Балки авлавият додан ба он дар баробари зиндагии охират, бад аст ва ин ҳамон дунёгароӣ аст ки аз мавонеъи шинохт, шумурда мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿بَلْ تُؤْثِرُونَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا ۝ وَالْآخِرَةُ خَيْرٌ وَأَبْقَىٰ﴾[1]; «Балки зиндагии дунёро тарҷеҳ медиҳед; Дар ҳоле ки охират беҳтар ва боқитар аст» Ва фармудааст: ﴿كَلَّا بَلْ تُحِبُّونَ الْعَاجِلَةَ ۝ وَتَذَرُونَ الْآخِرَةَ﴾[2]; «Ҳаргиз; Балки дунёро дӯст медоред ва охиратро вомегузоред» Ва фармудааст: ﴿إِنَّ هَٰؤُلَاءِ يُحِبُّونَ الْعَاجِلَةَ وَيَذَرُونَ وَرَاءَهُمْ يَوْمًا ثَقِيلًا﴾[3]; «Ҳроина инон дунёро дӯст медоранд ва рӯзӣ гаронро пушти сари худ вомегузоранд» Ва фармудааст: ﴿أَرَضِيتُمْ بِالْحَيَاةِ الدُّنْيَا مِنَ الْآخِرَةِ ۚ فَمَا مَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا فِي الْآخِرَةِ إِلَّا قَلِيلٌ﴾[4]; «Оё ба зиндагии дунё аз охират ризоят ёфтаед?! Дар ҳоле ки зиндагии дунё дар баробари охират, ҷуз андаке нест!».

[Маншаъи дунёгароӣ]

Рӯшан аст ки маншаи ин дунёгароӣ, адами имон ба зиндагии охират аст; Чароки инсон қодир нест чизеро ки барои ӯ яқинӣ аст, фидои чизе кунад ки барои ӯ яқинӣ нест. Аз ин рӯ, бештарин дунёгароӣ, дар миёни касоне дида мешавад ки зиндагии охиратро инкор мекунанд ва мӯътақиданд ки инсон бо марг, нест ва нобуд мешавад. Бо ин васф, метавон гуфт: Пешрафтҳои моддии кофирон баъд аз инқилоби Аврупо, беш аз онки ҳосили дониш ва кӯшиши бештари онон бошад, ношӣ аз пушт кардани онон ба маънавият ва фаромӯш кардани зиндагии охират будааст; Чароки онон ба дунболи хастагии аз ҳазор сол ақлситезии калисо, тасмим ба ҷудоӣ аз дин гирифтанд ва низомӣ орӣ аз эътиқоди ба ғайбро тарроҳӣ ва эҷод намуданд ки ҳамчунон устувор ва фазоянда, ба ҳаёти худ идома медиҳад. Нақши ин низоми ҷадиди моддагаро ки бар саросари ҷаҳон соя андохта, дар густариш ва ниҳодинагии дунёгароӣ, бисёр

↑[1] . Аъло/ 16 ва 17
↑[2] . Қиёмаҳ/ 20 ва 21
↑[3] . Инсон/ 27
↑[4] . Тавба/ 38