Чоршанбе 17 Апрел 2024 мелодӣ / 8 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Оё адолат дар имоми ҷамоъат шарт аст? Шарти адолат чи тавр баррасӣ шавад? Оё тафаҳҳус лозим аст?

Дар бораи шарт будани адолат дар имоми ҷамоъат, миёни мусалмонон ду қавл аст, вале қавли саҳиҳтар шарт будани он аст; Чароки иқтидо ба золим ва табаъият аз ӯ дар намоз, гунаи гаройиш ба ӯ маҳсуб мешавад, дар ҳоле ки Худованд аз ҳар гуна гаравидан ба ӯ наҳй карда ва фармудааст: ﴿وَلَا تَرْكَنُوا إِلَى الَّذِينَ ظَلَمُوا فَتَمَسَّكُمُ النَّارُ وَمَا لَكُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ مِنْ أَوْلِيَاءَ ثُمَّ لَا تُنْصَرُونَ[1]; «Ва ба сӯӣ касоне ки зулм карданд нагаройед ки шуморо оташ мегирад ва барои шумо ҷуз Худованд сарпарастоне нест ва сипас ёрӣ намешавед»; Ҳамчунонки иқтидо ба золим ва табаъият аз ӯ дар намоз, метавонад аз як сӯ мувофиқати иҷмолӣ бо ақойид ва аъмоли ӯ ишъор дошта бошад ва аз сӯӣ дигар ба иқболи мардум ба ӯ ва равнақи ақойид ва аъмолаш ёрӣ расонад, дар ҳоле ки Худованд аз чунин коре наҳй карда ва фармудааст: ﴿وَلَا تَعَاوَنُوا عَلَى الْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ[2]; «Ва ба якдигар дар гуноҳ ва таъаддӣ ёрӣ нарасонед ва аз Худованд битарсед ки Худованд сахткайфар аст». Фориғ аз онки намози золим дар пешгоҳи Худованд пазируфта нест; Чунонки фармудааст: ﴿إِنَّمَا يَتَقَبَّلُ اللَّهُ مِنَ الْمُتَّقِينَ[3]; «Худованд танҳо аз парҳезкорон мепазирад» Ва бо ин васф, эътидод ба он ваҷҳе надорад; Балки чи басо наҳй аз иқтидо ба золимон ва табаъият аз онон мутлақ аст ва шомили иқтидо ба онон ва табаъият аз онон дар намоз мешавад. Ҳосил онки иқтидо ба золим ва табаъият аз ӯ дар намоз, ҷойиз нест ва касе ки бо иқтидо ба ӯ ва табаъият аз ӯ намоз гузорда, мукаллаф аст ки намозашро иода кунад.

Аммо адолати имом ба маънои ҳусни эътиқод ва амали ӯ дар ҳавзае аст ки одатан барои мардум қобили дарк аст, ба ин сурат ки аз ӯ эътиқодӣ мухолиф бо мабонии эътиқоди Исломи нашунаванд ва амалӣ мухолиф бо мабонии амалии Исломи набинанд; Бо таваҷҷуҳ ба инки асл, адолати мусалмони аст то инки хилофи он маълум шавад, беонки таҷассус барои маълум шудани хилофи он ҷойиз бошад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اجْتَنِبُوا كَثِيرًا مِنَ الظَّنِّ إِنَّ بَعْضَ الظَّنِّ إِثْمٌ ۖ وَلَا تَجَسَّسُوا[4]; «Эй касоне ки имон овардед! Аз бисёрӣ гумонҳо бипарҳезед! Ҳароина бархӣ гумонҳо гуноҳанд ва таҷассус накунед», магар дар замон ва маконе ки ғолибан бар мусалмонон адами адолат аст; Чароки дар чунин замон ва маконе, асл адами адолати мусалмони аст то инки хилофи он маълум шавад; Бо таваҷҷуҳ ба инки асл дар ин қабил умур ба маънои ҳолати собиқа нест, бал ба маънои иртикози ношӣ аз ғалаба аст ки бо инқилоби ғалаба мунқалиб мешавад; Монанди имомони ҷамоъат дар Эрон ки ғолибан ҳусни эътиқод надоранд ва табъан одил меҳсуб намешаванд ва бо ин васф, таҳқиқ дар бораи онон воҷиб аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا ضَرَبْتُمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَتَبَيَّنُوا[5]; «Эй касоне ки имон овардед! Ҳаргоҳ дар роҳи Худованд (ба сарзамине ки ғолиб бар аҳли он ақидаи ҳақ нест) раҳсипор мешавед таҳқиқ кунед»! Бинобарин, дар чунин замон ва маконе, иқтидо ба касе ки ҳусни эътиқод ва амали ӯ маълум нест –агарчи хилофи он ҳам маълум набошад– ҷойиз нест ва касе ки бо иқтидо ба ӯ намоз гузорда, агар баъдан бидонад ки ӯ одил набуда, мукаллаф аст ки намозашро иъода кунад.

Оре, намоз гузордан пушти сари золим ё маҷҳулул адола дар ҳолати тақия ҷойиз аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿لَا يَتَّخِذِ الْمُؤْمِنُونَ الْكَافِرِينَ أَوْلِيَاءَ مِنْ دُونِ الْمُؤْمِنِينَ ۖ وَمَنْ يَفْعَلْ ذَلِكَ فَلَيْسَ مِنَ اللَّهِ فِي شَيْءٍ إِلَّا أَنْ تَتَّقُوا مِنْهُمْ تُقَاةً[6]; «Мӯъминон кофиронро сарпарастоне ба ҷойи мӯъминон нагиранд ва ҳар кас ин корро анҷом диҳад аз Худованд дар чизе нест магар инки бо тақия аз онон бипарҳезад» Ва он ба сурати фуродо анҷом мешавад, ҳар чанд бино бар бархӣ ривоёт савоби ҷамоъатро дорад.

↑[1] . Ҳуд/ 113
↑[2] . Моъида/ 2
↑[3] . Моъида/ 27
↑[4] . Ҳуҷарот/ 12
↑[5] . Нисоъ/ 94
↑[6] . Оли Имрон/ 28
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Таълиқот
Пурсишҳо ва посухҳои фаръӣ
Пурсиши
фаръии 1
Нависанда: Алӣ
Тарих: 26/7/2016

Ба назари оқойи Хуросонӣ оё метавон пушти сари касоне ки ба вилояти мутлақаи ғайри маъсум мӯътақиданд намоз хонд? Ба чи далиле?

Посух ба пурсиши
фаръии 1
Тарих: 26/7/2016

Дар бораи шарт будани адолат дар имоми ҷамоъат, миёни мусалмонон ду қавл аст, вале қавли аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло шарт будани он аст ки қавли аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва мувофиқ бо эҳтиёт аст ва рӯшан аст ки адолат, ақида ва амалро дар бар мегирад ва танҳо мухтасси ба амал нест; Чунонки Худованд «Ширк» ро бо онки муқаввилаи эътиқодӣ аст, «Зулм» дониста ва фармудааст: ﴿إِنَّ الشِّرْكَ لَظُلْمٌ عَظِيمٌ[1]; «Ҳароина ширк зулмӣ азим аст» Ва «Нифоқ» ро бо онки муқаввилаи эътиқоди аст, «Фисқ» дониста ва фармудааст: ﴿إِنَّ الْمُنَافِقِينَ هُمُ الْفَاسِقُونَ[2]; «Мунофиқон ҳамоно фосиқ ҳастанд», бал эълом кардааст ки ақидаӣ ботил амалро низ ботил мекунад; Чунонки фармудааст: ﴿أُولَئِكَ الَّذِينَ كَفَرُوا بِآيَاتِ رَبِّهِمْ وَلِقَائِهِ فَحَبِطَتْ أَعْمَالُهُمْ فَلَا نُقِيمُ لَهُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَزْنًا[3]; «Онон касоне ҳастанд ки ба оёти Парвардигорашон ва дидори Ӯ кофир шуданд, пас аъмолашон нобуд шуд ва дар рӯзи қиёмат барояшон вазне масегузорем» Ва фармудааст: ﴿أُولَئِكَ لَمْ يُؤْمِنُوا فَأَحْبَطَ اللَّهُ أَعْمَالَهُمْ ۚ وَكَانَ ذَلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِيرًا[4]; «Онон имон наёварданд пас Худованд аъмолашонро нобуд кард ва он бар Худованд осон буд» Ва фармудааст: ﴿وَقَدِمْنَا إِلَى مَا عَمِلُوا مِنْ عَمَلٍ فَجَعَلْنَاهُ هَبَاءً مَنْثُورًا[5]; «Ва ба суроғи ҳар амале ки анҷом доданд меойем ва онро резгардӣ пароканда мегардонем»! Бинобарин, иқтидо ба касе ки мӯътақид ба вилояти мутлақаи ғайри халифаи Худованд аст, саҳиҳ нест; Чароки чунин касе аз ҳайси эътиқодӣ одил маҳсуб намешавад ва табъан аз ҳайси амалӣ дар ҳукми фосиқ аст ва ин чизе аст ки дар тӯли торих барои пайравони аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мусаллам ва мафруғуанҳ буда ва танҳо дар даҳаҳои охир мавриди ихтилоф қарор гирифтааст.

Оре, намоз пушти сари чунин касе аз боби тақия ишколе надорад, балки бино бар ривоёти машҳур, савоби бештаре дорад, машрут ба инки бо қироъати фотиҳа ҳамраҳ бошад; Зеро намоз пушти сари чунин касе монанди намоз пушти сари ҳеҷ кас аст ки фуродо маҳсуб мешавад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سُئِلَ الْمَنْصُورُ عَنِ الصَّلاةِ خَلْفَ الْقائِلینَ بِالْوِلایَةِ الْمُطْلَقَةِ لِغَیْرِ الْمَهْدِيِّ، فَقالَ: ما هُمْ عِنْدِي إِلّا بِمَنْزِلَةِ الْجُدُرِ! ثُمَّ قالَ: لَوْ زَنَى رَجُلٌ أَوْ سَرَقَ خَیْرٌ مِنْ أَن یُبایِعَ رَجُلاً لَمْ یَأمُرِ اللّهُ بِمُبایَعَتِهِ!»; «Аз ҳазрати Мансур дар бораи намоз гузоридан пушти сари қоъилони ба вилояти мутлақа барои ғайри Маҳдӣ пурсида шуд, пас фармуд: Онон назди ман ҷуз ба манзалаи девонаҳо нестанд! Сипас фармуд: Агар касе зино кунад ё муртакиби сирқат шавад беҳтар аз он аст ки бо касе байъат кунад ки Худованд ба байъат кардан бо ӯ амр накардааст»!

↑[1] . Луқмон/ 13
↑[2] . Тавба/ 67
↑[3] . Каҳф/ 105
↑[4] . Аҳзоб/ 19
↑[5] . Фурқон/ 23
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Пурсиши
фаръии 2
Нависанда: Алӣ
Тарих: 26/7/2016

Бархӣ мароҷеъи эъзоми тақлид монанди оётятуллоҳул узмо ... дар ин бора бо ҳазрати аллома мувофиқ нестанд ва мӯътақиданд ки ҳар чанд қоъилони ба вилояти мутлақаи ғайри маъсум дар хатои бузуре ҳастанд, вале бисёрӣ аз онон дар асари иҷтиҳод ва таъвил ва ба қавли маъруф аз рӯӣ ҷаҳл ба чунин хатои бузурге дучор шудаанд ва ба ҳамин хотир, фосиқ маҳсуб намешаванд ва намоз хондан пушти сари онҳо ишколе надорад.

Посух ба пурсиши
фаръии 2
Тарих: 27/7/2016

Дар сурате ки эътиқод ба вилояти мутлақаи ғайри маъсумро аз синхи «Аъмол» ва мисдоқи «Маъсият» бидонем, мумкин аст иҷтиҳод ва таъвил дар бораи он монеъ аз таҳаққуқи фасод бишавад; Чароки аз қабили ҷаҳли ба ҳукм аст ва ҷаҳли ба ҳукм дар сурате ки тақсирӣ набошад, узр шумурда мешавад, ҳар чанд дар сурате ки тақсирӣ бошад, узр шумурда намешавад ва дар хусуси ин маврид, тақсирӣ будани он баъид нест; Чароки адиллаи нофии вилояти мутлақаи ғайри маъсум дар Ислом, аз ҳадди эҳсо берун аст ва ҷаҳли ба он аз илми ба он сахттар ба назар мерасад; Балки баъид нест адами имкони вилояти мутлақаи ғайри маъсум, аз бадеҳиёт бошад ки тасарруфи он барои тасдиқи он кофӣ аст, вале дар сурате ки эътиқод ба вилояти мутлақаи ғайри маъсумро аз синхи «Ақойид» ва мисдоқи «Залолат» бидонем, мумкин нест иҷтиҳод ва таъвил дар бораи он монеъ аз таҳаққуқи фисқ бишавад, магар бино бар мабнои «Мусаввиба» ки ба таъбири ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом»[1] ба сафсата боз мегардад ва назири қавли оммаи мардум дар бораи саҳоба аст.

Ҳосил онки одил будани бисёрӣ аз мӯътақидони ба вилояти мутлақаи ғайри маъсум, баъид аст ва бо ин васф, аҳват тарки иқтидо ба онон дар намоз ҷуз аз боби тақия аст.

↑[1] . с19 ва 20
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.