Ҷумъа 19 Апрел 2024 мелодӣ / 10 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Ҳамон тавр ки медонем қарз додан ба изои ҳар шарте рибост, масалан қарз ба шарти иҷора ё қарз ба шарти анҷоми як кори муъаян ё қарз ба шарти гирифтани изофа ва ... . Ҳол ба суъолоти зейл посух фармойед ва мустанади Қуръонӣ ва ривойии посухро ҳам баён фармойед:

Иҷора ба шарти қарз [чи ҳукме дорад]?

Ҳавола ба шарти қарз [чи ҳукме дорад]? Яъне ман ба шартӣ ҳаволаи шуморо гардан мегирам ки ба ман пулеро қарз бидиҳед.

Қарз ба шарти қарз [чи ҳукме дорад]? Ман ба шарте пулеро ба шумо қарз медиҳам ки шумо ҳам дар фалон тарих пулеро ба ман қарз бидиҳед.

Бино бар назари аллома Манзури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, «Қарз» як муъомилаи машрӯъ аст ва «Иҷора» ва «Ҳавола» низ муъомилотӣ машрӯъ ҳастанд ва шарт кардани як муъомилаи машрӯъ дар зимни муъомилоти машрӯъи дигар ишколе надорад; Ба далили асолати сиҳҳат ва ба далили сухани Худованди аззаваҷал дар ситойиши мӯъминон ки фармудааст: ﴿وَالْمُوفُونَ بِعَهْدِهِمْ إِذَا عَاهَدُوا[1]; «Ва вафо кунандагон ба аҳдашон ҳангоме ки аҳд кунанд» Ва фармудааст: ﴿وَالَّذِينَ هُمْ لِأَمَانَاتِهِمْ وَعَهْدِهِمْ رَاعُونَ[2]; «Ва касоне ки амонатҳо ва аҳдашонро риъоят мекунанд» Ва ба далили сухани мутавотир ва машҳури Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки фармудааст: «الْمُسْلِمُونَ عِنْدَ شُرُوطِهِمْ إِلّا کُلَّ شَرْطٍ خالَفَ کِتابَ اللّهِ عَزَّوَجَلَّ»; «Мусалмонони пойи шартҳои худ ҳастанд магар ҳар шарте ки бо китоби Худованди аззаваҷал носозгор бошад» Ва рӯшан аст ки «Қарз» ҳаргоҳ бидуни шарти «Суд» бошад, бо китоби Худованди аззаваҷал носозгор нест ва бо ин васф, иҷора ва ҳавола ба шарти қарз ишколе надорад. Бал ҳақ он аст ки қарз низ ба шарти иҷора, ҳавола ва қарз ҷойиз аст; Чароки ҳеч як аз ин уқуд, ба зоти худ «Суд» маҳсуб намешаванд, магар онки мафоди шарт дар зимни қарз, иҷора, ҳавола ва қарз бо ивази камтар ё бештар бошад; Ба ин тартиб ки қарз диҳанда ба қарз гиранда бигӯяд: 1000 сикка ба ту қарз медиҳам ба шарти инки хонаи худро бо баҳойи камтар аз баҳои мисли он ба ман иҷора бидиҳӣ, ё ба шарти инки 800 сикка қарзӣ манро нақдан ба талабкорам бипардозӣ, ё ба шарти инки як моҳи дигар 1200 сикка ба ман қарз бидиҳӣ; Чароки ин коҳиш ва афзойиши арз, «Суд» маҳсуб мешавад ва табъан хӯрдани мол ба ботил аст, дар ҳоле ки Худованди аззаваҷал фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَأْكُلُوا أَمْوَالَكُمْ بَيْنَكُمْ بِالْبَاطِلِ[3]; «Эй касоне ки имон овардед! Амволатонро миёнатон ба ботил нахуред»!

Оре, қарз додан ба шарти иҷора, ҳавола, қарз гирифтан ва монанди он, дар мавориде ки судовар маҳсуб намешавад, макрӯҳ аст; Чароки бо ихлоси мандуба дар ибодот мунофот дорад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُهُ عَنِ الرَّجُلِ یَقُولُ لِصاحِبِهِ: أَقْرِضْنِي، فَیَقُولُ: أُقْرِضُکَ عَلَى أَنْ تَبِیعَنِي دارَکَ بِثَمَنِ مِثْلِها، أَیَصْلُحُ ذَلِكَ؟ قالَ: إِذا کانَ بِثَمَنِ مِثْلِها وَ تَراضَیا فَلا بَأْسَ وَ إِنَّما أَکْرَهُهُ لِنُقْصانِ الْأَجْرِ»; «Аз он ҳазрат дар бораи марде пурсидам ки ба дӯсти худ мегӯяд: Ба ман қарз бидеҳ! Пас мегӯяд: Ба ту қарз медиҳам дар изои инки хонаатро бо баҳои мисли он ба ман бифурӯшӣ, оё ин дуруст аст? Фармуд: Ҳаргоҳ бо баҳои мисли он бошад ва ҳар ду розӣ бошанд ишколе надорад ва ман танҳо ба хотири кам шудани аҷраш (дар охират) аз он кароҳат дорам».

Бо ин васф, барои мӯъмин шойиста аст ки аз ниҳодани чунин шуруте дар зимни қарз иҷтиноб кунад то аҷри бештаре дар изои он дошта бошад; Чароки Худованд аз аҷри некукорон намекоҳад, балки бар он меафзояд; Чунонки фармудааст: ﴿إِنَّ اللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجْرَ الْمُحْسِنِينَ[4] Ва фармудааст: ﴿وَسَنَزِيدُ الْمُحْسِنِينَ[5] ва оқибат барои парҳезкорон аст.

↑[1] . Бақара/ 177
↑[2] . Мӯъминун/ 8
↑[3] . Нисоъ/ 29
↑[4] . Тавба/ 120
↑[5] . Бақара/ 58
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Таълиқот
Пурсишҳо ва посухҳои фаръӣ
Пурсиши
фаръии 1
Нависанда: Ризо Розӣ
Тарих: 21/8/2017

Ҳамон тавр ки медонем қарз ба шарти зиёда, рибо ва ҳаром аст. Ин шарт чи изофа ба мисл бошад чи изофа ба ъайн ва чи изофа ба ғайр. Масалан касе шарт кунад ман фалон маблағеро ба ту қарз медиҳам ба шарти инки барои ман фалон корро ҳам анҷом бидиҳӣ, ин қарзи рабавӣ аст. Ҳол суъол ин аст агар бонк бигӯяд ин маблағеро ба муштарӣ қарз медиҳем ба шарти онки бо он пул авроқи худи ин бонкро бихарад ин читавр аст? Куллан суъол ин аст оё қарз диҳанда метавонад шарт кунад пули қарз дар масири дилхоҳи ӯ сарф шавад? Ҳол ин масир ба нафъи худи қарз диҳанда бошад читавр аст ва набошад читавр? Чи шуруте дар қарз қарзро рабавӣ намекунад?

Посух ба пурсиши
фаръии 1
Тарих: 29/8/2017

Ҳамон тавр ки дар боло табйин шуд, қарз ҳангоме рибо ва ҳаром аст ки ба шарти анҷоми коре судовар барои қарз диҳанда бошад, вале ҳаргоҳ ба шарти анҷоми коре бошад ки барои қарз диҳанда суде надорад, рибо ва ҳаром маҳсуб намешавад. Бинобарин, агар қарз диҳанда масалан ба ин шарт қарз диҳад ки қарз гиранда бо он кори ҳаромеро муртакиб нашавад ё ба ҳаҷ биравад ё иштиғолзойи кунад, ишколе надорад; Ҳамчунин аст агар ба ин шарт қарз диҳад ки қарз гиранда муъомилаи машруъ ва мутаъораферо бо ӯ анҷом диҳад, ҳаргоҳ барои ӯ суде ҳосил аз қарз додан надошта бошад, ҳар чанд дар ин сурат макрӯҳ шумурда мешавад; Монанди инки шарт кунад қарз гиранда милк ё бори худро бо қимати бозор ба ӯ бифурӯшад, ҳаргоҳ қарз гиранда қасди фурӯши онро дошта ва ба қимати бозор розӣ бошад. Оре, агар шарт кунад ки қарз гиранда милк ё бори худро бо зери қимати бозор ба ӯ бифурӯшад, рибо ва ҳаром шумурда мешавад; Ҳамчунин аст агар шарт кунад ки қарз гиранда бо он аз худи ӯ харид кунад; Чароки ин бо таваҷҷуҳ ба вуҷуди суд барои ӯ дар фуруш –ҳар чанд бо қимати бозор– рибо ва ҳаром шумурда мешавад. Бинобарин, қарз ҳаргоҳ ба шарти анҷоми коре бошад ки ба қарз диҳанда суде ҳосил аз қарз додан бирасонад, рибо ва ҳаром аст ва ҳаргоҳ ба ин шарт набошад, балки ба шарти анҷоми корӣ судманд барои қарз гиранда ё оммаи мусалмонон ё анҷоми муъомилае бо қарз диҳанда бидуни суди ҳосил аз қарз додан бошад, рибо ва ҳаром нест, ҳар чанд дар мавриди ахир писандида маҳсуб намешавад ва авло, балки эҳтиёт тарки он аст.

Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.