Нависандаи нақд: Алӣ Тарихи нақд: 17/4/2019

Оё имом Маҳдӣ арвоҳуно фидо дар замони ғайбат тавқиъоте барои уламои Ислом надоштаанд? Гурӯҳе аз шиъаён ба воситаи онки ахборе дар бораи баъзе уламояшон мабнӣ бар иртиботи онон бо имом Маҳдӣ шунидаанд, даъвати аллома Хуросониро дурӯғин ва хилофи дастури имом медонанд; Чароки бовар доранд агар даъвати аллома ҳақ буд, имом дар тавқиъоташ ба уламо мардумро ба ин шева аз заминасозӣ даъват мекард.

Посух ба нақди шумораи: 6 Тарихи посух ба нақд: 21/4/2019

Ҳеҷ тавқиъе аз ноҳияи имом Маҳдӣ алайҳи салом барои уламо дар давроне ки онро ғайбати кубро меноманд, собит нашудааст. Бо ин ҳол, дар машҳуртарин тавқиъи мансуб ба ӯ ки барои Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нӯъмон маъруф ба шейхи муфид (д.413қ) содир шуда, сариҳан ба нақши мардум дар ғайбат ва зуҳур мутобиқ бо чизе ки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло табйин фармуда, пардохта шудааст. Дар ин тавқиъа омадааст: «نَحْنُ ... كُنَّا ثَاوِينَ بِمَكَانِنَا النَّائِي عَنْ مَسَاكِنِ الظَّالِمِينَ ... مَا دَامَتْ دَوْلَةُ الدُّنْيَا لِلْفَاسِقِينَ»[1]; «Мо дар ҷойи дур аз хонаҳои ситамкорон ба сар мебарем, то ҳаногме ки ҳукумати дунё барои фосиқон аст» Ва ин сариҳи дар он аст ки иллати ғайбати имом Маҳдӣ алайҳи салом «Ҳукумати фосиқон» бар дунёст ва зуҳури ӯ то ҳангоме ки ҳукумати онон бар дунё истило дорад, мумкин нест, дар ҳоле ки ҳукумати онон бар дунё, баромада аз хосту ҳимояти мардум аст. Бинобарин, то ҳангоме ки мардум хостор ва ҳомии ҳукумати фосиқонанд ва хостор ва ҳомии ҳукумати имом Маҳдӣ алайҳи салом нестанд, ғайбати ӯ тадовум хоҳад дошт ва ин ҳамон чизе аст ки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мефармояд. Ба илова, дар бахши дигаре аз ин тавқиъ, ба нақши мардум дар зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом тасриҳ шуда ва омадааст: «وَلَوْ أَنَّ أَشْيَاعَنَا -وَفَّقَهُمُ اللَّهُ لِطَاعَتِهِ- عَلَى اجْتِمَاعٍ مِنَ الْقُلُوبِ فِي الْوَفَاءِ بِالْعَهْدِ عَلَيْهِمْ، لَمَا تَأَخَّرَ عَنْهُمُ الْيُمْنُ بِلِقَائِنَا، وَلَتَعَجَّلَتْ لَهُمُ السَّعَادَةُ بِمُشَاهَدَتِنَا عَلَى حَقِّ الْمَعْرِفَةِ وَصِدْقِهَا مِنْهُمْ بِنَا، فَمَا يَحْبِسُنَا عَنْهُمْ إِلَّا مَا يَتَّصِلُ بِنَا مِمَّا نَكْرَهُهُ وَلَا نُؤْثِرُهُ مِنْهُمْ»[2]; «Агар дилҳои пайравони мо ки Худояшон тавфиқи итоъат диҳад, бар вафои ба аҳаде ки бар ӯҳдаи онон аст муҷтамаъ мешавад, юмни дидори мо аз онҳо ба таъхир намеафтод ва агар моро ба ҳаққу ростӣ мешинохтанд, хушбахтии онҳо бо мушоҳидаи мо пеш меафтод; Чароки чизе моро аз онҳо ҳабс намекунад, магар ончи ба мо мерасад аз чизе ки хуш намедорем ва онро аз онҳо намеписандем» Ва ин сариҳи дар он аст ки иллати тадовуми ғайбат, адами иҷтимоъи дилҳои мардум бар талаби имом Маҳдӣ алайҳи салом ва кӯтоҳии онон дар вафои ба аҳади Илоҳӣ яъне итоъат ва ҳимоят аз ӯст ки ба итоъаш мерасад ва онро хуш намедорад ва намеписандад. Ин чи маънойе метавонад дошта бошад ҷуз зарурати заминсозӣ барои имом Маҳдӣ алайҳи салом тавассути мардум ки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ба сӯӣ он даъват мекунад?! Оё ин олими сиддиқ ҷуз ин мефармояд ки дилҳои худро бар талаби имом Маҳдӣ алайҳи салом муҷтамаъ кунед ва ба аҳде ки Худованд аз шумо барои итоъат ва ҳимоят аз ӯ гирифтааст вафо намойед то юмни дидори ӯ беш аз ин ба таъхир наяфтад ва хушбахтии шумо бо мушоҳидаи ӯ таҳаққуқ ёбад?! Бо ин васф, оё мумкин аст ки имом Маҳдӣ алайҳи салом ба коре ки худ ба он амр кардааст розӣ набошад ва даъват ба сӯӣ онро нораво бидонад?! Дар ҳоле ки пеш аз ӯ, ҷаддаш Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва падаронаш имомони аҳли байт алайҳимуссалом ба он далолат кардаанд; Чунонки дар ривоёти машҳур ва мутавотир аз хуруҷи аҳли Хуросон дар талаби ӯ ва барои сохтани заминаи зуҳураш хабар додаанд ва онро корӣ дуруст ва судманд шумурдаанд ва пеш аз онон, Худованд ба он иршод кардааст; Чунонки дар китоби худ фармудааст: ﴿إِنَّ اللَّهَ لَا يُغَيِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُوا مَا بِأَنْفُسِهِمْ[3]; «Ҳароина Худованд чизеро барои қавме тағйир намедиҳад то он гоҳ ки онон чизе ки дар худашон астро тағйир диҳанд» Ва пеш аз ӯ, ақли салим ба он ҳукм кардааст; Чароки ниёзи ҳар ҳукумате ба хосту ҳимояти кофии мардум, як амри ақлонӣ ва маҳсус аст.

Аз инҷо дониста мешавад касоне ки даъвати аллома Хуросониро дурӯғин ва хилофи дастури имом медонанд, дар хобӣ амиқ ба сар мебаранд ва онон ҳамоно зиёнкоронанд.

↑[1] . Табарсӣ, Ал-Эҳтиҷоҷ, ҷ2, с322
↑[2] . Табарсӣ, Ал-Эҳтиҷоҷ, ҷ2, с325
↑[3] . Раъд/ 11