Ҷумъа 29 Март 2024 мелодӣ / 18 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Ахиран дар бархӣ шаҳрҳои Эрон монанди Осторо ва Язд, садоҳои бисёр азим, ғайри оддӣ ва маҳибе аз осмон шунида шуда ки маншаъи онҳо маълум нест ва ҳанӯз касе тавзиҳи қонеъ кунандае дар бораи онҳо надодааст. Албатта бархӣ иддаъо карданд ки ин садоҳо ношӣ аз бархурди абрҳо дар иртифоъи зиёд ва тамоси амвоҷ ва электронҳо ва футунҳои расида аз хуршед аст ки дар майдони миғнотисии замин асир мешаванд ва боъиси афзоиши фишор мешаванд, вале ин тавҷиҳи қонеъ кунандае нест; Чароки чунин садоҳое ҳеҷ гоҳ қаблан аз осмон шунида намешуд! Назари алломаи Хуросонӣ дар бораи ин садоҳои аҷиб чист? Ман ду клип дар ин бора бароятон ирсол кардаам то мулоҳиза бифармойед ва назар бидиҳед.

Эрон; Осторо

Эрон; Язд

Ин садоҳои осмонӣ падидаӣ ғайри оддӣ аст ки танҳо дар Эрон шунида нашудааст, балки –бино бар гузоришҳои мутавотир– аз муддатӣ қабл дар нуқоти мухталифи ҷаҳон –ҷи дар шарқ ва чи дар ғарб– бо ҳолотӣ камобеш яксон шунида мешавад ва бар хилофи пиндори моддагароён ки исрор доранд ҳар падидае дар ҷаҳонро танҳо бар мабнои модда ва энержӣ тафсир кунанд, метавонад маншаъи ғайри табиъӣ дошта бошад; Монанди инки бо авҷ гирифтани куфр, фасод ва хунрезӣ дар замин, фариштагони осмони шеван мекунанд ё шейпурҳои ҳушдорро ба садо даровардаанд ё чизеро фарёд мезананд ки барои мардум мафҳум нест!

Ҳар чанд сокинони замин дар ғафлат ба сар мебаранд ва бисёр бебовар ва саҳлангор ҳастанд, вале ҳақ он аст ки ин сайҳаҳои осмонӣ, ояте аз оёти Худованд аст ки барои тарсондани онон аз Ӯ зуҳур карда; Зеро дар китоби Ӯ аз ду сайҳаи осмонӣ ёд шуда ки ҳар ду шоисати тарсидан аст: Яке аз он ду азобӣ осмонӣ аст ки бисёрӣ аз ситамкорони гузаштаро бо он нобуд карда ва онро дар интизори ситамкорони кунунӣ ҳам дониста; Чунонки аз он хабар дода ва фармудааст: ﴿وَأَخَذَ الَّذِينَ ظَلَمُوا الصَّيْحَةُ فَأَصْبَحُوا فِي دِيَارِهِمْ جَاثِمِينَ[1]; «Ва касоне ки ситам кардандро сайҳа гирифт, пас дар хонаҳои худ бар рӯй дарафтоданд» Ва фармудааст: ﴿إِنْ كَانَتْ إِلَّا صَيْحَةً وَاحِدَةً فَإِذَا هُمْ خَامِدُونَ[2]; «Он ҷуз як сайҳа набуд, пас ногоҳ онон беҳаракат гардиданд» Ва фармудааст: ﴿إِنَّا أَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ صَيْحَةً وَاحِدَةً فَكَانُوا كَهَشِيمِ الْمُحْتَظِرِ[3]; «Мо бар онон як сайҳа фиристодем, пас монанди дарахт хушкида гардиданд» Ва фармудааст: ﴿مَا يَنْظُرُونَ إِلَّا صَيْحَةً وَاحِدَةً تَأْخُذُهُمْ وَهُمْ يَخِصِّمُونَ[4] «Интизор намебаранд магар як сайҳаро ки ононро мегирад, дар ҳоле ки бо ҳам кашмакаши мекунанд» Ва фармудааст: ﴿وَمَا يَنْظُرُ هَؤُلَاءِ إِلَّا صَيْحَةً وَاحِدَةً مَا لَهَا مِنْ فَوَاقٍ[5] «Ва инон ҷуз сайҳаро интизор намебаранд ки пас аз он ҳеҷ мӯҳлате нахоҳад буд» Ва дигарӣ шох ва шейпурӣ осмонӣ аст ки барои мирондани мардум ва сипас барангехтани онон ба сӯӣ ҳисоб дар он дамида мешавад; Чунонки Худованд аз он хабар дода ва фармудааст: ﴿وَيَوْمَ يُنْفَخُ فِي الصُّورِ فَفَزِعَ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَمَنْ فِي الْأَرْضِ إِلَّا مَنْ شَاءَ اللَّهُ ۚ وَكُلٌّ أَتَوْهُ دَاخِرِينَ[6]; «Ва рӯзе ки дар шох дамида шавад, пас ҳар касе ки дар осмонҳо ва ҳар касе ки дар замин аст ҳаросон шавад магар касе ки Худованд хоҳад ва ҳамагӣ бо хорӣ ба наздаш биёянд» Ва фармудааст: ﴿وَنُفِخَ فِي الصُّورِ فَصَعِقَ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَمَنْ فِي الْأَرْضِ إِلَّا مَنْ شَاءَ اللَّهُ ۖ ثُمَّ نُفِخَ فِيهِ أُخْرَى فَإِذَا هُمْ قِيَامٌ يَنْظُرُونَ[7]; «Ва дар шох дамида шавад, пас ҳар касе ки дар осмон ва ҳар касе ки дар замин аст беҳуш гардад магар касе ки Худованд хоҳад, сипас бори дигар дар он дамида шавад, пас ногоҳ онон бархоста менигаранд» Ва фармудааст: ﴿فَإِذَا نُقِرَ فِي النَّاقُورِ ۝ فَذَلِكَ يَوْمَئِذٍ يَوْمٌ عَسِيرٌ ۝ عَلَى الْكَافِرِينَ غَيْرُ يَسِيرٍ[8]; «Пас ҳангоме ки дар шейпур дамида шавад, пас он рӯз душворӣ аст, бар кофирон осон нест» Ва фармудааст: ﴿وَاسْتَمِعْ يَوْمَ يُنَادِ الْمُنَادِ مِنْ مَكَانٍ قَرِيبٍ ۝ يَوْمَ يَسْمَعُونَ الصَّيْحَةَ بِالْحَقِّ ۚ ذَلِكَ يَوْمُ الْخُرُوجِ[9]; «Ва гӯш ба рӯзе дошта бош ки нидо диҳанда аз ҷоӣ наздик нидо медиҳад; Рӯзе ки сайҳаро ба ростӣ мешунаванд, он рӯзи хуруҷ аст»! Бо ин васф, ин нидоҳои осмонӣ –ки ба ростӣ ҳолати саҳиҳ ва дамидан дар шох ва шейпур доранд– ба рӯшанӣ метавонанд аз нишонаҳои азобӣ осмонӣ ё аз нишонаҳои қиёмат бошанд; Ба ин маъно ки аз наздик шудани яке аз он ду хабар диҳанд; Монанди садои чизе ки аз ҷоӣ дур шунида мешавад ва ба тадриҷ ﴿مِنْ مَكَانٍ قَرِيبٍ; «Аз ҷойе наздик» мегардад, то он гоҳ ки фаро расад!

Бар ин асос, мо аз ҳамаи сокинони замин даъват мекунем ки алорағми васвоси ханносон ва саҳлангории касоне ки ба ғайб бовар надоранд, ин сайҳаҳои осмониро ҷиддӣ бигиранд ва ҳушдоре аз ҷониби Худованд ва ба манзалаи занги хатар бидонанд ва бо он аз хоби ғафлат бедор шаванд ва ба тавба ва ислоҳ рӯй оваранд ва худро барои зуҳури Маҳдӣ ва барои рӯзи растохез омода кунанд ва бидонанд ки фурсати каме барояшон монда ва азоби Худованд ба онон наздик шуда; Азобе ки ақойид ва аъмоли нодурусташон иқтизо кардааст ва албатта ногаҳон фаро мерасад ва ҷойе барои гурехтан боқӣ намегузорад; Чунонки фармудааст: ﴿أَفَأَمِنُوا أَنْ تَأْتِيَهُمْ غَاشِيَةٌ مِنْ عَذَابِ اللَّهِ أَوْ تَأْتِيَهُمُ السَّاعَةُ بَغْتَةً وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ[10]; «Оё пас емин шуданд аз инки ногаҳон фаро гирандае аз азоби Худованд ононро фаро расад ё қиёмат ононро фаро расад, дар ҳоле ки эҳсос намекунанд?!» Ва фармудааст: ﴿بَلْ تَأْتِيهِمْ بَغْتَةً فَتَبْهَتُهُمْ فَلَا يَسْتَطِيعُونَ رَدَّهَا وَلَا هُمْ يُنْظَرُونَ[11]; «Балки ногаҳон ононро фаро мерасад, пас ононро ғофилгир мекунад, пас наметавонанд онро баргардонанд ва мӯҳлат дода намешаванд» Ва фармудааст: ﴿فَهَلْ يَنْظُرُونَ إِلَّا السَّاعَةَ أَنْ تَأْتِيَهُمْ بَغْتَةً ۖ فَقَدْ جَاءَ أَشْرَاطُهَا ۚ فَأَنَّى لَهُمْ إِذَا جَاءَتْهُمْ ذِكْرَاهُمْ[12]; «Пас оё ҷуз қиёматро чашм доранд ки ногаҳон ононро фаро расад?! Пас нишонаҳои он омадааст, пас кай панд хоҳанд гирифт ҳангоме ки ононро фаро расад».

Худовандо! Гувоҳ бош ки мо мардумро аз нишонаҳои Ту огоҳ кардем ва аз азоби Ту бим додем ва ба сӯӣ тавба ва ислоҳ фаро хондаем, вале ҷуз андаке аз онон ба мо эътиное намекунанд ва ба суханон вуқуъе намениҳанд! Худовандо! Пас моро аз онон ҷудо кун ва дар раҳмати худ дохил гардон; Чароки Ту бисёр бахшоянда ва меҳрубонӣ ва ҳаргиз касоне ки аз Ту метарсандро монанди бепарвоён қарор намедиҳӣ.

* Дар зер метавонед филме аз бархӣ сайҳаҳои осмонӣ забт шуда дар нуқоти мхталифи ҷаҳон ки дар пойгоҳи Англисии дафтари аллома Мансури Ҳошимии Хурсонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шудаастро мушоҳида кунед:

↑[1] . Ҳуд/ 67
↑[2] . Ёсин/ 29
↑[3] . Қамар/ 31
↑[4] . Ёсин/ 49
↑[5] . Сод/ 15
↑[6] . Намл/ 87
↑[7] . Зумар/ 68
↑[8] . Муддассир/ 8-10
↑[9] . Қоф/ 41 ва 42
↑[10] . Юсуф/ 47
↑[11] . Анбиёъ/ 40
↑[12] . Муҳаммад/ 18
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.