Панҷшанбе 28 Март 2024 мелодӣ / 17 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Матни дарс
 
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси сездаҳум
Мавзӯъ:

Мавонеъи шинохт; Ҷаҳл (3)

(أعوذ بالله من الشّیطان الرّجیم

بسم الله الرّحمن الرّحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطّاهرین

Дар ду дарси охир рӯшан шуд ки ҷаҳл, маншаъи аслии мушкилоти мусалмонон аст ва рӯшан шуд ки барои он се ҷиҳати шум ва хатарнок аст. Ҷиҳати аввали он ҷаҳли ба Ислом буд ки устозунал Мансур асбоб ва табаъоти онро ба тафсил баён фармуд ва ҷиҳати дуввуми он)

[Ҷаҳли ба аҳли Ислом]

(Аст ки тобеъи аз ҷаҳли ба Ислом шумурда мешавад; Чароки вақте мусалмонон Исломро ба дурусти нашинохтаанд, табиъӣ аст ки аҳли онро ҳам ба дурусти намешиносанд. Лизо устозунал Мансур мефармояд:) Аз ҷиҳати дигар, онон (яъне ҳар гурӯҳе аз мусалмонон) якдигарро намешиносанд ва аз дидгоҳои ҳам (дар бораи ақойид ва аҳкоми Ислом) огоҳӣ (комил ва саҳиҳе) надоранд; Аз ин рӯ, якдигарро дӯст намедоранд (чун дӯст доштани якдигар, ношӣ аз эҳсоси таъоруф ва тафоҳум аст ва чунин эҳсосе миёни гурӯҳҳои мухталифи Исломи вуҷуд надорад) ва ба чизҳои бад муттаҳам менамоянд (чароки ҷудоӣ ва ноошиноӣ, муҷиби сӯъи тафоҳум ва сӯъи зан мешавад); Дар ҳоле ки ғолибан ба ончи (ба якдигар) нисбат медиҳанд (масалан шиъа ба аҳли суннат ва аҳли суннат ба шиъа нисбат медиҳанд) илме надоранд (чун ғолибан аз наздик пои сӯҳбати якдигар нанишастаанд ва манобеъи мӯтабари эътиқодӣ ва фиқҳии якдигарро нахондаанд ва танҳо бар асоси шунидаҳои воҳӣ ва бе асоси худ, ба қазоват мепардозанд) ва танҳо аз сӯъи зан (нисбат ба якдигар ки дар Ислом ҳаром аст) табаъият мекунанд; Чароки пайванди (отифӣ ва иҷтимоъии) онон бо ҳам (дар асари тақсири худашон ва тавтиаъи истеъмори дар қарни охир) гусаста шуда ва аз ҳайси мазҳаб (монанди шиъа ва суннӣ ва фарқҳои фаръӣ ҳар як аз он ду), сиёсат (монанди аҳзоб ва ҷиноҳҳо ва ҷиҳатгириҳои миллӣ ва байнал милалӣ) ва нажоди (монанди Араб ва Аҷам ва Ҳазора ва Паштун ва Форс ва Курд ва Турк ва монанди он), мутафарриқ (яъне дучори тафриқа ва танозуъ) гардидаанд; Монанди касоне (аз ғайри мусалмонон, чун оят дар бораи мушрикон аст ва аз ин ҷиҳат мефармояд «Монанди касоне») ки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿مِنَ الَّذِينَ فَرَّقُوا دِينَهُمْ وَكَانُوا شِيَعًا ۖ كُلُّ حِزْبٍ بِمَا لَدَيْهِمْ فَرِحُونَ;[1] «Аз касоне ки дини худро фирқа фирқа карданд ва гурӯҳ гурӯҳ шуданд, ҳар дастае ба ончи наздошон аст шодмонанд» (Яъне ҳар мазҳаб ва гурӯҳ ва миллате ба чизе ки барои худаш ихтиёр карда, хурсанд ва қонеъ аст ва чизи дигареро дар берун аз мазҳаб, гурӯҳ ва миллати худ намеҷуянд ва намепазиранд ва бар наметобанд)! Чунонки (ба унвони намунаи айнӣ ва машҳуд) ғолибан (на умуман) мусалмонони суннӣ (ба маънои ом ки шомили салафиён ҳаргоҳ ононро мусалмон бидонем мешавад), аз мусалмонони шиъа мутанафиранд (шумо бубинед чи андоза танаффур нисбат ба шиъа вуҷуд дорад ва чи андоза лаън ва саб ва такфир ва таҳқир нисбат ба онҳо дар гуфторҳо ва навишторҳои мусалмонони суннӣ дида мешавад ки инсонро музтариб ва парешон мекунад.) ва мусалмонони як кишвар (аз як миллати хос), бо мусалмонони кишвари дигар (аз миллиятӣ дигар) бегонаанд (яъне онҳоро ба хотири инки он сӯӣ хати хиёлии марз ҳастанд, аз худ аҷнабӣ медонанд ва «Бегона» меноманд, дар ҳоле ки як хатти мавҳум, касеро худӣ ё касеро бегона намекунад!) ва мусалмонони Араб (хусусан ин шейхи мутакаббири кишварҳои Арабӣ ва вобастагон ба онҳо), аз мусалмонони Аҷам (хусусан Эрониҳо) дурӣ мекунанд (ва онҳоро маҷус меноманд ва таҳқир ва тавҳин мекунанд! Инсофан ин бародарони Араби мо хеле мутакаббиранд! Шумо бубинед мо чанд вақт аст ки ба инҳо мегӯйем як нафар аз шумо бархезад ва китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» ро ба Арабӣ тарҷума кунад то мусалмонони Арабзабон дар саросари ҷаҳон аз он истифода кунанд, вале як нафар аз миёни онҳо пайдо намешавад! Мо барои бисёри аз онҳо пайғом фиристодем ки чунин китоби бузурге ба Форсӣ навишта шуда ва лозим аст ки ба Арабӣ баргардонда шавад, вале то кунун ҳеҷ як посухе надодаанд! Чаро?! Шояд ба ҳамин далил ки китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» ба забони Форсӣ ва тавассути марди Хуросонӣ навишта шуда ва барои Арабҳо зишт аст ки дини худро аз аҷамзабонҳо фаро бигиранд! Мутаъассифона ин қабил таъассубот вуҷуд дорад.) ва ин ба сабаби ҷаҳли онон ба муштаракоти якдигар (монанди эътиқоди ҳамагӣ ба мабонии Ислом ва душманӣ ҳамагӣ бо куфр ва ширк ва эҳтироми ҳамагӣ ба аҳли байти Паёмбар) дар асари ҷудоиҳои мазҳабӣ, сиёсӣ ва нажодӣ аст ки ҳеҷ як асле дар Ислом надорад (чароки Ислом, мазҳабро ба расмият намешиносад ва аз сиёсатбозиҳои мусалмонон муназзаҳ аст ва нажодро маншаъи фазилат намедонад ва бо ин васф, ҷудойиҳои мусалмонон аз якдигар аз назари он беасос аст, бар хилофи ҷудойиҳои онон аз кофирон ки мабтанӣ бар усули Ислом аст). Рӯшан аст ки агар онон бо ҳам иртиботи кофӣ медоштанд, ба иштирокоти (бунёдин ва муҳимми) якдигар пай мебурданд (чароки иртиботи кофӣ боъиси ошноӣ мешавад) ва ихтилофоти якдигарро (дар бархӣ ақойид ва аъмоли фаръӣ) бар мабнои иштирокоташон (дар ақойид ва аъмоли аслӣ), бартараф мекарданд (ба ин маъно ки дар партуви гуфтугӯҳои созанда бар пояи мабонии муштарак, ба шинохти қавли аҳсан ва иҷмоъ бар он ноъил мешуданд). Ба унвони мисол, мусалмонони суннӣ, агар бо мусалмонони шиъа (иллати ин мисол, аҳмият, шӯҳрат ва асароти амиқ ва густардаи ихтилофи шиъа ва суннӣ аст ки намоди ихтилофи мусалмонон шудааст. Зимнан таъбир ба «Мусалмонони шиъа» мефармояд то аз ибтидо маълум кунад ки шиъаён мусалмонанд, балки мусалмон будани онҳоро мафруғун анҳ мегиранд ва қобили баҳс намедонанд; Чароки эътиқоди онҳо ба усул ва мабонии Ислом машҳуд аст ва бо ин васф, агар мусалмони суннӣ бо онон) иртиботи кофӣ медоштанд, дар меёфтанд ки онон ба усули Ислом (монанди тавҳид ва набуват ва маъод) бовар доранд ва ба мабоии он (монанди намоз ва рӯза ва закот ва ҳаҷ) мултазаманд (яъне мӯътақиданд ва навъан амал мекунанд) ва Қуроънро (ба унвони як қироъати расмӣ) таҳрифшуда намедонанд (бо таваҷҷуҳ ба инки эътиқод ба таҳрифи он дар миёни онон эътиқодӣ шоз ва маҳҷур буда ва мавриди эърози онон воқеъ шудааст; Ҳамон тавре ки чунин эътиқоде дар миёни саҳоба ва тобиъин низ вуҷуд дошта вале бо иқболи онон мувоҷеҳ нашудааст.) ва ба ҳамсари Паёмбар бӯҳтон намезананд (яъне ӯро ба иртикоби фаҳшои мавриди ишора дар сураи мубаракаи Нур муттаҳам намекунанд ва оёти ин сура дар бораи бароъати ӯ аз ин корро қабул доранд, ҳар чанд шумори андаке аз ҷоҳилони оммӣ ва бе саводашон ба модари худ таҳти унвони дигарӣ ҷасорат меварзанд ва нисбатҳое медиҳанд, вале бо ин ҳол ҳеҷ як аз онон намегӯянд ӯ наъузубиллоҳ кори зиште ки сураи муборакаи Нур аз ӯ нафйи кардаро анҷом додааст; Чароки онон мункири Қуръон нестанд.) ва ба саҳобаи он ҳазрат, иҳонат намекунанд, магар шуморе андаке аз авомашон (ки мутаъассифона ба сабаби оммӣ будан ва бе хабар будан аз аҳкоми Ислом, ин гуноҳи кабираро анҷом медиҳанд ва боъиси бадномии шиъа ва бадбинии аҳли суннат мешаванд ва ба ихтилофи мусалмонон бо якдигар доман мезананд, вале ин гуноҳи ин шумори андакро набояд ба пояи ҳамаи онҳо навишт. Албатта бисёрӣ аз уламои онҳо ҳам муқасиранд ки пеши ин авоми калбаҳоъимро намегирад; Бо таваҷҷуҳ ба инки авоми калбаҳоъимро набояд ҳамин тавр раҳо кард то лағат бипаронанд ва харобӣ кунанд, балки бояд онҳоро баст ва муроқибат намуд; Вале шояд ин таъсири уламои онҳо бештар ба хотири тарсашон аз ин авоми калбаҳоъим бошад; Чароки инсофан ин галлаҳ ба қадре ҷоҳил, ҳатток ва мутаъассиб ҳастанд ки агар як олими мӯҳтарам аз аҳли ташаюъ, онҳоро аз бе эҳтироми ба саҳоба наҳй кунад, било фосила ӯро ба суннигарӣ ё носибигари муттаҳам мекунанд ва ҳатто худи ӯро мавриди бе эҳтироми қарор медиҳанд ва чи басо бе обуру мекунанд! Табиъӣ аст ки ин оқоёни уламо ҳам бо таваҷҷуҳ ба мабнои фиқҳии аҷибашон ки адами вуҷуби амри ба маъруф ва наҳй аз мункар дар сурати хаф аз зарар аст, онҳоро ба ҳоли худашон во мегузоранд ва дар баробарашон сукут мекунанд! Ғофил аз инки вазифаи уламо, амри ба маъруф ва наҳй аз маункар аст ва набояд аз тарси обурӯи худ дар анҷоми ин вазифаи муҳм кӯтоҳи кунанд. Шумо бубинед устозунал Мансурро ки чи тавр дар бахше аз ин китоб, бидуни ҳеҷ мулоҳиза ва мумошоте, аз бе эҳтиромӣ ба саҳоба наҳй фармуда ва эҳтиром ба онҳоро монанди эҳтиром ба падар ва модар лозим донистааст. Рӯшан аст ки ин мавзӯъи саҳиҳ ва қотеъи эшон, бисёри аз сафҳои шиъаро нохушнуд карда ва аз атрофи эшон пароканда сохтааст; Ҳамчунон ки бархӣ аз онҳо ба равишҳои мухталиф аз эшон истифдо карданд ки ҳукми бе эҳтиромӣ ба саҳоба чист, вале ҳар бор ҳамон посухи сариҳ ва қотеъро шуниданд ва аҷиб онки ба ҷои танаббуҳ ва тавба ба даргоҳи Худованд аз ин кори зишт ва тафриқа ангез, дар баробари устозунал Мансур мавзеъи душмани гирифтанд!! Лизо касоне ба заъми худашон ин бузугворро насиҳат карданд ки монанди дигарон мавозеъи худашро бипӯшонад ва ин афродро дилгарм кунад ва барои худаш нигоҳ дорад ва ба истилоҳ миқдоре сиёсат дошта бошад, вале эшон фармуданд ки лаънат бар ин сиёсат! Чароки ин бузугвор ниёзе ба ин авоми калбаҳоъим надорад то бихоҳад бо гуфтори хилофи шаръ, онҳоро ба гирди худашон ҷамъ кунад. Инҳо ҳамон беҳтар ки ба гирди раҳбарони мунофиқ ва фиребкорашон ҷамъ бошанд то барои якдигар чоплусӣ кунанд ва ҳамаро бифиребанд! Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо ин қабил ҳаттокони беақл коре надорад. Агар қарор бошад заминасози зуҳури Маҳдӣ ва олимтарин марди ҳозир ба Ислом ҳам сиёсатбози бошад ва мардумро фиреб бидиҳад, дигар чи чизе аз Ислом мемонанд?! Он вақт фотеҳаи Исломро бояд хонд! Албатта касоне ки аз ақлоният ва ахлоқ баҳраманданд, на танҳо ба сабаби ин рӯйкрди устозунал Мансур аз эшон фосила намегиранд, балки ба эшон наздиктар мешаванд ва ҳамонон барои ин бузургвор кофӣ хоҳанд буд; Чароки як оқили муаддаб, аз ҳазор ҷоҳили мутаҳаттак бениёз мекунад.) ва бо ин васф, далиле (шаръӣ) барои душманӣ бо (умуми) онон нест (чун ба хотири сафоҳати шуморе аз шиъаён, наметавон бо ҳамаи онон душманӣ кард). Ман бисёр озурдаам (ин аз дилсӯзӣ ва хайрхоҳии ин бузургвор барои мусалмонон аст ки аз дидани ихтилофоти онон бо якдигар ғусса мехурад ва ранҷ мекашад) аз инки мебинам бисёрӣ аз мусалмонони суннӣ дар Арабистон, Ироқ, Сурия, Покистон, Афғонистон ва ҷойҳои дигар (чун мутаъассифона ҷойҳои зиёде ҳаст ва инҳоро ном бурд то дониста шавад ки бар рӯӣ ҷаҳони Ислом ашроф дорад ва аз авзоъи кишварҳои минтақа мутталеъ аст ва аз рӯӣ илми тафсилӣ сухан мегӯяд, на аз рӯӣ илми иҷмолӣ ё ҳадси ва гумони), ҷанг бо мусалмонони шиъаро ҷиҳод мепиндоранд ва бар ҷанг бо кофирони ҳарбӣ (ки дар зимма ё сулҳ бо мусалмонон нестанд) тарҷеҳ медиҳанд (чун мӯътақиданд ки хатари шиъа барои мусалмонон аз хатари яҳуди ва насоро бештар аст, дар ҳоле ки ҳамакнун ин шиъа аст ки дар Лубно муқобили яҳуди ва дар Эрон муқобили яҳуди ва насоро истодааст ва бештари кишварҳои суннӣ мазҳаб ҳампаймонони яҳуди ва насоро ҳастанд, вале бо ин ҳол, ин ҷоҳилҳо мегӯянд ки хатари шиъа барои Ислом аз хатари яҳуди ва насоро бештар аст ва намегӯянд ки хатари асли аз ҷониби ин давлатҳои Араби ва итифоқан ғайри шиъа аст ки ҳофизи манофеъи ғарб дар минтақа ҳастанд!); Дар ҳоле ки ақойид ва аъмоли мусалмонони шиъа, ҳар чанд тафовутҳое (қобили тавҷҷуҳ ва ғайри қобили инкор) бо ақойид ва аъмоли мусалмонони суннӣ дорад (ҳамон тавр ки ақойид ва аъмоли мусалмони суннӣ ҳам бо якдигар тафовутҳое дорад), дар чаҳорчӯби Ислом аст (яъне усули ташаюъ ки иборат аз адл ва имомат аст, қатъан ва мусалламан аз чаҳорчуби Ислом хориҷ нест ва аъмоли онон монанди мутъа низ иҷмолан ва ҷузъан аз Ислом буда ва дар насхи он ихтилоф аст) ва бо ин васф, ҷанг бо онон (ба эътибори хориҷ будани онон аз Ислом) ваҷҳе надорад (чун ҷанг ба ин эътибор бо касоне ваҷҳ аст ки ақойид ва аъмолашон яқинан хориҷ аз Ислом бошад), балки дӯстӣ бо онон зарурӣ аст (чароки ақлан ба тақвияти ҷабҳаҳои Ислом ва тазъифи ҷабҳаи куфр меанҷомад ва шаръан мисдоқи вилояти мӯъминин аст ки воҷиб шумурда мешавад). Ман бо бисёрии аз мусалмонони суннӣ гуфтугӯ кардам (ин ҳамон мақоми шаҳодати ин абди солеҳ аст ки сухани Худоро мубтани бар машҳудот мекунад); Онон (яъне бисёрӣ аз мусалмонони суннӣ) дар бораи мусалмонони шиъа, чизе намедонанд, магар чизе ки аз мусалмонони суннӣ шунидаанд (ба ин тартиб ки аз онҳо шунидаанд; Шиъа чунин мегӯяд ё чунон мекунад, бидуни инки аз шиъа дида ва шунида бошанд); Чароки онон бо мусалмонони шиъа (аз наздик ва бо ҳусни ният) гуфтугӯ намекунанд ва китобҳои мӯтабарашонро намехонанд (ҳар чанд китобҳои ғайри мӯътабар ва омиёнаи ононро ки маълум нест чи касе навиштааст ва дар онҳо суханони сахифе ҳаст дар буқ ва карно мекунанд, вале ба китоби шахсиятҳои дараҷа аввали онон монанди Шарифи Муртазо ва абу Ҷаъфари Муҳаммад ибни Ҳасани Тувси эътинойе намекунанд ки дар онҳо матолиби ғариб ва мункари нест ва бисёр матин ва маъқул аст) ва дар ҳоле ононро такзиб мекунанд ки илме ба ороъи (эътибори ва фиқҳӣ) ва далилашон (аз Қуръон ва суннат) надоранд; Монанди касоне ки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿بَلْ كَذَّبُوا بِمَا لَمْ يُحِيطُوا بِعِلْمِهِ وَلَمَّا يَأْتِهِمْ تَأْوِيلُهُ ۚ كَذَلِكَ كَذَّبَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ ۖ فَانْظُرْ كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الظَّالِمِينَ;[2] «Бал чизеро такзиб карданд ки ба илми он иҳота наёфтанд ва таъвили он ба онҳо нарасидааст! Ингуна касоне ки пеш аз онҳо буданд такзиб карданд; Пас нигоҳ кун ки оқибати ситамкорон чигуна буд!»; Дар ҳоле ки мусалмонони шиъа, (фил ҷумлаҳ) ба китобҳои мӯътабари мусалмонони суннӣ муроҷиа доранд (ва дар китобхонаҳои онҳо сиҳоҳи ситта ва соири куткби ҳадисии аҳли суннат ва ҳамчунин тафосир ва фиқҳ ва усули онон ба фаровонӣ дида мешавад) ва ороъи (эътиқодӣ ва фиқҳӣ) ва далоилашон (аз Қуръон ва суннат) ро баррасӣ мекунанд, ҳар чанд (табиъатан) на ба андозаи ороъ ва далоили худ (ва таъаммуқи лозимро надоранд ва ин боъис мешавад ки баъзан ба ривоёте аз кутуби аҳли суннат тамассук кунанд ки бо меъёрҳои аҳли суннат заъиф шумурда мешавад ва мавриди қабули худи онҳо нест).

Воқеъ он аст ки (бо камоли таъассуф) бисёрӣ аз ороъ ва далоили мусалмонон (аз мазоҳиби гуногун), ба гӯши бисёрӣ аз онон нарасида (яъне бисёрӣ аз онон аслан хабар надоранд ки фалон мазҳаби Исломӣ чи назаре дар бораи фалон мавзӯъ дорад ва далилаш барои он чист) ва бо ин васф, равшан аст ки онон наметавонанд шинохте дар бораи онҳо (яъне ин ороъ ва далоил) дошта бошанд. Дар ҳоле ки ноошиноии мусалмонон бо ороъ ва далили якдигар (дар як фароянди табиъӣ ва мутақобил), боиси бадгумонӣ, бадгӯӣ ва бадкории онон нисбат ба якдигар (яъне ҳамаи кунишҳои баде ки метавон нисбат ба касе дошт) ва (дар натиҷа) султаи душманони Ислом бар онон (бо сӯъи истифода аз шақоқ ва ихтилофи онон бо якдигар) мешавад. (Ин воқеъан як мусибати узмост.) Ба илова, (мусибати узмои дигаре низ вуҷуд дорад ва он инки) иктифо ба ошноӣ бо ороъ ва далоили худ ва парҳез аз ошноӣ бо ороъ ва далоили дигарон (яъне инки фақат ороъ ва далоили мазҳаби худро баррасӣ кунӣ ва ороъ ва далоили соири мазоҳиби мусалмонро баррасӣ накунӣ), имкони огоҳӣ аз заъфҳои (эътиқодӣ ва амалии мазҳаби) худ ва қувватҳои (эътиқодӣ ва амали мазоҳиби) дигаронро салб мекунад (чун мазҳаби худат то вақте ки мазҳаби дигариро нашнохтаи, беҳтарин мазҳаб бароят ҷилва мекунад, дар ҳоле ки лузуман ин тавр нест) ва монеъ аз шинохти «Қавли аҳсан» (яъне назари беҳтар) ва пайравӣ он мешавад (чун шинохти назари беҳтар ва пайравӣ аз он ҳонгоме имкон дорад ки назароти мухталифи шинохта ва муқоиса шаванд, на инки танҳо як назари шинохта шуда); Дар ҳоле ки Худованди баланд мартаба фармудааст: ﴿فَبَشِّرْ عِبَادِ؛ الَّذِينَ يَسْتَمِعُونَ الْقَوْلَ فَيَتَّبِعُونَ أَحْسَنَهُ ۚ أُولَئِكَ الَّذِينَ هَدَاهُمُ اللَّهُ ۖ وَأُولَئِكَ هُمْ أُولُو الْأَلْبَابِ;[3] «Пас бандагонамро башорат деҳ; Ҳмононе ки ҳар суханро мешунаванд ва аз беҳтари он табаиъят мекунанд; Онон ҳастанд ки Худованд ҳидояташон кардааст ва онон ҳастанд ки дорандагони ақлҳоянд»! (Устозунал Мансур калимаи «القول» дар ин ояи шарифаро «Ҳар сухани» ба маънои «Ҳамаи суханҳо» тарҷиҳ фармуда ки комилан саҳиҳ аст; Чароки алиф ва лом дар сари он, алиф ва ломи ҷинс аст ва бар мутлақи суханон далолат мекунад ва ба ҳамин эътибор, пайравӣ кардан аз беҳтарини он маъно дорад, дар ҳоле ки бархӣ муфассирон ин калимаро як сухани хос монанди сухани Худованд тарҷума мекунанд, дар ҳоле ки бо ин тарҷума, тувҷеҳи пайравӣ аз беҳтарини он душвор аст; Чароки сухани Худованд, беҳтар ва бадтар надорад ва ҳамааш ба як андоза хуб аст, магар онки бар мустаҳаб нисбат ба воҷиб дар авомири ӯ ҳамл шавад ки бар хилофи зоҳир аст ва ниёз ба қароъини кофӣ дорад; Фориғ аз онки ҳар кас ба воҷиботи авомири Худованд басанда кунад, гумроҳ ва беақл нест ва бо ин васф, ҳамли калимаи «القول» дар ин ояи шарифа бар хусуси сухани Худованд мушкил аст, балки саҳиҳ нест.

Ин ҷиҳати дуввуми ҷаҳли мусалмонон буд ки бояд бикӯшем ва дуъо кунем Худованд ононро аз он раҳои диҳад ин шоъ Аллоҳ.

و السّلام علیکم و رحمت الله)

↑[1] . Рум/32.
↑[2] . Юнус/39.
↑[3] . Зумар/ 17 ва 18.
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Барои шунидани савти дарси сездаҳум инҷоро клик кунед.