Ҷумъа 29 Март 2024 мелодӣ / 18 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Мақола
 

Шайтон ва ҳизби ӯ дар замони мо бештар аз ҳар замони дигаре, муҷаҳҳаз ба абзори қудрат, сарват ва расона шудаанд ва бо сӯъи истифода аз ин абзорҳои коромад, афкори умумиро дар ихтиёри худ гирифтаанд ва муносиботи ҷаҳониро ба суди худ тағйир додаанд ва дар ҳоли саркӯби адолатхоҳон, ақимсозии ислоҳот, воруна кардани ҳақойиқ ва мулаввас намудани омӯзаҳои фитрӣ ва Исломӣ ҳастанд.

Муҳимтарин ҳадафи онон аз ин иқдомот, як чиз аст: Пешгирӣ аз зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом; Зеро онон медонанд ки зуҳури ӯ ба унвони халифаи Худованд дар замин, ба маънои поёни имперотурии чанд ҳазор солаи онон аст ва бо ин ҳисоб, барои бақоъи худ чорае ҷуз пешгирӣ аз он надоранд. Албатта ба эътиқоди мо, пешгирӣ аз он мумкин нест; Чароки он ваъдаи Худованд ва Паёмбарони Ӯст ва ваъдаи Худованд ва Паёмбарони Ӯ тахаллуф намепазирад, вале пайдост ки шайтон ва ҳизби ӯ чунин эътиқоде надоранд, ё агар доранд медонанд ки замони хоссе барои он таъйин нашуда ва аз ин рӯ, қобили таъвиқ ва таъхир аст.

Бар ин асос, онон барои пешгирӣ аз заҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом ё дасти кам таъхир дар он, дар се меҳвар барномарезӣ ва иқдом кардаанд:

1 . Ташкик дар дурустии дин ва коромадии ҳукумати динӣ

Иқболи мардум ба имом Маҳдӣ алайҳи салом ва ҳукумати ӯ, пеш аз ҳар чиз мубтанӣ бар эътиқоди онон ба дурустии дин ва коромадии ҳукумати динӣ аст; Чароки агар онон ба дурустии дин ва коромадии ҳукумати динӣ бовар надошта бошанд, ҳеҷ гоҳ ба зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом аҳмият намедиҳанд ва барои ҳукумати ӯ талош ва фидокорӣ намекунанд. Аз ин рӯ, шайтон ва ҳизби ӯ муҷаддан кӯшидаанд ки аз тариқи таблиғоти густарда ва авомфиробона, бадгумонӣ ва беэътимодӣ ба динро дар миёни мардум шуюъ диҳанд ва коромадии ҳукумати динӣ бо ҳар шакл ва шеваеро ба чолиш бикашанд; Он ҳам бо ин мантиқи омиёна ва нодуруст ки авзоъи сиёсӣ ва иқтисодии мусалмонон хуб нест ва ҳукуматҳои динии мавҷуд монанди ҳукумати Эрон, бисёр мустабид ва нокоромад ҳастанд, вале авзоъи сиёсӣ ва иқтисодии кофирон хуб аст ва ҳукуматҳои секулорӣ монанди ҳукуматҳои ғарбӣ, бисёр демукротик ва коромад ҳастанд, дар ҳоле ки ин як муғолитаи авомфиребона аст; Зеро на авзоъи бади сиёсӣ ва иқтисодии мусалмонон, ношӣ аз илтизоми онон ба дин будааст ва на авзоъи хуби сиёсӣ ва иқтисодии кофирон, ношӣ аз адами илтизоми онон ба дин, балки воқеъият дақиқан бар акс аст; Зеро авзоъи мусалмонон дар заминаҳойе бад аст ки амалкардашон дар онҳо –дониста ё нодониста– бар хилофи дин аст, на заминаҳойе ки амалкардашон дар онҳо мувофиқ бо дин аст ва авзоъи кофирон дар заминаҳойе хуб аст ки амалкардашон дар онҳо –дониста ё нодониста– мувофиқ бо дин аст, на заминаҳойе ки амалкардашон дар онҳо бар хилофи дин аст. Ин сирфан як иддаъо ва дидгоҳи шахсӣ нест, бал воқеъиятӣ ъайнӣ ва машҳуд аст ки муҳаққиқон ба он изъон кардаанд; Чунонки ба унвони намуна, муҳаққиқони донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони Омрико дар шумораи 10 журноли маъруфи иқтисоди ҷаҳонӣ (Global Economy Journal) бо баррасии кишварҳои ҷаҳон ва муқойисаи амалкарди онҳо дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва зистмуҳитӣ бо омӯзаҳои Ислом, ба ин натиҷа расидаанд ки Исломитарин кишварҳои ҷаҳон дар ин заминаҳо, кишварҳои Исломӣ нестанд, бал шуморе аз кишварҳои Аврупойи ҳастанд ки аз ҳайси назарӣ ба Ислом эътиқоде надоранд, вале аз ҳайси амалӣ бештар ба омӯзаҳои он амал мекунанд! Ин ба маънои он аст ки авзоъи хуби сиёсӣ ва иқтисодии кофирон, ношӣ аз амалкарди онон бар хилофи дин дар ин заминаҳо нест, балки ношӣ аз амалкарди онон бар тибқи дин дар ин заминаҳо аст. Аз ин рӯ, дар заминҳои дигаре монанди фарҳанг ва улуми инсонӣ ки амалкардашон дар онҳо мувофиқ бо дин нест, авзоъи хубе надоранд ва бо мӯъзалот, осебҳо ва костиҳои фаровоне мувоҷаҳ ҳастанд; Ҳамчунонки амалкарди мусалмонон дар заминаи сиёсат ва иқтисод, бо дин мутобиқат надорад; Чароки аксарияти қотеъи онон ба бисёрӣ аз таъолими Ислом мултазим нестанд ва бисёрӣ аз ақойид ва аъмолашон бар хилофи оёти Қуръон ва суннати мутавотири Набавӣ аст ва ҳукуматҳои динияшон, танҳо дар ном динӣ ҳастанд ва дар амал, илтизоми чандоне ба аҳком ва ахлоқи Исломӣ надоранд. Ба унвони мисол, оё исроф, масрафзадагӣ ва вобастагии иқтисодии кишварҳои Исломӣ ба кишварҳои ғайри мусалмон, мувофиқ бо таъолими Ислом аст?! Оё ихтилоф ва душмании кишварҳои Исломӣ бо якдигар ки ҳар рӯз шадидтар ва амиқтар мешавад, мувофиқ бо таъолими Ислом аст?! Оё дӯстӣ ва иттиҳоди залилонаи Эрон бо Русия ва кишварҳои ғарбӣ бо Омрико, мувофиқ бо таълимоти Ислом аст?! Оё подшоҳии марвусии Арабистони Саъудӣ ки бо пули ҳоҷиёни Байтуллоҳ Ҳаром аз кофирон силоҳ мехаранд то бо мусалмонон биҷанганд, мувофиқ бо таъолими Исломи аст?! Оё такфири мусалмонон ва куштани занон ва кӯдакони бегуноҳ ва хушунати беҳисоби гурӯҳҳои ҷиҳодӣ дар Ироқ, Сурия, Афғонистон, Покистон ва Офриқо, мувофиқ бо таълимоти Ислом аст?! Оё рибохории алъанӣ ва густарда дар бонкҳои Эрон ва ихтилосҳои милиордӣ дар низоми молии ин кишвар ва хӯрдани амволи мардум ба ботил дар муъассисоти эътибории он, мувофиқ бо таълимоти Ислом аст?! Оё таҷассус дар зиндагии хусусии мардум ва тафтиши ақойиди онон ва таъқиб, дастгирӣ, шиканҷа, ҳасб, ҳаср, табъид ва рехтани обурӯяшон ба ҷурми изҳори мухолифат бо назари ҳокимон, мувофиқ бо таъолими Ислом аст?! Оё султаи чанд муллои беақл ва кӯтаҳфикр бар мардум ки ҷуз тамаллуқ кардан аз ҳоким ва ҳақорат додан ба мухолифони ӯ коре балад нестад, мувофиқ бо таъолими Ислом аст?! Оё ҷаҳл, тақлид, таъассуб, такаббур ва хурофагаройии шойеъ дар миёни мусалмонон, мувофиқ бо таъолими Ислом аст?! Маълум аст ки ҳеҷ як аз инҳо мувофиқ бо таъолими Ислом нест ва аз ин рӯ, наметавон бо истинод ба онҳо натиҷа гирифт ки таъолими Ислом нодуруст ва кифояти лозим барои идораи ҷомеъаро надоранд, балки бар акс метавон натиҷа гирифт ки илтизоми амалӣ ба ҳамаи таъолими Исломи –на сирафан бахше аз он ба сурати гузинишӣ–, танҳо роҳи наҷоти мусалмонон аз мӯъзалот, осебҳо ва костиҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ аст; Ҳамон тавр ки танҳо роҳи наҷоти кофирон аз мӯъзалот, осебҳо ва костиҳои фарҳангӣ аст. Ин ба маънои он аст ки саъодати комил ҳама, дар иқомаи комили дин аст; Зеро ҳар гурӯҳе ки дар заминае ба дин амал кардаанд, дар он замина –ба мизони амали худ– ба саъодат даст ёфтаанд ва дар сойири заминаҳо ноком монаданд ва аз ин ру, ҳам мусалмонон барои расидан ба саъодат дар заминаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ва ҳам ғайри мусалонон барои расидан ба саъодат дар сойири заминаҳо, ба иқомаи дин ниёзманданд ва ин дақиқан акси чизе аст ки шайтон ва ҳизби ӯ таблиғ мекунанд.

Албатта таблиғи онҳо маҳдуд ба ин нест; Зеро онҳо аз воруна будани исдилоли худ огоҳӣ доранд ва медонанд ки қиёси авзоъи сиёсӣ ва иқтисодии мусалмонон бо авзоъи сиёсӣ ва иқтисодии кофирон, ҳатто агар барои фиреби авомми мусалмонон кофӣ бошад, барои фиреби рӯшанфикрони онон кофӣ нест. Аз ин рӯ, ҳамзамон бо ин истидлоли воруна ва қиёси авомфиребона, кӯшидаанд ки ҷаҳонбинии тавҳидиро дар миёни рӯшанфикрони мусалмон тазъиф кунанд, то сиёсат ва иқтисод дар назари онон асолат пайдо кунад ва ба танҳо дағдаға ва матолибаи онон табдил шавад; Чароки дар ин сурат, онон хоҳанд тавонист бартарии сиёсӣ ва иқтисодии кофиронро ба маънои бартарии ҳақиқии онҳо бар мусалмонон бипиндоранд ва нишонае аз ғанои фарҳанги онҳо дар муқойиса бо фарҳанги Исломӣ талаққӣ кунанд, ҳол онки дар ҷаҳонбинии тавҳидӣ, бартарии ҳақиқӣ ба бартарии сиёсӣ ва иқтисодӣ яъне ба қудрат ва сарвати бештар нест, балки ба бартарии маърифатӣ ва ахлоқӣ яъне ба тақвои бештар аст ки пеш аз ҳар чиз мубтанӣ бар имон ба Худованд ва Паёмбарон ва китобҳо ва аҳком ва омӯзаҳои Ӯст; Чизе ки кофирон –ба иқтизои куфрашон– аз он рӯйгардонанд. Аз ин рӯ, рӯшанфикрони мусалмон барои инки битавонанд дар баробари кофирон ба хотири қудрат ва сарваташон сар фуруд оваранд, бояд чашми худро ба рӯйи илҳод ва фасоди рӯзафзуни онҳо ва зулме ки барои манофеъи худ бар кишварҳои заъиф раво медоранд, бибанданд; Ҳамчунонки бояд пешрафтҳои моддии онҳоро на марҳуни илтизоми амалии онҳо ба омӯзаҳои сиёсӣ ва иқтисодии дини дар кишварҳошон ва на марҳуни ду қарни истеъмор, таҷовуз, ишғолгарӣ, ҷангафрӯзӣ, ғорати манобеи кишварҳои мустазъаф ва кӯдато барои рӯйи кор овардани давлатҳои дастнишондеҳ дар берун аз кишваҳошон, балки марҳуни табъиди дин аз дунёи сиёсат ва қатъи дасти он аз дахолат дар иқтисод бидонанд ва бо вуҷуди иддаъои мусалмонӣ бовар ёбанд ки адами пойбандӣ ба аҳкоми Худованд ва омӯзаҳои Паёмбарон дар идораи умури ҷомеъа, рамзи муваффақияти кофирон ва роҳи наҷоти мусалмонон аст! Инҷост ки роҳ барои «Аз худ бегонагии фарҳангӣ» дар ҷавомеъи Исломӣ ҳамвор мегардад ва бартарии кофирон бар мусалмонон «Дар ҳамаи заминаҳо» ба расмият шинохта мешавад ва ахлоқу улуми инсонии ғарбиён, монанди сиёсат, иқтисод ва улуми таҷрибишон, улгуи хоссу омма мегардад ва дин дар миёни мусалмонон равнақи худро аз даст медиҳад ва ба рӯзгори ғурбати худ дар оғози Ислом боз мегардад; Зеро ҳангоме ки талаққии мусалмонон аз хушбинӣ, сирфан хуб хӯрдан, хуб хобидан ва хуб ҷуфтгирӣ кардан бошад, табиъатан дин наметавонад ононро ба хушбахтӣ бирасонад ва аз ин рӯ, ногузир ҷойи худро ба касоне медиҳад ки бо мантиқи онон, хушбахтарин мавҷудоти оламанд; Яъне чаҳорпоён ва касоне гумроҳтар аз онҳо ﴿بَلْ هُمْ أَضَلُّ ки беҳтар мехуранд ва беҳтар мехобанд ва беҳтар ҷуфтгирӣ мекунанд!

Ин дар ҳоле аст ки инсон танҳо ба рушди сиёсӣ ва иқтисодӣ ниёз надорад; Чароки неруҳо ва истеъдодҳояш маҳдуд ба моддиёт нест, балки ба рушдӣ ҳамоҳанг дар ҳамаи абъоди инсонӣ ниёзманд аст ва чунин рушдеро танҳо дин ба ӯ ҳадия мекунад. Бидуни шак рӯшди сиёсӣ ва иқтисодӣ бидуни рӯшди фарҳангӣ, на танҳо инсонро ба саъодат намерасонад, балки дер ё зуд сабаби бадбахтии ӯ мешавад; Зеро чунин рушди такбуъдӣ ва номутаъодиле, монанди шамшерӣ буррон дар дасти зангии маст аст ки метавонад ба ӯ ва дигарон осебҳои ҷиддӣ ва ҷуброннопазире бирасонда. Аз ин рӯ, қудрат ва сарват набояд дар ихтиёри касоне бошад ки аз имон ва тақвои кофӣ бархурдор нестанд; Чароки онон бо сӯъи истифода аз он, ҷаҳонро ба нобудӣ хоҳанд кашонид, балки бояд дар ихтиёри мӯъминон ва парҳезкорон бошад то бо истифодаи саҳиҳ аз он, ҷаҳонро аз адолат пур созанд, ҳамон тавр ки аз зулм пур шудааст. Ин аст ки аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мефармояд:

«Ҷоҳилони қудратманд, фарзандони шаётинанад ва сафиҳони сарватманд, офатҳои заминанд ки мардумонро аз онон роҳати нест; Майл кунандагони ба ҳар бадӣ ва рӯй гирандагон аз ҳар хубие ки барои густариши ҷаҳолат дар ҷаҳон мекӯшанд ва ба нест кардани ҳакимон эҳтимом доранд, то бар рӯӣ замин ҳикмате намонад ва дар зери осмон ҳикмате ёфт нашавад, дар ҳоле ки нестӣ сазовори онон аст ва бояд ки дар хушкӣ ва дарё ёфт нашаванд. Ҳароина сарват зебандаи ҳакимон аст ва қудрат бар тани онон рост меояд, то ба василаи он ду, ҷаҳонро зебо созанд ва мардумонро ба хушбахтӣ расонанд.»[1]

Бинобарин, оқилона нест ки мо хушбахтиро ба маънои бархурдорӣ аз қудрат ва сарвати моддӣ алорағми маҳрумият аз фарҳанги осмонӣ бедонем ва сипас қазоват кунем ки кофирон аз мо хушбахттаранд ва натиҷа бигирем ки дин наметавонад моро ба хушбахтӣ бирасонад; Ҳамчунонки мунсифона нест барои санҷиши коромадии дин, ба афроди шикастхӯрдае бингарем ки дар зоҳир ба дин эътиқод доранд, вале дар амал ба он мултазим нестанд ва ҳукуматҳои золимонро мисол занем ки шиъорҳои динӣ сар медиҳанд, вале аз назари дин номашрӯъ ҳастанд, балки агар дар пайи ҳақиқат ҳастем бояд ба намояндагони расмӣ ва қатъии дин бингарем ки худаш онҳоро таъйин ва муъаррифӣ кардааст ва онҳо Паёмбар ва аҳли байти ӯ ҳастанд. Оё дини ироъа шуда тавассути Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки тавонист дар арзи 23 сол, чанд қабилаи биёбони ва нимаваҳширо ба умматӣ якпорча ва мутамаддин табдил кунад ва бар импиротуриҳои шарқ ва ғарб мусаллат созад, коромад набуд?! Оё ҳукумати Алӣ ибни Абӣ Толиб алаҳйи салом ки тавонист дар арзи 5 сол, ба намоди адолат, мусовот, озодагӣ, хирадварзӣ ва сойири арзишҳои инсонӣ табдил шавад, коромад набуд?! Пас чаро мухолифони дин ва ҳукумати динӣ, ба ин намунаҳои ъайнӣ ва таҷориби торихӣ таваҷҷуҳ намекунанд ва танҳо аз нокомии бархӣ муддаъиёни диндорӣ сухан мегӯянд?! Оё бо ин шева дар талошанд ки худро бифиребанд ё мардуми осебдида ва моргазидаро ки аз ресмони сиёҳу сафед метарсанд ва фарқи миёни Ислом ва мусалмононро ташхис намедиҳанд?!

Бегумон Ислом охирин дастурот ва раҳнамудҳои Худованд барои саъодати башар аст. Оё касе донотар ва хайрхоҳтар аз Худованд вуҷуд дорад ки битавонад дастурот ва раҳнамудҳойи беҳтар аз дастурот ва раҳнамудҳои Ӯ ироъа кунад?! Агар дастурот ва раҳнамудҳои Ӯ дуруст нест, пас дастурот ва раҳнамудҳои чи касе дуруст аст?! Дастурот ва раҳнамудҳои Асғар оғо ва Суғро хонум ки бо таъйиди охунди дар бораи ва ҳимояти чанд ранди бозорӣ ва раъйи ҳамвилоятиҳои нон ва намак хӯрда, намояндаи маҷлис шудаанд ва коҳе дар миёни ду чурт, дасте меҷунбонанд ва қонуне тасвиб мекунанд?! Ё дастурот ва раҳнамудҳои нимча талабае ки дирӯз фарёд мезад: «Бояд хун гирист ба ҳоли ҷомеъае ки эҳтимоли раҳбар шудани касе монанди ман дар он матраҳ бишавад.» Ва имрӯз аз фарти худшифтагӣ, Худоро ҳам банда нест ва дар ҳоле ки ҷаҳониён бар бетадбирӣ ва бекифоятиаш механданд, барои шарқ ва ғарб шох ва шона мекашад ва дар ҳоле ки ихтиёри хонаи худро ҳам надорад, худро валии амри мусалмонони ҷаҳон мешуморад ва дар ҳоле ки мардумаш зери бори фишорҳои сиёсӣ ва иқтисоди хурд мешаванд, бешармона фарёд мезанад: Ҳама ҷо амн ва амон аст?! Ё дастурот ва раҳнамудҳои оммаи мардум ки як рӯз бо додани ҳазорон кушта ва маҷрӯҳ инқилоб мекунанд ва рӯзи дигар меоянд дар хиёбон ва фарёд мезананд: «Мо иштибоҳ кардем ки инқилоб кардем»?! Агар дастурот ва раҳнамудҳои Худованд дуруст нест, пас дастурот ва раҳнамудҳои инҳо дуруст аст?! Ба ростӣ касоне ки Худовандро қабул надорад ва ба Ӯ эътимод намекунанд, чигуна худашонро қабул доранд ва ба якдигар эътимод мекунанд?! Оё худашонро аз Худованд донотар мепиндоранд ва якдигарро аз Ӯ қобили эътимодтар?! Ин аст ки мегӯйем демукросӣ бо имон ба Худованд қобили ҷамъ нест ва ҷуз бо инкори Ӯ тавҷиҳ намепазирад.

Оре, сад албатта мо қабул дорем ки агар касе ҷуз Паёмбар ва Алӣ ибни Абӣ Толиб ё касе ки аз илм ва тақвои он ду бархурдор аст, бо номи дин ҳукумат кунад, ҳам динро ба ибтизол мекашонад ва ҳам дунёро ба вайронӣ, вале роҳи ҳалли мо барои пешгирӣ аз ин мушкилот, рӯй овардан ба ҳукуати ғайри динӣ нест, бал рӯйи кор овардани касе чун Паёмбар ва Алӣ ибни Абӣ Толиб аст ки ба эътиқоди мо замин ҳеҷ гоҳ аз ӯ холӣ нест ва ӯ дар замони мо Маҳдӣ аст ки дар миёни мо вуҷуд дорад ва зиндагӣ мекунад ва мунтазири ҳимояти кофии мост то ҳукуматӣ динӣ монанди ҳукумати Паёмбар ва Алӣ ибни Абӣ Толиб ташкил диҳад. Ин ҳақиқате аст ки заминасози зуҳури ӯ аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ба сӯяш даъват мекунад ва онро «Бозгашт ба Ислом» меномад ва аз мусалмонон таваққуъ дорад ки онро бипазиранд, то замина барои зуҳури Маҳдӣ фароҳам шавад, дар ҳоле ки шайтон ва ҳизби ӯ аз он боз медоранд ва онро хиёлӣ ва даст наёфтанӣ ҷилва медиҳанд ва ба ҳифзи ҳукуматҳои мавҷуд ё ҳаддиаксар ислоҳи онҳо ташвиқ мекунанд, то вазъияти кунунӣ тадовум ёбад ва роҳ барои Маҳдӣ боз нашавад.

2 . Ҷаҳонисозии сикулори демукросӣ

Вақте дин аз равнақ меафтад ва ҳукумати динӣ эътибори худро аз даст медиҳад, ниёз ба як ҷойгузин барои он эҳсос мешавад то боядҳо ва набоядҳоро мушаххас кунад ва мабнои идораи ҷомеъа бошад. Аз ин рӯ, шайтон ва ҳизби ӯ ба ташкик дар дурустии дин ва коромадии ҳукумати динӣ басанда накардаанд, балки ҳамзамон бо ин кор кӯшидаанд ки демукросӣ ва маънои ҳукумати мардум бар мардумро беҳтарин ҷойгузин барои он ва коромадтарин шакли ҳукумат ҷилва диҳанд ва бо зӯри таблиғ, таҳдид, таҳрим ва ҳатто ҷанг, ба ҳама давлатҳо ва миллатҳо таҳмил кунанд ва ба фарҳангӣ умумӣ дар сар то сари ҷаҳон мубаддал созанд, дар ҳоле ки ин як бозӣ ва фиреби бузург аст; Чароки демукросӣ, чизе ҷуз ҳукумати аксарият бар ақалият нест ва ин маънойе ҷуз «Истибдоди аксарият» ва «Интихоби мустабид» надорад; Чароки аз як сӯ аксарияти мардум, танҳо ба ин далил ки теъдодашон бештар аст, бар ақалияти мардум султа меёбанд ва барои онон таъйини таклиф мекунанд, дар ҳоле ки мумкин аст ақаллияти мардум аз аксарияташон донотар ва шойистатар бошанд; Ҳамчунонки маъмулан ҳамин тавр аст ва нухбагон, фарзонагон, донишмандон ва парҳезкорон, аққалияти ҷомеъаро ташкил медиҳанд ва ҷоҳилон, фурумоянгон, гумроҳон ва гуноҳкорон, аксарияти онро ва бо ин васф, нухбагон, донишмандон ва парҳезкорони ҷомеъа маҷбуранд ки ҳамвора дунболарави ҷоҳилон, фурумоягон, гумроҳон ва гуноҳкорони он бошанд ва товони интихобҳои ғалат ва аҳмақонаи ононро бипардозанд ва пайдост ки оқибати чунин равияе, чизе ҷуз инҳитоти фарҳангӣ ва суқути арзишҳои инсонӣ дар ҷомеъа нест. Ин ҳамон «Истибдоди аксарият» аст ки кофирон ва фосиқон беҳтарин шеваи ҳукумат мепиндоранд; Зеро медонанд ки аксарияти мардум, ҳамфикриҳо ва ҳампиёлаҳои худашон ҳастанд ва бо ин ҳисоб, ҳукумати аксарияти мардум, яъне ҳукумати худашон ки табиъатан беҳтарин шеваи ҳукумат маҳсуб мешавад! Аз ин рӯ, демукросӣ ҳамеша ба суди ҷоҳилон, фурумоягон, гумроҳон ва гуноҳкорон аст ва ҳеҷ гоҳ ба суди нухбагон, фарзонагон, донишмандон ва парҳезкорон нест ва ҳар ҷомеъае ки зери парчами он қарор гирад, ба тадриҷ нухбагон, фарзонагон, донишмандон ва парҳезкорони худро аз даст медиҳад ва ба тасарруфи комили ҷоҳилон, фурумоягон, гумроҳон ва гуноҳкорони худ дар меоянд ва рӯшан аст ки дар чунин ҷамоъае, ҳукумати Худованд ва халифаи Ӯ харидор нахоҳад дошт.

Аз сӯӣ дигар аксарияти мардум ҳеҷ гоҳ қодир ба идораи мустақим ва бевоситаи ҷомеъа нестанд ва барои ин кор ба шахсе ниёз доранд ки пас аз интихоб шудан тавассути онон, ихтиёрашонро ба даст гирд ва бар онон ҳукм биронад ва барояшон қонун таъйин кунад, дар ҳоле ки ин шахс ба осонӣ метавонад аз тариқи нифоқ, дурӯғ ва татаммуъ, ононро фиреб диҳад ва ба интихоби худ во дарорад ва сипас бар пояи манофеъи шахсӣ ё ҳизбӣ ё қавмӣ ё мазҳабии худ ва на бар пояи манофеъи аксарияти мардум бар онон ҳукум биронад ва барояшон қонун таъйин кунад. Ин ҳамон «Интихоби мустабид» аст ки ҳақиқати пинҳони демукросӣ аст; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки аксарияти мардум дар ҷавомеъи мухталиф, ақшори ниёзманд, камсавод ва зудбовар ҳастанд ва ашхоси сиёсатбоз, чарбзабон ва авомфиреб метавонанд ба содагӣ бо сӯъи истифода аз ин нуқоти заъфи онон, ороъшонро тасоҳуб кунанд ва худро ба арикаи қудрат бирасонанд ва сипас ононро ба ҳазизи зиллат ва бадбахтӣ партоб кунанд.

Намунаҳои фаровоне барои ин фоҷеъаи ибратомез вуҷуд дорад, вале ду намунаи наздиктар ва малмустари он, раъиси ҷумҳури собиқи Эрон ва раъиси ҷумҳури ҷадиди Амрико аст; Чароки раъиси ҷумҳури собиқи Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба содагӣ тавонист бо сиёсатбозӣ, чарбзабонӣ ва авомфиребии худ, ду бор аксарияти мардуми Эрон ва ҳатто раҳбари ин кишварро бифиребад ва ба интихоби худ водорад ва сипас дар тӯли ҳашт сол, банои иқтисоди онро бикӯбад ва бирӯбад ва бар бод диҳад ва чунон зарбате бар ҷумҷумаи фарҳанги он фуруд оварад ки Пажвок садояш то солҳо хоби мардуми ин кишварро ошуфта хоҳад кард! Ҳамчунонки Тромп раъиси ҷумҳури Амрико тавонист бо тарфандӣ мушобеҳи тарфанди ӯ, аксарияти мардуми Амрикоро бифиребад ва ба интихоби худ водорад, то мавҷи ҷадиде аз хушунат, ноамнӣ, нажодпарастӣ ва тафриқаафкниро дар ҷаҳон барангезад ва ба кобусӣ тарснок барои ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва муҳити зист табдил шавад!

Ин шаҷараи хабисаи демукросӣ аст ки ҳар замон меваи тоза меоварад ва гурӯҳе аз мардуми ҷаҳонро масмум мекунад, вале сармоядорон, муллукон ва соҳибони компойнҳои бузург ки аз қибали он суди фаровоне мебаранд, аз он ҳимоят мекунанд ва сипас бо авомфиребӣ ва риёкорӣ, жести мудофеъони ҳуқуқи инсонро ба худ мегузоранд ва худро хайрхоҳ ва тарафдори озодии мардум мешуморанд! Дар ҳоле ки онон дар воқеъ хайрхоҳи худашон ҳастанд ва тарафдори озодии касоне аз мардум ки ба онон суд мерасонанд ва хидмат мекунанд; Яъне ҷоҳилон, фурумоягон, гумроҳон ва гуноҳкорон ки монанди онон меандешанд ва амал мекунанд, на озодии нухбагон, фарзонагон, донишмандон ва парҳезкорон ки бо онон мухолифанд ва табиъатан дар ақаллияти ҷомеъа ба сар мебаранд! Ба ёди достоне дар гулистон афтодам ки мегӯяд:

«Яке аз шуъаро пеши амири дуздон рафт ва санойе бар ӯ бигуфт. Фармуд то ҷома аз ӯ бикананд ва аз даҳ бадар кунанд. Мискин бирафт ба сармо ҳамерафт, сагон дар қафои вай афтоданд. Хост то санге бардорад ва сагонро дафъ кунад. Дар замин ях гирифта буд, оҷиз шуд. Гуфт: Ин чи ҳаромзода мардумонанд! Сагро гушодаанд ва сангро баста»!

Дақиқан манзури ҳомиёни демукросӣ низ ҳамин аст ки сагҳоро озод бигзоранд ва сангҳоро баста; Бо таваҷҷуҳ ба инки сагҳо дар аксариятанд ва сангҳо дар ақаллият!

Вонгаҳе тардиде нест ки ҷавҳараи демукросӣ, сикулорисм аст; Чароки ҳукумати мардум бо ҳукумати Худованд қобили ҷамъ нест; Бо таваҷҷуҳ ба инки ризоят ва кароҳати аксари онон, бо ризоят ва кароҳати Худованд ҳамоҳангӣ надорад ва бо ин васф, ё бояд бандагии ӯро бипазиранд ки дар ин сурат, ризоят ва кароҳати Худоро во мениҳанд ва аз ризоят ва кароҳати Ӯ пайраӣ мекунанд ва таслими аҳкоми Ӯ мешаванд ва ин яъне қабули ҳукумати Худованд ба ҷойи ҳукумати худ ва ё бояд аз бандагии Ӯ сар боз зананд ва бандаи худ шаванд ки дар ин сурат, ба ризоят ва кароҳати Ӯ аҳмияте намедиҳанд ва ризоят ва кароҳати худро монеъ қарор медиҳанд ва ин яъне ҳукумати худ ба ҷойи ҳукумати Худованд. Аз инҷо дониста мешавад ки демукросӣ бо Ислом қобили ҷамъ нест; Чароки демукросӣ ба маънои таслим будан дар баробари аксарияти мардум аст, дар ҳоле ки Ислом ба маънои таслим будан дар баробари Худованд аст; Демукросӣ ба маънои «Худхоҳӣ» ва «Худмеҳварӣ» аст, дар ҳоле ки Ислом ба маънои «Худохоҳӣ» ва «Худо меҳварӣ» аст ва бо ин васф, «Ҷумҳурии Исломӣ» як таноқуз ва дурӯғи бузург аст; Монанди инки бихоҳӣ миёни ширк ва тавҳид ҷамъ кунӣ ва бигӯйи: «Бут парастии Исломӣ»! Ин ҷамъи ду зид ё нақиз аст ки имкони ақлӣ надорад, вале раҳбарони нодони Эрон ки бо илтиқоти ошкори худ, мехоҳанд ҳам Худоро дошта бошанд ва ҳам хурморо ва ҳам аз тувбара бихуранд ва ҳам аз охур, муддаъии вуқуъи он ҳастанд; Муддаъии эҷоди навъӣ аз ҳукумат ки ақлан наметавонад вуҷуд дошта бошад!

Бо ин васф, рӯшан аст ки ҳеҷ мусалмоне хоҳони демукросӣ нест ва касоне ки хоҳони демукросӣ ҳастанд, кофир ё мунофиқанд; Чароки эътиқод ба ҳукумати касе ҷуз Худованд –хоҳ аксарият бошад ва хоҳ ақаллият ва хоҳ як фард– дар нуқтаи муқобири Ислом аст ва ҳамон чизе аст ки Паёмбарон барои мубориза бо он зуҳур кардаанд; Чунонки фармудааст: ﴿وَلَقَدْ بَعَثْنَا فِي كُلِّ أُمَّةٍ رَسُولًا أَنِ اعْبُدُوا اللَّهَ وَاجْتَنِبُوا الطَّاغُوتَ[2]; «Ва ҳароина дар ҳар уммате Паёмбареро барангехтем ки Худовандро бипарастанд ва аз тоғут бипарҳезанд» Ва бо ин васф, ҳар мусалмоне дар ҷаҳон бояд аз демукросӣ ва ҷумҳурии Исломӣ ҳар ду безорӣ ҷӯянд ва ба ҷойи онҳо, хостори ҳукумати Худованд бошанд ки дар ҳукумати халифаи мансубаш аз аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мисдоқ меёбад ва ба адолати ҷаҳонӣ меанҷомад[3].

3 . Тахриб ва талвиси гуфтумони маҳдавият

Шайтон ва ҳизби ӯ бо тахриби дин ва лувс кардани ҳукумати динӣ аз як сӯ ва ҷаҳонисозии сикулори демукросӣ аз сӯӣ дигар, ду поя аз се пояи аслии зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи саломро шикастаанд, вале ҳанӯз пояи дигаре дасти кам дар миёни бисёрӣ аз мусалмонон боқӣ монда ва он эътиқод ба гуфтумони маҳдавият ва интизори зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом аст ки метавонад заминае барои бозсозии банои дин ва ҳукумати динӣ бошад ва дасти кам дар миёни мусалмонон, бар секулори демукросӣ тарҷеҳ дода шавад. Аз ин рӯ, шайтон ва ҳизби ӯ тарҳӣ бисёр печида ва хатарнокро ба иҷро даровардаанд то ин пояи боқӣ мондаро низ бишкананд ва зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи саломро ба корӣ номукин ва бефойида табдил кунанд.

Онон барои ин манзур, эътиқоди мусалмонон ба гуфтумони Маҳдавиятро ҳадаф қарор додаанд ва аз тариқи ҳамла ба пуштивонаҳои Қуръонӣ ва ривойии он аз як сӯ ва олудани он ба унвони хурофот ва инҳирофот аз сӯӣ дигар, бехашро суст намудаанд. Дар воқеъ онон ҳамаи саъйи худро барои ҳифзи имом Маҳдӣ алайҳи салом аз муъодилоти мусалмонон ба кор бурдаанд ва ҳамаи неруҳои худро барои таҳриф ва ташвияи гуфтумони Маҳдавият басейҷ кардаанд ва ин ҳамонанди коре аст ки дар садри Ислом аз тариқи мунофиқон анҷом доданд; Чароки дағдаға ва эҳтимоми аслии мунофиқон дар садри Ислом муқобила бо нақши меҳварии Паёмбар, талош барои тахриби виҷҳаи ӯ[4] ва ҳато сӯъи қасд ба ҷони ӯ буд;[5] Зеро онон ба хубӣ медонистанд ки вуҷуди мубораки халифаи Худованд ба масобаи сутуни устувор барои хаймаи Ислом ва зомини иззат, истиқрор ва пирӯзии он аст.

Имрӯз низ ҳизби шайтон ва ҳамкорони ӯ ҳамон нақшаи шаруронаро дар мувоҷеҳ бо имом Маҳдӣ алаҳйи салом ки халифаи ҳатто ин даврон аст, ба пеш мебаранд. Онон барои ин кор, ба як васила ниёз доранд ки монанди як мизбон ва ноқили беморӣ амал кунад ва гуфтумони Маҳдавиятро аз дарун туҳӣ созад ва муталошӣ гардонад. Василае ки онон барои ин кор интихоб кардаанд, шиъа будааст; Чароки шиъа аз як сӯ худро пайрави аҳли байт мешуморад ва аз сӯӣ дигар бештарин зарбаро дар тӯли торих ба аҳли байт задааст ва бо ин авсоф, муносибтарин гузина барои тахриби гуфтумони Маҳдавият ва зарба задан ба имом Маҳдӣ алайҳи салом будааст. Аз ин рӯ, шайтон ва ҳизби ӯ, барои дастёбӣ ба ҳадафи севвуми худ яъне тахриб ва талвиси гуфтумони Маҳдавият, се ҷараёни шум ва вайронгарро дар миёни шиъа ба роҳ андохтаанд:

1 . Вилояти фақиҳ

Бетардид ҳокимони Эрон ки бо доъияи Исломият ва ташаюъи аҳли байт бар сари кор омаданд ва дароздастона муддаъии вилояти мутлақ, ниёбати оммаи имом Маҳдӣ ва ихтиёроти бе ҳадду ҳасри динӣ ва дунявӣ шуданд, коромадтарин абзори шайтон ва хатарноктарин душманони имом Маҳдӣ алайҳи салом дар ҳазор солаи ахир будаанд. Инон ки бо ҷоҳталабӣ ва авомфиребии ҳайратомезе, аз ҳамон ибтидо худро қаййим ва сарпарасти мардум ва намояндаи томмул ихтиёри Худованд дар замин барои наҷоти ҷаҳон ва ҳидояти халоиқ муъаррифӣ карданд, пас аз бари тан кардани ин радои носоз ва дилхарош кардани мардум ба ваъдаҳои сари хирман барои ислоҳи дин ва дунё, ба саркӯби беқоъида ва беҳисоби мухолифони худ рӯй оварданд ва чизе нагузашт ки ханҷари заҳрогини истибдод, инҳироф ва ситампешгиро дар пушти Ислом ва мардуми мусалмони Эрон фуру карданд. Инон ба воситаи риёкорӣ, тафриъан лаҷоми гусехта ва таноқузи фоҳиш миёни қавл ва амалашон, бештарин латмаро ба виҷҳаи Ислом ва гуфтумони аҳли байти тоҳирин алайҳиму салом ворид карданд; То ҷойе ки имрӯз иқдомоти нобахирадона ва афкори инҳирофӣ ва сахифи онон мояи ваҳни Ислом ва гуфтумони аҳли байт ва мусаббаби аслии исломгурезӣ ва дилзадагӣ аз мафоҳими динӣ ба шумор меравад; Мӯъзале ки имрӯз дар ҷомеъаи Эрон ба як инҳитоти фарҳангӣ ва бӯҳрони эътиқодии бисёр хатарнок табдил шудааст. Онон ки бо мадад гуфтан аз минбарҳои шайтонӣ ва расонаҳои саросар дурӯғашон, худро меҳвари ҳақ ва меъёри Ислом ва танҳо мунҷии мардум дар даврони ғайбат ва намояндаи воқеъии имом Маҳдӣ алайҳи салом муъаррифӣ кардаанд, ҳокимияти он ҳазратро амрӣ дур ва дастноёфтанӣ ва хориҷ аз дастрас ва ихтиёри мардум ҷилва додаанд ва бо истифодаи абзорӣ ва фиребкорона аз гуфтумони Маҳдавият, онро ба шиддат лувс ва мубтазал намудаанд. Онон бо тазриқи нигаришӣ Умавӣ ва ҷабргароёна, гуфтумони пур шӯру инқилобии Маҳдавиятро аз рукуд ва инфиъол лабрез намудаанд ва дар сатҳи як эътиқоди шахсӣ ва бемасраф, балки тавҷиягари зулм ва истибдоди ҳоким поййин овардаанд. Лизо ба тадриҷ маҳдудият дар Эрон ба гуфтумонӣ ҳукуматӣ ва ҳомии золимон табдил шуда ва ҳамин гуфтумони инҳирофӣ ба берун аз Эрон содир шуда ва ба унвони Маҳдавияти ростин муъаррифӣ гардида ва асбоби ваҳни онро фароҳам намудааст. Чунин рӯйкарде ба онҷо анҷомидааст ки ҳокимони Эрон ва муздурони мутаъассибашон, густохона дар баробари наҳзати мубораи «Бозгашт ба Ислом» ва заминасозӣ ъайнӣ ва амалӣ барои зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом қад алам кардааанд ва ҳазрати аллом Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолоро ба ҷурми табйини ҳақиқати Ислом ва гушудани боби зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом, душман гирифтаанд ва ёрону ҳамроҳанашро бо таъқиб ва ҳабс ва таҳдид, озор медиҳанд ва таҳти фишор мегузоранд, то мабодо талошҳояшон муҷиби тасҳил ва тасрияъи зуҳури имом Маҳдӣ алаҳйи салом шавад ва ба низоми Эрон –ки ҳифзаш увҷиби воҷибот аст– осебе бирасонад!

2 . Аҳмадинажодисм

Аз ҳудуи як даҳаи пеш, низоми Эрон бо ҳимояти ҳамаҷониба, аҷиб ва машкуки Алии Хоманаи, ҷараёнӣ инҳирофӣ ва шум ба раҳбарии Маҳмуди Аҳмадинажодро бар муқаддароти мардум мусаллат намуд; Ҷараёнӣ береша ва илтиқотие ки ба зудӣ осебҳои ҷиддӣ ва хонумонсӯзаш на танҳо арсаи иқтисод, балки арсаҳои фарҳанг, ахлоқ ва эътиқодоти ҷомеъаро дар ҳам навардид ва ин ҳақиқатро ошкор намуд ки аносури ин фирқа на танҳо мудирони бекифоят, қудратталаб ва авомфиреб ҳастанд, балки гӯйи маъмурияти пинҳоне аз шайтон, барои талвиси гуфтумони Маҳдавият ва ба масхара гирифтани масъалаи имом Маҳдӣ алайҳи салом дар дохил ва хориҷи Эрон доранд; Чароки Аҳмадинажод ва фирқаи моҷароҷӯ ва мутаваҳҳимаш, ҳамзамон бо шикастани камари иқтисод ва нобуд кардани ҳамаи зерсохтҳои фарҳангӣ, ахлоқӣ ва эътиқодии ҷомеъа, ба суратӣ барномарезӣ шуда ва бо адабиётӣ оммаписанд, худро заминасози зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом ва мавриди таъйиди ӯ ҷилва доданд ва бо нақли анвоъи хурофот «Ҳолаи нурӣ», барои худаш дар миёни авоми мазҳабӣ қидосате тарошиданд; То ҷойе ки ин гумони аҳмақона барои бархӣ пайдо шуд ки ин фирқа дар иртибот бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ҳастанд ва ончи мегӯянд ва мекунанд, ҳамагӣ мавриди таъйиди он ҳазрат аст! Ба илова, онон бо фирефтан ё харидани гурӯҳе аз руҳониюни мутанаффиз, ононро водор ба ҳимоят аз худ намуданд ва бо ҳимояти онон фитнаеро дар миёни мутадаййинин барангехтанд ки ба ваҳни Маҳдавият дар Эрон ва ҷаҳон анҷомид; Бигзарем аз гузоришҳои мустанад ва мутанобаҳе ки таъкид мекунанд Эрон пойи сеҳру талсимро низ ба ин арса гушуданд ва бархӣ тавфиқоташон дар ин замина марҳуни иртиботашон бо аҷҷина ва ҷодугарон будааст!

Ончи умқи фоҷеъаро бештар намоён мекунад ин аст ки Аҳадинажод ва дору дастаи «Покдасташ» (!) ки муддаии заминасозӣ барои расидани «Баҳор» буданд ва худро «Имоми замонӣ» мехонанд ва ҷуз бо дуъо барои зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом суханронии худро оғоз намекарданд ва ин корро ҳатто дар созмони милал ва кишварҳои номусалмон ва комунист ҳам тарк намегуфтанд ва дар ҳар маҳфиле таъобири хосси Маҳдавӣ монанди «Заминасозӣ барои зуҳур», «Таҳаққуқи ҳокимияти инсони комил» ва «Истиқрори адолати ҷаҳонӣ» ки медонем аз чи касе ба сирқат бурда будандро дастмолӣ мекарданд, бузургтарин фасодҳо ва сӯъи истифодаҳои молии нуҷумӣ монанди гум шудани дакали нафтӣ, ихтилосӣ 3 ҳазор милиордии маҳ офарид, ронти 7 ҳазор милиордии саррофон ва ... ро дар даврони масъулият ва замомдории худ рақам заданд ва бо истифодаи абзоре аз гуфтумони Маҳдавият, садамаи ҳувлноке ба шаъну эътибори он дар миёни мусалмонон ворид оварданд.

Бидуни шак ҷараёни Аҳмадинажод ки бархӣ онро «Аҳмадинажодисм» номидаанд, зарбаи кории дигаре буд ки бо барномарезӣ ва мудирияти шайтон бар пайкари ранҷури Ислом ворид шуд ва банои шомухи Маҳдавиятро мутазалзил намуд ва зуҳури имом Маҳдиро душвортар кард ва асафбортар онки ин ҷараёни инҳирофӣ, ҳанӯз даст аз шарорат ва шайтанат барнадошта ва ҳарисона дар талош аст ки бо авомфиребӣ, мазлумнамойи, шулуғкорӣ ва фирори рӯ ба пеш, бори дигар ба қудрат боз гардад, то шояд агар ҳанӯз ҷойи солиме бар пайкари хунини Ислом боқӣ монда бошад, онро ҳам захмӣ кунад!

3 . Муддаъиёни дурӯғин

Шайтон барои пешгирӣ аз эътимоди мардум ба гуфтумони Маҳдавият ва иқболи онон ба имом Маҳдӣ алайҳи салом, танҳо ба ду ҷараёни фавқ иттико накардааст; Зеро медонад ки бисёрӣ аз мардум дар айни эътиқод ба гуфтумони Маҳдавият ва имом Маҳдӣ алайҳи салом, ба ин ду ҷараён эътиқоде надоранд, балки дар ҳоли ҳозир ҷуз сафиҳтарини мардум касе ба вилояти фақиҳ ва фирқаи Аҳмадинажод мӯътақид нест ва касоне ки мухтасар баҳрае аз ақл ва ҳуш доранд, аз он ду безоранд ва бо ин васф, маълум аст ки бояд барои инон ҳам фикре кард ва нақшае кашид то аз гуфтумони Маҳдавият гурезон шаванд ва имом Маҳдӣ алайҳи саломро ҷойгузини он ду ҷараён надонанд!

Барои ин манзур, шайтон аз миёни афроди нодон, хурофӣ ва ҷоҳталаб, шайёдеро баргузида ва ба онон илқоъ кардааст ки аз як сӯ худро имом Маҳдӣ ё фарзанди ӯ муъаррифӣ кунанд ва аз сӯӣ дигар суханони ёва бигӯянд ва корҳои нодуруст анҷом диҳанд, то ин гуна эътиқоди мардум ба гуфтумони Маҳдавият суст шавад ва иқболашон ба имом Маҳдӣ алайҳи салом аз байн биравад ва дар иваз, сарват ё раёсат ё шӯҳратӣ ночизе насиби инон гардад. Аз ин рӯ, инон ки охарин ва маргбортарини ҳарбаи шайтон ҳастанд, бо шулуғкорӣ ва ҳаёҳуйи фаровон, худро ҳуҷҷати Худованд ва мунҷии башарият ва шахсиятӣ мавъӯд муъаррифӣ кунанд ва бо тарҳи иддаъоҳои бедалил ва рангоранг ва дастмолӣ кардани мафоҳими охируззамонӣ ва ироъаи тафосири ботинӣ аз оёти Қуръон ва бозӣ кардан бо ривоёти воҳид ва ташаббус ба хоб ва фол ва рамл ва истирлоб ва сеҳр ва аъдод ва ҳуруф ва шутҳиёт ва хурофте аз ин даст, гуфтумони поки Маҳдавиятро лувс мекунанд ва ақлоният ва матонаташро бар бод медиҳанд ва қадосати имом Маҳдӣ алайҳи саломро мешикананд ва фурсати зуҳур ва фаъолияти муъассирро аз ёрони ростин ва заминсозони беиддаъои ӯ мегиранд.

Оре, бегумон ин фарзанди шайтон ки ҳар рӯз –хусусан дар кишварҳои шиъа монанди Эрон ва Ироқ– бар теъдодашон афзуда мешавад, бештарин нақшро дар шуюъи баддилӣ ва бадгумонӣ нисбат ба гуфтумони Маҳдавият доштаанд ва бештарин латмаро ба обурӯйи он задаанд ва бештар аз ҳар омили дигаре, заминсозони зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи саломро мунзавӣ ва манфур кардаанд ва даъват ба сӯӣ ӯро сахт ва беравнақ намудаанд; Чунонки аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло –ин олими сиддиқ ва беиддаъо– беш аз ҳар кас аз инон шикоят карда ва фармудааст:

«Аз болои осмони ҳафтум ва зери замини чаҳорум хабар медиҳанд, вале аз ақоъиди Ислом огоҳии дурусте надоранд ва аз ҳалолу ҳароми он чизи дархурӣ намедонанд ва калимоти қасорашон чун қар қари калоғон бемаъно ва номафҳум аст! На дар замин илм решаи доранд ва на дар осмони тақво ситорае! Якеро бо хобӣ нодида аз роҳ ба дар мекунанд, дигареро бо нидоӣ ношунида! Якеро бо оётӣ нозил нашуда дар чоҳ меандозанд, дигареро бо ривоётӣ норасида! Якеро бо гуфторӣ беҳуда мефиребанд, дигареро бо тилисмӣ печида! Пас бадин сон ҳеҷ дари гушудаеро ба сӯӣ Маҳдӣ намегузоранд магар онки мебинанд ва ҳеҷ роҳи кӯтоҳеро ба рӯӣ ёронаш намегузоранд магар онки сад мекунанд ва ҳеҷ манзилгоҳи бикр ва покизаеро барои дӯстдоронаш намегузоранд магар онки ба ганд мекашанд! Ҳар рӯз ба ранге дар меоянд ва дар бораи худ иддаъои ҷадиде мекунанд ва ба кашфи тозае ноъил мешаванд; Чароки ҷоҳталабиҳо ва газзофагӯиҳошонро поёне нест. Ҳақро ба ботил меомезанд ва ростро ба дурӯғ меолоянд, то ҷойе ки на барои ҳақ ҳурмате мемонад ва на барои рост қимате! Ҳангоме ки парчами ҳақ барафрошта мешавад кист ки онро бишносад ва ҳангоме ки сухани рост гуфта мешавад кист ки онро бипазирад?! Чашмҳо кӯр ва гӯшҳо кар ва дастҳо хаста шудааст ва дигар ҳавсалае барои санҷиш ва баррасӣ нест; Чароки муддаъиён, тухми бадгумониро дар ҳар ҷо пошидаанд ва ғубори бадбиниро дар замин ва замон барангехтаанд ва ҷонро ба гулуҳ ва кордро ба устухон расондаанд.»[6]

Инҷост ки мардум бояд ҳушёр бошанд то фиреби шайтонро нахуранд ва дар домҳои ӯ наяфтанд; Ба ин тартиб ки бо муғолитот ва таблиғоти кизби ӯ, имони худ ба дурустии дин ва коромадии ҳукумати динӣ ба маънои саҳиҳашро аз даст надиҳанд ва дар пайи сароби демукросӣ ва сикулорисм нараванд ва аз Маҳдавияти инҳирофӣ ва таҳриф шудае ки пиромуни вилояти фақиҳ ва Маҳмуди Аҳмадинажод ва муддаъиёни дурӯғин тарвиҷ медиҳанд, пайравӣ накунанд, балки дар партуви ақли салим ва бо тамассук ба нусуси китоби Худованд ва ривоёти мутавотири Набавӣ ва ба дур аз ҷаҳл, тақлид, аҳвоъи нафсонӣ, дунёгароӣ, таъассуб, такаббур ва хурофагароӣ, Исломи холис ва комилро бишносанд ва барои сохтани заминаи зуҳур ва ҳукумати имом Маҳдӣ алайҳи салом, бо якдигар ҳампаймон шаванд ва ба якдигар ёрӣ расонанд ва бар фишорҳо ва озорҳои тоғутиён сабр кунанд, то он гоҳ ки ёрии Худованд ба онон бирасад Ин Шоъ Аллоҳ.

﴿وَسَيَعْلَمُ الَّذِينَ ظَلَمُوا أَيَّ مُنْقَلَبٍ يَنْقَلِبُونَ

↑[2] . Наҳл/ 36
↑[3] . Барои огоҳии бештар дар ин бора, бингаред ба: Бозгашт ба Ислом, тақлид аз аксарият, с59, тавҳиди Худованд дар ташриъ, с306, ва тавҳиди Худованд дар таҳким, с309.
↑[4] . Ҳамчун моҷарои Ифк ки Худованд дар Қуръон ба он ишора фармудааст ва мунофиқон дар он, ҳамсари он ҳазратро ҳадафи тӯҳмат қарор доданд.
↑[5] . Ишора ба асҳоби Ақаба ва дасисае ки барои қатли Паёмбар чиданд. Барои огоҳӣ дар бораи он, бингаред ба: Воқидӣ, ҷ3, с1042 ва Байҳақӣ, Далоилул Набувва, ҷ5, с256.
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани
мақола ё нукта
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи мақола ё нукта дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.