Ҷумъа 29 Март 2024 мелодӣ / 18 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Матни дарс
 
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси бисту ҳафтум
Мавзӯъ:

Мавонеъи шинохт; Дунёгароӣ

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Чаҳорумин монеъ аз мавонеъи шинохт ки устозунал Мансур дар китоби арзишманди худ табйин фармуда, «Дунёгароӣ» аст ки дар ривоёти Исломӣ таҳти унвони «Ҳуббул дунё» муъарифӣ шуда ва асли ҳамаи хатоҳо шумурда шудааст ва бо ин ҳол, монанди сойири мавонеъи шинохт дар миёни мардум ривоҷӣ том дорад. Устозунал Мансур таҳти унвони)

4. Дунёгароӣ

(мефармояд:) Яке дигар аз мавонеъи шинохт (ки одамеро аз шинохти ҳақ боз медорад ва дар бораи он ба иштибоҳ меандозад), «Дунёгароӣ» аст. (Аммо манзур аз «Дунёгароӣ» чист? Оё манзур аз он, ҳар гуна гаройиш ба чизҳои дунявӣ аст ҳатто агар мавриди ниёзи инсон барои идомаи зиндагӣ бошанд? Устозунал Мансур мутобиқ бо равияи олимона ва санҷидаи худ, пеш аз вуруд ба баҳс, мавзӯъи онро табйин ва таъриф мекунад ва мефармояд:) Манзур аз дунёгароӣ, авлавият додан (ва на мутлақи гаройиш) ба чизҳое аст ки одаме ба иқтизои ғарази (табиъии) худ (яъне кӯшишҳои ношӣ аз ниёзмандиҳои ҷисмонии худ), барои зиндагии дунё, қатъи назар аз зиндагии охират (на бо назар ба зиндагии охират), ба онҳо ниёзманд аст (чун агар бо назар ба зиндаии охират ба онҳо ниёзманд бошад, авлавият додан ба онҳо дунёгароӣ шумурда намешавад) ва фиқдони онҳо, лузуман (яъне қатъан ва заруратан на ба таври мавридӣ ва иттифоқӣ) ба зиндагии охират зиёне намерасонад (тавзеҳ онки аввалан дунёгароӣ ба маънои авлавият додан ба дунё нисбат ба охират аст на ба маънои истифода аз дунё ё ҳатто дӯст доштани он; Лизо мумкин аст ки касе сарватманд бошад вале дунёгаро набошад; Ба ин маъно ки агар лозим шуд ҳамаи сарвати худро барои охират бидиҳад ва сониян дунёгароӣ авлавият додан ба чизҳое маҳсуб мешавад ки доштан ё надоштани онҳо таъсири қатъӣ бар рӯӣ охирати инсон надорад); Монанди чизҳое ки Худованд дар китоби худ ном бурда ва фармудааст: ﴿زُيِّنَ لِلنَّاسِ حُبُّ الشَّهَوَاتِ مِنَ النِّسَاءِ وَالْبَنِينَ وَالْقَنَاطِيرِ الْمُقَنْطَرَةِ مِنَ الذَّهَبِ وَالْفِضَّةِ وَالْخَيْلِ الْمُسَوَّمَةِ وَالْأَنْعَامِ وَالْحَرْثِ ۗ ذَلِكَ مَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا;[1] «Дӯстии дилбастагиҳо аз занон ва писарон ва сарватҳои анбошта аз тилло ва нуқра ва асбҳои қиматӣ ва чаҳорпоён ва кишт, барои мардум ороста шудааст; Ин бархурдории зиндагии дунёст»! (Бо таваҷҷуҳ ба инки агар касе зан ва фарзанд ва тилло ва нуқра ва асби қиматӣ ва чаҳорпоён ва замини зироъӣ надошта бошад, лузуман зиндагии охиратро аз даст намедиҳад. Ҳар чанд мумкин аст ки касе ба сабаби фақри моддӣ ба гуноҳ биафтад, вале ин ки натиҷаи қатъӣ ва иҷтинобнопазир нест; Чунонки фақироне ҳастанд ки ба сабаби фақри худ муртакиби гуноҳ намешаванд. Бинобарин, метавон ин қабил чизҳоро аз дунё ба шумор овард ва авлавият додан ба онҳоро дунёгароӣ донист. Аммо чаро дунёгароӣ мазмум аст?) Рӯшан аст ки зиндагии инсон, бино бар ончи аз ақл (яъне адиллаи ақлии вуҷуди маъод ки дар мабҳаси «Табаъияти Худованд дар ихбори Ӯ» матраҳ мефармояд) ва шаръ (яъне адиллаи вуҷуди маъод дар Қуръон ва суннат) маълум аст, маҳдуд ба зиндагии дунё нест (ба ин маъно ки бо марг махтума намешавад); Балки зиндагии дунё, муқаддамае (яъне пешдаромаде) бар зиндагии охирад аст (ин ҷанбаи мусбати зиндагии дунёст; Бо таваҷҷуҳ ба инки метавон дар он барои зиндагии охират тадбир кард ва омода шуд), балки зиндагии охират нисбат ба зиндагии дунё, асл (ба маънои зиндагии ҳақиқӣ) нисбат ба бадал (ба маънои зиндагии маҷозӣ ва зоҳирӣ) шумурда мешавад (ин ҷанбаи манфии зиндагии дунёст; Бо таваҷҷуҳ ба инки саргарм кунанда, фиребдиҳанда ва боз доранда аз таваҷҷуҳи кофӣ ба зиндагии охират аст ва бар ҷанбаи мусбати он ғалаба дорад ва ба ҳамин далил, аз таъбири «Муқаддама» ба таъбири «Бадал» удул фармуд.); Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَمَا هَذِهِ الْحَيَاةُ الدُّنْيَا إِلَّا لَهْوٌ وَلَعِبٌ ۚ وَإِنَّ الدَّارَ الْآخِرَةَ لَهِيَ الْحَيَوَانُۚ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ;[2] «Ва ин зиндагии дунё ҷуз саргармӣ ва бозичае нест ва саройи охират бегумон ҳамон зиндагонӣ аст агар бидонанд» Ва фармудааст: ﴿يَا قَوْمِ إِنَّمَا هَذِهِ الْحَيَاةُ الدُّنْيَا مَتَاعٌ وَإِنَّ الْآخِرَةَ هِيَ دَارُ الْقَرَارِ;[3] «Эй қавм! Ҷуз ин нест ки зиндагии дунё як бархурдоре аст ва он охират аст ки саройи мондагоре аст»! (Аз инҷо дониста мешавад ки таъбири устозунал Мансур дар бораи дунё мунтабиқ бар таъбири Қуръон аст; Чароки Қуръон низ зиндагии дунёро нисбат ба охират, бозӣ нисбат ба ҷиддӣ шумурдааст.) Албатта (ҳамон тавр ки ошкор шуд) дӯст доштани чизҳое ки барои зиндагии дунё зарурат доранд (монанди зан ва фарзанд ва дороӣ), табиъи (яъне муқтазои табиъати инсон) аст ва (лузуман) бад шумурда намешавад, вале дӯст доштани онҳо беш аз чизҳое ки барои зиндагии охират зарурат доранд, табиъӣ нест (яъне бар хилофи табиъати инсон аст; Чун табиъати ӯ чизи боқиро бештар аз чизи фонӣ дӯст медорад) ва (ақлан) бад шумурда мешаванд; Чароки ақл, зиндагии абадиро бар зиндагии муваққат тарҷеҳ медиҳад ва савоб ё иқоби бештарро бар савоб ё иқоби камтар муқаддам (яъне муҳимтар) мешуморад. Бинобарин, дӯст доштани зиндагии дунё, (ба зоти худ) бад нест; Балки авлавият додан ба он дар баробари зиндагии охират (ба ин маъно ки дунёро асл қарор бидиҳем ва бештарин талош ва дағдағ ва нигарониро сарфи он бикунем), бад аст ва ин ҳамон дунёгароӣ аст ки аз мавонеъи шинохт, шумурда мешавад; Чунонки Худованд (дунёгароиро ҳамин тавр таъриф карда ва) фармудааст: ﴿بَلْ تُؤْثِرُونَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا؛ وَالْآخِرَةُ خَيْرٌ وَأَبْقَى;[4] «Балки зиндагии дунёро тарҷиҳ медиҳед; Дар ҳоле ки охират беҳтар ва боқитар аст» Ва фармудааст: ﴿كَلَّا بَلْ تُحِبُّونَ الْعَاجِلَةَ؛ وَتَذَرُونَ الْآخِرَةَ;[5] «Ҳаргиз; Балки дунёро дӯст медоред ва охиратро вомегузоред» Ва фармудааст: ﴿إِنَّ هَؤُلَاءِ يُحِبُّونَ الْعَاجِلَةَ وَيَذَرُونَ وَرَاءَهُمْ يَوْمًا ثَقِيلًا;[6] «Ҳроина инон дунёро дӯст медоранд ва рӯзӣ гаронро пушти сари худ вомегузоранд» Ва фармудааст: ﴿أَرَضِيتُمْ بِالْحَيَاةِ الدُّنْيَا مِنَ الْآخِرَةِ ۚ فَمَا مَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا فِي الْآخِرَةِ إِلَّا قَلِيلٌ;[7] «Оё ба зиндагии дунё аз охират ризоят ёфтаед?! Дар ҳоле ки зиндагии дунё дар баробари охират, ҷуз андаке нест!». (Аз инҷо дониста мешавад ки дунёгароӣ мазмум, авлавият додан ба дунё ва фаромӯш кардани охират аст. Аммо суъоли бисёр муҳим он аст ки маншаъи ин дунёгароии мазмум чист? Ба иборати дигар, чи чизе боъиси пайдойиш ва афзойиши дунёгароии мазмум дар мардум мешавад? Устозунал Мансур дар посух ба ин суъол таҳти унвони)

[Маншаъи дунёгароӣ]

(мефармояд:) Рӯшан аст ки маншаи ин дунёгароӣ, адами имон (яъне бовари қалбӣ) ба зиндагии охират аст; Чароки инсон қодир нест чизеро ки барои ӯ яқинӣ аст (яъне зиндагии дунё; Бо таваҷҷуҳ ба инки барои ӯ ъайнӣ ва маҳсус аст), фидои чизе кунад ки барои ӯ яқинӣ нест (яъне зиндагии охират; Бо таваҷҷуҳ ба инки барои ӯ ъайнӣ ва маҳсус нест ва ба таъбири Қуръон «Ғайб» маҳсуб мешавад). Аз ин рӯ, бештарин дунёгароӣ, дар миёни касоне дида мешавад ки зиндагии охиратро инкор мекунанд ва мӯътақиданд ки инсон бо марг, нест ва нобуд мешавад (монанди моддагароён ва мункирони вуҷуди Худо ва ба ҳамин далил мегӯянд ки аз зиндагии дунё ҳаддиаксари истифодаӣ мумкинро бикунед ва лаззат бибаред ва шаҳват биронед ва шод бошед ва ғусса нахуред ки дунё чанд рӯз аст ва бо марг аз байн меравид! Ин рӯйкард дақиқан рӯйкарди дунёгароён аст ки имрӯз бештар аз ҳар ҷои дигар дар миёни кофирони ғарбӣ намуд дорад ва ин дар ҳоле аст ки бештарин имконоти дунё низ дар миёни ҳамонҳо дида мешавад ва ин аз назари устозунал Мансур иттифоқӣ нест. Балки комилан муртабит ва маънодор аст. Яъне сатҳи дунёгароӣ ва сатҳи имконоти дунё дар миёни кофирони ғарбӣ бо ҳам мулозима дорад. Эшон мефармояд:). Бо ин васф, метавон гуфт: Пешрафтҳои моддии кофирон баъд аз инқилоби (санъатӣ дар) Аврупо, беш аз онки ҳосили дониш ва кӯшиши бештари онон (нисбат ба мусалмонон) бошад (агарчи дониш ва кӯшиши онон ҳам муъассир буда), ношӣ аз пушт кардани онон ба маънавият ва фаромӯш кардани зиндагии охират будааст (яъне омили аслии равнақи моддиёт дар миёни кофирони ғарбӣ, авлавият додан ба он дар муқоиса бо маънавият будааст); Чароки онон ба дунболи хастагии (зеҳнӣ ва рӯҳӣ) аз ҳазор сол ақлситезии калисо (яъне аз соли 400 то соли 1400 милодӣ ки калисо замоми ҳамаи умури сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Аврупоро дар даст дошт ва бо ниҳояти ҷумуд ва ақлгурезӣ ҳукумат кард), тасмим ба ҷудойи аз дин (яъне сикулор кардани ҷомеъа дар ҳавзаӣ сиёсат ва иқтисод) гирифтанд ва (ба мурури замон дар тӯли чанд қарн,) низомӣ (иҷтимоъӣ) орӣ аз эътиқоди ба ғайб (яъне мовароъул табиъа) ро (аз ҳайси назарӣ) тарроҳӣ ва (аз ҳайси илмӣ) эҷод намуданд ки (пас аз чанд қарн) ҳамчунон устувор ва фазоянда (яъне рӯ ба рушд), ба ҳаёти худ идома медиҳад. Нақши ин низоми ҷадиди модагаро ки бар саросари ҷаҳон соя андохта (яъне ҳамаи кишварҳоро кам ё беш таҳти нуфуз ва сайтараи худ қарор дода ва ба ҳамин эътибор гоҳе назми ҷадиди ҷаҳонӣ номида шуда), дар густариш ва ниҳодинагии дунёгароӣ (яъне шеваъ ва русухи он дар зеҳнҳои мардум), бисёр рӯшан (яъне маҳсус) ва барҷаста (яъне муҳим ва муъассир) аст; Чароки ин низоми илҳодӣ (яъне мункири Худо ва илми ғайб), дар тӯли ду қарни гузашта (яъне баъд аз инқилоби санъатии Аврупо дар авохири қарни ҳаҷдаҳум ва авоили қарни нуздаҳум), бо баҳрагирӣ аз абзорҳои ҷадиди таблиғотӣ (монанди радио, тиливизиун, моҳвора ва интернет ки ҳамагӣ тавассути кофирони ғарбӣ барои хадамот ва аҳдофи илҳодии онҳо тавлид шуданд) ва эҷоди чархаи ғайри табиъӣ (яъне таҳмилӣ, сохтагӣ ва ғайри воқеъӣ) аз арза ва тақозо (яъне тавлид ва масраф, бо таваҷҷуҳ ба инки тақозои падид омада мубтанӣ бар ниёзҳои табиъӣ ва ҳақиқии мардум набуда, балки бештар ношӣ аз боло рафтани сатҳи матолиботи онҳо дар асари таблиғоти сардамдорони низоми ҷадид барои расиданашон ба суди бештар буда), дунёгароиро ба фарҳанги расмӣ (яъне меъёр) ва умумии ҷаҳон, табдил кардааст; То ҷойе ки ҳатто кишварҳои Исломӣ (яъне кишварҳое ки аксарияти мардум дар онҳо мусалмон ҳастанд) аз шумули он дар амон намондаанд ва бештари мусалмонон (яъне аксарияти мутлақи онон), таҳти сайтараӣ он, охиратгаройии Исломиро аз даст додаанд; Зеро чунонки машҳуд (яъне қобили мушоҳида аз тариқи истиқроъ) аст, имрӯза авлавияти фардӣ ва иҷтимоъии бештари мусалмонон (дар зиндагӣ), таъмини майишат ва рифои моддӣ аст (чунонки ҳамаи мо ин воқеъиятро кам ё беш мушоҳида мекунем), дар ҳоле ки авлавияти фардӣ ва иҷтимоӣ дар Ислом (он тавр ки дар Қуръон ва суннат омада), таъмини охират ва ормонҳои Исломӣ (монанди ҳусули ризои Аллоҳ ва таҳаққуқи камоли ахлоқӣ ва иқомаи адолат дар дунё) аст ки албатта ҳар гоҳ таъмин шавад, маъишат ва рифои моддӣ низ ба наҳви муносиб ва одилона (на ба наҳви исрофгарона ва истикборӣ), таъмин хоҳад шуд (вале мутаъассифона мушоҳида мекунем ки бештари мусалмонон, монанди мункирони вуҷуди охират, дунёро авлавияти худ қарор додаанд ва ин бо таваҷҷуҳ ба асароте ки бар рӯӣ шинохти онҳо аз ҳақ дорад, табъан вайронгариро ба ҳамроҳ доштааст. Устозунал Мансур дар табйини).

[Табаъоти дунёгароӣ]

(ба нуктаи бисёр муҳимме ишора мекунад ва мефармояд:) Ин як воқеъияти муҳим аст ки бар хилофи зеҳнияти ройиҷ (мардум ки мепиндоранд ҳар чи бештар дар пайи дунё бидаванд, бештар ба он даст хоҳанд ёфт), паёмади дунёгароӣ, беҳбуди вазъияти дунё нест (яъне дунёгароии бештар, дунёи беҳтарро барои мо эҷод намекунад); Чароки дунёгароӣ, пушт кардан ба охират аст (бо таваҷҷуҳ ба инки ба маънои авламият додан ба дунёст ва ин ҷуз бо пушт кардан ба охират мумкин нест) ва пушт кардан ба охират, пушт кардан ба адолат ва арзишҳои ахлоқӣ аст (чун адолат ва арзишҳои ахлоқӣ аз лавозими охиратгароӣ аст ва бидуни имон ба зиндагии баъд аз марг, маъно надорад. Албатта бархӣ мулҳидон кӯшиш кардаанд ки як ахлоқи ғайри Илоҳиро таъриф кунанд ва илтизом ба усули ахлоқиро бениёз аз имон ба охират ҷилва диҳанд, вале воқеъият он аст ки чунин ахлоқ ва илтизоме ҳатто агар мумкин бошад, аҳмақона аст; Чароки аз як сӯ замонате барои иҷро надорад ва аз сӯӣ дигар тувҷиҳпазир нест; Бо таваҷҷуҳ ба инки шумо наметавонед фарзанди худ ё ҷомеъаи худро қонеъ кунед ки рост бигӯяд ҳатто агар ба зиёнаш бошад, дар ҳоле ки ба ӯ гуфтаед зиндагии ӯ маҳдуд ба ҳамин дунёст ва подоше барои хубӣ ва кайфаре барои бадӣ вуҷуд надорад. Ин тавсияи шумо аз назари як мункари Худо ва зиндагии баъд аз марг, масхара аст ва танҳо ҳамоқати шуморо нишон медиҳад; Чароки ростгӯӣ дар бисёри аз мавоқеъ бар хилофи манофеъи дунёст ва бо ин васф, ҳеҷ гуна тувҷиҳе дар назари ӯ надорад. Лизо шумо мебинед ки дар фарҳанги дунёгароён, ростгӯӣ нишонаи ҳамоқат ва дурӯғгӯӣ нишонаи зиракӣ аст ва ин натиҷаи табиъии дунёгароӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, устозунал Мансур мефармояд ки дунёгароӣ, пушт кардан ба охират аст ва пушт кардан ба охират, пушт кардан ба адолат ва арзишҳои ахлоқӣ аст) ва ин натанҳо (дар дарозмуддат ва дар як бароянди куллӣ) ба беҳбуди вазъияти дунё намеанҷомад ки дар муъодилаи маъкус (монанди ду кафи тарозу), ба афзоиши шикофи табақотӣ (миёни табақоти ҷомеъа ва ҷаҳон) ва дар натиҷа ҷанг (миёни ин табақот) мунҷар мешавад (бубинед нигариши ин олими бузург ба ин қазия чи андоза амиқ аст! Инсофан ин бузургвор ҳангоме ки дар бораи ақойиди Исломӣ сухан мегӯяд мепиндорӣ ки як мутакаллим аст ва ҳангоме ки дар бораи аҳкоми Исломӣ сухан мегӯяд мепиндорӣ ки як фақиҳ аст ва ҳангоме ки дар бораи маъонӣ ва далолати Қуръон сухан мегӯяд мепиндорӣ ки як муфассир аст ва ҳангоме ки дар бораи чанд ва чуни ривоёт сухан мегӯяд мепиндорӣ ки як муҳаддис аст ва ҳангоме ки дар бораи осебҳои иҷтимоъӣ сухан мегӯяд мепиндорӣ ки як ҷомеъашинос аст ва ҳангоме ки дар бораи амрози руҳӣ ва равонии мардум сухан мегӯяд мепиндорӣ ки як равоншинос аст ва ҳангоме ки дар бораи торихи Ислом ва ҳаводиси адвори гузашта сухан мегӯяд мепиндорӣ ки як муваррих аст ва ҳангоме ки дар бораи авзоъи ҷории ҷаҳони Ислом ва маъодилоти пинҳон ва ошкори душманони Ислом сухан мегӯяд мепиндорӣ ки як сиёсатмадор аст ва ҳангоме ки дар бораи адёни дигар ва инҳирофоти яҳудиён ва масеиён сухан мегӯяд мепиндори ки як адёншинос аст ва хулоса шахсиятӣ ҷомеъул атроф аст ки ҳамаи улум ва маъорифи лозим барои ҳидоятро ба фазли Худованд гирд оварда ва ин китоб, маҳсули ин ҷомъияти илмӣ ва маърифатӣ беназир аст. Ба ҳар ҳол, эшон дунёгароиро муҷиби афзоиши шикофи табақотӣ дар ҷаҳон ва хатари вуқуъи ҷанг медонад ва мефармояд:); Дар ҳоле ки ҷанг, ба танҳоӣ қодир аст ҳамаи дастовардҳои дунёиро (ки дар тӯли муддатҳо дунёгароӣ ба даст омадааст) ба нобудӣ бикашонад (чунонки намунаи онро имрӯз дар Сурия ва Ироқ ва Афғонистон ва ҳар ҷои дигаре ки ҷанг аст мебинем ки читавр зерсохтҳо нобуд мешаванд ва имконот аз байн мераванд ва шаҳрҳои обод ба махруба табдил мешаванд). Аз ин рӯ, машҳуд аст ки дунёгароии ҷадид (бо инки зоҳири дунёро бештар аз ҳар давраи дигаре дар торихи башар ороиш карда), натавонистааст мушкилоти дунёиро бартараф кунад; Чароки ҳар чанд зиндагӣ дунёро (дар чаҳорчӯби низоми сармоядорӣ) барои ақаллияте аз мардум (ки сармоядорон ҳастанд), осон сохта, барои аксарияти онон (ки неруӣ кор ва дар хидмати сармоядорон ҳастанд), ба мусибатӣ ғайри қобили таҳаммул табдил намудааст (мефармояд «Ғайри қобили таҳаммул» бо таваҷҷуҳ ба инки онҳоро ба иртикоби ҷароъими мухталиф водор карда ва иртикоби ҷароъими мухталиф нишонаи адами таҳаммули ин мусибат аст); Ҳамчунонки бино бар оморҳои расмӣ (яъне мӯътабар ва мавриди таъйиди аҳли фан), нимӣ аз сарвати ҷаҳон, дар ихтиёри як садуми сокинони он қарор гирифта (ки табъизӣ фоҳиш ва бераҳмона) аст ва дар ҳар дақиқа (ба таври мутавассит) даҳ кӯдак дар ҷаҳон, аз гуруснагӣ (яъне адами дастрасӣ ба ғазоӣ кофӣ ё солим) мемиранд (дар ҳоле ки шикамҳои мустакбирин ҳар рӯз бузургтар ва гарданҳошон ҳар рӯз фарбеҳтар мешавад! Инно Лиллоҳа ва инно Илайҳи роҷиъун! Шоиста аст ки мусалмон аз ғуссаи ин фоҷиъаҳ диқ кунад ва бимирад!) ва ин хабари Худованд аст ки фармудааст: ﴿وَمَنْ أَعْرَضَ عَنْ ذِكْرِي فَإِنَّ لَهُ مَعِيشَةً ضَنْكًا;[8] «Ва ҳар кас аз ёди Ман рӯй бигирад, барои ӯ маъишати танге хоҳад буд»! (Бинобарин, Худованд пушт кардан ба ёди Худро сабаби тангии маъишат дар дунё медонад ва ин акси таваҳҳуми дунёгароён аст.)

(Бо таваҷҷуҳ ба ин тавзиҳот) Шакке нест ки дунёгароӣ, паёмадҳои мусибатборе (монанди заволи маънавият ва ахлоқ ва ба табъи он ихтилол дар маъишат ва зиндагии дунё) дорад, вале ба таври ҳатм, муҳимтарин паёмади он (бо таваҷҷуҳ ба мабноӣ будани ин паёмад), коҳиши тавони дунёгароён барои шинохти ҳақ аст; Чароки аз як сӯ, мояи иштиғоли онон ба корҳои дунявӣ (барои таҳсили дунёи бештар) ва табъан боз мондан аз таҳсили илм мешавад (ва ин ҳамон балоӣ омме аст ки аксарияти мутлақи мусалмононро дар ҷаҳл ба динашон фурӯ бурда ва узри бадтар аз гуноҳи онон барои тақлид шудааст; Зеро онҳо бо ин узр ба таҳсили илм намепардозанд ки аз таҳсили дунё боз мемонанд ва манзурашон аз таҳсили дунё, ирзоъи ҳирс ва тамаъашон аст; Вагарна Худованд мутакаффили рӯзии онҳо шудааст ва таҳсили илм, онҳоро аз рӯзияшон маҳрум намекунад, вале инҳо мехоҳанд ҳар чи бештар бихуранд ва гумон мекунанд ки ин барои онҳо узр маҳсуб мешавад! Лизо вақте мегуӣ ки иҷтиҳод дар дин ба маънои таҳқиқ дар бораи ақойид ва аҳкоми он бар ҳамаи мардум воҷиб аст, иддаӣ ҷоҳил ба фарёд меоянд ки магар ҳамаи мардум бекоранд ки ин корро анҷом диҳанд?! Гӯё касоне ки ба таҳсили илм мепардозанд бекоранд ва аз рӯӣ бекорӣ ин корро анҷом медиҳанд! Ин идда бо қиёфаҳоӣ ваҳшатзада чунонки гӯӣ ба сӯӣ марг даъват шудаанд, фарёд мекашанд ки магар ҳамаи мардум метавонанд дини худро бишиносанд?! Хуб маълум аст ки наметавонанд, магар инки миқдоре аз ҳирс ва тамаъи худ барои дунё кам кунанд ва миқдоре барои шинохти динашон ҳам вақт бигзоранд ва ин корро ҳам мисли бисёрӣ аз корҳои дигар зарурӣ бидонанд! Ҳар як аз онҳоро мебинӣ ки соъатҳо вақти худро сарфи бозӣ ва вахтгузарони мекунад, вале ба ӯ бигӯӣ ки соъатеро ҳам сарфи шинохти дин кун, мегӯяд магар ман бекорам?! Дар ҳоле ки илм ба дин шарифтарин улум аст ва аз ҳар илми дигаре муҳимтар ва заруритар аст ва касе ки онро таҳсил накардааст ҳақ надорад ба таҳсили улуми дигар бипардозад; Чароки таҳсили он бар таҳсили улуми дигар муқаддам аст. Бо таваҷҷуҳ ба инки яке аз авомили нокоромадӣ улуми дигар ва иштибоҳот ва ишколоти онҳо, таҳсили онҳо тавассути касоне аст ки илми динро фаро нагирифтаанд ва аз ин рӯ, бар хилофи омӯзаҳои он ҳаракат мекунанд. Ба унвони мисол, илми иқтисод вақте бидуни ошноӣ бо омӯзаҳои иқтисодии Ислом таҳсил мешавад, ба натоиҷи ғалате меанҷомад ва мафосидеро барои ҷомеъа ба дунбол меоварад; Ё илми тиб ё равоншиносӣ вақте бидуни ошноӣ бо омӯзаҳои Исломи дар бораи ҷисм ва руҳи инсон таҳсил мешавад ноқис аст ва мумкин аст иштибоҳот ва камбудиҳои фаровоне дошта бошад. Лизо барои як мусалмон, илми ба дин бар сойири улум муқаддам аст ва мабнои сойири улум маҳсуб мешавад, вале ҳар чи устозунал Мансур ин воқеъиятро барои ин мусалмонҳои каҷфаҳм тувзиҳ медиҳад дар сарашон намеравад! Аз баски ба танбалӣ одат кардаанд ва аз илм гурезон ҳастанд ва шайтони инсӣ дар тӯли чанд қарни гузашта дар гӯшашон хондаанд ва дар чашмашон зиннат додаанд ки тақлид барои шумо кофӣ аст ва ниёзе ба заҳмат нест! Илми ба дин барои мулло аст! Шуморо чи ба илми дин?! Шумо биравед дунболи пул ва дунболи зан ва дунболи зиндагии дунё ва илми ба динро барои мулло бигзоред ва дар иваз, бахше аз даромади худро ба ӯ бидиҳед! Ҳоло касе нест ки ба ин ҷоҳилҳо бигӯяд: Оё ин мулло дар қабр ба ҳамрои шумо мемонад то ҷавоби Накир ва Мункарро бидиҳад?! Агар масалан фатвое ки дода аст нодуруст баромад ва онҷо геребони шуморо гирифтанд, оё ӯ меояд ки геребони шуморо аз дасти онҳо озод кунад ва бигӯяд манро бигиред; Чароки инҳо ба фатвои ман никоҳи нодуруст ва қатли нодуруст карданд ва забҳи нодуруст карданд?! На ба Худо қасам, балки агар онҷо ҳам бошад мегурезад ва мегӯянд ба ман чи рабте дорад?! Худашон оқил ва болиғ буданд ва метавонистанд таҳқиқ кунанд! Магар ман маҷбурашон кардам ки аз ман тақлид кунанд?! Ин тавр оқибати муқаллидҳо хусрон мешавад! Лизо устозунал Мансур яке аз муҳимтарин аҳдофи худро мубориза бо тақлид ва даъват ба таҳқиқ қарор додааст ва ба хотири ҳақоратҳое ҳам ки аз ин ҷамоъати «کالأنعام بل هم أضلّ» мешунавад ва маломатҳое ҳам ки мешавад, даст аз ин ҳадафи муқаддаси худ бар намедорад. Дар инҷо ҳам мефармояд муҳимтарин паёомади дунёгароӣ, машғул кардани дунёгароён ба зиндагии дунё ва боз доштани онҳо аз таҳсили илм аст) ва аз сӯӣ дигар, боъиси нигаронӣ бобати заволи доштаҳои дунявӣ дар сурати шинохти ҳақ ва пайравӣ аз он мешавад ки табъан аз шинохти ҳақ ва пайравӣ аз он, боз медорад (ва ин дуввумин паёмади бисёр муҳимми дунёгароӣ аст); Зеро дунёгароён, ҳангоме ки чизӣ лозим барои зиндагии дунё (монанди ҳифзи сарват ва қудрат ва эътибор), ба иқтизои таъорузи дунё ва охират (ки аз тазодди фонӣ ва боқӣ ё бадал ва асл нашъат мегирад), бо чизӣ лозим барои зиндагии охират (монанди таҳқиқ ва ҳиҷрат ва ҷиҳод), таъоруз меёбад, таҳсили он (чизи дунявӣ) ро бар таҳсили дигарӣ (ки охират аст) тарҷеҳ медиҳанд ва ин бар шинохти онҳо аз ҳақ, таъсир мегузорад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿ذَلِكَ بِأَنَّهُمُ اسْتَحَبُّوا الْحَيَاةَ الدُّنْيَا عَلَى الْآخِرَةِ وَأَنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْكَافِرِينَ;[9] «Он ба ин сабаб буд ки онон зиндагии дунёро аз охират дӯсттар доштанд ва Худованд гурӯҳи кофиронро ҳидоят намекунад»! (Инки Худованд баъд аз зикри дунёгароии онҳо фармудааст: «Худованд гурӯҳи кофиронро ҳидоят намекунад», ишорае ба монеъ будани дунёгароӣ барои шинохти ҳақ аст; Ба ин маъно ки онон дунёро бар охират тарҷеҳ медиҳанд ва ҳамин сабаби адами ҳидояти онон ба ҳақ мешавад.) Ба баёни дигар, авлавият додан ба зиндагии дунё, ҳангоме ки шинохти ҳақ, мусталзими аз даст додани чизе дар зиндагии дунёст (ба ин тартиб ки агар одаме ҳаққро бишиносад ва бипазирад, сарват ё қудрат ё эҳтироми худро назди мардум аз даст медиҳад), одамеро аз шинохти ҳақ боз медорад ва ба инкори он вомедорад (ва ин чизи бисёр шойеъӣ аст; Чунонки намунаи онро дар робита бо даъвати устозунал Мансур мебинем ки иддае аз қудратмандон ва сарватмандон ва олимони мусалмон, сирфан бо ангезаи ҳифзи қудрат ва сарват ва эҳтироми худ дар миёни мардум, ба он бе эътиноӣ мекунанд ва аз он рӯй мегиранд; Чунонки бародаре барои ман нақл кард ки яке аз ин шахсиятҳои аҳли илм аз тариқи касе барои ман пайғом фиристод ки ман шуморо бубинам! Ман ҳам фардоӣ он рӯз рафтам ба маҷлиси дарси ӯ ва дидам ки атрофаш мардуми зиёд аст ва ҳар касе аз як тараф суъоле мепурсад ва ӯ дуруст ва ғалат ҷавоб медиҳад ва мардум ҳам хеле ба ӯ эҳтиром мекунанд ва баъзан дасти ӯро мебӯсанд! Ин ҳолатро ки дидам бо худам гуфтам бисёр сахт аст барои чунин касе ки сарашро дар баробари ҳақ фуруд оварад! Дар ин ҳангом ӯ ба ман гуфт ки ҳоло муносиби сӯҳбат нест ва шумо фалон вақт биёйед! Ман ҳам рафтам ва ҳамон вақте ки гуфта буд баргаштам, вале боз ҳам касоне назди ӯ буданд ки монеъ мешуданд ӯ ҳарфашро ба ман бигӯяд! Лизо бори дигар аз ман хост ки биравам ва вақти дигаре биёям! Ман ҳам мухолифате накардам ва вақти дигаре омадам, вале боз ҳам касе назди ӯ ҳозир буд! Бо ин ҳол, вақте манро дид гӯё шарманда шуд ва ба он кас гуфт ки ман бо ин шахс кор дорам ва шумо биравед! Ӯ ҳам рафт ва маҷлис хилват шуд. Дар ин вақт ӯ ба ман гуфт: Ман китоби ин бузургворро дидаам ва китоби хубе аст! Гуфтам: Китоби хубе аст чи маъно дорад?! Гуфт: Тамоман ҳаққро гуфтааст! Гуфтам: Агар ин тавр аст эълом кунед то касоне ки пайрави шумо ҳастанд ба он рӯй оваранд ва ҳаққро бишиносанд! Гуфт: Ин таваққуъро аз ман надошта бошаед! Ҳамин андоза ки китобро хондам ва ба шумо гуфтам ки китоби хубе аст кофӣ аст! Гуфтам: Эй бандаи Худо! Ин чи фармоише аст ки мефармойед?! Магар мо мондаи назари шумо будем ки бифармойед китоби хубе аст ё китоби баде аст?! Барои мо маълум аст ки ин китоби хубе аст ва ниёзе ба назари шумо надорем! Шумо бояд мардумро аз ин китоб огоҳ кунед то ҳақиқати динашонро биёмӯзанд! Гуфт: Ман агар имрӯз ин ҳарфро бизанам, шумо фардо манро инҷо намебинед! Ин ҳукумати ҷаббор як василаи бузург ба ман мечаспонад ва мегӯяд дирӯз ӯро бо чанд кило тарёк ё бо чанд то зан дар фалон ҷо гирифтем ва дастгир кардем! Инҳо било фосила обурӯи манро мебаранд ва ин дарс ва минбарро ҳам аз ман мегиранд! Гуфтам: Шояд ин тавр бошад, вале ҷавоби Худо ва Расулро дар рӯзи қиёмат чи медиҳед?! Гуфт: Худо ва Расул ҳам ин шоъ Аллоҳ узрамро мепазиранд; Чун аз мо синне гузаштааст ва тоқати зиндон ва беобурӯъиро надорем! Шумо ки ҷавон ҳастед ин шахсро ёрӣ кунед ва нагзоред ки даъваташ зойеъ шавад! Ин ҳолат дар бисёрӣ аз олимони мусалмон вуҷуд дорад ва иллати сукути онҳо дар баробари ин даъвати Исломӣ шумурда мешавад. Бархӣ сарватмандон ки касб ва корашон таътил шуда ва бархӣ қудратмандон ҳам метарсанд ки мақом ва мавқеъияти худро аз даст бидиҳанд, дар ҳоле ки аз даст додани биҳишт ва гирифтор шудан ба оташи дӯзах бисёр муҳимтар аст! Ба ҳамин далил аст ки устозунал Мансур мефармояд: Авлавият додан ба зиндагии дунё, ҳангоме ки шинохти ҳақ, мусталзими аз даст додани чизе дар зиндагии дунёст, одамеро аз шинохти ҳақ боз медорад ва ба инкори он вомедорад); Чароки ҳақ, ба муқтазои камоли худ (дар зоташ) ва нуқсони одамӣ (дар илм ва амалаш), ғолибан бар хилофи амёли одамӣ зуҳур мекунад, ба наҳве ки қабули он, доштаҳои дунявии ӯро (монанди сарват ва қудрат ва эътиборашро) ба хатар меандозад ва ин омили боздоранда барои қабули он аст (яъне гоҳ монеъи шинохти ҳақ аз ҳайси назарӣ ва гоҳ монеъи илтизом ба он аз ҳайси амалӣ мешавад); Чунонки Худованд фармудааст: ﴿قُلْ إِنْ كَانَ آبَاؤُكُمْ وَأَبْنَاؤُكُمْ وَإِخْوَانُكُمْ وَأَزْوَاجُكُمْ وَعَشِيرَتُكُمْ وَأَمْوَالٌ اقْتَرَفْتُمُوهَا وَتِجَارَةٌ تَخْشَوْنَ كَسَادَهَا وَمَسَاكِنُ تَرْضَوْنَهَا أَحَبَّ إِلَيْكُمْ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ وَجِهَادٍ فِي سَبِيلِهِ فَتَرَبَّصُوا حَتَّى يَأْتِيَ اللَّهُ بِأَمْرِهِ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْفَاسِقِينَ;[10] «Бигӯ агар падаронатон ва писаронатон ва бародаронатон ва ҳамсаронатон ва хешовандонатон ва амволе ки гирд овардаед ва тиҷорате ки аз касодаш метарсед ва хонаҳое ки хуш медоредашон, назди шумо аз Худо ва Паёмбарш ва ҷиҳоди дар роҳаш хушояндтаранд, пас мутаваққеъ бошед ки Худованд кори худро биёварад; Чароки Худованд чунин гурӯҳи фосиқеро ҳидоят намекунад»! (Инки баъд аз зикри дунёгароии онон фармудааст: «Худованд чунин гурӯҳи фосиқеро ҳидоят намекунад», ишора ба монеъ будани дунёгароӣ барои шинохт ҳақ аст; Ба ин маъно ки онон доштаҳои дунявиро бар охират тарҷеҳ медиҳанд ва ҳамин сабаби адами ҳидояти онон ба ҳақ мешавад.) Ҳамчунон ба унвони намуна, аз бархӣ мункарони Паёмбараш хабар дода ва фармудааст: ﴿وَقَالُوا إِنْ نَتَّبِعِ الْهُدَى مَعَكَ نُتَخَطَّفْ مِنْ أَرْضِنَا;[11] «Ва гуфтанд: Агар бо ту аз ҳидоят табаъият кунем, аз сарзамини худ берун мешавем»! (Монанди ҳамон марди олим ки ба бародарамон гуфт агар ҳаққонияти ин китобро ошкор кунам, минбарамро аз ман мегиранд ва обурӯямро мебаранд!) Аз инҷо дониста мешавад ки таъаллуқҳои ба дунё (яъне дилбастагиҳо ва вобастагиҳои ба қудрат ва сарват ва эътибор ва хонавода ва монанди он), ҳар чи бештар бошанд, шинохти ҳаққро душвортар ва ҳар чи камтар бошанд, шинохти онро осонтар мекунанд ва ин воқеъиятӣ маҳсус ва муҷарраб аст (яъне борҳо дида ва шунида шуда ва ба таҷриба собит аст); Зеро ҳангоме ки ҳақ (барои як фард ё як ҷомеъа) зуҳур мекунад (бо таваҷҷуҳ ба инки гоҳе бар як фард ё як ҷомеъа пинҳон мешавад ва сипас дар замонӣ дигар зуҳур мекунад ва ба истилоҳ, қабз ва баст дорад. Ҳол ҳангоме ки зуҳур мекунад), одатан сарватмандон барои сарвати худ ва қудратмандон барои қудрати худ ва қавммандон (яъне мутаъаллиқони ба ақвом) барои қавми худ ва шаҳирон барои шӯҳрати худ ва вобастагони (фикрӣ ва сиёсӣ) барои арбоби худ нигарон мешаванд (ки мабодо ба он зиёне бирасонад) ва бадин сон, ҳар як бо таъаллуқе (ба як чиз), аз шинохти ҳақ, боз мемонанд; Чунонки Худованд (аз ин одати шум хабар дода ва) фармудааст: ﴿وَمَا أَرْسَلْنَا فِي قَرْيَةٍ مِنْ نَذِيرٍ إِلَّا قَالَ مُتْرَفُوهَا إِنَّا بِمَا أُرْسِلْتُمْ بِهِ كَافِرُونَ;[12] «Ва дар ҳеҷ сарзамине, бимдиҳандае нафиристодем магар онки бархудоронашон гуфтанд: Мо ба ончи барояш фиристода шудаед, кофирем»! (Ин оя нишон медиҳад ки ҳамеша бархурдорони дунё ки ба он вобастагӣ доштаанд, дар баробари ҳақ истодаанд.) Аз ин рӯ, ғолибан фақирон (на сарватмандон), заъифон (на қудратмандон), бекасон (на қавдорон), гумномон (на машҳурон) ва озодагон (на вобастагон) ҳастанд ки ҳаққро мешиносанд ва аз он пайравӣ мекунанд; Зеро ононро сарват ё қудрат ё қавм ё шӯҳрат ё арбобе нест ки нигаронашон кунад ва аз ин ҷиҳот (яъне аз ҷиҳоти молӣ ва сиёсӣ ва қавмӣ ва монанди он), табақоти поёни ҷомеъа шумурда мешаванд (дар ҳоле ки ҷоҳилон адами ҳамроҳӣ қудратмандон ва сарватмандон ва машҳурон бо ононро далили инҳирофи онон мепиндоранд! Лизо гоҳе аз мо мепурсанд ки кадом як аз бузургон даъвати устозунал Мансурро пазируфтааст?! Чун фикр мекунанд ки ин муҳим аст ва нишонаи ҳаққонияти эшон маҳсуб мешавад); Чунонки Худованд фармудааст: ﴿فَقَالَ الْمَلَأُ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ قَوْمِهِ مَا نَرَاكَ إِلَّا بَشَرًا مِثْلَنَا وَمَا نَرَاكَ اتَّبَعَكَ إِلَّا الَّذِينَ هُمْ أَرَاذِلُنَا بَادِيَ الرَّأْيِ وَمَا نَرَى لَكُمْ عَلَيْنَا مِنْ فَضْلٍ بَلْ نَظُنُّكُمْ كَاذِبِينَ;[13] «Бархурдороне аз қавми ӯ ки кофир шуданд гуфтанд: Мо туро ҷуз инсонӣ монанди худ намебинем ва пайравони туро ҷуз касоне ки фурумоягони содалавҳомон ҳастанд намебинем ва барои шумо фазилате бар худ намебинем, балки шуморо дурӯғгӯён мепиндорем» Ва фармудааст: ﴿قَالُوا أَنُؤْمِنُ لَكَ وَاتَّبَعَكَ الْأَرْذَلُونَ;[14] «Гуфтанд: Оё ба ту имон оварем, дар ҳоле ки фурумоягон аз ту пайравӣ кардаанд?!» Ва фармудааст: ﴿فَمَا آمَنَ لِمُوسَى إِلَّا ذُرِّيَّةٌ مِنْ قَوْمِهِ عَلَى خَوْفٍ مِنْ فِرْعَوْنَ وَمَلَئِهِمْ أَنْ يَفْتِنَهُمْ;[15] «Пас ба Мӯсо имон наёварданд магар ҷавононе аз қавмаш бо тарсе аз фиръавн ва бархурдоронашон ки ононро шиканҷа кунанд» Ва фармудааст: ﴿وَكَذَلِكَ فَتَنَّا بَعْضَهُمْ بِبَعْضٍ لِيَقُولُوا أَهَؤُلَاءِ مَنَّ اللَّهُ عَلَيْهِمْ مِنْ بَيْنِنَا ۗ أَلَيْسَ اللَّهُ بِأَعْلَمَ بِالشَّاكِرِينَ;[16] «Ин гуна бархӣ аз ононро бо бархӣ дигар озмудаем то бигӯянд: Оё инҳо ҳастанд ки Худованд аз миёни мо бар онон миннат ниҳодааст?! Оё Худованд ба шокирон донотар нест?!». Бо ин васф, аҷиб нест (чун мутобиқ бо одат аст) ки вақте Ислом зуҳур кард, фақирони Макка онро пазируфтанд ва сарватмандони Макка онро инкор намуданд, заъифони Макка онро ёрӣ карданд ва қудратмандони Макка бо он душманӣ варзиданд, ғарибони Макка ба он пайвастанд ва қабиладорони Макка дар баробараш истоданд, гумномони Макка ба он рӯй оварданд ва машоҳири Макка аз он рӯй гирифтанд, озодагони Макка аз он пайравӣ карданд ва вобастагони Макка аз бузургонашон пайравӣ намуданд (ба унвони намуна, касоне монанди Абузар ва Билол ва Аъммор ва падару модари мустазъафаш Ёсир ва Сумаяҳ ва сойири саҳобаи фақир ва ғариб ва озодаи Макка Ислом оварданд ва касоне монанди Абу Сӯфиён ва Абу Ҷаҳл ва Абу Лаҳаб ва сойири гарданкашони Қурайш дар баробари он истоданд); Ҳамчунонки (ин равия ихтисосе ба садри Ислом ва рӯёрӯӣ имон ва ширк надошт, балки) ба зудӣ ин равия, ба мусалмонон низ мунтақил шуд ва бар шинохти онон аз Ислом таъсир гузошт; Зеро онон ба дунболи султа ёфтани Умавиён (ки ба тафсил дар бораи табаъоти ҳукумати онон сухан хоҳад фармуд), қироъате аз Исломро ба расмият шинохтанд ки (хоста ё нохоста) таъмин кунандаи манофеъи қудратмандон буд ва қироъатӣ дигар аз он ки таъмин кунандаи манофеъи мустазъафон бударо бидъат шумурданд. Қироъати онон аз Ислом ки ба зудӣ (дар тӯли чанд даҳа) ақидаи аҳли суннат ва ҷамоъат эълом шуд, беш аз ҳар чиз мубтанӣ бар ақлгурезӣ (яъне эътиқод ба адами ҳуҷҷияти ақл), хабармеҳварӣ (яъне эътиқод ба ҳуҷҷияти хабари воҳид ҳатто дар ақойид), ҷабргароӣ (яъне эътиқод ба маҷбур будани инсон дар баробари сарнавишт), аҳли байтситезӣ (яъне зиддият бо аҳли байти Паёмбар) ва зулмпазирӣ (яъне эътиқод ба вуҷуби таҳаммули зулми ҳокимони золим ва ҳурмати тағйири онҳо) буд ки аз ҳар лиҳоз, мавриди ҳимояти табақи ҳоким қарор дошт (чун ба нафъи онҳо тамом мешуд) ва ҳуқуқи табақоти маҳрумро ба хатар меандохт. (Бнобарин, Исломи мустазъафин, ба Исломи мустакбирин табдил шуд ва ба ҷои онки омили таҳаққуқи адолат дар ҷомеъа бошад, омили бақо ва густариши зулм шуд!) Паёмади ин рӯйкард дар қарнҳои нахустини Исломӣ, инҳирофӣ бузург дар масири ҳаракати мусалмонон буд ки то ба имрӯз идома ёфта ва ононро аз Исломӣ (нахустин) дур сохтааст; То ҷойе ки имрӯз бештари онон, хусусан дар кишварҳои Арабӣ (ки иқтисодӣ комилан вобаста ба ғарб доранд), ба масраф кунандагони бузурге табдил шудаанд ки тавлид кунандагони кофирро ба сарватҳои азим расондаанд; Сарватҳои азиме ки мустақим (аз тариқи муъомила бо давлатҳои кофир) ё аз тариқи молиёт (дар мавориди муъомила бо бахши хусусӣ), дар хидмати қудратмандони (яъне ҳокимони) кофир қарор мегирад, то ба пуштибонаи он, бо Ислом биҷанганд ва куфро бар ҷаҳон муставлӣ созанд. (Бубинед ки нигариши устозунал Мансур чи андоза амиқ ва воқеъбинона аст ва мавозеъи зидди истикборӣ ва зидди истеъморияшон чи андоза қавӣ аст!)

Ҳеҷ шакке нест ки имрӯз, муҳимтарин манобеъи даромади кофирон барои ҷанг бо мусалмонон, худи мусалмононанд (яъне мусалмонон, худашон ҳазинаҳои сангини ҷанг бо худашонро таъмин мекунанд ва ин бисёр шармовар ва таъссуфбарангез аст); Чароки муҳимтарин бозори фурӯши тавлидоти кофирон, кишварҳои Исломӣ аст ва агар мусалмонон, аз хариди тавлидоти кофирон, худдорӣ кунанд (ва ба хариди тавлидоти худашон иктифо кунанд), чархи иқтисоди онон (яъне кофирон) ба суръат аз ҳаракат боз меистад (ва дучори рукуд ва хасоротҳои сангин ва мутаъаддид мешавад. Ин роҳкори ҳакимона ва дилсӯзонаи ин раҳбари Илоҳӣ барои рӯёрӯӣ бо ҷаҳони куфр аст). Вале (чи касе ба ин роҳкори ҳакимона ва дилсӯзона эътино мекунад?!) воқеъият он аст ки (дар шароити кунунӣ) мусалмонон, аз хариди тавлидоти кофирон худдорӣ нахоҳанд кард; Чароки (вобастагӣ ба кофирон дар умқи фарҳанг, сиёсат ва иқтисоди онон нуфуз карда; Бо таваҷҷуҳ ба инки) қуввати таблиғоти кофирон барои фурӯши тавлидоташон (ки гоҳе ба сеҳр шабоҳат пайдо мекунад) аз як сӯ ва аз заъфи таблиғоти мусалмонон барои таъаллуқи ба охират (ва дурӣ аз дунёгароӣ) аз сӯӣ дигар (ба масобеҳи ду омили бисёр муҳим ва муъассир), илова бар фиқдони истиқлоли иқтисодӣ дар кишварҳои Исломӣ (бо таваҷҷуҳ ба инки тавлидоти бархишон дар ҳадди офтоба аст ва тақрибан ҳамаи чизро аз кишварҳои ғайри мусалмон ворид мекунанд), заминае барои ин кор, боқӣ нагузоштааст (на инки муҳол бошад, вале дар шароити кунунӣ бениҳоят душвор аст). Дар натиҷа, дунёгароӣ монанди саммӣ муҳлик, дар гӯшт ва устхони мусалмонон нуфуз карда (киноя аз шиддати истелоъи он бар зеҳн ва руҳи онон) ва ақли ононро ба сӯӣ марг кашондааст (ақл ҳам ки бимирад ҳамаи инсоният бо он мемирад). Дар ин миён, аз касоне (яъне олимон муслеҳӣ) монанди ман ки (дилсӯзона) савдои бозгашти ба Исломро доранд низ коре сохта нест (ин нишон медиҳад ки устозунал Мансур ба рафъи дунёгароӣ аз миёни мусалмонон хушбин нест ва бо илми ба эҳтимол пойини муваффақият ва танҳо аз сари вазифа ба даъвати онон иқдом мекунад); Чароки бештари мусалмонон, дар буҳбуҳаи дунёгароиҳои худ, ба касоне монанди ман эътино намекунанд (чунонки мо имрӯз ин пешбинии эшонро ба рӯшанӣ мушоҳида мекунем ва бе эътиноии мардум ба ин олими муслеҳ ва хайрхоҳ дар асри дунёгароиро мебинем) ва ин дар ҳоле аст ки ба таври табиъӣ, бозгашт ба Ислом, бидуни ҳамроҳӣ бештари мусалмонон, имкон надорад (магар онки ба таври ғайри табиъӣ ва бо имдодҳои ғайбии Худованд чунин иттифоқе бияфтад ва бозгашт ба Ислом бо ҳамроҳии ақаллияте аз мусалмонон имкон ёбад).

Ҳосил онки танҳо касоне мувафақ ба шинохти ҳақ ва пайравӣ аз он хоҳанд шуд ки бар хилофи ҷараёни ҷомеъа (ки ба сӯӣ дунё сарозер аст), вобастагиҳои худ ба дунёро тазъиф ва вобастагиҳои худ ба охиратро тақвият карда бошанд.

(و السلام علیکم و رحمت الله)

↑[1] . Оли Имрон/14.
↑[2] . Анкабут/64.
↑[3] . Ғофир/39.
↑[4] . Аъло/16 ва 17.
↑[5] . Қиёмат/20 ва 21.
↑[6] . Инсон/27.
↑[7] . Тавба/38.
↑[8] . Тоҳо/124.
↑[9] . Наҳл/107.
↑[10] . Тавба/24.
↑[11] . Қасос/57.
↑[12] . Сабаъ/34.
↑[13] . Ҳуд/27.
↑[14] . Шуароъ/111.
↑[15] . Юнус/83.
↑[16] . Анъом/53.
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Барои шунидани савти дарси бисту ҳафтум инҷоро клик кунед.