Ҷумъа 29 Март 2024 мелодӣ / 18 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Матни дарс
 
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси нуҳум
Мавзӯъ:

Шубаҳоти мункирони ҳуҷҷияти ақл

(أعوذ بالله من الشّیطان الرّجیم

بسم الله الرّحمن الرّحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطّاهرین

Дар дарси қабли, бо яке дигар аз гурӯҳҳои ақлситез яъне «Салафиёни мусалмон» дар каломи устозунал Мансур ошно шудем ки инҳо монанди умуми аҳли ҳадиси мусалмон, аз як тараф ақл ва шаръро дар таъоруз бо якдигар мепиндоранд ва аз тарафи дигар шаръро бар ақл муқаддам медонанд, дар ҳоле ки ба назари ин бузургвор, ақл ва шаръ бо ҳам таъорузе надоранд; Чароки ҳар ду «Халқул Раҳмон» ва афъоли Худои воҳиданд ва дар «Халқур Раҳмон» ва афъоли Худои воҳид, таъорузе нест. Бо ин ҳисоб, ин суъол ки ақл ва шаръ кадом як бар дигарӣ муқаддам аст, пеш намеояд; Чароки туқаддум вақте маъно дорад ки таъорузе бошад ва вақте ки таъоруз нест тақаддум ҳам маъно надорад. Бинобарин, ин тасаввур ки устозунал Мансур, ақлро бар шаръ муқаддам медонад, тасаввури саҳиҳ нест; Чароки эшон ақл ва шаръро дорои ҷавҳари воҳид медонад ва ба як таъбир мӯътақид аст ки ақл, «Шаръи дарунӣ» ва шаръ, «Ақли берунӣ» аст ва бо ин васф, ҳеҷ якиро бар дигарӣ муқаддам намедонад. Бале, эшон шинохти шаръро ба василаи ақл мумкин медонад, дар ҳоле ки шинохти ақлро ба василаи шаръ мумкин намедонад ва аз ин ҷиҳат, навъӣ тақаддуми қаҳрӣ ва табиъӣ барои ақл мешиносад, вале ин тақаддум, ношӣ аз таъорузи ақл ва шаръ нест, балки ноши аз тақаддуми идрок кунанда бар идрок шаванда аст ки як тақаддуми қаҳрӣ ва табиъӣ аст; Лизо дар воқеъ тақаддуми ҳақиқӣ маҳсуб намешавад; Чун тақаддуми ҳақиқӣ, тақаддуми як идрок шаванда бар идрок шавандаи дигар аст ки дар арзи он қарор дорад, дар ҳоле ки шаръ дар тули ақл аст на дар арзи он ва бо ин васф, муқаддам донистани ақл бар он, монанди муқаддам донистани кул бар ҷузъи худ аст ки саҳиҳ нест. Бо ин ҳисоб, метавон натиҷа гирифт ки устозунал Мансур, ақлро бар шаръ муқаддам намедонад, балки шаръро дар батни ақл медонад ва ҷуз ақл, чизе дар миён намебинад.)

(Аммо масъалаи баъдӣ)

[Шубаҳоти мункирони ҳуҷҷияти ақл]

(аст; яъне ончи мункирони ҳуҷҷияти ақлро ба чунин иштибоҳи бузурге андохтааст. Устозунал Мансур мефармояд:) Ба назар мерасад ончи ин гурӯҳро ба инкори ҳуҷҷияти ақл водошта, беш аз ҳар чиз (бо таваҷҷуҳ ба инки чизҳои дигаре ҳам буда) номаъқул будани боварҳои онон будааст (тавзиҳ онки бисёри аз боварҳои мункирони ҳуҷҷияти ақл монанди олимони масеҳи ва низ аҳли ҳадис ва салафиён бо ақл созгор нест ва ҳамин боъис шудааст ки онҳо ҳуҷҷияти ақлро инкор кунанд.); Чароки эътиқод ба ҳуҷҷияти ақл, мусталзами даст бардоштани (онҳо) аз ин боварҳост (монанди бовар ба боло будани Худованд ва нишаста будани Ӯ бар рӯӣ арш ва пойин омадани Ӯ ба осмони дунё ва дида шудани Ӯ бо чашми сар ва бархурдории Ӯ аз ду чашм ва ду гӯш ва ду даст ва ду пойи ҳақиқӣ) ва ин (даст бардоштан аз ин боварҳо) коре аст ки онон ҳозир ба анҷоми он нестанд (чун ин боварҳо дар асари таблиғоти ҳокимони Аббосӣ аз замони Мутаваккил ва таъкиди шадиде ки дар тӯли чанд қарни охир бар равиш сурат гирифта, ба фарҳанг ва қироъати расмии онон аз дин табдил шуда ва лозимаи тавҳид пиндошта шудааст!). Ман ононро дидаам (ин нуктаи бисёр муҳимме аст ки устозунал Мансур ононро дидааст ва нодида дар бораи онон сухан намегӯяд. Иллати таъкиди эшон дар чанд ҷо аз китоб бар инки ононро дида ё бо онҳо сухан гуфта ҳамин аст ки дониста шуд гузоришҳои эшон ношӣ аз таҷориби айнӣ ва мушоҳидоти майдонии эшон аст на ношӣ аз шойеъот ё дарёфтҳои заннӣ ва ғайри мустақим. Шумо бубинед ин инсон чи андоза ба мабнои фикрии худаш мултазим аст ва чи андоза ба ақл тамассук дорад ки ҳамаи таҳлилҳои худашро бар яқиниёт муттаки мекунад! Мефармояд «Ман ононро дидаам» то аз маҳсус будани чизе хабар бидиҳад ки ба онон нисбат медиҳад; Бо таваҷҷуҳ ба инки «Дидан» яке аз ҳавосси инсон аст ва ҳуҷҷияти он яқинӣ аст. Ҷудо аз онки дӯстони Худованд «Шуҳадоъи» бар мардум яъне гувоҳоне бар ақойид ва аъмоли онон ҳастанд; Чунонки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿أُولَئِكَ هُمُ الصِّدِّيقُونَ وَالشُّهَدَاءُ[1]; «Онон ҳамон сиддиқон ва шоҳидон ҳастанд» Ва фармудааст: ﴿وَكَذَلِكَ جَعَلْنَاكُمْ أُمَّةً وَسَطًا لِتَكُونُوا شُهَدَاءَ عَلَى النَّاسِ وَيَكُونَ الرَّسُولُ عَلَيْكُمْ شَهِيدًا[2]; «Ва бадин сон шуморо уммате миёнарав қарор додим то шоҳидони бар мардум бошед ва Паёмбар шоҳид бар шумо бошад» ; Балки яке аз шуъуни Паёмбар ва мӯъминони холис ва комилро ин донистааст ки аъмоли мардумро «Мебинанд»; Чунонки фармудааст: ﴿وَقُلِ اعْمَلُوا فَسَيَرَى اللَّهُ عَمَلَكُمْ وَرَسُولُهُ وَالْمُؤْمِنُونَ[3]; «Бигӯ амал кунед ки Худованд ва Паёмбараш ва мӯъминон амали шуморо хоҳанд дид»; Ин аст ки ин мӯъмин ва дӯсти Худованд мефармояд: « Ман ононро дидам» ва бар онон шаҳодат медиҳам! Пас ҳар як аз ибороти эшон, маъонии амиқе дорад ки бо тадаббур ва таъаммуқи бештар ба он даст ёфта мешавад. Чизе ки эшон аз ин фирқаҳо дида он аст ки); Бисёрӣ аз онон (яъне мункирони ҳуҷҷияти ақл хусусан салафиён) тарҷеҳ медиҳанд ки бимиранд то инки даст аз боварҳои гузаштагонашон (ки онҳоро «Салаф» меноманд) бардоранд, монанди мушрикон ки банобар ихбори Худованд аз онон, (дақиқан мушобеҳи салафиён) мегӯянд: ﴿إِنَّا وَجَدْنَا آبَاءَنَا عَلَى أُمَّةٍ وَإِنَّا عَلَى آثَارِهِمْ مُهْتَدُونَ;[4] «Мо ниёкони худро бар ойине ёфтаем ва ба пайравӣ аз онон ҳидоят пайдо кардаем» (монанди салафиён ки пайравӣ аз салафро мояи ҳидояти худ мепиндоранд.) Ва ба сухани Худо гӯш намесупоранд ки (хитоб ба онҳо ва ҳамфикронашон) мефармояд: ﴿أَوَلَوْ جِئْتُكُمْ بِأَهْدَى مِمَّا وَجَدْتُمْ عَلَيْهِ آبَاءَكُمْ;[5] «Оё агар чи барои шумо чизе ҳидоятбахштар аз он оварда бошам ки ниёгонатонро бар он ёфтаед?!». (Аз баёни устозунал Мансур маълум мешавад ки ин қабил оёт ҳар чанд дар бораи мушрикон нозил шуда, вале бар мусалмонон ҳаргоҳ ба роҳи онҳо бираванд қобили татбиқ аст. Бинобарин, набояд касе тасаввур бикунад ақида ё амале ки барои мушрикон бад аст, барои мусалмонон бад шумурда намешавад; Чун қатъан барои мусалмонон ба тариқи авло бад аст. Лизо яке аз аҳдофи Қуръон аз табйини ақойид ва аъмоли бади мушрикон, барҳазар доштани мусалмонон аз ин ақойид ва аъмол аст; Чунонки Худованд худаш чунин муқоисаҳоеро анҷом дода ва ба мушобиҳатҳои аҳли дин бо аҳли куфр ишора карда ва масалан дар бораи яҳудиён ва масеҳиён фармудааст: ﴿وَقَالَتِ الْيَهُودُ عُزَيْرٌ ابْنُ اللَّهِ وَقَالَتِ النَّصَارَى الْمَسِيحُ ابْنُ اللَّهِ ۖ ذَلِكَ قَوْلُهُمْ بِأَفْوَاهِهِمْ ۖ يُضَاهِئُونَ قَوْلَ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ قَبْلُ[6]; «Ва яҳудиҳо гуфтанд ки Узайр писари Худованд аст ва масеҳиҳо гуфтанд Масеҳ писари Худованд аст! Ин ҳарфи даҳонҳои онҳост ва ба ҳарфи касоне ки пештар кофир шуданд шабеҳ аст»; Лизо манзури устозунал Мансур аз истишҳод ба ин қабил оёт барои ақойид ва аъмоли нодурусти мусалмонон, ин нест ки ин оёт дар бораи мусалмонон нозил шуда, бал ин аст ки ин оёт бо умуми худ ва бо лиҳози ваҳдати милок, бар ақойид ва аъмоли нодурусти мусалмонон низ сидқ мекунад; Ҳар чанд тафовутҳои мусалмонон бо мушрикон ба ҷои худ маҳфуз аст.) Бинобарин, инон (яъне салафиён) бо ин шева (яъне тақлид аз гузаштагон) дар воқеъ Худоро (ба сурати холис ва ҳақиқӣ) намепарастанд, балки гузаштагони худро парастиш мекунанд (чун ба ҷои Худо аз онҳо табаъият мекунанд ва ақойид ва аъмоли ононро мабнои ақойид ва аъмоли худ қарор медиҳанд) ва ин чандон ғариб (яъне бесобиқа ва беназир) нест; Чароки парастиши ниёкон аз куҳантарин гунаҳои ширк дар ҷаҳон аст! (Бо таваҷҷуҳ ба инки бисёри аз қабойили ваҳшӣ ва бадавӣ дар ҷаҳон, арвоҳи гузаштагони худро парастиш мекунанд ва табаъият аз роҳ ва равиши падарони худро зарурӣ медонанд.)

Албатта касоне (монанди аҳли ҳадис ва салафиён) ки ақлро ҳуҷҷат намедонанд, ба маҳдуд будани идрокоти он назар доранд (яъне бо назар ба ин ақлро ҳуҷҷат намедонанд ки ақл маҳдуд аст ва наметавонад ҳама чиз масалан аҳкоми фаръии шаръиро дарк кунад) ва мепиндоранд ки бо ин васф, (ҳуҷҷат нест ва) наметавонад меъёри шинохт бошад, дар ҳоле ки (ин тасаввур иштибоҳи аст; Чароки) маҳдуд будани идрокоти ақл, ба маънои ғалат будани онҳо нест ва (ба ҳамин далил) монеъ аз ҳуҷҷияти он намешавад; Бал ба маънои камтар будани онҳо дар муқоиса бо идрокоти Илоҳӣ аст (ба ин маъно ки идрокоти ақл камтар аз идрокоти Худованд аст) ки муқтазои (яъне паёмад ва натиҷаи табиъии) махлуқ будани ақл ва маҳдудияти зотии махлуқ аст (яъне маҳдуд будани идрокоти ақл, ба хотири ин аст ки ақл махлуқ аст ва ҳар махлуқе маҳдудият дорад ва махлуқ будан ва номаҳдуд будан мумкин нест). Бинобарин, ақл ҳама чизро (дар ҳавзаи табиъат ва шариъат) намедонад, вале ҳар чизеки (дар ин ҳавзаҳо) медонад саҳиҳ дониста мешавад (инки мефармояд «Саҳиҳ дониста мешавад» ва намефармояд «Саҳиҳ аст» ба хотири ин аст ки воқеъан бо вуҷуди мавонеъи шинохт, дар олами берун эҳтимол дорад ки саҳиҳ набошад, вале ин эҳтимол аз онҷо ки дар олами даруни ва дар худи ақл ба сурати ҷузъӣ ва билфъел вуҷуд надорад, монъе аз ҳуҷҷияти он намешавад, вагарна шаккокияти мутлақ ва суфистоъигарӣ лозим меояд ва шерозаи илм ва амал аз ҳам мепошад; Чун ҳар чизе ки инсон бо қатъ ва яқин дар меёбад, мумкин аст воқеъан набошад, ҳатто ҷисм ва руҳи худаш ва бо ин ҳисоб, илм ва амал ғайри мумкин мешавад, дар ҳоле ки мусалламан ва билбидоҳа мумкин аст) ва ҳамин барои ҳуҷҷат будани он кофӣ аст; Ҳамчунонки масалан чашм ҳамаи чизро намебинад (масалан олами ғайбиро намебинад), вале ҳар чизе ки (масалан дар олами табиъат) мебинад саҳиҳ дониста мешавад (ҳар чанд монанди сароб воқеъан дар олами берун саҳиҳ набошад, вале то вақте ки онро мебинад ба эҳтимоли хилофи он илтифот пайдо намекунад ва маҷбур аст мутобиқ бо он амал кунад) ва гӯш ҳамаи чизро намешунавад, вале ҳар чизе ки мешунавад (ҳар чанд воқеъан вуҷуд надошта бошад ва масалан ношӣ аз таваҳҳум бошад), саҳиҳ дониста мешавад ва ҳамин барои ҳуҷҷат будани он ду кофӣ аст (чун наметавон ба инсон гуфт: Ин чизе ки ту мебинӣ ё ин чизе ки ту мешунавӣ, вуҷуд надорад! Ҳамин тавр наметавон ба ӯ гуфт: Ин чизе ки ту бо ақли худ мефаҳмӣ, нест! Чунин чизе муҳол аст ва маъно надорад). Шинохти комил (нисбат ба олами ғайб ва шаҳодат) танҳо аз они Худованд аст ва ҳеҷ кас ҷуз Ӯ наметавонад шинохти комиле (аз ҳамаи мавҷудоти аволам) дошта бошад ва аз ин рӯ, шаръе ки (Худованд) фуру фиристода, комил аст (чун ношӣ аз ин шинохти комили Ӯ дар бораи гузашта ва оянда аст), вале комил будани шаръ мусталзими таъорузи он бо ақл (ки маҳдуд аст ва масалан гузашта ва ояндаи ҷаҳонро намедонад) нест; Зеро шаръ дар умуре ки ақл дар бораи онҳо нотиқ аст (яъне идрокоти мустақилле дорад), сухане бар хилофи сухани ақл намегӯяд (чун аз маншаъи он ношӣ шудааст; Чунонки гузашт) ва дар умуре ки ақл дар бораи онҳо хомӯш аст (яъне идрокоти мустақилле надорад), сухане ки мегӯяд бар хилофи сухани ақл нест; Чароки ақл дар бораи онҳо сухане намегӯяд то сухани шаръ бар хилофи он бошад (бо таваҷҷуҳ ба инки таъоруз миёни чизе ки ҳаст ва чизе ки нест маъно надорад, балки миёни ду чизи мавҷуд воқеъ мешавад. Бинобарин, сухани шаръ дар бораи чизҳое ки ақл дар бораи онҳо сухане намегӯяд, муъориз бо ақл шумурда намешавад); Монанди авсофи ҷузъии биҳишт ва дӯзах ки моҳиятӣ ғайби доранд ва табъан ақл дар бораи онҳо хомӯш аст (чун ақл онҳоро ҳис ва таҷриба накардааст ва абзоре ҷуз шаръ барои итлоъ аз онҳо надорад), вале шаръ (бо таваҷҷуҳ ба инки муттакӣ бар шинохти комили Илоҳӣ аз ғайб ва шаҳодат аст) дар бораи онҳо сухан мегӯяд (ва масалан мефармояд ки дарахтҳо ва наҳрҳо ва занҳо ва ҷавоҳироте дар биҳишт ҳаст ё оташ ва об ҷӯшон ва хори муғилон ва дарахти заққуме дар дӯзах ҳаст) ва бо ин васф, суханаш бар хилофи сухани ақл шуморида намешавад (чун ақл биҳишт ва дӯзахро надида ва таҷриба накарда ва қодир ба такзиби ин авсоф нест) ва монанди чанду чуни аъмоли ибодӣ (аз қабили ракаъоти намоз ва муфтароти рӯза) ки моҳиятӣ эътиборӣ доранд (яъне ҳақоиқи табиъӣ ва собит нестанд ва аз қарордодҳои шореъ нашъат гирифтаанд) ва табъан ақл дар бораи онҳо хомӯш аст (чун ақл ибтидоъан хабар надорад ки шореъ чи чизеро ташриъ кардааст), вале шаръ дар бораи онҳо сухан мегӯяд (ва масалан мефармояд ки субҳ ду ракат ва зуҳр чаҳор ракат ва мағриб се ракат намоз бихонед ва аз тулуъ то ғуруби офтоб аз хӯрдан ва ошомидан ва наздики кардан иҷтиноб кунед) ва бо ин васф, суханаш бар хилофи сухани ақл шуморида намешавад (чун ақл намегӯяд набояд намоз бихонад ё бояд субҳ се ракат ва мағриб чаҳор ракат намоз бихонад ё фақат аз тулуъ то вақти зуҳр бояд аз муфтарот иҷтиноб кунад. Ақл милоке барои чунин эътибороте надорад ва табъан дахолате дар онҳо намекунад.); Хусусан бо тавҷҷуҳ ба инки ақл, ҳуҷҷияти шаръро (бо таваҷҷуҳ ба мӯъҷизоти Илоҳӣ барои исботи набувати анбиё) дарк мекунад ва бо ин васф, эътибороти амалӣ (яъне аҳком) ва ахбори қатъии он (монанди хабар аз анбиёъ ва малоъика ва биҳишт ва дӯзах) аз вақояъи мумкинро (ва на муҳолро) мепазирад (бо таваҷҷуҳ ба инки ақл имкон ва адами имкони вақояъ ва аъмолро мефаҳмад ва агар хабар ё эътиборе ба шаръ нисбат дода шавад ки мумкин нест монанди ҳаракати Худованд ва дида шудани Ӯ бо чашми сар ё вуҷуби закоти фитр бар касе ки иститоъати онро надорад, наметавонад онро бипардозад; Ба ин маъно ки мефаҳмад аз шаръ нест ва ба шаръ баста шудааст).

Ба ҳар ҳол, (аз инҷо дониста мешавад) касоне (монанди аҳли ҳадис ва салафиён) ки ҳуҷҷияти ақлро инкор мекунанд, муҳол аст битавонанд муддаъои худро (мабнӣ бар адами ҳуҷҷияти ақлро) исбот кунанд; Чароки исботи ҳеҷ муддаъойе (аз ҷумла ҳамин муддаъо) бидуни ҳуҷҷияти ақл мумкин нест (чун исбот, як амали ақлӣ аст ва ҷуз ба василаи ақл имконпазир нест). Аз ин рӯ, онҳо бидуни онки худ бидонанд (яъне илтифот дошта бошанд) дар ҳоли истедлол ба ақл ҳастанд; Зеро ба унвони мисол, истедлол ба инки ақл маҳдуд аст (ба унвони суғрои қазия) ва истедлол ба маҳдуд ҷойиз нест (ба унвони куброи қазия), як истадлоли ақлӣ аст ва бо ин васф, агар истедлол ба ақл ҷойиз набошад, ин истедлол низ ҷойиз нест (чун ин истедлол низ ба ақл аст!) ва агар истедлол ба ақл ҷойиз бошад, ин истедлол ғалат аст! (Чун ин истедлол мегӯяд ки истедлол ба ақл ҷойиз нест! Бубинед читавр ин бароҳини эшон дар ғоят итқони ва истеҳкоми аст!)

Ҳосил онки таблиғ бар зидди ақл (ки бархӣ аҳли ҳадис ва салафиён анҷом медиҳанд ва ба василаи он мардумро аз ақлоният боз медоранд), аз корҳои шайтон аст (ки душмани аслии инсон аст) то (ба иқтизои душмании худ бо ӯ) заминаро барои шуюъи ҷаҳл дар ҷаҳон фароҳам созад (чун вақте ақлоният дар ҷаҳон коста шавад, нодони дар он афзоиш меёбад; Мисли имрӯз ки ақлоният дар ҷаҳон коста шуда ва нодони дар он афзоиш ёфтааст!) ва ҳар инсоне ки бар зидди ақл таблиғ мекунад, аз ҳизби шайтон ва ҷунуди ӯст ки хоста (мисли шайтонпарастҳо) ё нохоста (мисли салафиён) дар хидмати ӯ қарор гирифта ва дар ҳоли ҷанг бо Худованд (аз тариқи мубориза бо ирода ва қонуни Ӯ) аст.

(والسلام علیکم و رحمت الله)

↑[1] . Ҳадид/19
↑[2] . Бақара/143
↑[3] . Тавба/105
↑[4] . Зухруф/22.
↑[5] . Зухруф/24.
↑[6] . Тавба/30
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Барои шунидани савти дарси нуҳум инҷоро клик кунед.