Панҷшанбе 28 Март 2024 мелодӣ / 17 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нақд ва барраси
 

Банда як савол аз маҳзари эшон доштам. Паёмбар (с) мефармоянд: Баъд аз ман уммат ба 73 фирқа табдил мешавад ки фақат яке аз онҳо дуруст аст. Пас эшон чигуна иддаъо мекунанд ҳамаи онҳо дуруст нест ва фақат яке дуруст аст он ҳам оне ки алоъон эшон бо он омаданд ва исмашро Исломи холис гузоштаанд?

Хабари мансуб ба Паёмбари Худованд саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар бораи пайдоиши 73 фирқа пас аз ӯ ки яке аз онҳо «Ноҷиа» ва боқӣ оташанд, хабарӣ воҳид ва ғайри яқинӣ аст ва ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ адами ҳуҷҷияти чунин ахборро дар мавзӯъе аз китоби худ монанди мабҳаси «Ривоҷи ҳадисгароӣ»[1], ба тафсил табйин фармудааст. Фориғ аз онки бештари асноди ин ҳадис, дар назари аҳли ҳадис заъиф шумурда мешавад ва татиммаи машҳури он мабнӣ бар таърифи фирқаи ноҷиа ба «Ҷамоъат» ва таърифи ҷамоъат ба чизе ки «Паёмбар ва асҳоби ӯ» бар он будаанд, бо таваҷҷуҳ ба ихтилофи шадиди ақвол ва афъоли асҳоби он ҳазрат, қобили илтизом нест, балки бӯӣ ҷаъл медиҳад. Афзун бар инки судури он бо воқеъияти маҳсус ва берунӣ созгорӣ надорад; Чароки пайдоиши 73 фирқа пас аз Паёмбари Худованд саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар миёни мусалмонон собит нест, балки чи басо хилофи он собит бошад; Бо таваҷҷуҳ ба инки фирқаҳои мусалмон ном бурда шуда дар кутуби фирқашиносӣ, бисёр бештар ё камтар аз ин теъдоданд ва ҳифзи бархӣ ва афзудани бархӣ дигар барои татбиқи онҳо бар ин теъдод, бидуни такаллуфи фаровон мумкин нест, балки навъан тарҷиҳи било мураҷҷаҳ аст.

Аммо мазмуни ин ҳадис ба фарзи саҳҳати он, мунофоте бо гуфтумони Мансури Ҳошимии Хуросонӣ надорад; Зеро гуфтумони эшон фирқаи ҷадиде нест, бал гуфтумони бозгашт ба китоби Худо ва суннати Паёмбари Ӯст ки аъиммаи аҳли байт дар тӯли тарихи Ислом мунодии он будаанд ва хавосси асҳоби онон бар он истиқомат доштаанд ва ҳамкнун Маҳдӣ алайҳи салом ва хавосси асҳоббаш бар он ҳастанд ва Мансури Ҳошимии Хуросонӣ онро зоҳир мекунад ва абъоди фаромӯш шудаи онро ба ёд меоварад, дар ҳоле ки бисёрӣ аз мардум ба сабаби тӯли фитрат ва фосилае ки аз асри ҳузури Паёмбар ва хулафоъи ӯ гирифтаанд, онро гуфтумонӣ ҷадид ва бесобиқа мепиндоранд; Ҳамчунонки баъид нест дар сурати зуҳури Маҳдӣ алайҳи салом низ гуфтумони ӯро гуфтумонӣ ҷадид ва бесобиқа бипиндоранд, дар ҳоле ки гуфтумони ӯ низ чизе ҷуз гуфтумони падаронаш нахоҳад буд.

↑[1] . с/171
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Таълиқот
Нақдҳо ва баррасиҳои фаръӣ
Нақди
фаръии 1
Нависанда: Суҳайл Нозирӣ
Тарих: 9/1/2018

Шумо дар сайтатон ҳадиси марбут ба фирқаи ноҷиа ва 73 фирқаро заъиф донистаед, дар ҳоле ки ин ҳадис на танҳо саҳиҳ, балки мутавотир аст ва ҳаққонияти мазҳаби шиъа ва бутлони мазоҳиби дигарро собит мекунад ва нишон медиҳад ки мабнои Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ки мегӯяд ман на шиъа ва на суннӣ ҳастам дуруст нест; Чароки бино бар ин ҳадис, яке аз мазоҳиб ҳақ аст ва он ҳам шиъа аст ва боқӣ аҳли ҷаҳаннам ҳастанд.

Посух ба нақди
фаръии 1
Тарих: 15/1/2018

Бародари гиромӣ!

Лутфан аз аҷала, содаингорӣ ва бедиққатӣ бипарҳезед ва ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

Аввалан мо дар сайт, ҳамаи асноди ин ҳадисро заъиф надонистаем, балки сариҳан гуфтаем: «Бештари асноди ин ҳадис, дар назари аҳли ҳадис заъиф шумурда мешавад» ва ин яъне бархӣ асноди он дар назари онон саҳиҳ шумурда мешавад. Аммо заъфи бештари асноди он дар назари онон, бар аҳли татаббуъ пӯшида нест; Зеро ба унвони намуна, дар яке аз асноди он[1] Ибни Луҳайъа аст ки заъиф шумурда шуда ва дар санади дигари он Уббод ибни Юсуф аст ки ҳеҷ кас ҷуз Ибни Моҷа аз ӯ ҳадисе ривоят накарда ва Ибни Моҷа низ танҳо ҳамин ҳадисро аз ӯ ривоят карда[2] ва дар санади дигари он Абдурраҳим ибни Зиёди Африқоӣ ва дар санади дигари он Касир ибни Абдуллоҳ Мазнӣ аст ки матрук ҳастанд ва Ҳокими Нешобурӣ дар бораяшон гуфтааст: «لَا تَقُومُ بِهِمَا الْحُجَّةُ»[3]; «Ҳуҷҷат бо ин ду барпо намешавад» ва дар санади дигари он Язиди Рақошӣ аст ки ҷумҳур ӯро заъиф шумурдаанд[4] ва дар санади дигари он Абу Маъшари Наҷиҳ ва дар санадӣ дигари он Абу Ғолиб ва дар санади дигари он Мӯсо ибни Убайдаи Рабазӣ ва дар санади дигари он Касир ибни Марвон ва дар санади дигари он Лайс ибни Абӣ Сулайм ва дар санади дигари он Абдулҳамин ибни Иброҳим аст ки ҳамагӣ заъиф шумурда шудаанд[5] ва дар санади дигари он Валид ибни Муслим аст ки мудаллис аст[6] ва дар санади дигари он Қутн ибни Абдуллоҳ аст ки маҷҳулул ҳол аст[7] ва дар санади дигари он Ақил Ҷаъдӣ аст ки бисёр заъиф ва мункирул ҳадис шумурда шуда[8], бал ҳақ он аст ки ҳеҷ як аз асноди ин ҳадис холӣ аз мақол нест, магар ду санади мунтаҳӣ ба Муъовия ибни Абӣ Сӯфиён ва Абу Ҳурайра[9] ки аҳли ҳадис он дуро бидуни мақол саҳиҳ шумурдаанд, дар ҳоле ки Муъовия ибни Абӣ Сӯфиён ва Абу Ҳурайра худ муттаҳам ба кизб ё нисён ҳастанд ва васоқаташон собит нест; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки худ ба мазмуни ин ҳадис мултазим набудаанд ва аз ҷамоъати мусалмонон дар замони Алӣ ибни Абӣ Толиб ҷудо шудаанд ва бо ин васф, эҳтимолан ин ҳадисро танҳо баъд аз замони Алӣ ибни Абӣ Толиб ва дар замони ҳокимияти худ ривоят кардаанд то фирқаи ноҷиаро ба ҷамоъати худ таъбир кунанд ва ҷамоъати мухолифонашоро фирқаҳои аҳли оташ бишморанд ва ин эҳтимолӣ қавӣ аст ки ривояташонро аз эътибор меандозад.

Сониян агарчи дар ҳадиси мутавотир, адолати ровиён шарт нест, вале ҳақ он аст ки ин ҳадисро наметавон мутавотир донист; Чароки ҳар чанд афзун бар Муъовия ва Абу Ҳурайра, бо аснодӣ қобили муноқиша аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос, Саъд ибни Абӣ Ваққос, Анас ибни Молик, Абу Умома ва Авф ибни Молик низ ривоят шудааст, вале бисёр машкук ва таъаммулбарангез менамояд ки ҳамаи онон дар дӯстӣ бо Муъовия ва душманӣ бо Алӣ ибни Абӣ Толиб иштирок доштаанд; Ба ин тартиб ки Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос ҳамроҳи падарш ба Муъофия пайваст ва дар ҷанги Сиффин фармондеҳӣ майманаи лашкари ӯро бар ӯҳда дошт ва дар замони ҳукумати Муъовия, муддате ҳукмрони Куфа буд ва пас аз марги падараш, аз сӯӣ Муъовия ба ҳукумати Миср мансуб шуд ва Саъд ибни Абӣ Воқиф –падари Умари Саъд– аз касоне буд ки бо Алӣ ибни Абӣ Толиб байъат накарданд ва аз ёрии ӯ дар ҷангҳояшон сар боз заданд ва Анас ибни Молик аз зумраи онон буд ва илова бар он, ҳозир нашуд ба сиҳҳати ҳадиси Ғадири Хум шаҳодат диҳад ва аз ин рӯ, Алӣ ибни Абӣ Толиб ӯро нафрин кард ва Абу Умома низ робитаи ҳасанае бо ҳокимони Умавӣ дошт ва –бино бар шавоҳиди торихӣ– аз ҳамроҳи бо Алӣ ибни Абӣ Толиб дар Сиффин худдорӣ кард ва Авф ибни Молик низ аз аҳли Шом дар замони ҳукумати Муъовия ва ёрони Амр ибни Ос ва Язид ибни Муъовия дар ҷангҳои Искандария ва Қустатания буд ки аҳодисеро дар вуҷуби итоъат аз умароъ ривоят мекард. Инон ровиёни аслии ин ҳадис аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам будаанд ва бо ин васф, бисёр мӯҳтамал ба назар мерасад ки ривояти он тавассути онон, танҳо дар замони ҳукумати Муъоваия ва бо ангезаи ҳимоят аз ӯ анҷом шуда; Чароки ривояти он тавассути онон дар замини ҳукумати Алӣ ибни Абӣ Толиб, дар таноқуз бо рӯйкарди онон будааст; Чунонки ба унвони намуна, аз Язиди Рақошӣ ривоят ривоят шудааст ки гуфт: «قُلْتُ لِأَنَسٍ: يَا أَبَا حَمْزَةَ! فَأَيْنَ الْجَمَاعَةُ؟ قَالَ: مَعَ أُمَرَائِكُمْ مَعَ أُمَرَائِكُمْ»[10]; «Ба Анас (ибни Молик яке аз ровиёни ин ҳадис) гуфтам: Эй Або Ҳамза! Ҷамоъат (ки дар ин ҳадис фирқаи ноҷиа шумурда шуда) куҷост? Гуфт: Ба ҳамроҳи амиронатон, ба ҳамроҳи амиронатон»! Оре, ин ҳадис аз Алӣ ибни Абӣ Толиб низ ривоят шуда, вале бо санадӣ бисёр заъиф ва матне ки иртиботи он бо дӯстони Муъовия ва душманони Алӣ ибни Абӣ Толибро ошкортар мекунад; Чароки дар он омадааст: «تَفَرَّقَتِ الْيَهُودُ عَلَى إِحْدَى وَسَبْعِينَ فِرْقَةً وَالنَّصَارَى عَلَى ثِنْتَيْنِ وَسَبْعِينَ فِرْقَةً وَأَنْتُمْ عَلَى ثَلَاثٍ وَسَبْعِينَ فِرْقَةً وَأَنَّ مِنْ أَضَلِّهَا وَأَخْبَثِهَا مَنْ يَتَشَيَّعُ أَوِ الشِّيعَةُ»[11]; «Яҳудиён ба ҳафтоду як фирқа ва Масеҳиён ба ҳафтоду ду фирқа тақсим шуданд ва шумо ба ҳафтоду се фирқа тақсим мешавед ки гумроҳтарин ва хабистарини онҳо касоне ҳастанд ки ба ташаюъ мегароянд ё шиъа ҳастанд»! Ин ба маънои он аст ки ҳадис, як «Ҳадиси Умавӣ» буда ки тавассути ҳизби Муъовия бо ангезаҳои сиёсӣ ривоят шудааст ва бо ин васф, наметавон онро мутавотир донист; Зеро ровиёни мутаъаддиди як ҳадис танҳо ҳангоме муҷиби яқини уқало ба судури он мешаванд ки вобаста ба якдигар дар як гурӯҳи зий нафъ набошанд; Чунонки аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар ин бора фармудааст: «و لا یَكُونَ بَعْضُهُمْ قُرَناءَ بَعْضٍ فَیُتَّهَمُوا في رِوایَتِهِمْ»[12]; «Ва бархишон ҳамнишини бархӣ дигар набошанд то дар ривояташон (ба ахз аз якдигар ё табонӣ бо ҳам) муттаҳам шаванд», балки ба сурати хос дар бораи аҳодиси Умавӣ ҳушдор дода ва фармудааст: «إِنَّ مَوالِيَ بَني أُمَیَّةَ قَدْ أَفْسَدُوا عَلَیْكُمُ الْحَدِیثَ فَدَعُوهُ وَ أَقْبِلُوا عَلَى كِتابِ اللّهِ وَ خَلِیفَتِهِ فِیكُمْ فَإِنَّهُما یَهْدِیانِكُمْ إِلَى صِراطٍ مُسْتَقیم! أَلا إِنِّي لا أَقُولُ لَكُمْ حَسْبُكُمْ كِتابُ اللّهِ و لكنْ أقولُ لَكُمْ حَسْبُكُمْ كتابُ اللّهِ و خَلیفَتُهُ فِیكُمْ»[13]; «Ҳамоно дӯстдорони банӣ Умая ҳадисро бар шумо хароб кардаанд, пас онро вогузоред ва ба китоби Худованд ва халифааш дар миёнатон рӯй оваред; Чароки он ду шуморо ба роҳӣ рост раҳнамун хоҳанд шуд! Огоҳ бошед ки ман ба шумо намегӯям: Китоби Худованд шуморо бас аст, балки ба шумо мегӯям: Китоби Худованд ва халифааш дар миёнатон шуморо бас аст». Ба илова, адами мухолфати як ҳадис бо Қуръон низ дар яқиновар будани он шарт аст, дар ҳоле ки ин ҳадис ошкоро бо Қуръон ва ақл мухолифат дорад; Бо таваҷҷуҳ ба инки фирқаи ноҷиаро «Ҷамоъат», «Саводи аъзом» ва «Пайравони Паёмбар ва асҳоби ӯ» шумурда, дар ҳоле ки Қуръон ошкоро аксариятро дар хато дониста ва аз пайравии онон наҳй карда ва фармудааст: ﴿وَإِنْ تُطِعْ أَكْثَرَ مَنْ فِي الْأَرْضِ يُضِلُّوكَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ ۚ إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ وَإِنْ هُمْ إِلَّا يَخْرُصُونَ[14]; «Ва агар аз аксари касоне ки дар замин ҳастанд пайравӣ кунӣ туро аз роҳи Худованд гумроҳ мекунанд, онон ҷуз аз зан пайравӣ намекунанд ва онон ҷуз тахмин намезананд» Ва ақл низ на миёни ҷамоъат ва фирқаи ноҷиа талозиме меёбад ва на миёни Паёмбар ва асҳоби ӯ; Ҳамчунонки миёни асҳоби Паёмбар низ ҳамоҳангӣ ва ваҳдати назари ва амалӣ намеёбад; Фориғ аз онки наметавон 73 фирқаро дар уммат мушоҳида кунад; Чароки агар мурод аз фирқа маҳзаб бошад, бисёр камтар аз ин теъдод мазҳаб дар миёни мусалмонон вуҷуд дорад ва агар мурод аз фирқа гурӯҳ бошад, бисёр бештар аз ин теъдод гурӯҳ дар миёни мусалмонон вуҷуд дорад ва аз ин рӯ, касе қодир ба шумурдаи 73 фирқа дар миёни онон нест, дар ҳоле ки хабари Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз амрӣ айнӣ ва хориҷӣ, наметавонад бо ҳиссу виҷдон мунофот дошта бошад ва аз ин рӯ, яқин ба судури ин ҳадис аз ӯ ҳосил намешавад. Беҳуда нест ки бархӣ аз аҳли ҳадис ва ҳанафия низ дар он ишкол кардаанд[15].

Солисан ин ҳадис дар сурати тавотур, ҳеҷ далолате ба «Ҳаққонияти мазҳабӣ шиъа ва бутлони мазоҳиби дигар» надорад, балки билакс бар бутлони мазҳаби шиъа ва ҳаққонияти аҳли суннат ва ҷамоъат далолат дорад; Зеро чизе ки аз тариқи ровиёни мутаъаддид расида, биҳиштӣ будани «Ҷамоъат», «Саводи аъзам» ва «Пайравон Паёмбар ва асҳоби ӯ» ва дӯзахӣ будани соири мусалмонон аст, дар ҳоле ки шиъа бо таваҷҷуҳ ба ақалияти ошкораш, ҳеҷ гоҳ мисдоқи ҷамоъат ва саводи аъзам набуда ва бо таваҷҷуҳ ба эътиқодаш дар бораи асҳоби Паёмбар, ҳаргиз иддаъои пайравӣ аз ононро надошта ва бо ин васф, тавотури ин ҳадис, ба маънои биҳиштӣ будани аҳли суннат ва ҷамоъат ва дузахӣ будани аҳли ташаюъ аст ки ошкоро аз ҷамоъат ва саводи аъзам ҷудо шудаанд ва ба ҷои пайравӣ аз асҳоби Паёмбар, ба табаррӣ аз онон рӯй овардаанд. Ба ҳамин далил будааст ки касоне аз аҳли ташаюъ, гоҳ ба таъвили ин ҳадис ва гоҳ ба табдили он кӯшидаанд то худро аз зери теғи он канор бикашанд; Ба ин тартиб ки гоҳе муддаъӣ шудаанд мурод аз асҳоби Паёмбар, аҳли байти ӯ ва мурод аз ҷамоъат ва саводи аъзам аҳли ҳақ ҳастанд, агарчи дар ақаллият бошанд; Ғофил аз онки иродаи аҳли байти Паёмбар аз асҳоби ӯ ва иродаи аҳли ҳақ аз ҷамоъат, иғроъ ба ҷаҳл аст ва гоҳе ба ҷои ҷамоъат, саводи аъзам ва пайравони асҳоби Паёмбар, шиъаён ва пайравони аҳли байти ӯро қарор додаанд; Ғофил аз онки ривояти онон бо ин лафз, мутавотир нест, бал ривоятӣ воҳид ва заъиф аст ки ногузир пас аз ривоҷи ривояти машҳур, барои муқобила бо он сомон дода шудааст.

Робиъан судури ин ҳадис –бидуни дар назар гирифтани зайли он ва бархӣ алфозаш– ҳаргоҳ ба маънои вуқуъи ихтилофи бештар миёни мусалмонон ва саъодати ҳидоят ёфтагон ва хусрони гумроҳонашон ба қадри ҳидоят ва гумроҳишон бошад, ишколе надорад ва метавонад аз Паёмбар содир шуда бошад, вале нишон намедиҳад ки мабнои Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дуруст нест; Зеро ӯ намегӯяд ки шиъа ба маънои пайрави аҳли байти Паёмбар ё суннӣ ба маънои пайрави суннати ӯ, бал мегӯяд ки шиъа ё суннӣ ба манъони ройиҷ нест ва миёни ин ду фарқи бисёре вуҷуд дорад; Чароки шиъа ба маънои ройиҷ, дар бисёрӣ аз ақойид ва аъмоли худ пайрави аҳли байти Паёмбар нест ва аз ақойид ва аъмоли онон фосила гирифтааст; Ҳамчунонки суннӣ ба маънои ройиҷ, дар бисёрӣ аз ақойид ва аъмоли худ пайрави суннати Паёмбар нестанд ва аз ақойид ва аъмоли ӯ фосила гирифтааст, дар ҳоле ки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар ҳамаи ақойид ва аъмоли худ –бидуни тақия ва таъассуб ба як мазҳаби хос– пайрави ақойид ва аъмоли Паёмбар ва аҳли байти ӯст ва бо ин васф, табиъатан шиъа ё суннӣ ба маънои ройиҷ маҳсуб намешавад[16]. Бегумон фирқаи ноҷиа, касоне монанди ӯ ҳастанд ки дар ҳамаи ақойид ва аъмолашон, аз ақойид ва аъмоли Паёмбар ва аҳли байташ пайравӣ мекунанд, агарчи бар хилофи ақойид ва аъмоли шиъаён ва сунниён бошад ва онон ҳамон мӯъминон ва ҳамон мусалмонони ҳаниф ҳастанд ки барои Парвардигорашон дар таквин ё ташриъ ё таҳким шарике намегиранд ва барои ҳукумати халифааш дар замин заминасозӣ мекунанд ва онон ҳамон ҳидоят ёфтагонанд.

*Барои тазеҳоти бештар, ба матни арабӣ муроҷиъа кунед.
↑[1] . Муснади Аҳмад, ҷ3, с145
↑[2] . Бингаред ба: Сунани ибни Моҷа, ҷ2, с1322.
↑[3] . Ал-Мустадрак, ҷ1, с128
↑[4] . Ҳайсамӣ, Маҷмаъул Завоъид, ҷ6, с226
↑[5] . ҳамон, ҷ7, с258, 259 ва 324
↑[6] . Ибни Абӣ Осим, Ал-Сунна, с36
↑[7] . ҳамон, с34
↑[8] . ҳамон, с35
↑[9] . Сунани Абӣ Довуд, ҷ2, с390
↑[10] . Муснади Абӣ Яъло, ҷ7, с156
↑[11] . Ибни Абӣ Осим, Ал-Сунна, с467
↑[13] . Гуфтори 8, фақараӣ 3
↑[14] . Анъом/ 114
↑[15] . Бингаред ба: Ибни Таймия, Минҳоҷил сунна, ҷ2, с101 ба нақл аз Ибни Ҳазм ва дигарон; Албонӣ, Зилолил ҷаннаҳ фӣ тахриҷул суннатил ибни Абӣ Осим, с33 ба нақл аз бархӣ ҳанафия.
↑[16] . Дар ин бора, бингаред ба: Пурсиш ва посухи 264.
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани нақд
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи нақд дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст нақди шумо дар пойгоҳ баррасӣ шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани нақди худ, нақдҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Беҳтар аст аз навиштани нақдҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин нақдҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули баррасӣ мешаванд.