Муҳоҷири Биҳишт

Ба номи Худованди маннон

Марди ҷавон ба сӯӣ интиҳои хиёбони хилват дар ҳаракат аст. Сар пойин андохта ва зери лаб сухан мегӯяд. Гоҳе бо хашм дасташро такон медиҳад ва садояшро болотар меоварад. Гӯйи бо касе сухан мегӯяд, аммо касе ҳамроҳи ӯ нест ки мухотаб қарор диҳад. Шояд бо худаш сухан мегӯяд. Оре, вале чаро инқадар тунд ва хашен? Ингор бо худаш даъво дорад.

Интиҳои хиёбон, хокӣ аст ва ҳудуди сад метри дигар ки биравад ба заминҳои холии ин минтақа мерасад ки сохту созе дар он сурат нагирифта ва фақат талҳои хокрубаҳои сохтумонӣ дар он ба чашм мехурад.

Сар боло мекунад ва мебинад ба таппаҳои нухола расидааст. Бадаш меояд ва онҷоро муносиби қадам задан намеёбад. Бар пошна мечархад ва бозмегардад.

Чашмонаш ашколуд аст. Ба бечорагон мемонад, аммо зоҳираш намехурад фақир ва мискин бошад. То наздики ғуруб хиёбонҳоро бо қадам ҳисоб мекунад ки ба масҷиде мерасад. Садои Қуръон ба гӯш мерасад. Наздики азони мағриб аст. Вориди саҳнаи масҷид мешавад ва ба вузухона меравад. Вузу мегирад ва бармегардад. Кафшҳояшро дар кафшканӣ мегузорад ва вориди масҷид мешавад. Сахт дар фикр аст. Онқадар ки ҳатто мӯҳои маввоҷ ва ба ҳам рехтаашро дар назди ойнаи вузухона мураттаб накарда буд. Сафҳои намози ҷамоъат муназзам шуда ва азон ба поён расидааст ва имоми ҷамоъат иқома мехонад: «Қад қомати салот, қад қомати салот...», аммо ӯ дастонашро дар бағал гирифта ва рӯӣ ду зону хам шудааст ва ҳеҷ намешунавад. Марди бузургсоле канори ӯ истода аст ки мутаваҷҷеи ӯст. Ба ӯ нигоҳ мекунад ва мебинад ҳавосаш нест. Мехоҳад ӯро мутаваҷҷеҳ кунад. Андаке даранг мекунад ва вақте мебинад ки ҷавон аслан дар масҷид нест, бо «Такбиратул эҳроми» баланде намозашро оғоз мекунад то магар садои ӯ, ҷавонро ба худ оварад. Ҷавон пас аз яке –ду сония ба худ меояд. Асари такбир дар гӯшаш, ӯро ба масҷид баргардонда буд. Зуд бармехезад ва такбир мегӯяд ва ба намоз меистад.

Намоз ба поён расидааст. Мардум тасбиҳоташонро мегӯянд ва ба таъқибот машғуланд. Марди пир ҳамчунон мутаваҷҷеҳи марди ҷавон аст. Вақтӣ ҷавон сар аз саҷда бармедорад, бо ӯ даст медиҳад ва пас аз дуъо барои қабулӣ намоз, мепурсад: “Чи шудааст ҷавон? Хеле дар худ фуру рафтӣ. Худойи накарда мушкиле пеш омада?”

Ҷавон ба сурати солхӯрда ва намакини пирамард нигоҳ мекунад ва бо ҳолати беруҳе посух медиҳад: “Балои бузурге ба сарам омада ҳоҷӣ. Намедонам чи кор кунам. Бадбахт шудаам”.

Пирамард мегӯяд: “Худо накунад ҷавон. Ту ки фурсати зиёд дорӣ. Барои ҳама чи фурсат дорӣ. Ҳар зараре барои шумоён қобили ҷуброн аст. Мойем ки вақтамон тамом шуда. Дар вақти изофаем...”

Ва сипас механдад.

Ҷавон ба зӯр гӯшаи лабашро ба нишони ханда, каш медиҳад ва сукут мекунад ва сипс мегӯяд: “На ҳоҷи. Ман балойе ба сари худам овардам ки ҳеҷ банӣ башаре намеорад. Ҳафтаи пеш даст аз по хато кардам ва назди чашмони Худованд гуноҳе мертакиб шудам ки феълан фақат аз он метарсам. Ҳаршаб метарсам ва хобам намебарад. Ман ҳама чиз доштам ва Худо чизе кам нагузошта буд барои ман, вале баъди он рӯз, Худо чунон кашидае ба ман зад ки ҳанӯз даври худам мечархам. Тоза фаҳмидаам чи хатое кардаам. Инқадар дар неъмат ғарқ будам ки нафаҳмидам ки чи кор мекунам. Медонам Худо бандаи ношукртар ва пасттар аз ман надорад.”

Пирамард каме шокки шудааст. Интизори шунидани ҳар чизеро дошт ҷуз ин. Каме мутаъаммил шуда ва бо кунди ва мин мин мегӯяд: “Писарам ноумед набош. Ҳар чизе роҳе дорад. Бубин шояд битавонӣ ҷуброн кунӣ. Намедонам чи коре кардаӣ, вале даргоҳи раҳмати Худо васе аст. Ноумеди гуноҳи бузург аст писарҷон. Яке ноумед нашавӣ”.

Ҷавон сари афсӯс меҷунбонад ва ҳис мекунад ки комилан бечора аст. Мегӯяд: “Эй кош дар замони Паёмбар будам. Эй кош дар замони аҳли байташ будам. Он вақт чораи корро аз худашон мепурсидам”...

Пешнамоз дорад иқома мехонад ... акнун «Такбиратул эҳром» гуфт. Пирамард дар ҳоле ки тасбиҳашро ба саҷдагоҳ мегузошт гуфт: “Бачаҷон иттифоқан гоҳе мардум ҳолати туро доштан ва пеши Паёмбар мерафтанд. Ҳоло намоз бихонем барои ту таъриф мекунам агар вақт доштӣ ...”

“Аллоҳ акбар”. Пирамард такбир мегӯяд ва намозашро мебандад. Ҷавон ҳам ки нимахез аст, меистад ва такбир мегӯяд. Фикраш дар намоз ба ҳамаҷо меравад. Дар байни намоз чизҳойе ба зеҳнаш меояд ва ашкашро ҷорӣ мекунад. Қатароти ашкашро бо дасташ пок мекунад. Пирамард мутаваҷҷеҳи ӯ мешавад. Ҷавон дар ракати дуввум дастмоле аз ҷеб берун дармеоварад ва бинияшро мегирад. Маълум аст ки худашро контрол мекунад ки мунфаҷир нашавад.

Намоз тамом шудааст ва Мусайиб пеш аз онки пирамард аз таъқибот фориғ шавад, масҷидро тарк мекунад. Сӯҳбатҳои пирамардро ба куулӣ фаромӯш кардааст. Чанд кӯча аз масҷид фосила мегирад ки ногоҳ сарашро баланд мекунад ва мегӯяд: “Ох. Пирамард дошт як ҳарфе мезад. Хаёлам парешон шуд, ёдам рафт ки мехост бароям таъриф кунад. Кош идомаи суханашро баъд аз намоз мешунидам. Касе ки пеши Паёмбар рафта буд ва ...”

Ба суръат бармегардад ва бо қадамҳои бузург, худро ба масҷид мерасонад. Вориди саҳнаи масҷид мешавад. Бо чашмонаш дунболи он пирамард мегардад. Ба дохили масҷид меравад, аммо пирамард рафтааст. Мехоҳад ба суроғи пешнамоз биравад. Ӯ ҳам рафтааст. Бо худаш мегӯяд: Масъалаи муҳиммеро гуфт. Оҳ, чаро ёдам рафт?

Ба мағзаш мерасад ки шояд бишавад ин мавзӯъро дар интернет ҷустуҷӯ кард; Чаро ки агар амри машҳуре бошад, бояд битавонад достонашро биёбад. Тилифони ҳамроҳаш, аз вақти намоз дар ҳоли парвоз аст. Онро аз ҳолати парвоз дермеоварад. Симкорташ ҷавоб намедиҳад. Дубора кӯшиш мекунад. Чанд бор кӯшиш мекунад, аммо боз ҳам симкорташ ҷавоб намедиҳад. Мехоҳад тилифонашро аз асабоният ба замин бизанад, вале пеши ғазаби худашро мегирад ва симкортро берун меоварад ва дубора мегузорад. Симкорт фаъол мешавад, вале интернети симкорт тамом шудааст! Аҷаб!!

Бо худаш мегӯяд: Гиреҳ пушти гиреҳ! Аз ҳафтаи пеш то алон вазъам ҳамин аст. Хок бар сарам. Эй вой бар ман ...

Ба сараш даст мекашад ва онро бо парешонӣ мехоранд. Тоза мефаҳмад ки чи қадар ҷолуда аст. Бо даст мӯҳояшро соф мекунад. Аз касе мепурсад ин наздики кофенете мешиносад? Ӯ, адреси якеро медиҳад.

Мусайиб ба онҷо мерасад. Кофенет бастааст!! Мехоҳад ба хона биравад, вале на пуле дорад ки худро ба хона бираснад ва на обурӯйе ки пеши аҳли хона сар баланд кунад; Чароки назди онон низ расво шудааст! Расвойи ки бимонад, ононро чандин рӯз даргири худаш кардааст. То нимаҳои шаб, гуруса ва хаста пиёда меояд то ба наздикии хона мерасад. Дар роҳ, танҳо ҳунараш ин будааст ки як иқобе ба худ бизанад ва як маъзаратхоҳӣ аз Худо бикунад; Ва албатта чи ҳунар аз ин болотар!

Назди дари хона аст. Монанди дуздон, калидашро оҳиста аз киса берун мекунад ки ҳатто касе аз ҳамсояҳо ҳам садое нашунаванд. Сипас бо эҳтиёт онро ба дар меандозад ва дарро ба самти худ мекашад ки бесадо боз шавад. Дар боз мешавад ва ӯ вориди хона мешавад. Худоро шукр дар хона интернет дорад. Ба утоқи худаш меравад. Лаптопро рӯшан мекунад ва бо ин иборот ҷустуҷӯ мекунад: “Ҷавоне ки назди Паёмбар омад”. “Ҷавоне ки муртакиби гуноҳе шуда буд ва назди Паёмбар омад” ва иборотӣ монанди он. Наздики саҳар аст. Меъдааш ба дард омада. Дар утоқ чизе барои хӯрдан надорад. Саҷиқеро дар ҷеби пироҳанаш пайдо мекунад ва ба даҳон меандозад, аммо пас аз чанд дақиқа гуруснагиаш бештар мешавад ва дилпеча ҳам мегирад. Тақрибан ба вақти азони субҳ наздик мешавад. Дигар таҳаммул надорад ва мехоҳад баланд шавад ва худашро ба ошпазхона ва яхчол бирасонад. Дар ҳамон лаҳза, яке аз сафаҳоти ҷустуҷӯ, таваҷҷуҳашро ҷалб мекунад. Мебинад ки тафсири ояе аст. Ояи 135 сураи Оли Имрон. Дар зейли ин оя мебинад аз ҷавоне сухан ба миён омадааст ки назди Паёмбар меояд ва чизеро эътироф мекунад.

Чашмонаш барқ мезанад ва дар ҷои худ мехкӯб мешавад. “Худоё! Пайдо кардам. Мамнун Худоё.” Эҳсос кард Худованд дуъои ӯро ки се рӯзу шаб бо илтимос дархост мекард, иҷобат фармудааст. Ӯ нишони роҳи тавбаро аз Худованд хоста буд.

Мусайиб гуруснагиро раҳо мекунад ва ба дунболи мутолиъаи достони он ҷавон, беш аз 30 саҳифа боз мекард ва машғули хонадн мешавад. Мебинад вақти намози субҳ аст. Ҳамаи сафаҳатро захира мекунад ва кифу шоржари лаптопро бо миқдоре пул ки дар кисаи дигар либосаш буд, бармедорад ва бар рӯӣ панҷаи по, аз роҳорав мегузарад ва вориди саҳнаи ҳавли мешавад. Кифашро ба дӯш меандозад то тезтар ҳаракат кунад ва аз хона хориҷ шавад ва чашми касе ба чашмонаш наяфтад ки наметавонад таҳаммул кунад. Ҳолати касеро дорад ки ба маъмурияте меравад. Ногоҳ чароғи утоқе аз хона рӯшан мешавад. Мусайиб медавад ва худашро ба дар мерасонад ва дарро боз мекунад ва аз он тараф, бо калид мебандад ки забонаи қуфл садо накунад. Чанд қадам аз хона дур нашуда ки садои азон баланд мешавад. Ба масҷид меравад ва намозашро онҷо мехонад. Баъд аз намоз, тилифони ҳамроҳашр ба садо дар меояд. Аз хона аст. Гӯё дарёфтананд ки ӯ ба хона рафтааст, аммо ӯ посух намедиҳад. Шарм дорад аз шунидани садои онон ва инки онон садои ӯро бишнаванд.

Дар масҷид менишинад ва то наздики тулуъ тамоми он саҳифотро мехонад. Очни дасгири ӯ мешавад моҷарое аст марбут ба ҷавони кафандузде дар замони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам. Он сафаҳотро мехонад, аммо кунҷковиаш бештар мешавад. Тасмим мегирад масъаларо аз касе ҷӯё шавад. Танҳо касе ки ба назараш меомад муъаллими чанд соли пеши ӯст ки ҳанӯз ҳам гоҳе бо ӯ иртибот дорад. Мусайиб ба дониши ӯ эътимод дорад...

Мусайиб ғарқ дар ин моҷарост ва ба он меандешад ва намедонад чи вақт ба дари хонаи муъаллимаш расидааст. Аз зуҳр гузаштааст ва киф бар дӯш дорад. Кам кам ёдаш меояд ки субҳ тасмим гирифта буд то сиҳҳати ин моҷарои шигифтро аз касе ки ӯро ба дониш ва биниш мешиносад, бипурсад. Гарчи ақлаш ҳеҷ чизро инкор намекунад ва қалбаш бар он гувоҳӣ медод; Чароки ноумед аз раҳмати Худо кофир аст ва низ инки Худованд бо илми ба заъфи бандагонаш, тавбаро қарор додааст.

Ӯ бо худаш мегӯяд: Бад мавқе омадам. Ё дар хона аст ва истироҳат мекунад ё ҳанӯз аз роҳ нарасида.

Дар тардид қадам мезанад ки мебинад муъаллим бо ҳамон кифи сода, вале тамизаш аз сари кӯча ба сӯӣ хона меояд ва ӯро ҳам дидааст. Мусайиб бо ҳолати истиқболгуна ба ӯ наздик мешавад ва салом медиҳад.

Салом алейкум. Ҳоли шумо хуб аст? Бубахшен бад мавқеъ музоҳим шудам. Фақат як суъоли хурд доштам.

Ӯ мегӯяд: На музоҳим нашудӣ. Бифармо манзил. Луқмаи ноне пайдо мешавад бо ҳам бихурем.

Мусайиб: На мамнун. Лутф доред. Музоҳим намешам бештар аз ин. Вақте имрӯз мутолеъа мекардам ки ба достоне аз замони Паёмбар расидам. Рӯм нашуд тамос бигирам ва тилифонӣ музоҳиматон бишавам. Ин буд ки ба хидамти шумо расидам. Достони он касеро хондам ки ба Буҳлули Наббош маъруф аст ва пеши Паёмбар меояд ва эътироф ба гуноҳ мекунад ва идомаи қазия. Оё ин ривоят дар манобеъи ҳадисӣ ҳаст ва воқеъан ҳамчунин иттифоқе афтода?

- Бале Мусайиб. Чунин шахсе дар замони Расули Худо будааст. Қазия аз ин қарор аст ки:

Ҷавоне ки номи ӯ дар торих дақиқ зикр нашуда, вале ба Буҳлули Наббош машҳур аст ва бархӣ ҳам номҳои ғайри машҳуреро дар бораи ӯ гуфтаанд, бо нола ва зории фаровон худро ба хонаи Паёмбар мерасонад. Аз тариқи яке аз асҳоб, иҷозаи ҳузур мехоҳад. Паёмбар ба ӯ иҷоза медиҳанд. Ӯ бо дидани рӯӣ мубораки Расули Худованд гиряаш шиддат мегирад ва забонаш банд меояд. Наметавонад сарашро боло кунад ва арзи ҳол намояд. Паёмбар мепурсад ки чи шудааст?

Ӯ мегӯяд: Гуноҳе муртакиб шудаам ки бисёр шадид ва бузург аст ва оташи дӯзахро ба худ наздик мебинам ва мепиндорам Худованд маро набахшад.

Паёмбар мепурсад: Оё ба Худованд шарик варзидаи ё касеро куштаи?

Ҷавон мегӯяд: На фидоят шавам. На шарик варзидаам ва на қатле муртакиб шудаам, вале ... вале амон аз гуноҳам! Гуноҳам нобахшуданӣ аст ва дубора, гиря ӯро гирифт.

Паёмбар дар ҳоле ки каме мутаъаҷҷиб шуда буд, фармуд: Пас гуноҳои ту агар ба бузургии кӯҳҳо бошад, Худованд хоҳад бахшид.

Ҷавон гуфт: На Расули Худо. Гуноҳи ман аз кӯҳҳо ҳам бузургтар аст!!

Паёмбар фавран фармуд: Агар гуноҳи ту ба андозаи заминҳо ва дарёҳо ва сангрезаҳо бошад ва тавба кунӣ, Худованд онро хоҳад бахшид.

Ҷавони ночор, боз гуфт: Гуноҳи ман ё Расулуллоҳ! Аз ин ҳама бузургтар аст! [Ва ба нишони тарс ва пушаймонӣ сар меҷунбонд.]

Паёмбар пешонӣ дар ҳам кард ва фармуд: Эй ҷавон! Агар гуноҳи ту ба андозаи осмонҳо ва ситорагон ва ба бузаргии Арш ва Курсӣ ҳам бошад, аз сӯӣ Худованд қобили бахшиш аст.

Аммо ҷавон мусиррона ба ҳарфи хеш идома дод ва боз сухани девонавор ва нороҳаткунандаашро такрор кард: Гуноҳи азими ман, аз Арш ва Курсӣ ва осмонҳо ҳам бузургтар аст. Маъсияти ман Арш ва Курсиро ба ларза даровардааст! Намедонам чи кунам эй Расули Худо! Вале медонам ки Худованд маро намебахшад. Медонам.

Бо шунидани ин ҷумалот, осори ғазаб бар рухсори Паёмбар зоҳир шуд. Эшон бисёр хашмгин шуд ва фармуд: Вой бар ту эй ҷавон! Модарат ба азоят бишинад! Магар чи ғалате кардаи ки аз замин ва осмонҳо ва Арш ҳам бузаргтар аст?!!

Ҷавон аз хашми Паёмбар тарсид ва сураташ чийн хӯрд. Қалбаш мехост аз сина берун биҷаҳад. Бо мушоҳидаи хашми чашмони пур қувват ва рӯйи пур ҳайбати Расули Худо, мехост ҳарфашро бигӯяд, аммо наметавонист ва мехост нагӯяд, аммо наметавонист. Забон боз кард ва ба тавре ки каломаш ба сахтӣ тафҳим мешуд, бо ларзаву тарс ва гунае гуфт: Расулуллоҳ! Хок бар даҳонам, кори хабиси ман кафандӯздӣ аст ва дар бори охир, шайтон фиребам дод ва бо мурдае даромехтам!!!

Ҳамин ки Паёмбар мовақаъро шунид, дасти муборакашро баланд кард ва ҷавонро аз хеш ронд ва бо ғазаб ва нороҳатии шадиде фарёд зад: Дур шав эй фосиқ! Метарсам оташ бар ту фуруд ояд ва маро ҳам бигирад. Дур шав ва дигар туро набинам фосиқ! Дур шав ки метарсам оташи азоби ту ба ман сароят кунад.

Паёмбар чанд мартаба калимаи безориро бар забон овард ва ӯро чун шайтонкӣ заъиф аз худ ронд.

Ҷавони рӯ сиёҳ ва беиффат, заҷҷазанон аз Паёмбар фосила мегирифт ва наъраҳои хафашуда мекашид. Аз пушти пардаи ашк, Паёмбарро медид ки бо танаффур ба ӯ менигарад ва тамоми вуҷудашро хашм ва инзиҷор гирифта аст ва бо дасти муборакаш аз ӯ безорӣ меҷӯяд. Рӯяш ба сӯӣ Расули Худо буд ва нишаста, ақаб мерафт то ба дар расид. Дар баробари Расули Худо даранг набояд мекард ва бояд ба суръат хориҷ мешуд, аммо ба куҷо ва ба кадом сӯ? Гӯйи руҳ дар бадан надошт ва ҷисми неруманд ва ҷавонаш ба ҷасадӣ мурда бадал шуда буд! Паёмбар ӯро ихроҷ карда ва ронда буд. Ба заҳмат чаҳорсутуни баданашро аз замин баланд кард ва дарро гушуд ва рафт ва гум гашт.

Ҷавон хашми Худоро дар чеҳраи фиристодаи Худо дид. Ҳоло дақиқан дониста буд ки кораш тамом аст. Умеде ба бахшиш нест. Дод мезад ва метарсид. Дасту пош моли худаш набуд. Ба нокуҷо мерафт. Бесару сомон. Бедилу дармон.

Қувватӣ бардошта –барнадошта, занҷири баланде баргирифт ва сар ба биёбон ниҳод ва худро ба доманаи кӯҳе расонд. Дастон ва гардани худро ба занҷир кашид ва баст то ғулу занҷири қиёматро пеши чашми худ бубинад. Худро мезад ва мегирйист. Шаб мешуд ва рӯз меомад ва ӯ ҳамчунон дар ҳоли рӯзи аввал буд.

Наздикони Паёмбар моҷарои ӯро ҷӯён шуданд ва ҳазрати Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба иттилоъи онон расонданд. Ишмеъзор ва инзиҷоре аз вуҷуди ин ҷавонаки нодон дар қалби ҳама роҳ ёфта буд.

Фарёдҳояш дар шабҳо ҷунбандагонро метарсонд. Рӯзҳо садояш ба кӯҳ мепечид ва пажвок меёфт ва гоҳ ба гӯши чӯппоне ки аз он наздикӣ мегузашт, мерасид.

Ҷавони маъсиятзада, худро бо занҷир ба сахраҳо баста ва зиндагиро бар худ ҳаром карда буд то гӯшае аз ҷаҳаннамро бар худ бичашонад ва аз Худованд талаби бахшиш мекард ва аз оташ ва гурзҳои гарони азоби Ӯ ваҳшатзада буд.

Офтоб сураташро сӯзонда ва монанди амалаш, тира карда ва гуруснагии фаровон, пӯсташро ба устухон расонда буд. Кор бар ӯ бисёр сангин буд; Чаро ки аз шиддати ин маъсият, гӯйи умеде ба бахшиш надошт ва низ намедонист ки Худованд ҳатто ба сухани ӯ гӯш медиҳад ё на? Чи расад ба онки ӯро бубахшад ё набахшад! Онгуна ки Паёмбари Худо ӯро дур сохта буд, баъид менамуд ки саранҷом ҷуз дарраҳо ва чонаҳои азоби дӯзах дошта бошад. Дигар хиёли биҳишт ҳам барои ӯ даст ноёфтанӣ менамуд.

Наздик ба чиҳл рӯз, ин ҷавон Худоро мехонад ва дархости бахшиш мекард ва хок бар сару рӯйи худ мерехт. Дар ҳамин рӯзҳо буд ки Паёмбар салавотуллоҳи алайҳи ва олиҳи асҳобро садо заданд ва ҳоли ин ҷавонро ҷӯё шуданд ва фармуданд: Дар бораи он ҷавони маъсияткор, Худованд ояе бар ман нозил фармудааст ва он башорате аст барои ӯ. Акнун аз ӯ хабаре доред? Ӯ дар куҷост?

Бархӣ аз ёрон арз карданд: Бале ё Расулуллоҳ! Он ҷавонро дидаем ки сар ба кӯҳ гузошта ва худро бо занҷирҳо баста ва шабу рӯз нола ва фиғон мекунад ва истиғфор менамояд.

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, аз он лабхандҳои ширини ризоят бар рухашон нишаст ва ирода фармуданд ки худ ба дидори он ҷавон бираванд ва башорате ки Худованд ба ӯ додаастро бар ӯ бихонанд. Ин буд ки ба ҳамроҳи ҷамъе аз асҳоб равонаи он кӯҳ шуданд. Ҷавонро дар ҳамон ҷо диданд ва азми боло рафтан намуданд. Лаҳзоти ширине барои Паёмбар ва асҳобашон буд. Муждаи ҷаннат кам чизе нест ва рӯзҳо бояд бар он бигзарад то мухотаби он бифаҳмад ки ба чи чизе мужда дода шудааст!

Ҷавони ранҷур бо дидани Расули Худо забон ба такбиру тасбиҳ ва таҳмид гушуд. Ҳечгоҳ бовараш намешуд дигар битавонад Расули Худоро дидор кунад. Ин умед дар дилаш мурда буд ки рӯзе Расули Худо ҳатто ба рӯйи ӯ нигоҳ кунад, аммо ҳоло Расули Худо ба дидори ӯ омада буд! Бо сурур ва оромиш ва ризоят. Хурдтарин асаре аз он ғазаби Илоҳӣ дар сурати нозанинаш набуд.

Ба зеҳнаш меомад: Он хашми малакутӣ куҷо рафт? Яъне Худованд маро бахшидааст?! Магар мумкин аст? Худоё чи мебинам? Чи мебинам?

Паёмбар ки нафаси муборакашро тоза мекард, муқобили ҷавон истод ва сипас зону хам кард ва нишаст ва ғубор аз рӯӣ ҷавон баргирифт. Ҷавон меларзид ва ашк мерехт. Сараш аз реъшаи тан, монанди солхӯрдагон боло ва пойин мепарид. Ғарқи ҳаяҷон буд. Ҳамон дасте ки бо хорӣ ӯро берун ронда буд, имрӯз занҷирҳоро аз гардан ва дастҳояш мегушуд ва ӯро озод мефармуд. Сипас бо ӯ гунае рафтор мекарда ки гӯйи ҳеч гуноҳе муртакиб нашудааст.

Ҷавон дар дилаш мегузашт: На ... ин рафтор наметавонад ҳомили ваъдаи азоб бошад. Ин рӯйи муборак барои додани башорате, чунин гушода аст ва дастони раҳматаш, барои додани муждаи хуш, навозишам мекунад. Пас он сояи ваҳмовари азоби Худованд куҷо рафт?!

Паёмбар ба он ҷавон мефармояд: Эй ҷавон! Башорат бод бар ту ки Худованд туро аз оташи дӯзах раҳонид ва дар биҳишт манзил дод. Худованд ба ман ваҳй фармуд: ﴿وَالَّذِينَ إِذَا فَعَلُوا فَاحِشَةً أَوْ ظَلَمُوا أَنْفُسَهُمْ ذَكَرُوا اللَّهَ فَاسْتَغْفَرُوا لِذُنُوبِهِمْ وَمَنْ يَغْفِرُ الذُّنُوبَ إِلَّا اللَّهُ وَلَمْ يُصِرُّوا عَلَى مَا فَعَلُوا وَهُمْ يَعْلَمُونَ * أُولَئِكَ جَزَاؤُهُمْ مَغْفِرَةٌ مِنْ رَبِّهِمْ وَجَنَّاتٌ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا وَنِعْمَ أَجْرُ الْعَامِلِينَ[2]; «Ва онон ки вақте муртакиби амали зиште шаванд ё ба худ ситам кунанд, ба ёди Худо меафтанд ва барои гуноҳони худ талаби омӯрзиш мекунанд ва кист ҷуз Худо ки гуноҳонро мебахшад? Ва бар ончи аз гуноҳ анҷом додаанд, дониста ва огоҳона исрор намеварзанд. Подоши онон омӯрзиш аст аз сӯӣ Парвардигорашон ва биҳиштҳойе ки аз зери он наҳрҳо ҷорӣ аст, дар он ҷовидонаанд ва подоши амал кунандагон, некуст.»

Пас ба асҳобашон мефармоянд: «Гуноҳонатонро тадорук кунед, ончунон ки ин ҷавон тадорук кард».

Онгоҳ ҳамагӣ ба иттифоқи Паёмбари Худо аз кӯҳ пойин меоянд, дар ҳоле ки дар андешаи ин башорати азим аз сӯӣ Худованд ҳастанд.

Мусайиб бо худ мегуяд: Вале он ҷавон, дар умқи ноумедӣ аз бахшиши гуноҳи бузургаш, ба раҳмати Раббул оламин умедвор буд, вагарна бо он азм ҷазм, худро ба занҷир намесупурд ва фарёди «Илоҳӣ афв» сар намедод. Офарин бар ӯ ки донист гуноҳ ҳар андоза ҳам ки бузург бошад, метавонад тавбае бузургтар аз он низ вуҷуд дошата бошад ва Худованд болотар ва бартар ва бузаргтар аз ҳар гуноҳ ва пазирандаи тавбаҳои ҳақиқӣ аст. Ӯ дар воқеъ, ба сухани Паёмбар то охирин лаҳзаи дидор, гӯш фаро дод ки фармуд: Агар гуноҳи ту ширки ба Худо ва қатли амдии мусалмоне набошад, дар дунё, қобили бахшиш ва ҷуброн аст.

Ӯ хеле хуб инро фаҳмида буд ки гуноҳаш қобили афв аст, аммо на ба ин содагиҳо ва на ба ин зудиҳо. Инро аз мизони хашми Расули Худо ки таҷаллии мустақимми хашми Худованд буд, дарк кард. Хулқи азими Паёмбари аъзам, таҷаллии комил ва заминаӣ сафоҳати рубубӣ аст ва он ҷавон инро дониста буд. Воқеъан ҷавони ҳушёр ва тезбине будааст ин одам! Аз мизони ғазаб, пай ба чигунагии тавбаи хеш бурд ва ин ҳидояти Худованд дар ҳаққи ӯ буд ва лутфе ки Худованд дар ҳаққи тамоми гуноҳкорон мекунад, агар азми тавба кунанд! Худованд ҳар тавбакунандаеро ба тавба роҳ менамояд то ҳам зуд бозгардад ва худро бадбахт накунад ва ҳам агар бознагашт ва худро бадбахт кард, баҳонае барои ба таъхир андохтани тавба надошта бошад! Ин суннати Худованд, аз рӯзе ки Одами абулбашар лағзид ва сипас роҳи табаашро аз Худованд омӯхт ва бозгашт, то охари дунё по бар ҷост.

Дар рӯзгори Паёмбар, мардумон, ба хубӣ охиратро дарк мекарданд ва азоби онро наздик медиданд. Хушо ба ҳоли касоне ки пас аз иртикоби маъсият, тарс аз азоби дӯзах, барашон медорад ва зиндагиро бар онҳо ҳаром мекунад. Яқини хубе ба охират доштанд ва гӯйи онро медиданд ва гармои оташашро ҳис мекарданд; Ва он ҷавон, бо он тавбаи мунҳасир ба фардаш, ба қавли Худованд дар Қуръон, ба воқеъ аз амал кунандагон буд ва подоши хешро ҳам гирифт ﴿وَ نِعْمَ أَجْرُ الْعَامِلِينَ.

Мусайиб дар ҳоле ки ба тавзиҳоти поёнӣ маъллим гӯш медиҳад, тамоми ин афкор аз зеҳнаш мегузарад. Сипас аз инки вақти муъаллимро гирифтааст узрхоҳӣ ва бо этиоом ва ташаккури фаровон аз ӯ Худоҳофизӣ мекунад ва ҷудо мешавад.

Аммо пас аз чанд лаҳза оқои маъуллим ӯро садо мезанад ва мегӯяд: “Ту ҷавони хубе ҳастӣ. Имрӯз катар касеро монанди ту мебинам. Мехоҳи туро ба сарчашмаи маъорифи Ислом роҳнамойи кунам?”

Мусайиб барои бори аввал пас аз ин чанд рӯзи мултаҳиб, лабханде бар лабонаш зоҳир мешавад. Умеди ғарибе дар қалбаш роҳ меёбад ва сангинии дасти ёрӣ ва ҳидояти Худовандро бар шонааш эҳсос мекунад. Бедаранг мегӯяд: Бале... аммо, аммо ман ҳанӯз омода нестам. Бояд Худованд манро бибахшад то ба маъорифи Исломи даст пайдо кунам.

Оқойи муъаллим ба ӯ мегӯяд: Чаро омода нестӣ?

Мусайиб гуфт: Росташ..., росташ ба фикри тавбае аз ҷинси тавбаи он ҷавонам. Фикр мекунам ин тавба агар набошад ман ба ҳеч ҷо намерасам.

Муъаллим: Аҳсант писарам. Пас ман ба ту чизе ёд медиҳам ки аз ҳамин имрӯз анҷомаш бидеҳ. Баъд аз ин кор, ҳар вақт ки эҳсос кардӣ сабуктар шудӣ ва ба андозаи лозим изҳори пушаймонӣ ва иноба кардӣ ва тавбаат комил шуда, пеши ман биё то китобе ба ту бидиҳам ва касеро ба ту муъаррифӣ кунам ки ба ростӣ ганҷи гумшудаи мусалмонони ҷаҳон аст!

Ин ҷумла, дар гӯши Мусайиб мемонад, аммо ӯ зеҳнаш ба шиддат даргир ва равонаш ба сахтӣ маҷрӯҳ аст.

Муъаллимаш идома медиҳад: Шунидам аз марди бузурге нақл карданд ки ба ҷавоне монанди ту тавсияе мекард ва мазмуни он тавсия ин буд: “Ба биёбоне бирав ва касе ҷуз ту дар онҷо набошад. Сипас вузу бисоз ва онгоҳ дастҳоро то оринҷ ва поҳоро то зону бараҳна кун ва бар хок бияфт ва рӯятро бар хок бинишон ва гиря кун ва аз Худованд бихоҳ ки аз ту даргузарад. Сипас дубора ба коре ки тавфиқи анҷоми онро наёфтаи мубодират кун; То ба лутф ва раҳмати Худованд ба анҷоми он муваффақ шавӣ.” Бирав ҳамин корро кун. Ман ҳатм дорам ки ин азми ту ба ҳамроҳи ин амал, муқаддамаи хубе барои бозгашт ба Ислом хоҳад буд...

Аз он лаҳза Мусайиб танҳо ба ин меандешид ки ба куҷо биравад ва чи кунад ки монанди Буҳлул, Худованд аз гуноҳаш даргузарад. Ин аст ки тасмим мегирад ба биёбонӣ наздик биравад ва дастҳоро то оринҷ ва поҳоро то зону бараҳна кунад ва бар хок бияфтад ва ҳар чи метавонад зорӣ кунад то магар Худованд ба ӯ раҳм кунад ва аз гуноҳи ӯ даргузарад ва нишонаҳои раҳмати хешро бар ӯ ошкор созад ки ба ростӣ Худованд роҳи тавбаро ба ҳар тоъибе менамояд ва қодир аст то нишонаҳои раҳмати хешро пас аз онки бар ӯ ғазаб кардааст, бар ӯ бинамояд.

Ва дурудҳои бепоёни Худованд ва ҷаҳониён бар Паёмбари Ислом ки ҳарорати ҳузури гармаш дар миёни мардум, ҳанӯз пас аз қарнҳо, умедбахши мусалмонон ва раҳойи бахши фурумондагон ва тасаллии қалбҳои фисурда ва нерубахши тобони Иллаллоҳ аст...

***

Салом бар азизонам ки боъиси саршикастагӣ ва шармандагии шумо шудам ва рӯзҳои зиёде ташаннуҷ ва аъсобхурдиро бар хонаи оромамон мусаллат кардам ва бо фисқи худ ҳамаи чизро бар ҳам задам ва зиндагиро ба коми шумо талх намудам. Медонам ки чизе аз ман сар зад ки интизорашро надоштед ва харобӣ ва фасоде ба бор овардам ки таваққуъашро аз ман надоштед ва ҳамин ғайр мунтазира будан, шуморо доғон кард. Хубони ман! Ончи навиштам ва шумо хондед, шарҳи ҳоли зори ман буд дар ин чанд рӯзи охир. Онро мабсут навиштам ва дишаб дохили ҳавли андохтам ва ба роҳи худам рафтам. Хостам аз ҳолам бехабар набошед ва бидонед ба кадом сӯ меравам. Медонам ки то алон нигарони ман будаед, вале аз ин лаҳза хоҳиш мекунам ором бошед. Акнун ки номаамро мехонед, эҳтимолан ман дар биёбоне дар ҳамин наздикиҳо ҳастам, аммо аз шумо хоҳиш мекунам суроғе аз ман нагиред ва маро ба ҳоли низори худам вогузоред то бо рӯйи сапед ва тавбаи пазируфта шуда ва домонӣ пок ба маъман ва маъвойи хеш, яъне хона бозгардам. Қасд кардам ки монанди он ҷавони хушфикр дар замони Расули Худо, тавбаи ростин дошта бошам. Аз шумо мехоҳам барои оромишам дуъо кунед ва мунтазири ман бимонед; Чаро ки агар Худованд бихоҳад ва маро бибахшад, ба зудӣ боз мегардам. Худо нигаҳдор

Фидои шумо; Мусайиб.

***

Инки, ҳафтаҳо аз навиштани ин номаи хотирангез ва монданӣ ба хонаводаам мегузарад. Ёдоварии он рӯзҳо ҳам талх аст ва ҳам ширин. Аммо дар ин лаҳза, шириниаш бароям бештар аст; Чароки ёдовари сире аст ки ман аз кунҷи зиндони нафс то раҳойи дар уқёнуси ҳидоят тай кардам. Дар шигифтам аз инки чигуна гуноҳӣ як азми ҷиддӣ барои тавба, метавонад инсонро аз пасттарин ҳолат ба беҳтарин роҳҳо раҳнамун шавад.

Пас аз онки тавсияи муъаллими хубамро амали кардам ва дар худ эҳсоси сабукӣ намудам, зеҳнам каме фориғ шуд ва оромиши бештаре гирифтам, ба сӯяш бозгаштам. Ӯ маро ба ҷаҳонӣ тоза ва малакутӣ ворид сохт ва маро бо китобӣ бузург, “ба Ислом бозгардонд”. Имрӯз маънои он ҷумлаи дупаҳлӯйи ӯ дар он рӯзро мефаҳмам ки: Ин тавба муқаддамаи хубе барои “Бозгашт ба Ислом” аст. Ҳамчунин баъдҳо ӯ ба ман гуфт: Рози пазириши тавбаи ту он буд ки ба тавсиаи ҳазарти аллома амал кардӣ. Ман онро ба воситаи яке аз шогирдони эшон омӯхта будам ва ба ту гуфтам.

Ман пас аз ҳудуди ду моҳ ба домони хонавода бозгаштам, аммо бо дастӣ пур. Ҷавони дигаре шуда будам. Ба сӯӣ онон бозгаштам дар ҳоле ки мунтазирам буданд ва маро бахшида буданд. Ман низ покиза ва тавба карда ва муъаттар ба атри маъорифи ноби Исломи холис ва ноб ба хона бозгаштам. Ба сӯӣ онон бозгаштам дар ҳоле ки “Мусалмон” будам ва ҳадяи арзишманд ба армуғон оварда будам. Ба гуфтаи худи онҳо, бозгати ман барои онҳо ба манзалаи “бозгашти онон ба Ислом” буд. Имрӯз падар, модар ва бародаронам бо ман ҳамақида ҳастанд ва баҳадулиллоҳ дар корвони умедбахши заминасозӣ барои ҳукумати имом Маҳдӣ алайҳи салом дар ҳаракатанд.

Ҳаминки ҷавонон ва навҷавонони зиёдеро мешиносам ки ташнаи ҷуръаи ҳақиқат ҳастанд. Аммо ба он даст намеёбанд. Тасмим дорам монанди он марди хуб ки маро бо китоби “Бозгашт ба Ислом” ва нависандаи бемонанди он, аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ва наҳзати поку муқаддасе ки бар пояи омӯзаҳои ноб ва ноёби ӯ аз Исломи ростин ба роҳ афтодааст, ошно кард, ман ҳам, ингуна ҷавононро, фориғ аз ҳаёҳуйи ҷаҳон ва фориғ аз тарсҳо ва нигарониҳо ва муҳофизакориҳои вайронгар, бо наҳзати бузурги «Бозгашт ба Ислом» ошно созам.

Оре, дуруст аст ки ман суроғи муъаллимам рафтам ва аз ӯ суъоле пурсидам, аммо ӯ буд ки ташхис дод вақташ аст ва бояд маро аз ҷаҳл наҷот диҳад ва ба дониш бирасонад ва аз торикӣ бираҳонад ва ба нур бирасонад. Ин ӯ буд ки ташхис дод ман ташнаам ва гуруснаам ва мехоҳам бандаи Худо бошам. Ӯ буд ки ташхис дод ман душмани Худо ва душмани халифаи Худо ва душмани заминасози ҳукумати халифаи Худо нестам; Ва албатта ин ӯ буд ки ин ҷасорат ва ҷуръатро ба худ дод то ҳама чизро ба ман бигӯяд, дар ҳоле ки ман ӯро ба таври комил мешинохтам ва агар аҳли душманӣ бо наҳзати ҷаҳонии заминасозӣ барои Маҳдӣ будам, метавонистам ӯро ба дардисар бияндозам; Чароки имрӯз, ҷаҳон бо заминасозоне барои хуруҷи Маҳдӣ мушкил дорад; Чароки бо худи Маҳдӣ ба унвони халифаи Худованд дар замин мушкил дорад; Чароки асосан бо ҳукумати Худо ва худи Худованд мушкил дорад; Чароки ҳар панҷ қора бо замоъимашро шайтон идора мекунад ва ӯ бо Худо мушкилоти асосӣ дорад!!

Аммо муъаллим бо шуҷоъат ва албатта оқилона ва муҳтотона пеш рафт ва оҳиста оҳиста ҳамаи чизро ба ман гуфт. Вақте инро мегӯям хандаам мегирад. Тавре мегӯям “муҳтотона” ки гӯйи асрори махф ва магуйи яке аз сервисҳои иттилоъотии дунёро мегуфтааст!! Дар ҳоле ки ӯ танҳо аз Исломи ростин ва ҳукумати халифаи Худо ва заминасози ин ҳукумат сухан гуфт ки чизе ҷуз барномаи рӯшан ва рост ва дурусти Исломи ростин барои замин нест; Он ҳам дар кишваре ба истилоҳ Исломӣ!! Бо ҳукумате ба қавли маъруф Исломӣ ва мардумӣ масалан шиъа ва имоми замонӣ!!

Оре, ман дар ҳамин ҷойе ҳастам ки он муъаллими хуб ва содиқ ва бо ахлоқ ҳаст ва ҳар касе монанди манро ба сипоҳи фарҳангӣ Маҳдӣ мулҳақ месозад. Ман низ ҳамон корро хоҳам кард ва Худованди оламро бар он гувоҳ мегирам.

Пас Худованд! Ба ман қуввайи тамйиз ва ташхисе ато бифармо то ба шукронаи ҳидояте ки арзонӣ доштӣ, бандагони толиби ҳидоятро бишиносам ва роҳ бинамоям; Ва медонам ки бар тибқи омӯзаҳои гаронқадри ҳазрати аллома, ин қувва танҳо ба касоне дода мешавад ки парҳезкор бошанд. Чи онки фармудаи: ﴿إِنْ تَتَّقُوا اللَّهَ يَجْعَلْ لَكُمْ فُرْقَانًا[3]. Пас пеш аз ҳар чизе аз ту мехоҳам ки маро бар алайҳи нафсам ёрӣ фармойи ва ин авқоти муборакро василае барои пирӯзии ҳамешагӣ, бар нафси ҳамеша аммора, қарор диҳӣ. Ба лутф ва раҳматат эй меҳрубонтарини меҳрубонон!

Оре, ба тавфиқу ёрии Худованд онқадр таблиғ ва иттилоърасонӣ мекунам то ин шоъ Аллоҳ касе намонад ки номи “наҳзати Бозгашт ба Ислом” ро нашунида бошад ва касе намонад ки ташнаи ҳидояту саъодат ва хоҳони мағфират ва ризвони Худо ва биҳишти Ӯ бошад, вале ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, он нобиғаи замон ва парчамдори Ислом ва умеди мусалмононро нашнохта бошад ва ин сухани бисёр расову рӯшан ва пиростаи ӯро нашунида бошад ки мефармояд:

«Эй бародарон! Аз хоби ғафлат бедор шавед ва барои зиндагӣ пеш аз марг андухтае фароҳам созед, пеш аз онки фурсатро аз даст бидиҳед ва монанди порасанге бар замин сард ва сахт шавед! Намебинед хешовандони худро ки яке пас аз дигарӣ мераванд ва ба сӯӣ гӯрҳо бардошта мешаванд?! Оё онон аз гӯшт буданд ва шумо аз оҳанед ё маргро бо онон хусумате буд ва бо шумо рафоқате аст?! Чунин нест, балки шумо низ монанди онон мехуред ва монанди онон мехобед ва монанди онон маҳкум ба маргед; Дар соъате ки намедонед аз шаб аст ё аз рӯз ё дар наздик аст ё дар дур, вале медонед ки фаро мерасад; Пас ҳамаи бофтаҳотонро панба мекунад ва ҳамаи нақшаҳотонро нақши бар об; Монанди сафолае ки ногаҳон аз даст бияфтад ё ойинае ки санг дар он ояд; Бо орзуҳое ки аз ёд мераванд ва корҳойе ки нотамом мемонанд ва ҳасрате ки ҳуҷум меоварад ва ваҳшате ки муставлӣ мешавад!

Пас оё дунё монанди ҳубобе нест ки кӯдакӣ бозиягуш дар он дамида ва ба парвози он хурсанд аст, дар ҳоле ки онро бақойе нест?! Ё дӯстӣ барфин ки ба чӯб ва сангрезааш ороста, чунонки гӯйи дӯстӣ зинда аст, дар ҳоле ки бо офтоб зуб хоҳад шуд?!

Бегумон дил бастан ба нопоядори хислати кӯдакон аст; Пас шумо ки бузургсолонед чаро дилбастаи дунёйед?! Оё айб нест бар шумо ки бо ин қоматҳои дароз дар пайи чархӣ гардун давонед?! Бигзоред ин бозиро барои кӯдакон ва барои касоне ки монанди кӯдаконанд; Чароки шумо бузургед; Чунонки раҳгузароне ки соъате бар канори бозигоҳи кӯдакон фуруд оянд, пас ба бозии онон бингаред ки чигуна бар ҳам меҷаҳанд ва сипас бархезанд ва бираванд!

Ба ростӣ мегӯям ки дунё барои шумо нест ва шумо барои он нестед. Оё намебинед ки чигуна аз шумо гурезон аст чунонки гӯйи ҷузомиёнед?! Пас бигзоред онро барои касоне ки дар сар савдои охират надоранд; Чароки он насиби онон аз айш аст; Монанди ҷуръаи оби шӯр дар машкӣ тафтида ки ташнагиро фуру наменишонад! Чи фарқе дорад барои шумо ки устухони афтода дар роҳро яаге бардорад ё гурбае бибарад дар ҳоле ки шуморо ба он ҳоҷате нест?! Худро аз дунё беғам созед ва ба охират машғул доред; Чароки анқариб дунё мегузарад ва охират фаро мерасад ва чун охират фаро расад гӯйи ҳаргиз дунёйе набудааст! Аз дунӯ ба чизӣ андак ки шикамро аз дард ва танро аз сард бираҳонад басанда кунед ва неруятонро барои охират бигзоред! Мабодо бибинаматон ки гирифтори дунёйед ва вақте барои охират намеёбед! Бибинаматон ки бар сари дунё бо аҳлаш низоъ доред ва устухон аз даҳони сагон мерабойед! Мабодо бибинаматон ки барои пул ҳирс мезанед ва кулоҳ аз сари ин ва он бар медоред! Чи мекунед бо ин пул ки бар рӯӣ он нақши бутон аст ва аз ламси он вузу бояд гирифт?! Гӯйи лаънат бар он навишта шуда ё наҳвест дар он мустатир аст! Чи бисёр хунҳо ки барои он рехта шуда ва чи бисёр ашкҳо ва обруҳо! Биҳиштро бо он савдо кардаанд, дар ҳоле ки баҳои тухми мурғ ва равғани наботӣ аст! Оё касоне ки онро бар рӯӣ он анбоштаанд ҷуз дар порчае печонда мешаванд ки шумо печонда мешавед ва ҷуз дар сӯрозе андохта мешаванд ки шумо андохта мешавед?! Пас бо онон рақобат накунед ва неруятонро зойеъ нагардонед, бал рақобат кунед бо парҳезкорон барои расидан ба биҳишҳойе ки гоме дар онҳо аз дунё ва ҳар чи дар он аст беҳтар аст! ...»[4]

↑[1] . Бар асоси омӯзаҳои шафоҳии ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
↑[2] . Оли Имрон/ 135 ва 136
↑[3] . Анфол/ 29
↑[4] . Пойгоҳи иттилоърасонӣ, гуфтори 116