Сешанбе 4 август 2020 мелодӣ баробар бо 14 зулҳиҷҷа 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(10) Бар ҳамаи мусалмонон воҷиб аст ки аз як сӯ <<Ақл>> ро меъёри шинохт қарор диҳанд ва бо тазкияи анфус аз ҷаҳл, тақлид, аҳвоъи нафсонӣ, дунёгароӣ, таъассуб, такаббур ва хурофагаройи, заминаи фаҳми саҳиҳ ва иҷрои комили Қуръонро фароҳам созанд ва аз сӯӣ дигар халифаи Худованд дар заминро бишносанд ва бо ҳимояти кофӣ аз ӯ зоҳираш созанд то ихтилофоти ононро ҳал ва инҳирофоташонро ислоҳ кунад. Ин дарвозаи саъодат ва ресмони наҷот аст ки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба сӯӣ он даъват мекунад. (Бахшӣ: Пурсишҳо ва посухҳо)
loading

шуд, ҳокимият барои Худованд аст ва ҳокимияти онон, агарчи бо ҳусни ният бошад, хилофати Исломӣ шумурда намешавад; Бо таваҷҷуҳ ба инки Худованд ононро аз ҷониби худ мансуб накарда ва мусалмононро ба пайравӣ аз онон фармон надодааст ва онон худ ба ин воқеъият, воқиф ва мӯътарифанд. Бо ин васф, тасарруфоти онон дар замин ва марзбандиҳое ки дар он мекунанд, удвонӣ аст; Чароки замин барои Худованд аст ва онро ба ҳар кас аз бандагонаш ки бихоҳад арзонӣ медорад; Чунонки фармудааст: ﴿إِنَّ الْأَرْضَ لِلَّهِ يُورِثُهَا مَنْ يَشَاءُ مِنْ عِبَادِهِ ۖ وَالْعَاقِبَةُ لِلْمُتَّقِينَ﴾[1]; <<Ҳароина замин барои Худованд аст, онро ба ҳар кас аз бандагонаш ки бихоҳад мерос медиҳад ва оқибат барои парҳезкорон аст>>; Ҳамчунонки дороиҳои умумӣ барои Худо ва гумоштаи Ӯст ва касе ҳаққи ҳаёзати онҳо бидуни изнашонро надоранд ва табъан барои онон ҷойиз аст ки онҳоро аз таҳти ҳаёзати дигарон хориҷ кунанд; Чунонки ба рӯшанӣ фармудааст: ﴿يَسْأَلُونَكَ عَنِ الْأَنْفَالِ ۖ قُلِ الْأَنْفَالُ لِلَّهِ وَالرَّسُولِ ۖ﴾[2]; <<Аз ту дарбораӣ нафлҳо мепурсанд, бигу нафлҳо барои Худо ва Паёмбар аст>> Ва фармудааст: ﴿وَلَٰكِنَّ اللَّهَ يُسَلِّطُ رُسُلَهُ عَلَىٰ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَاللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ﴾[3]; <<Ва аммо Худованд Паёмбаронашро бар ҳар кас ки бихоҳад мусаллат мекунад ва Худованд бар ҳар чизе тавоност>>!

Аз инҷо дониста мешавад ки ҳеҷ як аз ҷунбишҳо ва ҳукуматҳои феълӣ дар ҷаҳони Ислом, машруъият надорад ва танҳо роҳи мусалмонон барои бозгашт ба Ислом, рӯй гирифтан аз онҳо ва заминасозӣ барои ҷунбиш ва ҳукумати касе аз аҳли байти Паёмбар аст ки Худованд ӯро аз ҷониби хеш мансуб карда ва ба пайравиаш фармон дода ва ин коре аст ки бо шинохти ӯ ҳосил мешавад ва шинохти ӯ, чунонки ба хости Худованд хоҳем гуфт, мумкин аст.

2. Ҳокимияти ғайри Худованд

Дуввумин сабаби адами иқомаи Ислом пас аз Расули Худо, таҳаққуқ наёфтани ҳокимияти Худованд пас аз он Ҳазрат буд;

↑[1] . Аъроф/ 128.
↑[2] . Анфол/ 1.
↑[3] . Ҳашр/ 6.