Ҷумъа 19 Апрел 2024 мелодӣ / 10 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Гуфтор
 

1 . أَخْبَرَنا مُحَمَّدُ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمَنِ الْهِرَويُّ، قالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ الْهاشِميَّ الْخُراسانيَّ عَنِ الْحُرُوفِ الْمُقَطَّعَةِ فِي الْقُرآنِ، فَقالَ: أَصْواتٌ مِنَ الْمَلَكُوتِ سَمِعَهَا النَّبِيُّ قَبْلَ انْتِظامِ الْوَحْيِ! قُلْتُ: أَشْهَدُ أَنَّكَ مِنَ الرَّاسِخِينَ فِي الْعِلْمِ! أَفَتَأذَنُ لِي أَنْ أُقَبِّلَ رَأسَكَ؟ قالَ: نَعَمْ، فَقَبَّلْتُ رَأسَهُ!

Тарҷумаи гуфтор:

Муҳаммад ибни Абдурраҳмони Ҳиравӣ моро хабар дод, гуфт: Аз Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар бораи ҳуруфи муқаттаъа дар Қуръон пурсидам, пас фармуд: Овоҳойе аз малакут буд ки Паёмбар пеш аз интизоми ваҳй шунид! Гуфам: Гувоҳӣ медиҳам ки ту аз росихони дар илм ҳастӣ! Пас ба ман изн медиҳӣ ки саратро бибӯсам? Фармуд: Оре, пас сарашро бӯсидам!

Шарҳи гуфтор:

Муроди он ҳазарт аз ин гуфтори шариф он аст ки гоҳе ваҳй пеш аз назм ёфтани калимот ва шакл гирифтани ҷумалот, ба сурати овоҳойе аз малакут ба гӯши Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мерасид ва ин метавонист нишонае аз синхи ваҳй ва наздик будани нузули сура барои он Ҳазрат ва ношӣ аз озмуни асвот тавассути фаришта ба манзури ҷалби таваҷҷуҳи он Ҳазрат ва итминон аз дурустии иртибот бошад, монанди телефон кунандае ки пеш аз муколимот «Ало» мегӯяд ё навозандае ки сози худро пеш аз навохтан танзим мекунад ё суханроне ки баландгӯйи худро пеш аз суханронӣ меозмояд; Ҳамчунонки хондани ин овоҳо барои мардум тавассути Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам илова бар иблоғи ваҳй ба сурати комил, барои хомӯш кардани онон ва ҷалби таваҷҷуҳи онон ба оёти баъдӣ дар ростои амал ба амри Худованд буд ки фармудааст: ﴿وَإِذَا قُرِئَ الْقُرْآنُ فَاسْتَمِعُوا لَهُ وَأَنْصِتُوا لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ[1]; «Ва ҳангоме ки Қуръон хонда мешавад пас ба он гӯш супоред ва сукут кунед бошад ки омӯрзида шавед» Ва аз ин рӯ, асҳоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз он Ҳазрат дар бораи маънои онҳо пурсише намекарданд; Чунонки дар ҳикмати дигаре аз ин олими бузургвор расидааст:

2 . أَخْبَرَنا أَبُو إبْراهيمَ السَّمَرْقَنْدِيُّ، قالَ: قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: ما يُرِيدُ اللّهُ مِنْ قَوْلِهِ: الف لام ميم؟! قالَ: ذَلِكَ كَقَوْلِ أَحَدِكُمْ إِذا يَتَكَلَّمُ بِالْمِجْهارِ فَيَقُولُ قَبْلَ أَن يَتَكَلَّمَ الواحِدُ الْإِثْنانِ الثَّلاثَةُ لِيَعْلَمَ أَنَّ الصَّوتَ بالِغٌ وَ لِيَنْصُتَ السَّامِعُ! قُلْتُ: إِنَّهُمْ يَقُولُونَ إِنَّهُ سِرٌّ أَسَرَّهُ اللّهُ إِلَى النَّبِيِّ! قالَ: لَوْ كانَ سِرّاً لَما أَنْزَلَ اللّهُ فِي الْقُرآنِ! أَلَمْ يَعْلَمُوا أَنَّ الْقُرآنَ نَزَلَ لِلنَّاسِ؟! ثُمَّ قالَ: ما مِنْ شَيْءٍ أَنْزَلَ اللّهُ فِي الْقُرآنِ إِلّا وَ هُوَ بَيانٌ لِلنَّاسِ! إِنَّ اللّهَ تَعَالَى يَقُولُ: ﴿هَذَا بَيَانٌ لِلنَّاسِ وَهُدًى وَمَوْعِظَةٌ لِلْمُتَّقِينَ!

Тарҷумаи гуфтор:

Абу Иброҳими Самарқандӣ моро хабар дод, гуфт: Ба ҳазрати Мансур гуфтам: Муроди Худованд аз инки фармуда Алиф Лом Мим чист?! Фармуд: Он монанди сухани яке аз шумост ҳангоме ки бо баландгӯ сухан мегӯйед, пас пеш аз онки сухани худро оғоз кунад мегӯяд: Як ду се, то бидонад ки садо мерасад ва то шунаванда сукут (ва таваҷҷуҳ) кунад! Гуфтам: Онҳо мегӯянд он розе аст ки Худованд бо Паёмбараш дар миён гузоштааст! Фармуд: Агар розе буд Худованд онро дар Қуръон нозил намекард! Оё намедонанд ки Қуръон барои ҳамаи мардум нозил шудааст?! Сипас фармуд: Ҳеҷ чиз аз ончи Худованд дар Қуръон нозил карда нест магар инки баёне барои ҳамаи мардум аст! Худованди баландмартаба мефармояд: «Ин баёне барои ҳамаи мардум ва ҳидоят ва панде барои парҳезкорон аст»[2].

Шарҳи гуфтор:

Мумкин аст аз зоҳири гуфтори он ҳазрат бардошт шавад ки «بسم الله الرّحمن الرّحيم» дар оғози ҳар сура нозил нашуда ва ин қавли бисёрӣ аз мусалмонон монанди Абу Ҳанифа, Молик, Авзоъӣ, Доввуд ва қавли қурроъи Басра ва аксари қурроъ ва мутафаққиҳини Мадина дар садаҳои нахустин аст, балки бархӣ монанди Ҷассос (д.370қ) муддаъии иҷмоъи салаф бар он то пеш аз Шофеъӣ шудаанд[3] ва муъайяди он ихтилофи мазоҳиб дар бораи ҷузъияти он дар сураҳое ҷуз сураи Намл аст ки бар хилофи зарурати яқинӣ будан ва иҷмоъӣ будани оёти Қуръон аст, то ҷойе ки ба иттифоқи мазоҳиб, мункири ҳар як аз оёти Қуръон кофир маҳсуб мешавад, вале мунири «بسم الله الرّحمن الرّحيم» дар оғози ҳар сура кофир маҳсуб намешавад. Аз ин рӯ, бархӣ аҳли илм гуфтаанд: «يَكْفِيكَ أَنَّها لَيْسَتْ مِنَ الْقُرآنِ اخْتِلافُ النّاسِ فِيها وَ الْقُرآنُ لا يُخْتَلَفُ فِيهِ فَإِنَّ إِنْكارَ الْقُرآنِ كُفْرٌ»[4]; «Ихтилофи мардум дар он кофӣ аст то бидонӣ ки он аз Қуръон нест; Чароки дар Қуръон ихтилофе вуҷуд надорад ва инкори Қуръон куфр аст».

Бо ин ҳол, ҳақ он аст ки гуфтори аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, сариҳи дар ин маъно нест; Бо таваҷҷуҳ ба инки мумкин аст «بسم الله الرّحمن الرّحيم» як бор бар Паёмбар нозил ва ба ӯ амр шуда бошад ки онро дар оғози ҳар сура қарор диҳад ва ин ҷомеъи миёни ақвол аст; Ҳамчунонки мумкин аст «بسم الله الرّحمن الرّحيم» ва ҳуруфи муқаттаъа ҳар ду нишонае аз синхи ваҳй ва наздик будани нузули сура барои Паёмбар буда ва ба манзури ҷалби таваҷҷуҳи он Ҳазрат ва озмудани овоҳо тавассути фаришта ва низ сокет сохтани мардум ва ҷалби таваҷҷуҳи онон ба оёти баъдӣ нозил шуда бошанд; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки «بسم الله الرّحمن الرّحيم» барои кофирон монанди ҳуруфи муқаттаъа ғариб буда, то ҷойе ки машҳур аст Суҳайл ибни Амр намояндаи онон дар сулҳи Ҳудайбия ҳозир ба навиштани он дар сулҳнома нашуд ва гуфт: «ما نَعْرِفُ بسم اللّه الرّحمن الرّحيم»; «Бисмиллаҳи раҳмани раҳимро наменависам» ва аз Паёмбар хост ки ба ҷойи он «بِاسْمِكَ اللّهُمَّ» бинависад[5]; Ҳамчунонки аз Қуръон дониста мешавад ки онон «Раҳмон» ро намешинохтанд; Чароки фармудааст: ﴿وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ اسْجُدُوا لِلرَّحْمَنِ قَالُوا وَمَا الرَّحْمَنُ[6]; «Ва чун ба онон гуфта мешуд ки барои Раҳмон саҷда кунед, мегуфтанд ки Раҳмон чист?!». Бинобарин, «بسم الله الرّحمن الرّحيم» ва ҳуруфти муқаттаъа дар Қуръон, то ҳадди зиёде барои онон ҳамгун будаанд ва аз ин ҳайс, метавонистаанд бо ҳам ва ба манзури ҷалби таваҷҷуҳи онон –илова бар оғози ваҳй ва тиловати он бо номи Худованд– нозил шуда бошанд.

↑[1] . Аъроф/ 204
↑[2] . Оли Имрон/ 138
↑[3] . Нигоҳ кунед ба: Ҷассос, Аҳкумул Қуръон, ҷ1, с8.
↑[4] . Ибни Арабӣ, Аҳкомул Қуръон, ҷ1, с6; Қуртубӣ, Ал-Ҷомеъул Аҳкомил Қуръон, ҷ1, с93
↑[5] . Нигоҳ кунед ба: Муснади Аҳмад, ҷ4, с86; Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ3, с181; Саҳеҳул Муслим, ҷ5, с175; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ8, с326.
↑[6] . Фурқон/ 60
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]