Ҷумъа 29 Март 2024 мелодӣ / 18 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Матни дарс
 
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси сиву ҳаштум
Мавзӯъ:

Муқаддама

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Пас аз ошноӣ бо «Зарурат ва имкони бозгашт ба Ислом» ба маънои зарурат ва имкони иқомаи айн ва кулли он дар бахши дуввуми китоби шариф, ба бахши севвум мерасем то ба тавфиқи Худованди меҳрубон ва таълими бандаи солеҳаш ҳазрати аълома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, бо «Мавонеъи бозгашт ба Ислом» ошно шавем; Бо таваҷҷуҳ ба инки донистем муқтазии лозим барои иқомаи айн ва кулли Ислом ҳамвора дар миёни Мусалмонон вуҷуд дошта ва бо ин васф, адами иқомаи айн ва кулли Ислом дар миёни онон, танҳо ношӣ аз вуҷуди бархӣ мавонеъ бар сари роҳи он буда ва табиъӣ аст ки бидуни мубориза бо ин мавонеъ ва канор задани онҳо, наметавон ба иқомаи айн ва кулли Ислом барои расидан ба саъодати дунё ва охират умедвор буд. Ин чизе аст ки ҳазрати устодро ба як равоншиносӣ ва ҷомеъашиносӣ торихии бисёр амиқ дар ин бахш во доштааст то рози нокомӣ ва нобасомонии мусалмонон дар тӯли чаҳорда қарни гузаштаро ошкор кунад. Нуктаи муҳим он аст ки эшон барои ёфтани мавонеъи иқомаи айн ва кулли Ислом то кунун, пажуҳиши дар торихи Исломро зарурӣ медонад; Чароки мӯътақид аст бидуни чунин пажуҳише неметавон ба решаҳо ва хостгоҳои нокомӣ ва нобасомонии мусалмонон дар асри кунунӣ пай бурд. Эшон дар табйини зарурати ин осебшиносии торихӣ ва тавзеҳи иртиботи он бо шинохти саҳиҳ ва комили осебҳои феълии мусалмонон, ба масобаи муқаддамаи баҳс мефармояд:)

Бегумон чизе ки акнун монеъи бозгашти мусалмонон ба Ислом аст, ҳамон чизе аст ки дар гузашта ононро аз иқомаи он боздошт (бо таваҷҷуҳ ба инки бозгашт ба Ислом пас аз тарки он маъно пайдо мекунад ва бо ин васф, ҳамон чизе ки дирӯз мусалмононро ба тарки иқомаи Ислом во дошт, имрӯз ҳам ононро аз бозгашт ба Ислом боз медорад ва албатта рӯшан шуд ки тарки иқомаи Ислом, бар хилофи тасаввури бисёрӣ аз мусалмонон чизи тозае мухтасси ба қуруни охир нест, балки мусалмонон аз баъди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам то кунун, Исломро чунонки бояд иқома накардаанд ва бо ин васф, ҳар чи сабаби тарки иқомаи Ислом тавассути онон дар бори нахуст шуда, дар ҳоли ҳозир ҳам сабаби адами иқомаи Ислом тавассути онон аст); Зеро инон ба иқтизои одати (яъне эътиёти ношӣ аз мудовимати тӯлонимуддати) худ, аз бозгашт ба чизе ки дар гузашта аз он рӯйгардон шуданд, ибо доранд (ин як нуктаи бисёр муҳимми равоншиносона аст); Чунонки Худованд фармудааст: ﴿فَمَا كَانُوا لِيُؤْمِنُوا بِمَا كَذَّبُوا بِهِ مِنْ قَبْلُ;[1] «Пас наметавонистанд ба чизе имон оваранд ки дар гузашта онро такзиб карданд» Ва фармудааст: ﴿وَنُقَلِّبُ أَفْئِدَتَهُمْ وَأَبْصَارَهُمْ كَمَا لَمْ يُؤْمِنُوا بِهِ أَوَّلَ مَرَّةٍ وَنَذَرُهُمْ فِي طُغْيَانِهِمْ يَعْمَهُونَ;[2] «Ва дилҳо ва дидагонашонро мегардонем, ҳамон гуна ки нахустин бор ба он имон наёварданд ва ононро дар туғёнашон боқӣ мегузорим то саргашта бошанд»; (Ин бардоштӣ бисёр бадеъи ва амиқ аз ин оёти шарифа аст; Ба ин маъно ки вақте касе ҳаққеро дар нахустин мувоҷеҳи худ бо он намепазирад, пазириши он барои ӯ дар оянда душвортар мешавад, то ҷойе ки дигар барои ӯ имконпазир нест. Ин метавонад беш аз ҳар чиз ношӣ аз эътиёди ӯ ба инкори ҳақ бошад, вале авомили равонии дигаре низ дар ин бора муъассиранд; Мисли инки ӯ пеш аз нахустин изҳори назар дар бораи ҳақ, ба сурати нохудогона дар садади дифоъ аз назари қаблии худ бар меояд; Зеро гузаштан аз назари қаблиаш ба маънои эътирофи ӯ ба нодуруст будани он аст ки ғолибан табаъоти нохушоянде барои ӯ дорад ва хусусан барои афроди мутакаббир ё соҳиби мансаб бисёр душвор аст, то ҷойе ки гоҳе ин қабил афрод ба нодурустии назари худ пай мебаранд, вале ба иқтизои такаббур ва барои ҳифзи эътиборашон дар назари дигарон, аз эътироф ба он худдорӣ мекунанд. Ба илова, касе ки дар нахустин мувоҷеҳи худ бо ҳақ, дар баробари зебоӣ, ҳамоҳангӣ ва таносуби он сари таслим фуруд намеоварад, ба мурури замон бузургии он аз чашми ӯ меафтад ва ба истилоҳ барои ӯ оддӣ мешавад; Чароки қабули ӯ бо ҳар бор инкори ҳақ сахтии бештаре пайдо мекунад ва аз диққат ва саломат фосилаи бештаре мегирад. Ба ҳамин далил, касе ки нахустин бор бо гузораи мӯҳтамалул сидқ мувоҷҷеҳ мешавад набояд дар такзиби он аҷала кунад, балки бояд ба баррасии он бо тамассук ба меъёри шинох ва иҷтиноб аз мавонеъи шинох бипардозад ва дар сурати эҳрози сидқи он, бидуни таъаллул ва таъхир онро тасдиқ кунад; Чароки таъаллул ва таъхир барои ӯ монанди саммӣ муҳлик аст ва қабули ҳаққро ба мурур барои ӯ душвортар мекунад. Аз ҳамин рӯст ки Худованд ба пешӣ гирифтан дар некиҳо ва шитоб кардан дар имон ва амали солеҳ амр карда ва фармудааст: ﴿فَاسْتَبِقُوا الْخَيْرَاتِ [Бақара/ 148]; «Дар хайрот сибқат бигиред» Ва фармудааст: ﴿وَسَارِعُوا إِلَى مَغْفِرَةٍ مِنْ رَبِّكُمْ وَجَنَّةٍ عَرْضُهَا السَّمَاوَاتُ وَالْأَرْضُ [Оли Имрон/ 133]; «Ва шитоб кунед ба сӯӣ омӯрзише аз Парвардигоратон ва биҳште ки паҳнои он паҳнои осмонҳо ва замин аст».) Ҳамчунонки (омили мероси фарҳангӣ ва тақлид аз пешиниён низ дар ин замина нақши муҳимме дорад; Ба ин маъно ки) ин рӯйгардонӣ аз иқомаи Ислом, мероси шуме аз падарони нахустинашон аст; Чароки онон дар замони худ, Исломро иқома накарданд ва роҳи иқомаи онро барои касоне ки пас аз онон меоянд (ва одатан Исломро аз тариқи онон ва бо такя бар дидгоҳ ва рӯйкардҳои онон мешиносанд), танг ва торик сохтанд (бо таваҷҷуҳ ба инки насли қаблӣ, хоста ё нохоста раҳнамои насли ҷадид аст ва метавонад заминаи ҳидоят ё гумроҳии насли ҷадидро фароҳам кунад) ва акнун инон ки халафе пас аз онон ҳастанд, худро (аз ҳайси фикрӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ) дар миёни оташе меёбанд ки онон барояшон афрухтанд (ин оташ ҳамон чизе аст ки бархӣ онро «Ҷабри торихи» меноманд, дар ҳоле ки он воқеъан як ҷабр нест; Чароки ҳар насле агарчи шадидан таҳти таъсири торихи худ қарор дорад ва ҳатто ба навъе дар асорати гузаштааш ба дунё меояд, метавонад бо ирода ва иқдоми лозим, худро аз банди торих ва гузаштааш озод кунад ва сарнавишташро тағйир диҳад); Чунонки Худовад (насли ҷадидро маҷбур ва маъзур надониста ва) фармудааст: ﴿أَوْ تَقُولُوا إِنَّمَا أَشْرَكَ آبَاؤُنَا مِنْ قَبْلُ وَكُنَّا ذُرِّيَّةً مِنْ بَعْدِهِمْ ۖ أَفَتُهْلِكُنَا بِمَا فَعَلَ الْمُبْطِلُونَ;[3] «Ё бигӯйид ки пештар падаронамон ширк варзиданд ва мо фарзандонӣ пас аз онон будим, пас оё моро ба сабаби корре ки аҳли ботил карданд, ҳалок мекунӣ?!». Дар ҳоле ки бегумон инонро (ба иқтизои ақл) ихтиёре ва (ба иқтизои ихтиёр) таклифе ҳаст, чунонки падаронашонро ихтиёре ва таклифе буд ва дар ҳамон мавқеъияте қарор доранд ки падаронашон дар он қарор доштанд (бо таваҷҷуҳ ба инки инон ҳам падарони ояндагон ҳастанд, ҳамон тавр ки падаронашон, фарзандони гузаштагон буданд), то маълум шавад ки кадом як аз онон дар он дурусткортаранд (бо таваҷҷуҳ ба инки рақобат дар мавқеъиятӣ яксон маъно пайдо мекунад, на дар мавқеъиятӣ мутафовит); Чунонки Худованд (бар яксон будани мавқеъияти гузаштагон ва ояндагон таъкид карда ва) фармудааст: ﴿أَمْ حَسِبْتُمْ أَنْ تَدْخُلُوا الْجَنَّةَ وَلَمَّا يَأْتِكُمْ مَثَلُ الَّذِينَ خَلَوْا مِنْ قَبْلِكُمْ;[4] «Ё пиндоштед ки ба биҳишт дармеойед, бе онки мисли чизе ки бар гузаштагонатон омад бар шумо биёяд?!» Ва фармудааст: ﴿فَهَلْ يَنْتَظِرُونَ إِلَّا مِثْلَ أَيَّامِ الَّذِينَ خَلَوْا مِنْ قَبْلِهِمْ;[5] «Пас оё интизор мебаранд ҷуз монанди рӯзҳои касонеро ки пеш аз онон гузаштанд?!» (яъне чунин интизоре саҳиҳ нест ва бояд интизори мавқеъиятҳоӣ мушобеҳ ва навъӣ такрори торихиро дошта бошанд) Ва фармудааст: ﴿ثُمَّ جَعَلْنَاكُمْ خَلَائِفَ فِي الْأَرْضِ مِنْ بَعْدِهِمْ لِنَنْظُرَ كَيْفَ تَعْمَلُونَ;[6] «Сипас шуморо ҷонишиноне дар замин пас аз онон қарор додим то бибинем ки чигуна амал мекунед» (пойдост ки ҷонишинони гузаштагон касоне ҳастанд ки дар ҷои онон нишастаанд ва дар мавқеъияти онон қарор гирифтаанд) Ва фармудааст: ﴿الَّذِي خَلَقَ الْمَوْتَ وَالْحَيَاةَ لِيَبْلُوَكُمْ أَيُّكُمْ أَحْسَنُ عَمَلًا;[7] «Касе ки марг ва зиндагиро офарид (ва торихро бо суннатҳоӣ мушобеҳ рақам зад) то шуморо (дар мавқеъиятӣ яксон) биёзмояд ки кадоминатон некукортарид?!». Аз ин рӯ, бар онон (яъне мусалмонони кунунӣ) аст ки дар аҳволи падарони худ аз баъди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам то кунун (бар канор аз мавонеъи шинохт хусусан таъассуб) назар кунанд (албатта на барои инки аз онон айбҷӯӣ ё ба онон бе эҳтиромӣ кунанд, бал барои инки) ва аз ғафлатҳо ва хатоҳои онон ки мунҷар ба адами иқомаи Ислом дар замонашон шуд, ибрат бигиранд (яъне бо дидаи ибрат ба онон бингаранд, на бо дидаи маломат ё иҳонат), то бо ин шева, он (яъне Ислом) ро ки (ба сабаби такрори ғафлатҳо ва хатоҳои онон дар тӯли торих) то кунун маҷоли иқома наёфтааст, иқома намоянд ва пас аз фитрате (яъне халаъ ва фосилае) ки (қарнҳои мутамодӣ) ба дарозо кашидааст, ба сӯӣ он (ба наҳве ки дар рӯзгори Паёмбари азимул шоън буд) бозгарданд; Чунонки Худованд ба ин кор амр карда ва фармудааст: ﴿قُلْ سِيرُوا فِي الْأَرْضِ فَانْظُرُوا كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الَّذِينَ مِنْ قَبْلُ;[8] «Бигӯ дар замин бигардед, пас бибинед саранҷоми касоне ки дар гузашта буданд, чигуна буд» (табиъатан барои инки ба сарнҷоми бади онон дучор нашавед ва аз ғафлатҳо ва хатоҳои онон дарс бигиред, на барои инки сирфан маълумоти торихиятонро афзойиш диҳед ё дар торих фуру бимонед) Ва фармудааст: ﴿أَفَلَمْ يَسِيرُوا فِي الْأَرْضِ فَيَنْظُرُوا كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ;[9] «Оё пас дар замин нагардиданд то бибинанд саранҷоми касоне ки пеш аз онон буданд, чигуна буд»; (Аз ин оёт ва оёти мушобеҳи дигар дониста мешавад ки Худованд нигаристан дар аҳволи гузаштагон барои огоҳӣ аз ғафлатҳо ва хатоҳои ононро на танҳо нораво надониста, балки бисёр зарурӣ ва муфид донистааст,) Ба рағми касоне (дар миёни мусалмонон) ки аз рӯӣ сафоҳат (яъне камақлӣ) ва таҳаккум (яъне зӯргӯӣ), нигаристан дар аҳволи гузаштагон (хусусан саҳоба ва тобеъин) ро (барои огоҳӣ аз ғафлатҳо ва хатоҳои онон) нораво мешуморанд ва (ин корро дар ҳар сурат, агарчи бо такя бар манобеъи мӯътабар ва дар рӯшаноии ақл ва шаръ) мояи беэҳтиромӣ ба онон ва гумроҳии мусалмонон мепиндоранд (чун ин тавр тасаввур мекунанд ки эҳтиром ба салаф, ба маънои таъйиди бе чуну чаро ҳамаи корҳои онон аст ва бо ин тасаввур, ҳар гуна нақд ва баррасӣ корҳои онон агачи бо такя бар ақл ва шаръро муваҷаҳи суст шудани ақойиди мусалмонон ҷилва медиҳанд), то бо ин макр (яъне баҳона ва ҳилаи нодуруст), ононро аз шинохти ҳақ (ки ниёзи ба мутолиъаи дақид ва бетарафонаи торих дорад) боздоранд ва дар ваҳм ва бехабарӣ (нисбат ба ақойид ва аҳкоми воқеъии Ислом) нигоҳ доранд, дар ҳоле ки бо риёкорӣ, худро (дар ин амри ба мункар ва наҳй аз маъруф) хайрхоҳи онон менамоёнанд (яъне ин тавр ҷилва медиҳанд ки мехоҳанд ҳурмати салафро ҳифз кунанд ва ҷилави инҳирофи мусалмононро бигиранд); Монанди касоне ки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿بَلْ زُيِّنَ لِلَّذِينَ كَفَرُوا مَكْرُهُمْ وَصُدُّوا عَنِ السَّبِيلِ ۗ وَمَنْ يُضْلِلِ اللَّهُ فَمَا لَهُ مِنْ هَادٍ;[10] «Бал барои касоне ки (нисбат ба ҳақ) куфр варзиданд макрашон зинат дода шуд ва аз роҳ боз дошта шуданд ва ҳар кас ки Худованд гумроҳ кунад, барои ӯ ҳидоятгаре нахоҳад буд» (ҳамон тавр барои касоне ки аз баррасии мунсифонаи торихи Ислом боз медоранд макрашон зиннат дода шуд ва аз роҳи шинохти Исломи боз дошта шуданд) Ва фармудааст: ﴿وَإِنَّهُمْ لَيَصُدُّونَهُمْ عَنِ السَّبِيلِ وَيَحْسَبُونَ أَنَّهُمْ مُهْتَدُونَ;[11] «Ва бегумон инон ҳароина ононро аз роҳ боз медоранд, дар ҳоле ки мепиндоранд ҳидоят ёфтагонанд»! (Ҳамин тавр касоне ки мусалмононро аз мутолеъаи торихи Ислом метарсонанд низ ононро аз роҳ боз медоранд, дар ҳоле ки мепиндоранд ҳидоят ёфтагонанд! Мутаъассифона мо чунин касонеро хусусан дар миёни бародарони аҳли суннат бештар мебинем ки аз баррасии ҳаводиси баъд аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам тарс доранд ва аз онҳо бештар аҳли ҳадис метарсанд ки аслан бо торихи Ислом душмании дерина доранд ва муваррихони мусалмонро муттаҳам ба заъф ва дурӯғгӯӣ мекунанд ва нигариши торхӣ ба се қарни нахустини Исломиро нораво мепиндоранд ва мӯътақиданд ки ин бурҳа аз торихро фақат бояд аз даричаи ривоёти маҳдуд ва мавриди таъйиди онон нигарист. Албатта дар нуқтаи муқобили ин аҳли тафрит, бисёрӣ аз бародарони аҳли ташаюъ ҳастанд ки ба навъӣ ифрот дучор шудаанд, аз ин ҷиҳат ки бо нигаришӣ шадидан манфӣ ва асабӣ ба ҳаводиси мазкур менигаранд ва дар таҳлили онҳо ҳатто аз марзи завоҳир мегузаранд ва аз пушти пардаҳои эҳтимолӣ сухан мегӯянд ва аз ҳар гуна ҳусни занни мумкин дар бораи саҳоба, тобеъин ва атбоъи тобеъин дурӯғ меварзанд ва ҳамаи таваҷҷуҳи худро маътуф ба некуҳиши онон ба хотири ғафлатҳо ва хатоҳояшон мекунанд ва чунон дар гузашта фурӯ рафтаанд ки мутаваҷҷеҳ нестанд ҳамакнун бисёрӣ аз худашон, ба айни ғафлатҳо ва хатоҳои онон мубтало ҳастанд! Бар ин асос, устозунал Мансур аз як сӯ мусалмонони аҳли суннатро ба баррасии шуҷоъонаи торихи Ислом ва нақди корҳои салаф бо такя бар ақл ва шаръ ва бар канор аз таъассуб ва хушбинии маҳз даъват мекунад ва мӯътақид аст ки онҳо бидуни ин кор ҳаргиз муваффақ ба шинохти Исломи ростин ва нахустин нахоҳанд шуд ва аз сӯӣ дигар мусалмонони аҳли ташаюъро аз таҳлилҳои ботинӣ, эҳсосӣ, айбҷӯёна ва мубтанӣ бар бадбинии маҳз дар ин бора боз медорад ва мӯътақид аст ки онҳо низ бидуни ин кор ҳаргиз муваффақ ба шинохти Исломи ростин ва нахустин нахоҳанд шуд. Мо мӯътақидем ки нигоҳи устозунал Мансур ба торихи Ислом, як нигоҳи воқеъбинона аст ва аз хушбинии аҳли суннат ва бадбинии аҳли ташаюъ барканор аст ва аз ин ҷиҳат метавонад улгуе муносиб барои ҳар ду гурӯҳ бошад ва ин бештар аз ҳар чиз ношӣ аз тамассуки шадиди эшон ба яқиниёт ва эҳтирози шадиди эшон аз занниёт аст ки ҳеҷ пешина ва назире барои он дар миёни олимони мусалмон шинохта шуда нест.

Мо ин шоъ Аллоҳ дар дарси баъди, баррасии асбоби адами иқомаи Ислом баъд аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам то кунунро аз нигоҳи ин марди бузург оғоз мекунем ва умедворем ки ҳамаи бародарони мусалмон аз ҳамаи мазоҳиби Исломӣ, дар ин сироти мустақим бо мо ҳамроҳ шаванд ва албатта тавфиқамон танҳо аз ҷониби Худованд аст.

و السّلام علیکم و رحمت الله)

↑[1] . Юнус/ 74.
↑[2] . Анъом/ 110.
↑[3] . Аъроф/ 173.
↑[4] . Бақара/ 214.
↑[5] . Юнус/ 102.
↑[6] . Юнус/ 14.
↑[7] . Мулк/ 2.
↑[8] . Рум/ 42.
↑[9] . Ғофир/ 82.
↑[10] . Раъд/ 33.
↑[11] . Зухруф/ 37.
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Барои шунидани савти дарси сиву ҳаштум инҷоро клик кунед.