Нависандаи пурсиш: Алӣ Тарихи пурсиш: 22/1/2016

Чаро бардадорӣ дар Қуръон таъйид шуда ва ҳуқуқу аҳкоми ҷудогона барои он қайд шудааст?

Посух ба пурсиши шумораи: 0 Тарихи посух ба пурсиш: 28/1/2016

Харид, фурӯш ва нигоҳдории барда чизе нест ки Ислом онро таъсис карда бошад, бал чизе аст ки ҳазорон сол пеш аз Ислом таъсис шуда ва бо ҳолатӣ золимона ривоҷ ёфта ва Ислом онро маҳдуд карда ва бо вазъи аҳкомӣ одилона, аз ҳолати золимона хориҷ сохтааст. Барда дар Ислом касе аст ки худаш ё падараш душмани Худованд ва халифааш дар замин буда ва дар ҷанг бо мусалмонон ба асорати онон даромада, вале ба ҷойи онки кушта шавад ба яке аз мусалмонон супурда шудааст то ба қадри тавони худ ва дар чаҳорчӯби аҳкоми Ислом барои ӯ кор кунад ва дар ивази он, аз ҳаққи мискин, хӯрок, пӯшок ва издивоҷ баҳраманд шавад ва ин монанди истихдоми ӯ ба масобаи як коргари тамоми вақт аст ки ҳамзамон ба ӯ фурсат медиҳад то бо фарҳанг ва омӯзаҳои Исломӣ ошнойи ёбад ва бо майли худ –бидуни ҳеҷ иҷборе– мусалмон шавад ва ба саъодати ҳақиқӣ дар охират даст ёбад. Бо ин ҳама, харид ва фурӯши барда аз бадтарин машоғил дар Ислом шумурда шуда ва озод кардани барда каффораи бисёрӣ аз гуноҳон аст ва ин аз гаройиши ин дини Раҳмонӣ ба озодии бардагон ҳикоят дорад.