Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 6/12/2015

Теъдоди дигаре аз суъолоти дӯстон тақдим мегардад:

1 . Бархӣ аз муфассирони Қуръон Зулқарнайнро ҳамон Куруш подшҳои бузурги Эрон медонанд. Назари алломаи Хуросонӣ дар ин маврид чист?

2 . Тафсири алломаи Хуросонӣ дар мавриди яъҷуҷ ва маъҷуҷ чист?

Посух ба пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш: 16/12/2015

Посухи пурсишҳои шумо ба тартиби зер аст:

1 . Бештари касоне ки Зулқарнайн дар Қуръонро ҳамон Куруш подшоҳи бузурги Форс мешуморанд, дар бораи ӯ илме надоранд ва танҳо аз занн пайравӣ мекунанд ва танҳо тахмин мезананд ва дар пайи мусодираи ӯ ба матлуб ҳастанд; Ҳамчунонки бештари мункирони ин дидгоҳ низ ба ҳамин балия гирифторанд ва ангезаҳойи нажодпарастона ва зидди форсӣ доранд, дар ҳоле ки мавзӯъоти Исломӣ ҷойи ин қабил бозиҳо нест ва кашондани мунозиъоти сиёсӣ ва қавмӣ ба қаламрави дин хатарнок аст. Аз ҳамин рӯят ки олими бузург ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ин мардумонро шойистаи илм намешиносанд ва аз ниҳодани ҳукумат дар дастраси онон кароҳат дорад; Чароки онон илмро василаи найли ба дунё мекунанд ва ҳукуматро ба зидди ҳаким ба кор мебаранд ва дар ҳоле аз хирмани фазли ӯ хӯша мечинанд ки бо ӯ дар инкор ва ситезаанд; Монанди гузаштагонашон ки ҳаргоҳ дар умуре фуру мемонданд, ба олими оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам руҷӯъ мекарданд ва чун ниёзашонро бар меовард, ба инкор ва ситеза бо ӯ рӯй меоварданд. Ҳар чанд ин шароратҳо ва носипосиҳо, ҳеҷ гоҳ он пешвоёни ҳидоятро аз ифодаи илм ва ифозаи ҳикмат боз надошт ва имрӯз низ халафи солеҳ ва шогирди аввали онон ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолоро аз ин кор боз намедорад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«كُنْتُ عِنْدَ الْعَبْدِ الصَّالِحِ فِي دَارِهِ فَوَجَدْتُهُ فَارِغًا، فَقُلْتُ لَهُ: جُعِلْتُ فِدَاكَ، أَسْأَلُكَ؟ فَقَالَ بِرَأْسِهِ: نَعَمْ، فَظَنَنْتُ أَنَّهُ يُسَبِّحُ، فَقُلْتُ: إِنَّ هَؤُلَاءِ يَخْتَلِفُونَ فِي ذِي الْقَرْنَيْنِ، وَأَنْتَ عَالِمُهُمْ وَسَيِّدُهُمْ، فَإِنْ رَأَيْتَ -جُعِلْتُ فِدَاكَ- أَنْ تُخْرِجَهُمْ فِيهِ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ فَعَلْتَ، فَمَكَثَ حَتَّى قَضَى سُبْحَتَهُ، ثُمَّ قَالَ: دَعْنِي مِنْ هَؤُلَاءِ السَّفَلَةِ الْمَرَدَةِ الْقَائِلِينَ عَلَى اللَّهِ بِمَا لَا يَعْلَمُونَ، أَلَا تَعْلَمُ أَنَّ هَذَا الْعِلْمَ كَنْزٌ مِنْ كُنُوزِ الْجَنَّةِ هَبَطَ مِنْهَا مَعَ آدَمَ عَلَيْهِ السَّلَامُ، ثُمَّ انْتَقَلَ مِنْهُ إِلَى النَّبِيِّينَ وَالصِّدِّيقِينَ وَالشُّهَدَاءِ وَالصَّالِحِينَ مِنْ ذُرِّيَّتِهِ، حَتَّى يَرْجِعَ مَعَ آخِرِهِمْ إِلَى الْجَنَّةِ؟! أَفَتُرِيدُ أَنْ تَجْعَلَ مِثْلَ هَذَا الْكَنْزِ فِي أَيْدِي الصِّبْيَانِ وَالْمَجَانِينِ وَالْمُدْمِنِينَ عَلَى الْمُخَدِّرَاتِ؟! لَا وَاللَّهِ لَيْسَ هَؤُلَاءِ بِمَأْمُونِينَ عَلَيْهِ وَلَا مِنْ أَهْلِهِ، وَإِنَّ فِيهِمْ سَارِقِينَ يَسْرُقُونَهُ لِيَشْتَرُوا بِهِ ثَمَنًا قَلِيلًا وَيَسْتَعِينُوا بِهِ عَلَى حُجَجِ اللَّهِ وَأَوْلِيَائِهِ، ﴿فَذَرْهُمْ فِي غَمْرَتِهِمْ حَتَّى حِينٍ﴾[1]! فَنَدَمْتُ عَلَى مَسْأَلَتِي حَتَّى رَأَى ذَلِكَ فِي وَجْهِي، فَقَالَ: كَانَ الْيَهُودُ يَجِدُونَ ذَا الْقَرْنَيْنِ عِنْدَهُمْ فِي كِتَابِ دَانِيَالَ عَلَيْهِ السَّلَامُ، فَسَأَلُوا عَنْهُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ لِيَعْلَمُوا أَيُوحَى إِلَيْهِ أَمْ لَا، فَأَوْحَى اللَّهُ إِلَيْهِ: ﴿وَيَسْأَلُونَكَ عَنْ ذِي الْقَرْنَيْنِ ۖ قُلْ سَأَتْلُو عَلَيْكُمْ مِنْهُ ذِكْرًا﴾[2]، قُلْتُ: وَمَا كَانَ عِنْدَهُمْ فِي كِتَابِ دَانِيَالَ؟ قَالَ: إِنَّ دَانِيَالَ عَلَيْهِ السَّلَامُ رَأَى فِي الْمَنَامِ كَبَشًا لَهُ قَرْنَانِ طَوِيلَانِ، أَحَدُهُمَا أَطْوَلُ مِنَ الْآخَرِ، وَرَآهُ يَنْطَحُ غَرْبًا وَشَرْقًا وَشَمَالًا مِنْ غَيْرِ أَنْ يَقْدِرَ حَيَوَانٌ عَلَى دَفْعِهِ، حَتَّى عَظُمَ شَأْنُهُ، فَأَخْبَرَهُ جَبْرَئِيلُ عَلَيْهِ السَّلَامُ بِأَنَّ الْكَبَشَ ذَا الْقَرْنَيْنِ هُوَ مَلِكُ مَادِي وَفَارِسَ، قُلْتُ: أَشْهَدُ أَنَّ اللَّهَ قَدْ آتَاكَ الْحِكْمَةَ وَفَصْلَ الْخِطَابِ! أَفَأُحَدِّثَهُمْ عَنْكَ بِهَذَا الْحَدِيثِ؟ قَالَ: حَدِّثْهُمْ بِهِ، أَرْغَمَ اللَّهُ أُنُوفَ قَوْمٍ مُسْتَكْبِرِينَ»; «Назди абди солеҳ дар хонаи он ҳазрат будам, пас ӯро дар фароғате ёфтам, пас ба ӯ гуфтам: Фидоят шавам, оё аз ту суъоле бипурсам? Пас бо ишораи сар фармуд: Оре, пас дарёфтам ки дар ҳоли зикр аст, пас гуфтам: Инон дар бораи Зулқарнайн ихтилоф мекунанд ва ту олими онон ва саййиди онон ҳастӣ, пас агар салоҳ мебинӣ -фидоят шавам- ки ононро дар бораи ӯ аз торикӣ ба нур берун оварӣ, ин корро бикун. Он ҳазрат даранге кард то зикрашро ба поён расонад, сипас фармуд: Манро во гузор аз ин фурумоягони худбузургбин ки бар Худованд чизҳое мебанданд ки ба он илме надоранд. Оё намедонӣ ки ин илм ганҷе аз ганҷинаҳои биҳишт аст ки ба ҳамроҳи Одам алайҳи салом аз он фуру омад ва сипас ба паёмбарон ва сиддиқон ва шаҳидон ва солеҳон аз фарзандони ӯ интиқол ёфта то он гоҳ ки ба ҳамроҳи охиринашон ба биҳишт бозгардад?! Оё мехоҳӣ ки чунин ганҷеро дар дастони кӯдакон ва девонагон ва афюниён қарор диҳӣ?! На ба Худо савганд инон бар он амин шумурда намешаванд ва аз аҳли он нестанд ва дар миёни онон дуздоне ҳастанд ки онро ба сирқат мебаранд то ба баҳонаӣ инки бифурушанд ва бар зидди ҳуҷҷатҳо ва авлиёъи Худованд ба кор гиранд, «пас ононро дар саргардонишон раҳо кун то замоне»! (Ровӣ мегӯяд:) Пас ман аз пурсиши худ пушаймон шудам то ҳадде ки эшон онро дар чеҳраам дид, пас фармуд: Яҳудиён Зулқарнайнро низ худ дар китоби Дониёл алайҳи салом меёфтанд, пас дар бораи ӯ аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам пурсиданд то бидонанд ки оё ба ӯ ваҳй мешавад ё на, пас Худованд ба ӯ ваҳй кард: «Аз ту дар бораи Зулқарнайн мепурсанд, бигӯ ман бар шумо зикре аз ӯро хоҳам хонд», гуфтам: Нази онон дар китоби Дониёл чи буд? Фармуд: Дониёл алайҳи салом дар хоб қучеро дид ки ду шохи баланд дошт ки яке аз он ду баландтар аз дигар буд ва ӯро дид ки ба ғарб ва шарқ ва шимол шох мезанад беонки ҷонваре битавонад ҷилави ӯро бигирад то инки кораш боло гирифт, пас Ҷабраъил алайҳи салом ба ӯ хабар дод ки он қучи дорои ду шох (Зулқарнайн), подшоҳи Мод ва Форс аст. Гуфтам: Гувоҳӣ медиҳам ки Худованд ба ту ҳикмат ва гуфтори файсала кунанда бахшидааст! Пас оё ин гуфторро аз ту барои онон ривоят кунам? Фармуд: Барои онон ривоят кун, Худованд бинии гурӯҳе ки истикбор мекунандро ба хок бимолад».

Аз ин гуфтори ҳазрат дониста мешавад ки Зулқарнайн ҳамон Куруш подшоҳи бузурги Форс буд ки ҳукумати Форс ва Модро бо ҳам муттаҳид кард ва сипас дар се ҷиҳат ғарб, шарқ ва шимол ба лашкаркашӣ пардохт ва ба футуҳоти бисёре даст ёфт; Чароки Худованд дар китоби худ, ба ин лашкаркашиҳо ва футуҳоти ӯ дар ҷиҳоти сегона ишора фармуда ва аз равишҳо ва корҳои некуйи ӯ дар ҳар як аз онҳо хабар додааст.

2 . Бар хилофи тафосири хурофӣ ва ваҳмолуди муфассирон дар бораи яъҷуҷ ва маъҷуҷ, тафсири ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар бораи онҳо –бо илҳоми Худованд– ҳамон андоза бадеъи, хориқулода ва файсала кунанда аст ки тафсири он ҳазрат дар бораи Зулқарнайн; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ -رُوحِي فِدَاهُ- يَقُولُ: إِنَّ يَأْجُوجَ وَمَأْجُوجَ قَبِيلَتَانِ مِنْ قَبَائِلِ الْمُغُولِ كَانُوا يُغِيرُونَ عَلَى قَوْمٍ فِي شَمَالِ فَارِسَ لَا يَكَادُونَ يَفْقَهُونَ قَوْلًا، فَاسْتَعَانُوا عَلَيْهِمْ بِكُورَشَ، فَبَنَى لَهُمْ بَيْنَ الصَّدَفَيْنِ سَدًّا، فَمَا اسْطَاعُوا أَنْ يَظْهَرُوهُ وَمَا اسْتَطَاعُوا لَهُ نَقْبًا، حَتَّى إِذَا فَتَحَ سَبِيلَهُمْ مَلِكُ خوارَزْمَ فِي الْقَرْنِ السَّابِعِ، فَأَقْبَلُوا كَالسَّيْلِ يُفْسِدُونَ فِي الْأَرْضِ وَهُمْ مِنْ كُلِّ حَدَبٍ يَنْسِلُونَ! قُلْتُ: وَاللَّهِ قُلْتَ قَوْلًا عَظِيمًا! قُلْتَ إِنَّ وَعْدَ اللَّهِ أَتَى فَمَضَى؟! قَالَ: نَعَمْ، إِنَّ وَعْدَ اللَّهِ يَأْتِي فَيَمْضِي، وَلَكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ! قُلْتُ: إِنَّهُمْ يَقُولُونَ إِنَّ يَأْجُوجَ وَمَأْجُوجَ كَانُوا قَوْمًا مِنَ الْخَزَرِ أَوْ يَكُونُونَ فِي آخِرِ الزَّمَانِ! قَالَ: إِنَّ قَوْمًا مِنَ الْخَزَرِ كَانُوا مُفْسِدِينَ فِي الْأَرْضِ فَشُبِّهُوا بِيَأْجُوجَ وَمَأْجُوجَ لِإِفْسَادِهِمْ، كَمَا يُقَالُ لِرَجُلٍ شَرِيرٍ إِبْلِيسُ لِشَرَارَتِهِ، فَكُلُّ مُفْسِدِينَ فِي الْأَرْضِ يَأْجُوجُ وَمَأْجُوجُ، وَفِي كُلِّ قَرْنَيْنِ يَأْجُوجُ وَمَأْجُوجُ»; «Шунидам он ҳазрат мефармояд: Ҳароина яъҷуҷ ва маъҷуҷ ду қабила аз қабоили муғул буданд ки ба қавме дар шимоли Форс (Эрони кунунӣ) ки ба сахтӣ метавонистанд забонеро фаҳм кунанд йӯриш мебаранд, пас онон аз Куруш дар баробари онҳо кӯмак хостанд, пас ӯ барои онон дар байни ду кӯҳ садде бано кард ки онҳо натавонистанд аз он боло раванд ва натавонистанд аз он нақбе бизананд, то он гоҳ ки подшоҳи Хоразм (Хоразмшоҳ) дар қарни ҳафтум роҳи онҳоро боз кард, пас монанди сел рӯй оварданд ва дар замин фасод ангехтанд, дар ҳоле ки аз ҳар баландӣ сарзер мешуданд! Гуфтам: Ба Худо савганд гуфтори азиме гуфтӣ! Гуфтӣ ки ваъдаи Худованд (дар Қуръон) омада ва гузаштааст?! Фармуд: Оре, бегумон ваъдаи Худованд меояд ва мегузарад, дар ҳоле ки бештари мардум намедонанд! Гуфтам: Онҳо мегӯянд ки яъҷуҷ ва маъҷуҷ қавме аз Хазар буданд ё қавме дар охируззамон хоҳанд буд! Фармуд аз Хазар дар замин фасод меангехтанд, пас ба хотири фасодашон ба яъҷуҷ ва маъҷуҷ ташбеҳ шуданд, чунонки ба мардӣ шарур ба хотири шарораташ иблис гуфта мешавад, пас ҳар фасод кунандагоне дар замин яъҷуҷ ва маъҷуҷ ҳастанд ва дар ҳар ду қарн яъҷуҷ ва маъҷуҷе вуҷуд дорад».

Худованд ин инсони комил ва олими бузургро барои мо ҳифз фармояд ва моро аз ёрон ва раҳравони ӯ қарор диҳад ва душманони бадбахт ва кӯрдилашро ки мисдоқи боризе аз яъҷуҷ ва маъҷум ҳастанд, ҳидоят кунад ё ба ҳалокат расонад ва чашми бади ҳасудонро аз вуҷуди пок ва муборакаш дур гардонад; Чароки бар ҳар коре тавоност ва меҳрубонтарини меҳрубонон аст.

↑[1] . Мӯъминун/ 54
↑[2] . Каҳф/ 83
Шумораи таълиқ: 1 Нависандаи таълиқ: Собир Тарихи таълиқ: 26/11/2020

Касоне ки дар бораи Зулқарнайн ва яъҷуҷ ва маъҷуҷ ба мутолеъа ва таҳқиқ дар китоби тарихӣ ва ривойи пардохтаанд, замоне ки дидгоҳи афроди мухталифро мешунаванд, метавонанд ба илм ва фаросати онон пай бибаранд; Чунонки ёрони аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо шунидани дидгоҳи эшон дар ин бора, ба илм ва ҳикмати бисёри он ҳазрат эътироф кардаанд, аммо ин шавоҳиди тарихӣ ва ривойи бар амсоли ман пӯшида аст. Агарчи нисбат ба илми бисёри он ҳазрат огоҳӣ дорам, аммо мехоҳам нисбат ба ин шавоҳид низ огоҳӣ ҳосил кунам то дар ин бора ба яқин бирасам. Илм ва ҳикмати эшон низ бо огоҳӣ аз ин шавоҳид, беш аз пеш бароям ошкор хоҳад шуд Ин Шоъ Аллоҳ.

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 3/12/2020

Муҳимтарин далил бар инки мурод аз Зулқарнайн дар Қуръон, ҳамон Куруш подшои Порс ва Мод аст, оёте аз Таврот аст ки аллома Мансури Ҳошимии Хуросони ҳафизаҳуллоҳ таъоло ба он ишора фармудааст; Чароки оёти Қуръон дар бораи Зулқарнайн, дар посух ба суъоли яҳудиён нозил шудааст ва яҳудиён танҳо як Зулқарнайнро мешинохтаанд ва ӯ ҳамон буда ки дар китоби Донил алайҳи салом аз ӯ бо унвони «Подшоҳи Порс ва Мод» ёд шудааст, аз ин рӯ ки монанди қуче «Зулқарнайн»; «Дорои ду шох» ба шарқ ва ғарб ҳамла мекунад. Аз назари тарихӣ рӯшан аст ки нахустин подшоҳи Порс ва Мод ки футуҳоти густарда ва муҳимме дар шарқ ва ғарб дошт, Куруш буд. Ба илова, авсофи некуйе ки Қуръон барои Зулқарнайн ёд карда, танҳо бо авсофи ёд шуда барои Куруш созгор аст ва яҳудиён низ чунин авсоферо танҳо барои Куруш мешинохтаанд; Зеро дар Таврот дасти кам 23 бор ва ҳар бор бо эҳтиромӣ вежа аз Куруш ёд шуда; Чунонки ба унвони намуна, аз ӯ бо унвони «Масеҳи Худованд» ёд шуда ва гуфта шуда ки ба ӯ «Ҳамаи подшоҳиҳои рӯӣ замин» дода шуда ва ин мутобиқ бо сухани Қуръон дар бораи Зулқарнайн аст ки фармудааст: ﴿إِنَّا مَكَّنَّا لَهُ فِي الْأَرْضِ وَآتَيْنَاهُ مِنْ كُلِّ شَيْءٍ سَبَبًا﴾[1]; «Мо ӯро дар замин ҳукумат додем ва асбоби ҳар чизеро ба ӯ ато кардем». Ҳамчунин, дар китоби Ашъиё омадааст: «Ин аст ончи Худованд ба Масеҳи худ мегӯяд, ба Куруш, ки дасти росташро гирифтам то қавмҳоро дар баробараш ба зону дароварам, ва тавони истодагиро аз онон салб кунам, то дарҳоро дар баробараш бигушоям ва дарвозаҳо дигар баста нашаванд: Ман пеши рӯйи ту хоҳам хиромид, ва баландиҳоро ҳамвор хоҳам кард; Дарвозаҳои биринҷинро дар ҳам хоҳам шикаст ва пуштбандҳои оҳаниро хоҳам бурид. Ганҷҳои ниҳон дар торикиро ба ту хоҳам бахшид, ва хазоъини пинҳон дар ҷоҳои махфиро аз они ту хоҳам сохт. То бидонӣ ки Ман Яҳува, Худои Исроъил, ҳастам, ки туро ба ном мехонам»[2] Ва омадааст: «<Ман Курушро барои иҷрои адолатам барангехтаам, ва роҳҳояшро ҷумлагӣ рост хоҳам гардонид. Ӯ шаҳри Маро бано хоҳад кард, ва асиронамро озод сохт, аммо на барои дастмузд ё подош> инро Худованд лашкарҳо мегӯяд»[3] Ва омадааст: «Он ки дар бораи Куруш мегӯйед: Ӯ шабони Ман аст, ва тамомӣ хушнудии Маро ба ҷо хоҳад овард»[4]. Қатъан ин мутобиқ бо тавсифи Қуръон аз Зулқарнайн аст ки ӯро мавриди иноят ва ризояти Худованд мешуморад ва дорои сейтараӣ неку ва одилона мешуморад. Ҳамчунин, дар китоби Азро омадааст: «Дар нахустин сол Куруш, шоҳи Порс, барои инки каломи Худованд ки ба забони Ормиё гута шуда буд ба онҷо расид, Худованд руҳи Куруш, шоҳи Порсро барангехт ва Ӯ баёнияе дар сартосари қаламрави худ содир кард ва онро бадин мазмун бингошт: Куруш, шоҳи Порс чунин мефармояд: Яҳува Худои осмонҳо, тамомӣ ҳукуматҳои заминро ба ман бахшида ва маро баргумоштааст то дар Ирушалим ки дар яҳудо аст, хонае барои вай бано кунам»[5]. Ин сухани Куруш ки далилӣ ошкор барои эътиқоди ӯ ба Худои ягона ва эҳтимоми ӯ ба густариши худопарастӣ аст, мутобиқ бо сухани Қуръон дар бораи Зулқарнайн аст ки ҳукумати ӯро аз ҷониби Худованд дониста ва аз фармони Худованд ба ӯ ёд карда ва фармудааст: ﴿قُلْنَا يَا ذَا الْقَرْنَيْنِ إِمَّا أَنْ تُعَذِّبَ وَإِمَّا أَنْ تَتَّخِذَ فِيهِمْ حُسْنًا﴾[6]; «Гуфтем: Эй Зулқарнайн! Агар мехоҳӣ ононро уқубат кун ва агар мехоҳӣ бо онон некӣ дар пеш гир». Ин дар ҳоле аст ки на дар тарих ва на дар Таврот, аз ҳеҷ подшоҳи дигаре бо ин вежагиҳо ёд нашудааст. Бинобарин, тардиде нест ки мурод аз Зулқарнайн дар Қуръон, ҳамон Куруш аст ки дар Таврот аз ӯ бо унвони Зулқарнайн ёд шуда ва ба сифотӣ неку ситойиш шудааст.

Аммо дар бораи яъҷуҷ ва маъҷуҷ, бештари мусалмонон таҳти таъсири бархӣ ривоёти заъиф ва сохтагӣ, тасаввуротӣ ғайри маъқул ва хурофӣ доштаанд; Ба ин сурат ки ононро мавҷудотӣ аҷиб ва тарснок шабиҳ ба ҳайлулаҳои афсонаи тасаввур кардаанд ки теъдодашон чанд баробари теъдоди сойири мардум аст ва дар охируззамон аз маконӣ ношинохта берун меоянд ва бар ҳеч дарё ва рудхонае намерасанд магар инки ҳамаи оби онро менӯшанд! Дар ҳоле ки тафсири аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, аз чунин тасаввуроти хурофӣ ва ғайри маъқуле ба дур аст ва тафсирӣ бисёр воқеъбинона маҳсуб мешавад ки бо Қуръон ва ривоёти мӯътабар созгорӣ дорад; Чароки Қуръон, яъҷуҷ ва маъҷуҷро қавмӣ ваҳшӣ ва ғоратгар дар гузашта тавсиф карда ва фармудаамт: ﴿إِنَّ يَأْجُوجَ وَمَأْجُوجَ مُفْسِدُونَ فِي الْأَرْضِ﴾[7]; «Ҳароина яъҷуҷ ва маъҷуҷ фасод кунандагоне дар замин ҳастанд» Ва чунин сифате дар ҳеч қавме ба андозаи муғулон зуҳур ва шӯҳрат надоштааст. Ба илова, Қуръон хабар дода ки ин қавми ваҳшӣ ва ғоратгар, як бори дигар дар оянда аз сарзамини худ берун меоянд ва монанди селе бар сарзаминҳои мухталиф сарозер мешаванд ва ин ҳодисае аст ки танҳо як мисдоқи тарихӣ барои он ёфт мешавад ва он йӯриши муғулон дар қарни ҳафтум аст ки пас аз боз шудани роҳашон тавассути Хоразмшоҳ, таҳти фармони Чингиз аз сарзамини худ берун омаданд ва монанди селе бар сарзаминҳои мухталиф сарозер шуданд ва бисёрӣ аз шаҳрҳои ободро бо хок яксон карданд ва ҷиноётеро муртакиб шуданд ки назире барояшон дар тарих ёфт намешавад. Чизе ки бар сиҳҳати ин тафсир далолат дорад он аст ки бино бар оёти Қуръон, яъҷуҷ ва маъҷуҷ қавме ҳастанд ки қаблан дар тарих ба унвони қавми ваҳшӣ ва ғоратгар вуҷуд доштаанд ва шинохта шудаанд, на мавҷудотӣ бегона ки сирфан дар охируззамон пайдо мешаванд. Бинобарин, тафосире ки ононро мавҷудотӣ аҷиб ва тарснок бо зоҳирӣ ғайри инсонӣ тасвир мекунанд, наметавонанд саҳиҳ бошанд; Чароки ҳеч далил ё мадраки мӯътабари тарихӣ ё илмӣ барои вуҷуди чунин ҳайлулаҳойе дар гузашта ё ҳол мавҷуд нест. Дар баробар, далоил ва мадорики фаровоне мавҷуд аст ки нишон медиҳад Муғулон дар адвори мухталифи тарих, ба унвони қавмӣ ваҳшӣ ва ғоратгар маъруф будаанд ва ҳар аз чанд гоҳе ба сарзаминҳои пиромуни худ ҳамла мекардаанд; Чунонки ба унвони намуна, гуфта шуда ки ҳадаф аз сохти девори Чин, ҳифозат аз ин кишвар дар баробари йӯриши Муғулон будааст; Чароки дар шимоли ин кишвар, Муғулон зиндагӣ мекардаанд ва Чин Ший Ҳувонг подшоҳи Чин, ки бахшҳои мухталифи Чинро бо ҳам муттаҳид сохта буд, аз тарси инки мабодо Муғулон дар ҳар замон ба Чин ҳамлавар шаванд, дастур дод то девори бузургро бано кунанд ва пас аз ӯ низ ҷонишинонаш сохтани онро идома доданд. Ҳар чанд ҳеч як аз онон бо сохтани девор ба ҳадафи худ нарасиданд; Чароки девор дар ҷоҳои бисёре шикаст ва Муғулон фурсати йӯриш ба Чинро пайдо карданд. Ин дақиқан ҳамон коре буд ки бино бар оёти Қуръон, Зулқарнайн барои қавме ки ﴿لَا يَكَادُونَ يَفْقَهُونَ قَوْلًا﴾[8]; яъне забони ӯро ба дурустӣ намефаҳмиданд, анҷом дод; Чунонки мефармояд: ﴿قَالُوا يَا ذَا الْقَرْنَيْنِ إِنَّ يَأْجُوجَ وَمَأْجُوجَ مُفْسِدُونَ فِي الْأَرْضِ فَهَلْ نَجْعَلُ لَكَ خَرْجًا عَلَى أَنْ تَجْعَلَ بَيْنَنَا وَبَيْنَهُمْ سَدًّا ۝ قَالَ مَا مَكَّنِّي فِيهِ رَبِّي خَيْرٌ فَأَعِينُونِي بِقُوَّةٍ أَجْعَلْ بَيْنَكُمْ وَبَيْنَهُمْ رَدْمًا ۝ آتُونِي زُبَرَ الْحَدِيدِ ۖ حَتَّى إِذَا سَاوَى بَيْنَ الصَّدَفَيْنِ قَالَ انْفُخُوا ۖ حَتَّى إِذَا جَعَلَهُ نَارًا قَالَ آتُونِي أُفْرِغْ عَلَيْهِ قِطْرًا ۝ فَمَا اسْطَاعُوا أَنْ يَظْهَرُوهُ وَمَا اسْتَطَاعُوا لَهُ نَقْبًا﴾[9]; «Гуфтанд: Эй Зулқарнайн! Ҳароина яъҷуҷ ва маъҷуҷ фасод кунандагоне дар замин ҳастанд, пас оё барои ту ҳзинаашро таъмин кунем то миёни мо ва онҳо деворе бано кунӣ? Гуфт: Имконоте ки Парвардигорам ба ман дода беҳтар аст, пас манро бо неруйе ёрӣ кунед то миёни шумо ва онҳо деворе бано кунам. Барои ман варақҳои оҳан биёваред, то инки миёни ду кӯҳро баробар кард, гуфт: Бидамед, то инки онро оташ сохт, гуфт: Акнун барои ман мис биёваред то бар он бирезам. Пас (яъҷуҷ ва маъҷуҷ) натавонанд аз он боло раванд ва натавонанд зери он нақб бизананд». Ташобеҳи ин кор бо кори подшоҳони Чин, аз вуҷуди таҳдидӣ мушобеҳ ҳикоят дорад ва нишон медиҳад ки сохти девор миёни Муғулон ва ақвоми муҷовираш, корӣ ройиҷ будааст.

Вонгаҳе чизе ки мӯҳри таъйиде бар тафсири аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло маҳсуб мешавад, ривояти расида аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ки аз йӯриши яъҷуҷ ва маъҷуҷ ба сарзамиҳои Исломӣ дар оянда хабар дода ва ононро қавмӣ дорои суратҳои паҳн, чашмҳои кӯчак ва мӯҳои баста шуда дониста ки боризтарин вежагии Туркони Муғул буда; Чунонки дар он омадааст: «إِنَّكُمْ تَقُولُونَ: لَا عَدُوَّ، وَإِنَّكُمْ لَا تَزَالُونَ تُقَاتِلُونَ عَدُوًّا حَتَّى يَأْتِيَ يَأْجُوجُ وَمَأْجُوجُ، عِرَاضُ الْوُجُوهِ، صِغَارُ الْعُيُونِ، شُهْبُ الشِّعَافِ، مِنْ كُلِّ حَدَبٍ يَنْسِلُونَ، كَأَنَّ وُجُوهَهُمُ الْمَجَانُّ الْمُطْرَقَةُ»[10]; «Шумо мегӯйед ки дигар душмане нест, дар ҳоле ки пайваста бо душмане хоҳед ҷангид то он гоҳ ки яъҷуҷ ва маъҷуҷ биёянд, бо суратҳои паҳн ва чишмҳои кӯчак ва мӯҳои баста шуда сиёҳ ва сафед, дар ҳоле ки аз ҳар баландӣ мешитобанд ва суратҳошон монади сипарҳои чакушхӯрда аст». Ҳеч шакке нест ки мурод аз яъҷуҷ ва маъҷуҷ дар ин ривоят, Туркони Муғул ҳастанд; Чунонки дар бархӣ ривоят ба сароҳат аз онон ном бурда шуда ва омадааст: «لَا تَقُومُ السَّاعَةُ حَتَّى يُقَاتِلَ الْمُسْلِمُونَ التُّرْكَ قَوْمًا وُجُوهَهُمْ كَالْمَجَانِّ الْمُطْرَقَةِ»[11]; «Қиёмат барпо намешавад то он гоҳ ки мусалмонон бо Туркон биҷанганд, қавме ки суратҳошон монанди сипарҳои чакушхӯрда аст» Ва омадааст: «لَا تَقُومُ السَّاعَةُ حَتَّى تُقَاتِلُوا التُّرْكَ، صِغَارَ الْعُيُونِ، حُمْرَ الْوُجُوهِ، ذُلْفَ الْأُنُوفِ، كَأَنَّ وُجُوهَهُمُ الْمَجَانُّ الْمُطْرَقَةُ»[12]; «Қиёмат барпо намешавад то он гоҳ ки бо Туркон биҷангед ки чашмҳои кӯчак ва суратҳои сурх ва биниҳои нозук доранд ва суратҳошон монанди сипарҳои чакушхӯрда аст» Ва омадааст: «يَجِيءُ بَنُو قَنْطُورَاءَ عِرَاضُ الْوُجُوهِ، صِغَارُ الْعُيُونِ، حَتَّى يَنْزِلُونَ عَلَى جِسْرٍ لَهُمْ يُقَالُ لَهُ دِجْلَةُ»[13]; «Бану Қантуроъ (яъне нажоди Муғул) бо суратҳои паҳн ва чашмҳои кӯчак хоҳанд омад то инки бар канори пули рудхонае ки ба он Диҷла гуфта мешавад, фуруд меоянд» Ва омадааст: «يَأْتِيكُمْ قَوْمٌ مِنْ قِبَلِ الْمَشْرِقِ، عِرَاضُ الْوُجُوهِ، صِغَارُ الْعُيُونِ، كَأَنَّمَا ثُقِبَتْ أَعْيُنُهُمْ فِي الصَّخْرِ، كَأَنَّ وُجُوهَهُمُ الْمَجَانُّ الْمُطْرَقَةُ»[14]; «Қавме аз ҷониби машриқ ба сӯятон меоянд бо суратҳои паҳн ва чашмҳои кӯчак, чунонки гӯйи чашмонашон дар тахтасанг фурӯ рафта ва суратҳошон монанди сипарҳои чакушхӯрда аст». Ба ҳамин далил, Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, бино бар бархӣ ривоёт, аз боз кардани пойи Туркони Муғул барҳазар медошт ва мефармуд: «اتْرُكُوا التُّرْكَ مَا تَرَكُوكُمْ؛ فَإِنَّ أَوَّلَ مَنْ يَسْلُبُ أُمَّتِي مُلْكَهُمْ وَمَا خَوَّلَهُمُ اللَّهُ بَنُو قَنْطُورَاءَ»[15]; «Турконро то вақте коре ба коратон надоранд ба ҳоли худашон бигзоред; Зеро нахустин касоне ки ҳукумати уммати ман ва чизе ки Худованд ба ӯ арзонӣ доштаастро салб мекунанд Бану Қантуроъ (яъне Туркони Муғул) ҳастанд» Ва ин ҳушдоре буд ки Хоразимшоҳ ба он таваҷҷуҳ накард ва боъис шуд ки Туркони Муғул ба сӯӣ сарзаминҳои Исломӣ сарозер шаванд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин далоил ва шавоҳиди тарихӣ ва ривойи, тардиде боқӣ намемонад ки тафсир аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло саҳиҳ аст ва мурод аз яъҷуҷ ва маъҷуҷ, ҳамон Туркони Муғул ҳастанд ки сарзаминҳои Исломиро майдони тохту този худ қарор доданд. Ҳар чанд бино бар гуфтори он ҳазрат, итлоқи яъҷуҷ ва маъҷуҷ бар қавми муфсиди дигаре аз боби ташбиҳ ва истиъора ҷойиз аст ва чи басо воқеъ шудааст.

↑[1] . Каҳф/ 84
↑[2] . Ашъиё, фасли 45, оёти 1 то 3
↑[3] . Ашъиё, фасли 45, ояи 13
↑[4] . Ашъиё, фасли 44, ояи 28
↑[5] . Изро, фасли 5, оёти 1 ва 2
↑[6] . Каҳф/ 86
↑[7] . Каҳф/ 94
↑[8] . Каҳф/ 93
↑[9] . Каҳф/ 94-97
↑[10] . Муснади Аҳмад, ҷ37, с19; Тафсири Қуръони Азим ибни Абӣ Ҳотам, ҷ8, с467; Ал-Оҳоду вал Масонӣ ибни Абӣ Осим, ҷ6, с190; Маърифату Саҳоба ибни Наъими Исфаҳонӣ, ҷ6, с588; Тартибул Аъмолийл Хамисияти Лишаҷари, ҷ2, с368; Ҳаётул Ҳайвонил Кубро Домиро, ҷ2, с188; Дурул Мансур фил Тафсирил Билмаъсур Суютӣ, ҷ5, с675
↑[11] . Саҳиҳул Муслим, ҷ4, с233; Сунани Абӣ Довуд, ҷ4, с112; Сунани Насоъӣ, ҷ6, с44; Ҳадиси Сироҷ, ҷ3, с197; Саҳиҳи ибни Ҳиббон, ҷ15, с146
↑[12] . Муснади Аҳмад, ҷ16, с500; Саҳиҳул Бухорӣ, ҷ4, с43; Маҷолису Мин Аъмоли Абӣ Абдуллоҳ ибни Манда, с395; Далоъилул Набува, Абӣ Наъими Исфаҳонӣ, с544; Ал-Мустадрак алал саҳиҳайни Ҳоким, ҷ4, с521; Сунанул Ворида фил Фитнатил Дони, ҷ4, с872; Ал-Фақиҳ Вал Мутафақиҳ Хатиби Бағдодӣ, ҷ2, с258; Сунанул Кубро Байҳақӣ, ҷ9, с296
↑[13] . Муснади Абӣ Довуди Таёлусӣ, ҷ2, с200; Муснади Аҳмад, ҷ34, с102; Сунани Абӣ Довуд, ҷ4, с113; Муснади Баззор, ҷ9, с118; Сунанул Ворида фил Фитнатил Дони, ҷ15, с148
↑[14] . Мусаннафи ибни Абӣ Шейба, ҷ7, с509
↑[15] . Мӯъҷамул Кабир Табаронӣ, ҷ10, с181; Тартибул Амол Хамисиятел Лишаҷари, ҷ2, с368