1 . أَخْبَرَنَا جَعْفَرُ بْنُ إِبْرَاهِيمَ الْمُلْتَانِيُّ، قَالَ: سَأَلْتُ الْعَالِمَ عَنْ قَوْلِ اللَّهِ تَعَالَى: ﴿كُلَّمَا رُزِقُوا مِنْهَا مِنْ ثَمَرَةٍ رِزْقًا ۙ قَالُوا هَذَا الَّذِي رُزِقْنَا مِنْ قَبْلُ[1]، فَقَالَ: رُزِقُوا فِي قُبُورِهِمْ قَبْلَ يَوْمِ الْقِيَامَةِ، أَمَا سَمِعْتَ قَوْلَهُ تَعَالَى فِي الَّذِينَ قُتِلُوا فِي سَبِيلِهِ أَنَّهُمْ ﴿أَحْيَاءٌ عِنْدَ رَبِّهِمْ يُرْزَقُونَ[2]؟! قُلْتُ: إِنَّهُمْ يَقُولُونَ ذَلِكَ مَا رُزِقُوا فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا! قَالَ: كَيْفَ يَكُونُ ذَلِكَ، وَمَا رُزِقَ أَكْثَرُهُمْ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا إِلَّا الْمَاءَ الْكَدِرَ وَالطَّعَامَ الْجَشِبَ وَاللِّبَاسَ الْخَشِنَ؟! لَا وَاللَّهِ، ذَلِكَ مَا رُزِقُوا فِي الْبَرْزَخِ إِلَى يَوْمِ يُبْعَثُونَ.

Тарҷумаи гуфтор:

Ҷаъфар ибни Иброҳими Мултонӣ моро хабар дод, гуфт: Аз олим дар бораи сухани Худованди балндмартаба пурсидам ки мефармояд: «Ҳар бор ки аз он аз баҳраи рӯзӣ дода мешаванд мегӯянд: Ин чизе аст ки аз қабл ба мо рӯзӣ дода шуд». Фармуд: Дар қабрҳошон қабл аз рӯзи қиёмат, оё сухани Худованди баландмартаба дар бораи касоне ки дар роҳаш кушта шудандро нашунидаи ки мефармояд онон «Зиндагоне ҳастанд ки назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд»?! Гуфтам: Инҳо мегӯянд: Он чизе аст ки дар зиндагии дунё рӯзӣ дода шуданд! Фармуд: Чигуна он бошад?! Дар ҳоле ки бештари онон дар зиндагии дунё ҷуз оби кидр ва ғазои ногувор ва либоси хашен рӯзӣ дода нашуданд! На ба Худо савганд, он чизе аст ки бархӣ рӯзӣ дода шуданд то рӯзе ки мабъус мешаванд.

2 . أَخْبَرَنَا مُحَمَّدُ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمَنِ الْهَرَوِيُّ، قَالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ قَوْلِ اللَّهِ تَعَالَى: ﴿أَحَسِبَ النَّاسُ أَنْ يُتْرَكُوا أَنْ يَقُولُوا آمَنَّا وَهُمْ لَا يُفْتَنُونَ[3]، فَقَالَ: يُفْتَنُونَ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَيُفْتَنُونَ فِي قُبُورِهِمْ، قُلْتُ: أَمَّا فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا فَقَدْ عَلِمْتُ، وَكَيْفَ يُفْتَنُونَ فِي قُبُورِهِمْ؟ قَالَ: يُسْأَلُونَ، قُلْتُ: عَنْ مَاذَا؟ قَالَ: عَنْ رَبِّهِمْ وَعَنْ نَبِيِّهِمْ، قُلْتُ: إِذًا يَنْجُو كُلُّ مُسْلِمٍ، وَإِنْ كَانَ ضَالًّا فَاسِقًا! قَالَ: لَيْسَ حَيْثُ تَذْهَبُ، إِنَّهُمْ يُسْأَلُونَ عَمَّنْ عَبَدُوهُ وَعَمَّنْ أَطَاعُوهُ، فَمَنْ كَانَ مِنْهُمْ يَتَّخِذُ إِلَهَهُ هَوَاهُ وَيُطِيعُ الشَّيْطَانَ فَإِنَّهُ يَنْسَى مَا كَانَ يَقُولُ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا، فَيَتَعْتَعُ فِي الْجَوَابِ، أَوْ يَقُولُ مَا يُخْزِيهِ، وَذَلِكَ قَوْلُ اللَّهِ تَعَالَى: ﴿أَمْ حَسِبَ الَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمْ مَرَضٌ أَنْ لَنْ يُخْرِجَ اللَّهُ أَضْغَانَهُمْ؟![4]

Тарҷумаи гуфтор:

Муҳаммад ибни Абдурраҳмони Ҳиравӣ моро хабар дод, гуфт: Аз Мансур дар бораи сухани Худованд пурсидам ки мефармояд: «Оё мардум пиндоштаанд ки раҳо мешаванд ҳамин ки гуфтанд имон овардем ва озмуда намешаванд?» пас фармуд: Дар зиндагии дунё озмуда мешаванд ва дар қабрҳошон озмуда мешаванд. Гуфтам: Дар зиндагии дунёро донистаам, вале дар қабрҳошон чигуна озмуда мешаванд? Фармуд: Аз онон пурсиш мешавад. Гуфтам: Дар бораи чи? Фармуд: Дар бораи Парвардигорашон ва дар бораи Паёмбарашон. Гуфтам: Дар ин сурат, ҳар мусалмоне наҷот хоҳад ёфт, агарчи гумроҳи фосиқ бошад! Фармуд: Ин гуна нест ки ту пиндоштаи, аз онон дар бораи касе пурсиш мешавад ки парастидаанд ва итоъат кардаанд, пас ҳар кас аз онон ҳавойи нафси худро худои худ гирифта ва аз шайтон итоъат карда бошад, чизе ки дар зиндагии дунё мегирифтро фаромӯш мекунад, пас дар посух фурӯ мемонад, ё чизе мегӯяд ки расвояш месозад ва ин сухани Худованд аст ки фармудааст: «Оё касоне ки дар дилҳошон маризӣ аст пиндоштаанд ки Худованд кинаҳои наҳуфтаашонро ошкор нахоҳад кард?!»

3 . أَخْبَرَنَا الْحَسَنُ بْنُ مُحَمَّدصَادِقٍ الْإِصْفَهَانِيُّ، قَالَ: سَأَلْتُهُ عَنْ سُؤَالِ الْقَبْرِ أَحَقٌّ هُوَ؟ قَالَ: نَعَمْ، قُلْتُ: فَيُسْأَلُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ مَرَّةً أُخْرَى؟! قَالَ: إِنَّمَا يُسْأَلُ فِي الْقَبْرِ عَنْ تِلْكَ الْأُمُورِ الْعِظَامِ، وَيُسْأَلُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ عَنْ كُلِّ صَغِيرٍ وَكَبِيرٍ، حَتَّى يُسْأَلُ عَنِ اللَّقْمَةِ وَالنَّظْرَةِ وَاللَّفْظَةِ وَالْجَلْسَةِ.

Тарҷумаи гуфтор:

Ҳасан ибни Муҳаммадсодиқи Исфаҳонӣ моро хабар дод, гуфт: Аз он ҳазрат дар бораи пурсиш дар қабр пурсидам ки оё ҳақ аст? Фармуд: Бале, гуфтам: Пас дар рӯзи қиёмат дубора пурсиш мешавад? Фармуд: Ҷуз ин нест ки дар қабр аз он чизҳойи бузург пурсиш мешавад ва дар рӯзи қиёмат аз ҳар хурд ва калоне пурсиш мешавад, то инки аз як луқма ва як нигоҳ ва як калима ва як нишастан пурсиш мешавад!

Шарҳи гуфтор:

Барои хондани шарҳе бар ин ду гуфтори нуронӣ, ба пурсиш ва посухи 105 муроҷиъа кунед.

↑[1] . Бақара/ 25
↑[2] . Оли Имрон/ 169
↑[3] . Анкабут/ 2
↑[4] . Муҳаммад/ 29