Панҷшанбе 28 Март 2024 мелодӣ / 17 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нақдҳо ва баррасиҳо
Рафтан ба
шумораи
<</1/>>
Рафтан ба
саҳифаи

Нақдҳо ва баррасиҳо дар бораи Иқдомот ва аҳдоф

Код Шумора Код Мавзӯъ ва матни нақд Тарихи интишор Таълиқ
12 83
Иқдомот ва аҳдоф
21/4/2019
11 68
Иқдомот ва аҳдоф
Оё ҳазрати Мансури Ҳошимӣ умеде ба амалӣ шудани наҳзати худ дорад? Наздиктарин давлат ба ақойид ва боварҳои вай, ҳамин Эрон аст ки ба қавли шумо ҳокимонаш сухани ҳазрати Мансурро шунида, мунтаҳии вуқуъе ба он намениҳанд! Ҳол дар мақоми баъд аз адами таъсири калом, эшон қоъил ба ҷиҳод бо онҳо аст, дар ҳоле ки чи бисёр эътирозоте ки дар мавриди умури мухталиф ба ҳукумат шуда ва ҳамаи онҳо шикаст хӯрдаанд. Ҳол ин вазъи Эрон аст, сойири кишварҳо мин ҷумла Арабистон ки душмантарини ҳукуматҳо аст ва зуҳур бояд онҷо иттифоқ бияфтад бимонад. Савол инки оё Худо ва имом роҳӣ беҳтар ва осонтар барои зуҳур мутасаввир нестанд? Мо тоза ба ҳукумати Эрон дар ҳифзи амнияти имом, ҳусни занн дорем, шумо ки надоред чигуна дар муқобили ин ҳама ҳукумат, метавонед умеде дошта бошед? Ба назар агар имдоди ғайбии Худо ва кӯмаки Ӯ барои зуҳур набошад, умеде ба наҳзат нест; Чун коре аз ин наҳзат бар намеояд. Кадом кор?
27/8/2017
10 65
Иқдомот ва аҳдоф
Бародарони мӯҳтарам! Суханро кӯтоҳ мегӯям. Мо мусалмон ва шиъаи аҳли байт ҳастем ва луқмаи ҳалол хӯрдаем ва медонем ки даъвати оқои Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба сӯӣ имом Маҳдӣ ҳақ аст. Мушкили мо бо эшон се чиз аст: Аввал инки эшон бо танҳо ҳукумати шиъа дар ҷаҳон ки дар баробари Амрико ва Исроъил истодааст мухолифат дорад ва онро номашрӯъ медонад, дар ҳоле ки бояд дар канори ин ҳукумат қарор мегирифт ва аз он ҳимоят мекард. Дуввум инки эшон оятуллоҳ Хоманаи валии амри мусалмонони ҷаҳонро дар канори Абу Бакр Бағдодӣ раҳбари тераристҳо ном бурда ва ин ҳам тавҳин ба эшон аст ва ҳам ниҳояти беинсофӣ аст. Низоми мо ҳар айбе дошта бошад қобили муқойиса бо низомҳо ва гурӯҳҳои дигар нест. Шумо мутмаъин бошед ки агар низоми мо аз эшон ҳимоят накунад ҳеҷ низоми дигаре дар дунё аз эшон ҳимоят нахоҳад кард. Севвум инки эшон баланд шуда ва рафтааст сари кӯҳҳо ва дар манотиқи дурафтодаи Афғонистон ва Тоҷикистон ва худашро аз мардум пинҳон кардааст ва тасвиру мушаххасоташро мунташир намекунад то ҳама ӯро бишносанд ва битавонанд бо ӯ иртибот бигиранд ва ҳарфашро бишнаванд, дар ҳоле ки як раҳбари инқилобӣ ва муслеҳ набояд ин тавр амал кунад; Чун ин боъиси бадгумонӣ ба ӯ ва аз даст рафтани фурсатҳо мешавад. Мушкили мо бо эшон ин се маврид аст, вагарна мо бо соири ақойид ва ҳарфҳои эшон мушкиле надорем ва онҳоро бисёр маъқул ва ҷолиби таваҷҷуҳ ҳам медонем ва ҳатто инкор намекунем ки эшон мумкин аст ҳамон саййиди Хуросонии мавъуд бошад. Вассалом
10/7/2017
9 64
Иқдомот ва аҳдоф
2/6/2017
8 59
Иқдомот ва аҳдоф
8/11/2016
7 57
Гуфтаҳо ва навиштаҳо
15/9/2016
6 47
Иқдомот ва аҳдоф
Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар ҳоли ҷамъоварии нафар ва имконот барои ҳифзи ҷони имом Маҳдӣ ҳастанд ва ҳол онки мусалмонон иқболе барои имом Маҳдӣ надоранд!! Чунонки шахсе ба ман гуфт: Муштоқи Маҳдӣ набош ки агар Маҳдӣ биёяд маҷбур ба итоъат ҳастӣ ва итоъат аз Маҳдӣ бисёр сахт аст!! Лизо беш аз онки муштоқи омадани Маҳдӣ бошанд тарс аз омадани Маҳдӣ доранд!! Ва ҳама силоҳ ва нафарро барои ҳифозат аз қудрати худ ҷамъ кардаанд ва маҷоле барои заминасозии зуҳури имом Маҳдӣ намедиҳанд!! Ва худро ҷонишини ӯ медонанд ва ҳукми худро ҳукми Паёмбар мешуморанд ва байъат бо худро айни байъат бо Паёмбар ва Аллоҳ муъаррифӣ мекунанд!! Ва ин сафиҳон аҳли байтро дар қабрҳо ибодат мекунанд ва ё дар чоҳ нома медиҳанд!! Албатта бидуни ҳеҷ байина ва ҳуҷҷате ва фақат бо таблиғот ва таваҳҳумот мардумро саргум мекунанд ва фиреб медиҳанд. Бо ин васф, ман ҳар чи фикр мекунам мантиқӣ [ба назар] намерасад ки ҷамъоварии заъифон метавонад боъиси ҳифозат аз ҷони имом Маҳдӣ шавад!! Зеро на қудрат баданӣ доранд ва на силоҳи пешрафта ва на сарвате ки онро таҳия кунанд.
5/3/2016
5 40
Иқдомот ва аҳдоф
Бо таваҷҷуҳ ба қоъидае ки аллома ҳафизаҳуллоҳ дар мавриди зуҳури имом Маҳдӣ матраҳ кардаанд ки зуҳури ӯ ниёзе ба иҷтимоъи ҳамаи мардум надорад ва ниёзманди иҷтимоъи шумори кофӣ аз онҳост, барои банда чанд суъол матраҳ мешавад ки ба тартиби зер аст: 1 . Оё камият ва кайфияти ин шумори кофӣ барои эшон маълум шуда ё илми он назди Худост? 2 . Оё дар замони хулафоъи гузашта ин шумори кофӣ вуҷуд надоштааст? Бо таваҷҷуҳ ба инки хулафоъи гузашта дар муқотеъаӣ аз торих, неруӣ зиёде дар ихтиёр доштанд, ба таври мисол имом Алӣ дар Сиффин ҳудуди 130000 нафар, имом Ҳасан дар ҷанги бо Муъовия ҳудуди 12000 нафар, имом Ҳусейн дар Куфа ҳудуди 18000 нафар, имом Содиқ дар замони қиёми Хуросонӣ ҳудуди 100000 нафар аз Хуросониҳо ки толиби қиёми эшон буданд [дар ихтиёр доштанд], ҳатто дар замони ғайбати имом Маҳдӣ борҳо ҷомеъаи шиъа барои зуҳур мунсаҷам ва муҳаё шуд, ба таври мисол, дар замони Сафавиён интизор ва омодагӣ барои зуҳур боло буд, ба тавре ки бузургони уламои шиъа мисли Маҷлисӣ ва дигарон, замонро замони зуҳур ва Сафавиёнро заминасозони зуҳур медонистанд; Чун аксари ривоёт бо шароити замонашон мутобиқат дошт, аммо иттифоқ наяфтод. Бо ин муқаддама бифармойед ишколи кор дар куҷо буд ва костиҳо чи буд ки аъимаи аҳли байт ба аҳдофи худ нарасиданд? 3 . Оё ишколот ва коситҳои гузаштагон дар мо нест? 4 . Насли мо чи вежагии хоссе дорад ки дар онҳо набуда, дар ҳоле ки ба назар мерасад онҳо аз назари қуввати ҷисмӣ ва рӯҳӣ аз мо беҳтар будаанд? Бо таваҷҷуҳ ба сахт шудани шароит ва печида шудани авзоъ ва заъфҳои ҷинсӣ ва руҳии мо ки дар гузари замон эҷод шуда, барои фароҳам шудани шумори кофӣ аз ёроне ки мислу монанде дар адвори гузашта надоштаанд, ниёз ба илтифоти хосси Худованд ва ҳамчунин таваҷҷуҳоти хосси имом Маҳдӣ арвоҳуно фидо аст. Аз ҳар тараф ки рафтам ҷуз ваҳшатам наяфзуд Зинҳор аз ин биёбон з-ин роҳи бениҳоят Дар ин шаби сиёҳам гум гашта роҳи мақсуд Аз гӯшае бурун ой эй кукаби ҳидоят
30/11/2015
4 38
Иқдомот ва аҳдоф
11/11/2015
3 31
Иқдомот ва аҳдоф
27/6/2015
2 15
Иқдомот ва аҳдоф
Китобро ба умеди пайдо кардан роҳи ҳаллӣ исботӣ мурур кардам, аммо ончи ҳосил шуд танҳо нафӣ дигарон буд! Нависанда баъд аз ин ҳама қаламфарсоӣ ва баёни куллиёт, таклифи мусалмонро дар асри ғайбат мушаххас накардааст ки билохира чи кор бояд бикунанд оё бояд даст аз ҳамаи корҳо кашида ва таҳсин карда ва эълом кунанд то Маҳдӣ алайҳи салом наёмад аз эътисоб ва тасҳини худ даст нахоҳанд бардошт? Агар бар фарз акнун замоми умури муслимин ба дасти Мансури Хуросонӣ бияфтад барномаи амалии эшон барои идораи ҷавомеъи Исломӣ чист? Ишколи дигар ин аст ки зоҳиран эшон низ монанди дигарон мардумро ба худ даъват кардаан дар ҳоле ки дар китоб ба рӯшанӣ ботил будани ҳар касе ки ба худ даъват кунадро эълом кардаанд ва [гуфтаанд] танҳо касе [ки] ба ҳақ метавонад дигарон [ро] даъват кунад Маҳдӣ алайҳи салом аст ва худ ба маънои вуҷуди бунбаст дар уммати охируззамон аст ки бо комил будани Ислом дар тазод аст. Оё ба ростӣ ҷиҳати таҳаққуқи мисдоқи ҳокимияти Худо то замони таҳаққуқи ҳокимияти Маҳдӣ алайҳи салом, ба ҷуз ҳокимияти фақиҳ монанди ончи дар Эрон аст (бо ҳама ишколот ва навоқисе ки дорад) ҳокимияти дигаре қобили тасвир аст?
21/2/2015
1 9
Иқдомот ва аҳдоф
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар китоби худ ҳеҷ гурӯҳ ва фирқа ва мазҳаб ва кишвареро аз интиқодоти худ бенасиб нагузошта ва ҳамаро аз як тараф задааст! На шиъа на суннӣ, на салафӣ на сӯфӣ, на аҳли ҳадис на файласуф, на шоъир на олим, на вилояти фақи на демокросӣ, на ғарб на доъиш, ҳеҷ як мавриди таъйиди эшон нест ва мутобиқ бо Исломи ба қавли эшон холис ва комил маҳсуб намешавад! Бо ин ҳисоб, эшон ҳеҷ касро барои худаш нигоҳ надошта ва ҳамаро аз худаш ранҷондааст! Маълум аст ки мусалмонони дунё ё он тарафӣ ҳастанд ва ё ин тарафӣ ва эшон ҳар дуро кӯбидааст! Бо ин ҳисоб, дигар касе боқӣ намондааст ки аз эшон ҳимоят кунад! Ҳама душманашон шудаанд! Эшон агар каме сиёсат медошт лоақал дар ибтидои ҳаракаташ як касеро барои худаш нигоҳ медошт ва ҳамаро аз худаш намеронд! Ба ҳар ҳол, акнун ҳеҷ кас эшонро дӯсти худ намедонад ва ҳама дар баробари эшон мавзеъ гирифтаанд ва аз Эрон то Арабистон ва аз Доъиш то Амрико ҳама дар як ҷабҳа қарор гирифтаанд ва эшон дар як ҷабҳа! Бо ин ҳисоб, маълум аст ки кори эшон ба натиҷа намерасад ва шикасташон ҳатмӣ аст! Эшон ба назари ман ҳеҷ сиёсат надоранд!
25/1/2015
Рафтан ба
шумораи
<</1/>>
Рафтан ба
саҳифаи
Донлуди маҷмӯъаи нақдҳо ва баррасиҳо
Нақдҳо ва баррасиҳо; Бозгашт ба Ислом; Мансури Ҳошимии Хуросони