Ҷумъа 29 Март 2024 мелодӣ / 18 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Матни дарс
 
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси нуздаҳум
Мавзӯъ:

Мавонеъи шинохт; Тақлид аз олимон (3)

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Дар дарси қабли рӯшан шуд ки тақлид аз олимон ба маънои пайравӣ аз гуфта ва кардаи онон бидуни далил, ақлан ҷойиз нест ва ин ба маънои он аст ки шаръан низ наметавонад ҷойиз бошад; Чун борҳо рӯшан шуд ки шаръ ва ақл аз як маншаъ ношӣ шудаанд ва қаҳран бо ҳам мунофоте надоранд; Чунонки оёти фаровоне дар Қуръон, ба нафйи тақлид аз дигарон ба таври ом ва тақлид аз олимон ба таври хос мепардозанд; Монанди ояте ки мефармояд: ﴿إِذْ تَبَرَّأَ الَّذِينَ اتُّبِعُوا مِنَ الَّذِينَ اتَّبَعُوا وَرَأَوُا الْعَذَابَ وَتَقَطَّعَتْ بِهِمُ الْأَسْبَابُ * وَقَالَ الَّذِينَ اتَّبَعُوا لَوْ أَنَّ لَنَا كَرَّةً فَنَتَبَرَّأَ مِنْهُمْ كَمَا تَبَرَّءُوا مِنَّا ۗ كَذَلِكَ يُرِيهِمُ اللَّهُ أَعْمَالَهُمْ حَسَرَاتٍ عَلَيْهِمْ ۖ وَمَا هُمْ بِخَارِجِينَ مِنَ النَّارِ[1]; «Чун касоне ки пайравӣ шуданд аз касоне ки пайравӣ карданд бароъат меҷуянд ва азобро мебинанд ва дасташон аз асбоб кӯтоҳ мешавад ва касоне ки пайравӣ карданд мегӯянд: Кош барои мо бозгаште буд то аз онон бароъат ҷӯйем, ҳамон тавр ки онон аз мо бароъат ҷустанд! Ин гуна Худованд аъмоли ононро ҳасратҳое бар онон қарор медиҳад ва онон аз оташ берун нахоҳанд шуд»! Рӯшан аст ки манзур аз «Пайравӣ» дар ин оя, пайравӣ бидуни далил дар дин аст ки «Тақлид» ном дорад; Чунонки дар ояи дигаре омадааст: ﴿اتَّبِعُوا مَا أُنْزِلَ إِلَيْكُمْ مِنْ رَبِّكُمْ وَلَا تَتَّبِعُوا مِنْ دُونِهِ أَوْلِيَاءَ ۗ قَلِيلًا مَا تَذَكَّرُونَ[2]; «Аз чизе пайравӣ кунед ки аз ҷониби Парвардигоратон бароятон нозил шуд ва аз сарпарастоне ҷез он пайравӣ накунед! Андаке мутазаккир мешавед»! Аз ин рӯ, ривоёти машҳур ва фаровоне аз салаф расидааст ки нишон медиҳад онон тақлид дар динро ҷойиз намедонистанд ва ҳатто аз тақлиди худашон боз медоштанд; То ҷойе ки аз муқаллид бо унвони «Аъимма» ёд мекарданд ки унвонӣ таҳқиромез ба маънои касе буд ки дини худашро аз ин ва он мегирад. Бисёрӣ аз уламои бузург ҳам кутуб ва расоъилӣ дар нафйи тақлид навиштаанд ва далоили бисёриро дар онҳо ҷамъ кардаанд ва бисёрӣ аз уламои мутақаддими фариқайн ошкоро ба ҳурмати тақлид фатво додаанд; Чунонки масалан Абу Ҳанифа ва Абу Юнус мегуфтанд: «Барои ҳеҷ кас ҷойиз нест ки сухани моро бипазирад то он гоҳ ки бидонад онро аз куҷо овардаем» ва Молик ибни Анас мегуфт: «Ман башарӣ беш нестам ки мумкин аст хато кунад ё дуруст бигӯяд, бинобарин ба назари ман нигоҳ кунед ва ҳар чи бо китоб ва суннат мувофиқ будро бигиред ва ҳар чи мувофиқ набудро вогузоред» ва Шофеъӣ мегуфт: «Ҳар гоҳ ба ҳадиси саҳиҳе даст ёфтед сухани манро ба паҳнаи девор бикӯбед» ва Аҳмад ибни Ҳанбал низ ҳамин назарро дошт (барои огоҳӣ аз ин гузоришҳо, нигоҳ кунед ба: Ибни Қайюм, Эъломул муваққъин, ҷ2, с135 то 201). Аз миёни аҳли ташаюъ низ олимони бузурге монанди Абул Салоҳ Ҳалабӣ соҳиби «Ал-Кофӣ фийл фиқҳ» ва Абул Макорим ибни Зуҳра соҳиби «Ғуниятун нузуъ» ва бисёри аз муҳаддисони машҳур, ба вуҷуби иҷтиҳод бар ҳамаи мардум ва адами кифояти тақлид дар бораи аҳкоми шаръи фатво додаанд ва руҷӯъи мустақим ба оёт ва ривоётро барои ҳамагон зарурӣ донистаанд ва гуфтаанд ки ҳаргоҳ насси қатъӣ барои шинохти як ҳукми шараъӣ вуҷуд надошта бошад, дар мавриди манофеъ, асли ибоҳа ва дар мавриди зарар, асли ҳурмат қобили истинод аст (нигоҳ кунед ба: Муҳаммад ибни Маккӣ маъруф ба Шаҳиди аввал, Зикрул шиъа, ҷ1, с41). Балки аз татаббуъ дар мутуни мӯътабар ва қадимии Исломӣ ба даст меояд ки мутақаддимини аҳли илм аз ҳамаи мазоҳиб, бар адами ҷавози тақлид дар бораи ақойид ва аҳкоми Исломи, иҷмоъ доштанд ва лузуми иттибоъи далилро дар ҳамаи маворид мусаллам ва мафруғунанҳ медонистанд, то инки мутаъаххирини кам илм ва пуриддаъо аз роҳ расиданд ва ба пайравӣ аз ҳавои нафс ва бар хилофи ҳукми ақл ва шаръ, заҳмати таҳқиқро аз дӯши худ бардоштанд ва тақлидро кофӣ донистанд ва он қадар дар ин хатои бузург пеш рафтанд ва маҳкам шуданд ки вақте имрӯз устозунал Мансур ононро ба бозгашт ба усули нахустин даъват мекунад ва аз тақлид дар дин боз медорад, таъаҷҷуб мекунанд ва мепиндоранд ки эшон аз як кори одди наҳй мекунад!! Ин манро ба ёди қиссаи марде меандозад ки вориди қария шуд ва дид ки аҳли он ҳамагӣ ба бемории хориш мубтало ҳастанд, то ҳадде ки ҳамвора худро мехоронанд ва ба қадри бо ин кор унс гирифтаанд ки мепиндоранд як кори одди аст! Мард ба сабаби дилсӯзи ва хайрхоҳӣ аз онон хост ки худашонро муъолиҷа кунанд, вале онон бо таъаҷҷуб ба ӯ гуфтанд ки рафторашон одди аст ва ин ӯст ки ғайри одди рафтор мекунад ва бояд худашро аз бемории «Нахорондан» муъолиҷа кунад! Ин гуна аст ки Ислом ба куллӣ воруна шуда ва арзишҳо ҷойи худро ба зидди арзишҳо додааст; То ҳадде ки даъват кунандагон ба сӯӣ арзишҳои ноб ва асили Исломӣ монанди устозунал Мансур, маҳкум ва мазмум ва мудофеъони зидди арзишҳои бебунёд ва бидъатомез монанди ин муқаллидони мутаъассиб ва чашм ва гӯш баста, мӯҳтарам ва муъаззам шудаанд! Инно Лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун!

Аммо яке дигар аз инҳирофоти эҷод шуда дар миёни мусалмонон ки ба назар мерасад марҳалаи такомул ёфтае аз тақлид бошад, эътиқод ба «Вилояти мутлақаи фақиҳ» аст. Манзур аз «Вилоят» авлавияти шаръӣ барои тасарруф дар корҳои дигарон аст ва манзур аз «Мутлақа» адами маҳдудияти он ба қазоват, ифто ва умури ҳасабия (монанди ҳимоят аз бе сарпараст ва идораи амволи афроди мафқудул аср) ва шумули он бар ҳамаи мавзӯъоти иҷтимоъӣ аз ҷумла ҳукумат ва чи басо аҳкоми шаръӣ аст ва манзур аз «Фақиҳ» касе аст ки дар асари таҳсили улуми динӣ, ба дараҷаи «Иҷтиҳод» расидааст. Вилояти мутлақаи фақиҳ бо ин маъно, як дидгоҳи шоззи фақиҳӣ аст ки ақаллияте аз фуқаҳои шиъа дар садаи ахир матраҳ кардаанд ва мавриди истиқболи бисёри аз аввоми шиъа қарор гирифтааст, вале бештари фуқаҳои шиъа монанди соири фуқаҳои мазоҳиби Исломӣ, онро мардуд шумурдаанд ва таъкид кардаанд ки чунин вилояте аз мухтассоти маъсум аст ва исботи он барои ғайри маъсум ба таъбири Шайхи Ансорӣ дар китоби Макосиб, «Хор дар хирман кӯбидан аст». Устозунал Мансур низ дар ин бахши аз китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом», ба муносибати сухан дар бораи тақлид аз олимон, дар ҳудуди ду саҳифа, аз «Вилояти мутлақаи фақиҳ» сухан ба миён меоварад ва онро аз лиҳози ақлӣ «Ғайри мумкин» мешуморад ва ҳам аз ҷиҳати мабноӣ ва ҳам аз ҷиҳати коркардӣ ба нақд мекашад ва таҳти унвони)

[Адами имкони вилояти мутлақаи фақиҳ]

(мефармояд:) Ба илова (яъне афзун бар тақлид аз олимон дар аҳкоми шаръи ки ҷавози он собит нашуд, балки адами ҷавози он собит шуд), гурӯҳе аз онон (яъне мусалмонон) дар кишварҳое монанди Эрон (ки гавҳораи парвариш ва тарвиҷи ин назария аст), дар бораи олимони худ ғулув (яъне зиёдагӯйи ва ифрот) мекунанд ва онҳоро (ки дар воқеъ инсонҳоӣ оддӣ бо як миқдор маълумоти бештар дар бораи аҳкоми шаръи ҳастанд) гумоштагонӣ аз ҷониби Худо (ба насби ом) ва сарпарастоне монанди Паёмбар (яъне дорои вилоят ва ихтиёроти он Ҳазрат) медонанд ва монанди Худо ва Паёмбар фармон мебаранд (ба ин тартиб ки итоъат аз онҳоро монанди итоъат аз Худо ва Паёмбар воҷиб медонанд ва ин рӯйкарди номаъқуле аст ки ҳар кас бо онон муъошират дошта бошад, дар онон мебинад); Чунон яаҳудиён ки Худованд (чунин рӯйкарди номаъқулеро ба онон нисбат дода ва) дар бораи онон фармудааст: ﴿اتَّخَذُوا أَحْبَارَهُمْ وَرُهْبَانَهُمْ أَرْبَابًا مِنْ دُونِ اللَّهِ[3]; «Олимон ва роҳибони худро Худовандгороне ҷуз Худованд гирифтанд»; Бо таваҷҷуҳ ба инки онон мусалламан (чунонки аз торих ва ақойидашон маълум аст) барои олимони худ намоз нагузориданд ва рӯза нагирифтанд (яъне ин тавр набуд ки ба ҷойи Худованд, барои тақарруб ба фалон олим намоз бигзоранд ё рӯза бигиранд), балки аз онҳо ба ҷойи Худованд (яъне монанди Ӯ бидуни чуну чаро) итоъат карданд (ва гуфтанд ки итоъат аз фалон олим, итоъат аз Худованд аст) ва ин ширке буд ки бар онон пӯшида буд (ширк буд ба ин хотир ки итоъат аз ғайри Худованд монанди Худованд, ширки ба Худованд аст ва бар онон пӯшида буд ба ин хотир ки агар ба онон мегуфтӣ шумо барои Худованд шарик гирифтаед инкор мекарданд ва мегуфтанд ки мо муваҳҳид ҳастем). Дар ҳоле ки мусалламан (яъне ҳамон тавр ки ҳама таслим ҳастанд ва қабул доранд) олимони мусалмон, ҳарчанд (аз лиҳози ахлоқӣ) солеҳ бошанд, аз гуфта ва кардаи нодуруст маъсум нестанд (ва лағзиши онҳо дар гуфтор ва кирдор мумкин аст ва воқеъ шудааст) ва ин чизе аст ки худ ба он иқрор доранд (ҳар чанд дар ҳоли ҳозир бархӣ аз онҳо ба қадре таҳти таъсири тамаллуқҳо ва чоплусиҳои мардуми авом қарор гирифтаанд ва мағрур ва мутакаббир шудаанд ки ба хатоҳои худ иқрор намекунанд ва ҳозир ба удул аз иштибоҳоташон намешаванд, вале бо ин ҳол агар инсони шуҷоъ ва аз ҷон гузаштае дар баробарашон бархезад ва аз онҳо суъол кунад ки оё шумо аз гуфта ва кардаи нодуруст, маъсум ҳастед? Бидуни шак посух медиҳанд ки на) ва бо ин васф, наметавонанд гумоштагони Худо ва сарпарастоне монанди Паёмбар бошанд; Чароки Худо ва Паёмбар, аз гуфта ва кардаи нодуруст (ва мунофӣ бо шаъни ҳидояти мардум) маъсуманд (ва табъан касе метавонад гумоштае аз ҷониби Худо ва сарпарасте монанди Паёмбар бошад ки монанди он Ҳазрат аз гуфта ва кардаи нодуруст ва мунофӣ бо шаъни ҳидояти мардум маъсум бошад то итоъат аз ӯ боъиси гуфта ва кардаи нодуруст нашавад) ва рӯшан аст ки итоъат аз маъсум (яъне Худо ва Паёмбар) бо итоъат аз ғайри маъсум (яъне фақиҳ) мунофот меёбад; Бо таваҷҷуҳ ба инки мухолифати гуфта ва кардаи ғайри маъсум бо гуфта ва кардаи маъсум, муҳтамал балки иҷмолан ҳатми аст (яъне мо қатъ дорем ки бархӣ гуфтаҳо ва кардаҳои ғайри маъсум, бо бархӣ гуфтаҳо ва кардаҳои маъсум мунофот дорад, ҳар чанд надонем ки кадом гуфтаҳо ва кардаҳо аст) ва бо ин васф, амре ба пайравӣ гуфта ва кардаи маъсум, мусталзими наҳй аз пайравӣ гуфта ва кардаи ғайри маъсум аст (чун ҳолоти тазод дар миёни он ду вуҷуд дорад ва уқало гуфтаанд: Амр ба чизе, наҳй аз зидди он аст) ва амри Худованд ба ҳарду, имкон надорад (чароки қобили имтисол нест) ва табъан нисбат додани чунин амре (ғайри мумкин) ба Ӯ, ҳар чанд бо такия бар ривоётӣ воҳид ва заннӣ (монанди мақбулаи Умар ибни Ҳанзала ки аз ҳайси санад заъиф аст ва аз ҳайси далолат, рабте ба вилояти мутлақаи фақиҳ надорад ва сирфан дар бораи қазоват аст), ифтирое бар Ӯ шумурда мешавад ки гуноҳӣ бас бузург аст (то ҳадде ки баъид нест муҷиби хуруҷ аз адолат бишавад); Чунонки фармудааст: ﴿انْظُرْ كَيْفَ يَفْتَرُونَ عَلَى اللَّهِ الْكَذِبَ ۖ وَكَفَى بِهِ إِثْمًا مُبِينًا[4]; «Бингар ки чигуна бар Худованд дурӯғ мебанданд, дар ҳоле ки он ба унвони гуноҳӣ ошкор кофӣ аст»! (Рӯшан аст ки вақте адами имкони вилояти мутлақаи фақиҳ аз лиҳози ақлӣ собит шуд, адами имкони он аз лиҳози шаръӣ низ собит мешавад; Зеро борҳо ба исбот расид ки шаръ наметавонад бо ақл мунофот дошта бошад ва бо ин васф, тақаллои бархӣ мутаъассибин барои исботи вилояти мутлақаи фақиҳ аз тариқи чанто ривоят, корӣ беҳуда ва бенатиҷа аст; Чароки аввалан ин ривоёт, заннӣ ҳастанд ва занн дар Ислом ҳатто барои исботи ҳукми истинҷо кофӣ нест, чи расад барои исботи ҳукми вилояти мутлақаи як кас бар дин ва дунёи мардум ва сониян ин ривоёт, ҳамагӣ заиъф ҳастанд ва ривоёти заиъф, хусусан дар бораи чунин мавзуъи хатире муҷиби занн ҳам намешавад ва танҳо шак ё ваҳм эҷод мекунанд ва солисан ин ривоёт, аз лиҳози мазмун ва муҳтаво, ҳеҷ далолати рӯшане бар вилояти мутлақаи фақиҳ надоранд; Ҳамчунонки ҳазорон олим дар тӯли ин ҳазор сол, аз онҳо чунин маъноеро бардошт накарданд ва робиъан ин ривоёт, дар таъоруз бо ривоёти мутавотир ва саҳиҳе ҳастанд ки вилояти мутлақаи ғайри маъсумро нафйи мекунанд, балки дар таъоруз бо оёте аз Қуръон ҳастанд ва рӯшан аст ки бо ин васф, ба куллӣ соқит ва ё дар сурати имкон таъвил мешаванд.

Аммо истедлоли бархӣ ба зарурати ҳукумат дар замони адами дастрасӣ ба Маҳдӣ барои исботи вилояти мутлақаи фақиҳ, ҳатто аз асоғири талаба ҳам баъид аст, чи расад ба бузургон; Чароки аввалан адами дастрасӣ ба Маҳдӣ, бино бар мабнои устозунал Мансур, маълули иқдоми мардум аст ва бино бар қоъидаи иқдом, монеъ аз машруъияти ҳукуматҳоӣ дигар мешавад ва сониян ҳукумат дар замони адами дастрасӣ ба Маҳдӣ, мутаваққиф бар вилояти мутлақаи фақиҳ нест; Ҳамчунонки дар тӯли ин ҳазор сол ҳамеша ҳукуматҳое вуҷуд дошта, вале вилояти мутлақаи фақиҳ вуҷуд надоштааст ва дар бештари кишварҳо низ ҳукумат вуҷуд дорад, вале вилояти мутлақаи фақиҳ нест ва бо ин васф, иддаъои вуҷуд мулозима миёни зарурати ҳукумат ва зарурати вилояти мутлақаи фақиҳ, хирасари дар баробари маҳсус аст. Инсофан чи лузуме дорад ки як ғайри маъсум бо ҳазор ҷаҳл ва нақс ва иштибоҳ, барои ҳукумат бар мрдум муддаъии интисоб аз ҷониби Худо ва ихтиёроти Пайғомбар бишавад ва амру наҳйи худро амр ва наҳйи шаръӣ қаламдод кунад?! Агар ғараз ин аст ки мардум натавонанд дар баробари ӯ чуну чаро кунанд ё интиқоде дошта бошанд, ин ғарз бо истифода аз аҳромҳои қудрат низ ҳосил мешавад ва ниёзе ба моя гузоштан аз Худованд нест то ба пойи Ӯ навишта шавад ва агар ғараз эҷоди машрӯъият аст, возеҳ аст ки бо ин шеваи ғайри машрӯъ, машрӯъияте эҷод намешавад, балки беш аз пеш аз байн меравад! Ин иддаъо ҳам ки ҳукумат бар мабнои вилояти мутлақаи фақиҳ аз ҳукумат бар соири мабонӣ беҳтар аст, қобили қабул нест; Зеро мусалламан ҳукумат бар мабнои интисоби хос ва қатъӣ аз ҷониби Худованд ки ҳукумати Маҳдӣ аст, аз ҳукумат бар мабнои вилояти мутлақаи фақиҳ беҳтар аст ва чунин ҳукумате бино бар мабнои устозунал Мансур ба тартибе ки дар ин китоб табйин фармуда мумкин аст ва ҳукумат бар мабнои раъйи аксарияти мусалмонон низ баъид нест ки аз ҳукумат бар мабнои вилояти мутлақаи фақиҳ беҳтар бошад, ҷуз инки бо вуҷуди имкони ҳукумати Маҳдӣ навбат ба он намерасад. Ба ҳар ҳол, устозунал Мансур ин масъаларо бештар табйин мекунад ва мефармояд:)

Инсоф он аст ки итоъати бе чуну чаро (яъне бе қайду шарт ва бидуни мутолибаи далил) аз касоне ки мумкин аст (ба иқтизои адами исмати худ) хоста ё нохоста, ба хилофи фармони Худо ва Паёмбар фармон диҳанд (яъне ба чизе амр кунанд ки Худо ва Паёмбар аз он наҳй кардаанд ва аз чизе наҳй кунанд ки Худо ва Паёмбар ба он амр кардаанд), маъқул нест ва наметавонад (яъне табиъатан имкон надорад) воҷиб бошад ва ин аз масоъили возеҳ ва зарурӣ дар Ислом аст (ба қадре ки метавон онро бадеҳӣ донист; Бо таваҷҷуҳ ба инки инсофан тасаввури он муҷиби тасдиқи он мешавад); То ҷойе ки баъид нест мӯътақид ба вуҷуби он (бо вуҷуди ин бидоҳат), сафиҳ бошад (яъне касе ки аз лиҳози ақлӣ рушди кофӣ пайдо накардааст) ва монанди кӯдакон, маҳҷур (яъне мамнӯъ аз тасарруф дар амволи шахсӣ ва умури иҷтимоъӣ) шумрда шавад (мефармояд баъид нест ва намефармояд қатъӣ аст, ба ин хотир ки аз салафи солеҳ ва имомони аҳли байт нарасидааст ки мӯътақидон ба вилояти ғайри маъсумро бо онки дар замонашон бисёр зиёд будаанд, маҳҷур дониста бошанд, вале аз сӯи дигар мумкин аст онон мутамаккин аз ин кор набуда бошанд ва ба хотири тарс аз золимон ин корро накарда бошанд; Лизо сафоҳат ва табъан маҳҷурияти мӯътақидон ба вилояти мутлақаи ғайри маъсум, баъид нест). Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки итоъати бе чуну чаро аз фардӣ ғайри маъсум ва вогузоридани ихтиёроти маъсум ба ӯ, (танҳо аз лиҳози мабнойи мушкил надорад, балки аз лиҳози коркардӣ) одатан маншаъи фитнаҳои гуногун ва мафосиди бузурге чун истебдоди сиёсӣ аст ки барои иҷтиноб аз он кофӣ аст (чароки қоъидатан уқало аз чунин хатари мазнуне пешгирӣ мекунанд ва ин аз боби садди зариъаи зулм ва тарки иъонат бар исм ва удвон аст); Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَالَّذِينَ كَفَرُوا بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ ۚ إِلَّا تَفْعَلُوهُ تَكُنْ فِتْنَةٌ فِي الْأَرْضِ وَفَسَادٌ كَبِيرٌ[5]; «Ва касоне ки куфр варзиданд, бархӣ сарпарасти бархӣ дигаранд! Агар анҷомаш надиҳед фитнае дар замин ва фасоди бузург хоҳад буд»! (Ба ин маъно ки пешгири аз фитнае дар замин ва мафосиди бузург воҷиб аст. Албатта бархӣ дар посух ба ин ишкол мегӯянд ки валии фақиҳ, тақво дорад ва тақвои ӯ монеъ аз фитна ва мафосиди бузург монанди зулм ва истебдоди сиёсӣ мешавад, вале) Рӯшан аст ки тақвои чунин фарде низ (ҳатто агар адами имкони эҳрози онро нодида бигирем) модоме ки ба ҳадди исмат нарасад, зомини адами сӯъи истифодаи ӯ аз қудрат беқайд ва назораташ (дар оянда) нахоҳад буд; Зеро (ҳар чанд тақвои ӯ дар гузашта ва пеш аз расидан ба қудрат маълум аст, вале дар оянда ва баъд аз қудрат маълум нест, дар ҳоле ки) бисёр дида ва шунида шудааст ки тақводороне чун ба қудрат расидаанд, аз ҳудуди Худованд таҷовуз кардаанд ва даст ба ситам ёзидаанд ва бо ин васф, қудрат бахшидан ба чунин касе бидуни тақйид (яъне эъҷоди маҳдудият) ва назорати (воқеъӣ ва кофӣ), илқоъи (яъне афкандани) худ дар маърази ҳалокат аст ки зулм ба худ шуморида мешавад ва ҷойиз нест; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَلَا تُلْقُوا بِأَيْدِيكُمْ إِلَى التَّهْلُكَةِ[6]; «Ва худро бо дасти худ ба ҳалокат наяндозед» Ва фармудааст: ﴿إِنَّ اللَّهَ لَا يَظْلِمُ النَّاسَ شَيْئًا وَلَكِنَّ النَّاسَ أَنْفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ[7]; «Бегумон Худованд ба мардум зулме намекунад, вале ин мардум ҳастанд ки ба худашон зулм мекунанд»; Бинобарин, Худованд итоъат аз чунин касеро (ки маъсум нест) бар мардум воҷиб накардааст, вале ин мардум ҳастанд ки итоъат аз чунин касеро бар худ воҷиб кардаанд (яъне ба Худованд нисбат додаанд ки онро бар онон воҷиб кардааст); Чароки Худованд ба онон золим нест (ва қаҳран чунин кореро бар онон воҷиб намекунад то мояи ҳалокаташон бишавад) ва онон ҳастанд ки ба худ зулм мекунанд (ва чунин кореро бар худ воҷиб мекунанд). Ҳар чанд чунин коре натанҳо зулм шуморида мешавад, бал мисдоқи боризи сафоҳат аст (бо таваҷҷуҳ ба инки золим маъмулан ба нафъи худаш ва ба зарари дигарон зулм мекунад, вале инҳо ба зарари худашон ва ба нафъи дигарон зулм мекунанд ва ин намунаӣ рӯшане аз сафоҳат аст) ки (амри ба он) аз оммаи оқилон баъид аст, чи расад ба Парвардигори онон (ки ба тариқи авло аз чунин амре ба як кори сафиҳона муназзаҳ аст)!

Аз инҷо (яъне маҷмӯъи мабоҳисе ки дар бораи тақлид аз олимон гузашт) дониста мешавад ки тақлид аз олимон (ба маънои пайравӣ аз гуфта ва кардаи онон бидуни далил), ба ҳеҷ рӯй муҷзӣ (яъне кофӣ ва муҷиби бароъати зиммаи мукаллаф аз таколифи шаръӣ) нест ва иҷтиҳод (яъне таҳқиқ дар бораи адиллаи аҳком) бар умуми мусалмонон воҷиб аст (агар чи мусталзими заҳмат кашидан ва вақт гузоштан бошад; Чароки инсон барои хӯрдан ва хобидан ба дунё наёмада, балки барои ибодати Худованд ба дунё омадааст ва маъно надорад ки ба хотири танбалӣ ва роҳатталабӣ, аз таҳсили илм ба аҳкоми шаръӣ худдорӣ кунад; Хусусан бо лиҳози инки таҳсили илм ба аҳкоми шаръӣ то ин андоза ки ҷилва дода шудааст душвор нест ва бисёр осонтар ва тезтар аз ин имконпазир аст ва имконоти фаровоне ҳам ки имрӯз барои мутолиъа ва таҳқиқ дар заминаи улуми Исломӣ ба вуҷуд омада, ин корро осонтар ва тезтар кардааст. Вонгаҳе олимон низ муваззаф ҳастанд ки мардумро дар руҷӯъи мустақим ба адиллаи аҳком ёрӣ расонанд ва масалан адиллаи фатвои худро дар ихтиёри онон қарор диҳанд ва адиллаи фатвои дигаронро низ ба итлоъи онон бирасонанд то аз ҳар кадом ки худашон беҳтар ва саҳиҳтар меёбанд пайравӣ кунанд. Инҳо ҳама гузинаҳое аст ки барои мардум вуҷуд дорад, вале онон бадтарин, норавотарин ва шумтарин гузинаро интихоб мекунанд ки тақлид аз олимон аст; Ба ин тартиб ки бо ҳавои нафс ва салиқаи шахсии худ, як олимро аз миёни олимон бар мегузинанд ва сипас аз ҳар фатвои ӯ бидуни иттлоъ аз далилаш пайравӣ мекунанд то мухолифат бо амри Худовандро ба ҳаддиаксар бирасонанд! Баъд ҳам ки як олими сиддиқе монанди устозунал Мансур пайдо мешавад ва ононро аз ин кори зишт бар ҳазар медорад ва ба сӯӣ мутолиъа ва таҳқиқ фаро мехонад то заминаи рушди ақлӣ ва илмӣ дар онон шакл бигирад ва салоҳияти лозим барои вуруд ба асри ҳукумати инсони комилро пайдо кунанд, дар баробари ӯ меистанд ва бо ӯ ба душманӣ мепардозанд ва аз рӯӣ нодонӣ ӯро истеҳзоъ менамоянд! Ба ҳар ҳол, ин бузургвор монанди уламои бузурги қарнҳои нахустин, иҷтиҳодро ба умуми мусалмонон воҷиб мешуморад); Албатта дар сурате ки мурод аз иҷтиҳод, шинохти яқинӣ аз ақойид ва аҳкоми Ислом (бо далоили қатъии ақлӣ ё ривоёти мутавотир) бошад; Чароки агар мурод аз он, шинохти заннӣ аз онҳо ҳар чанд бо иттикоъ ба ахбори оҳод ва мавҳумотӣ назири иҷмоъ бошад (ки фоқиди ҳуҷҷияти ақлӣ ва шаръӣ ҳастанд), тафовути чандоне бо тақлид надорад ва ба табаъи он муҷзӣ (яъне кофӣ ва муҷиби бароъати зимма) нест; Чароки иллати муҷзӣ набудани тақлид, муҷзӣ набудани иттикоъ ба ғайри яқиниёт дар ақойид ва аҳкоми шаръӣ (бо таваҷҷуҳ ба адами кифояти занн дар Ислом) аст ва ин иллат миёни тақлид ва иҷтиҳод муттакӣ бар ғайри яқиниёт (ки мутаъассифона имрӯз ривоҷ дорад), муштарак аст ва бо ин васф, иҷтиҳоди муттакӣ бар ғайри яқиниёт, муҷзӣ нест, ҳар чанд (занни бештареро ба вуҷуд оварда ва ба ин далил) аз тақлид беҳтар бошад; Бал ҳар коре ки барои шинохти яқинӣ аз ақойид ва аҳкоми шаръӣ лозим аст, ҳамон бар умуми мусалмонон воҷиб аст (ва он коре аст ки вуҷуди шарифаш нахостааст дар инҷо зикр кунад то макони муносибаш бирасад ва он иборот аз руҷӯъ ба халифаи Худованд дар замин аст ки бо заминасозӣ барои зуҳури ӯ имкон меёбад ва дар бахши «Шинохти Ислом» ба тафсил табйин мефармояд.

Худованд эшонро аз ҳамаи офат ва балоёт ҳифз фармояд ва ба ҳамаи аҳдоф ва мақосиди олияш бирасонад.

و السلام علیکم و رحمت الله)

↑[1] . Бақара/166 ва 167
↑[2] . Аъроф/3
↑[3] . Тавба/31.
↑[4] . Нисоъ/50.
↑[5] . Анфол/73.
↑[6] . Бақара/195.
↑[7] . Юнус/44.
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Барои шунидани савти дарси нуздаҳум инҷоро клик кунед.