Ҷумъа 29 Март 2024 мелодӣ / 18 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

бисёрӣ аз мусалмонон, дар бораи қавм, мазҳаб ва гурӯҳи худ мутаъассибанд ва таҳаммули интиқод аз онро надоранд; То ҷойе ки гунҷоише барои зикри маъойиби он нест ва тамаллуқ аз он лозим шумурда мешавад; Монанди касоне ки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿لَا تَحْسَبَنَّ الَّذِينَ يَفْرَحُونَ بِمَا أَتَوْا وَيُحِبُّونَ أَنْ يُحْمَدُوا بِمَا لَمْ يَفْعَلُوا فَلَا تَحْسَبَنَّهُمْ بِمَفَازَةٍ مِنَ الْعَذَابِ ۖ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ﴾[1]; «Гумон мабар касоне ки ба ончи анҷом додаанд шодмонӣ мекунанд ва дӯст медоранд ки ба хотири ончи накардаанд ситоиш шаванд, гумон мабар ки аз азоб раҳоӣ меёбанд ва барои онон азобӣ дарднок аст» Ва касоне ки дар бораи онон фармудааст: ﴿صُمٌّ بُكْمٌ عُمْيٌ فَهُمْ لَا يَرْجِعُونَ﴾[2]; «Кар ва лол ва кӯранд, пас онон боз намегарданд»!

Ман бо бисёрӣ аз онон гуфтугӯ кардаам; Онон хайреро берун аз ончи шинохтаанд, тасаввур намекунанд ва мепиндоранд ки фаротар аз ончи ба он расидаанд, ҳаққе нест; Дар ҳоле ки ончи шинохтаанд, ғолибан мубтанӣ бар занн аст ва чизе ки ба он расидаанд, умдатан қатъӣ нест ва ин ба он маъност ки бутлони он муҳтамал аст ва бо ин васф, ҷазми ба он маъқул нест.

Ин ҳолат, дар бархӣ кишварҳои мусалмон ки аз ақвом ё мазоҳиби гуногуне шакл гирифта ва тавсиъаи камтаре ёфтаанд, маҳсустар аст; Чунонки масалан дар Афғонистон, таъассуби қавмӣ ва мазҳабӣ дар сояи танавуъи ақвом ва мазоҳиб, ба андозае аст ки заминае барои таҳаққуқи сулҳ нест ва шаклгирӣ ё бақоъи ҳокимияти воҳид, душвор аст ва ин мусалмонони он кишварро ба мардумӣ мусибатзада табдил намудааст.

Ҳосил онки танҳо касоне қодир ба шинохти ҳаққанд ки нисбат ба қавм, мазҳаб ва гурӯҳи худ таъассуб надошта бошанд ва бо ақойиди заннии худ, монанди ақойиди қатъӣ, муомила накунанд ва зарфияти бознигарӣ дар онҳо ва табъан даст бардоштан аз онҳо дар сурати мухолифаташон бо ҳаққро дошта бошанд.

6. Такаббур

Яке дигар аз мавонеъи шинохт, «Такаббур» ба маънои

↑[1] . Оли Имрон/ 188
↑[2] . Бақара/ 18