Шанбе 27 Апрел 2024 мелодӣ / 18 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нақд ва барраси
 

Ақидаи ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ барои ин ҷониб қобили тасдиқ аст. Мутобиқ бо ақидаи эшон он тавр ки банда аз китоби арзишмандашон бардошт кардам, аввалан занн ба аҳкоми шаръи барои мардум кофӣ нест ва яқин барои онҳо лозим аст ва сониян танҳо тариқи даст ёфтани онҳо ба яқин, руҷӯъ ба халифаи Худованд дар замин аст ва солисан руҷӯъ ба халифаи Худованд дар замин барои онҳо мумкин аст ва адами имкони он зотӣ нест ва дар сурати ирода ва иқдоми онҳо таҳаққуқ пайдо мекунад. Аммо суъоле ки барои банда боқӣ монда ин аст ки дар ҳоли ҳозир ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Бо таваҷҷуҳ ба инки тақлид ва иҷтиҳоди мусталаҳ, ҳар ду манро ба занн мерасонанд ва занн бино бар фармоиши матини ин бузургвор ҳуҷҷат нест ва ирода ва иқдоми ман ба танҳойи низ барои дастрасӣ ба Маҳдӣ кифоят намекунад то битавонам бо руҷӯъ ба он ҳазрат яқин ба таколифи шаръии худам пайдо бикунам ва мумкин аст то замоне ки иддаъи кофӣ аз мардум бо ман дар ин замина ҳамроҳ мешаванд ва ба ҷаноби Мансур мепайванданд то замина барои зуҳури Маҳдӣ фароҳам шавад муддати зиёде тӯл бикашад ва ман қоъидатан наметавонам дар ин муддат, таколифи шаръии худамро тарк кунам. Албата ҷаноби Мансур ба дурустӣ фармудаанд ки бори гуноҳи ин адами яқин бар гардани худи ман аст ва ман ҳастам ки ба навбаи худам дар ин адами дастрасӣ ба Маҳдӣ нақш доштаам ва табъан худамро аз яқин ба аҳкоми шаръи маҳрум кардаам, вале бо ин ҳол ман ки дар ҳоли ҳозир ба истилоҳ тавба кардаам ва даъвати ин бузургворро пазируфтаам ва дар садади заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ баромадаам, боз ҳам наметавонам яқин ба аҳкоми шаръи пайдо кунам; Чароки сойири мардум бо ман ҳамроҳӣ намекунанд. Лизо суъоли бузург ин аст ки ман дар ин муддат чи хоке бояд бар сарам бикунам ва бидуни тақлид ва иҷтиҳод ва руҷӯъ ба Маҳдӣ чигуна ба таколифи шаръиам амал кунам?! Оё бо инки ман ба сӯйи Исломи холис бозгашт кардаам ва ҳаққро шинохтаам ва ба ҷаноби Мансур пайвастаам, вазъам аз ин ҷиҳат бо гузашта фарқе накарда ва бо дигароне ки ин корро накардаанд баробар аст?! Дар ин сурат, қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?!

Ман ҷавоби ҳамаи суъолотамро то имрӯз гирифтам ва ин охарин суъоле аст ки бароям боқӣ мондааст ва фикр мекунам ки агар ҷавоби ин суъоламро бидиҳед, ҳуҷҷат аз ҳар лиҳоз бар ман тамом мешавад ва метавонам ҷони худам ва ҳар чизи дигар ки дорамро бо хушҳолӣ дар роҳи ин инсони бузур бидиҳам Ин Шоъ Аллоҳ.

Бо ташаккур аз посухи шумо ки муштоқона мунтазир ҳастам.

Бародари басир, фарҳехта ва борикбин!

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед то посухи охарин суъоли хешро низ дарёфт кунед:

Аввалан касе ки даъвати Мансур ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдиро пазируфта, бо касе ки онро напазируфтааст, яксон нест; Зеро касе ки онро напазируфта, дар адами дастрасӣ ба Маҳдӣ «муқассир» аст ва касе ки онро пазируфта, аз тақсир дар он хориҷ шудааст ва «қосир» шумурда мешавад ва ин осори бисёр мутафовите барои ҳар як аз он ду дорад. Касе ки дар адами дастрасӣ ба Маҳдӣ муқассир аст, дар амал бар пояи занн маъзур нест; Чароки худаш мусаббиби адами дастрасиаш ба яқин шудааст, вале касе ки дар адами дастрасӣ ба Маҳдӣ қосир аст, дар амал бар пояи занн маъзур аст; Чароки худаш мусаббиби адами дастрасиаш ба яқин нашудааст, балки дигарон мусаббиби он шудаанд. Бинобарин, касе ки даъвати Мансур ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдиро напазирад, «золим» аст ва касе ки онро пазируфта, «мазлум» ва гуноҳи мазлум дар амал ба занн дар мавориде ки гузире аз он надорад, бар гардани золим аст ки ӯро ба он ногузир сохта ва гуноҳе бар ӯ ки ногузир шудааст, нест; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَقَدْ فَصَّلَ لَكُمْ مَا حَرَّمَ عَلَيْكُمْ إِلَّا مَا اضْطُرِرْتُمْ إِلَيْهِ ۗ وَإِنَّ كَثِيرًا لَيُضِلُّونَ بِأَهْوَائِهِمْ بِغَيْرِ عِلْمٍ ۗ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعْلَمُ بِالْمُعْتَدِينَ[1]; «Ва ҳаройина чизе ки бар шумо ҳаром кардаро бароятон баён кардааст, магар чизе ки ба он ногузир шавед ва ҳаройина бисёрӣ бо аҳвоъи худ ва бидуни илм гумроҳ мекунанд, бегумон Парвардигорат ба ситамкорон донотар аст».

Сониян касе ки ба сабаби тақсири худ, аз дастрасӣ ба Маҳдӣ маҳрум аст, пеш аз онки мукаллаф ба намозу рӯза ва ҳаҷҷу закот бошад, мукаллаф ба заминасозӣ барои зуҳури он Ҳазарт аст. Пас агар ба заминасозӣ барои зуҳури он Ҳазрат иқдом кунад, дар амал ба намозу рӯза ва ҳаҷҷу закоти худ бар пояи занн, маъзур аст ва агар ба заминасозӣ барои зуҳури он Ҳазрат иқдом накунад, намозу рӯза ва ҳаҷҷу закоти ӯ бар пояи занн, қобили қабул нест. Бинобарин, заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ, воҷиби фаврӣ аст ва бар сойири воҷибот тақаддум дорад.

Солисан касе ки ба сабаби қусури худ, аз дастрасӣ ба Маҳдӣ маҳрум аст, дар ҳамаи мавзӯъот ногузир аз амал бар пояи занн нест; Зеро дар бораи бархӣ мавзӯъот, оёте аз Қуръон вуҷуд дорад ки амал бар пояи онҳо ҷойиз аст ва дар бораи бархӣ мавзӯъот, ахбори мутавотире вуҷуд дорад ки амал бар пояи онҳо ҷойиз аст ва ба назар мерасад ки аркони намозу рӯза ва ҳаҷҷу закот, аз ҷумлаи ҳамин мавзӯъотанд ва бо ин васф, амал ба онҳо дар замони адами дастрасӣ ба Маҳдӣ мумкин аст ва амал бар пояи занн шумурда намешавад. Ин ба он маъност ки қосир дар адами дастрасӣ ба Маҳдӣ, набояд дар талаби илм ба ахбори мутавотир ва амал бар пояи онҳо тақсир кунад; Чароки агар дар он тақсир кунад, дар амал бар пояи занн маъзур нест, агарчи дар адами дастрасӣ ба Маҳдӣ қосир бошад.

Робиъан касе ки ба сабаби қусури худ, аз дастрасӣ ба Маҳдӣ маҳрум аст, дар мавзӯъоте ки ахбори мутавотире дар бораи онҳо вуҷуд надорад, муҷоз ба амал бар пояи ахбори воҳид нест; Чароки занни ҳосил аз ахбори воҳид, бо занни ҳосил аз ғайри он, дар занн будан яксон аст ва занн, сарфи назар аз инки аз чи тариқе ҳосил шуда бошад, монанди шак аст. Бинобарин касе ки ба сабаби қусури худ, аз дастрасӣ ба Маҳдӣ маҳрум аст, дар мавзӯъоте ки ахбори мутавотире дар бораи онҳо вуҷуд надорад, хоҳ ахбори воҳид дар бораи онҳо вуҷуд дошта бошад ва хоҳ вуҷуд надошта бошад, ба «усули амалӣ» руҷӯъ мекунад ва онҳо иборат аз бароъат, эҳтиёт, тахийр ва истисҳоб ҳастанд ки ақлан дар мавориди шак, барои бурунрафт аз бунбаст дар пеш мегиранд; Ба ин тартиб ки ҳаргоҳ дар асли таклиф шак доранд, ба бароъат ва ҳаргоҳ дар мавзӯъи он шак доранд, дар сурати имкон, ба эҳтиёт ва дар сурати адами имкон, ба тахийр рӯй меоваранд ва ҳаргоҳ дар бақоъи он шак доранд, истисҳобро ҷорӣ мекунанд, то он гоҳ ки яқин барояшон ҳосил шавад.

Хомисан касе ки ба сабаби қусури худ, аз дастрасӣ ба Маҳдӣ маҳрум аст, ҳаргоҳ яқин пайдо кунад ки Мансур ҳамон Мансури Хуросонии мавъуд аст ки Паёмбар ва аҳли байташ дар ахбори мутавотир ба пайравӣ аз ӯ амр кардаанд, метавонад барои шинохти аҳком аз рӯйи далил ба ӯ руҷӯъ кунад; Чароки ӯ донотарини мардум ба аҳком баъд аз Маҳдӣ аст ва ҳаргоҳ руҷӯъ ба Маҳдӣ ба сабаби қусуре мумкин набошад, бояд ба донотарини мардум баъд аз ӯ руҷӯъ кард ва руҷӯъ ба вай, аз руҷӯъ ба сойири мардум барои баррасии ҳамаи ороъ ва далоил ки корӣ душвор ва пурхатар аст, бениёз мекунад; Чунонки Алӣ алайҳи салом дар хутбае пиромуни фитнаҳои охируззамон, бар ин нукта таъкид карда ва бо ишора ба Мансури Хуросонӣ фармудааст: «اعْلَمُوا أَنَّكُمْ إِنِ اتَّبَعْتُمْ طَالِعَ الْمَشْرِقِ سَلَكَ بِكُمْ مَنَاهِجَ الرَّسُولِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ، فَتَدَاوَيْتُمْ مِنَ الْعَمَى وَالصَّمَمِ وَالْبَكَمِ، وَكُفِيتُمْ مَؤُونَةَ الطَّلَبِ وَالتَّعَسُّفِ، وَنَبَذْتُمُ الثِّقْلَ الْفَادِحَ عَنِ الْأَعْنَاقِ»[2]; «Бидонед ки агар шумо аз тулӯъкунандаи Машриқ пайравӣ кунед, шуморо ба роҳҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам раҳсипор месозад, пас аз кӯриву карӣ ва гунгӣ беҳбудӣ пайдо мекунед ва аз заҳмати ҷустуҷӯ ва бероҳи рафтан осуда мешавед ва бори сангин ва хатарнокро аз гардани худ бар медоред».

Ин гуна Худованд барои касе ки тақво пеша мекунад, роҳе қарор медиҳад; Чунонки фармудааст: ﴿وَمَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجًا[3]; «Ва ҳар кас аз Худованд тақво пеш гирад барои ӯ роҳи бурунрафте қарор медиҳад» Ва касоне ки дар бораи Ӯ талош мекунандро ба роҳҳои худ раҳнамун мешавад; Чунонки фармудааст: ﴿وَالَّذِينَ جَاهَدُوا فِينَا لَنَهْدِيَنَّهُمْ سُبُلَنَا[4]; «Ва касоне ки дар бораи Мо талош мекунандро ҳатман ба роҳҳои худ раҳнамун мешавем», вале касоне ки золиманд ва аз талош дар бораи Ӯ фуру мегузорандро бечора мекунад ва барояшон ҳеч роҳе қарор намедиҳад; Чунонки фармудааст: ﴿إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا وَظَلَمُوا لَمْ يَكُنِ اللَّهُ لِيَغْفِرَ لَهُمْ وَلَا لِيَهْدِيَهُمْ طَرِيقًا ۝ إِلَّا طَرِيقَ جَهَنَّمَ[5]; «Ҳароина касоне ки куфр врзиданд ва ситам кардандро Худованд ҳаргиз намеомӯрзад ва ба ҳеч роҳе раҳнамун намешавад; Магар роҳи Ҷаҳаннм»; Чароки Ӯ бисёр бахшоянда ва меҳрубон ва дар ъайни ҳол, бисёр ҳисобгар ва сахтгир аст ва ҳаргиз некукоронро монанди бадкорон қарор намедиҳад; Чунонки фармудааст: ﴿أَمْ حَسِبَ الَّذِينَ اجْتَرَحُوا السَّيِّئَاتِ أَنْ نَجْعَلَهُمْ كَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ سَوَاءً مَحْيَاهُمْ وَمَمَاتُهُمْ ۚ سَاءَ مَا يَحْكُمُونَ[6]; «Оё касоне ки бадиҳоро пеша карданд пиндоштанд ки ононро монанди касоне қарор медиҳем ки имон оварданд ва корҳои шойиста анҷом доданд, зиндагӣ ва маргашон монанди ҳам аст?! Бад қазоват мекунанд!» Ва фармудааст: ﴿أَمْ نَجْعَلُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ كَالْمُفْسِدِينَ فِي الْأَرْضِ أَمْ نَجْعَلُ الْمُتَّقِينَ كَالْفُجَّارِ[7]; «Ё касоне ки имон оварданд ва корҳои шойиста кардандро монанди фасод кунандагон дар замин қарор медиҳем ё парҳезкоронро монанди фоҷирон қарор медиҳем?!».

Худованд ҳамаи мусалмононро тавфиқи пайвастан ба наҳзати заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ арзонӣ дорад то аз бечорагӣ раҳойи ёбанд; Чароки ҳеч роҳе ҷуз он барои раҳойии онон аз бечорагӣ нест, агарчи шарқ то ғарби ҷаҳонро бикованд ва ситойиш барои Худованде аст ки чунин хоста ва чунин муқаррар доштааст.

↑[1] . Анъом/ 119
↑[2] . Кофии Кулайнӣ, ҷ 8, с 66; Иршоди Шайхи Муфийд, ҷ 1, с 291
↑[3] . Талоқ/ 2
↑[4] . Анкабут/ 68
↑[5] . Нисоъ/ 168-169
↑[6] . Ҷосия/ 21
↑[7] . Сод/ 28
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Таълиқот
Нақдҳо ва баррасиҳои фаръӣ
Нақди
фаръии 1
Нависанда: Саъидӣ
Тарих: 20/7/2016

Шумо дар посухи боло, ниҳоятан амал ба «усули амалӣ» ро барои қосир муҷоз ва амал ба «ахбори воҳид» ро барои ӯ ғайри муҷоз донистаед. Савол ин аст ки фарқ миёни «ахбори воҳид» ва «усули амалӣ» чист? Магар ҳар ду ифодаи занн намекунанд? Пас чаро амал ба «усули амалӣ» барои қосир ҷойиз аст, вале амал ба «ахбори воҳид» барои ӯ ҷойиз нест?!

Посух ба нақди
фаръии 1
Тарих: 21/7/2016

«Ахбори  воҳид» ва «усули амалӣ» ҳар ду муфиди занн ба ҳукми воқеъӣ ҳастанд, вале «усули амалӣ» бар хилофи «ахбори воҳид», муфиди қатъ ба ҳукми зоҳирӣ аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки иқоби било баён ақлан қабеҳ аст ва занн, ба иқтизои ﴿إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا[1]; баён маҳсуб намешавад ва бо ин васф, таклифи мукаллаф дар ҳолати адами қатъ ба ҳукми воқеъӣ, ҳаргоҳ дар он «муқассир» набошад, амал ба бароъат, эҳтиёт, истисҳоб ва тахийр аст; Зеро иқоби ӯ дар чунин ҳолате, иқоби било баён маҳсуб мешавад ки мумкин нест, дар ҳоле ки амали «муқассир» ба бароъат, эҳтиёт, истисҳоб ва тахийр дар ҳолати адами қатъ ба ҳукми воқеъӣ, монанди амали ӯ ба онҳо дар ҳолати қатъ ба он аст ки ваҷҳе надорад; Чароки баён нисбат ба ӯ мавҷуд аст ва ӯ худ барои вусул ба он иқдом намекунад ва аз инҷо дониста мешавад ки амали «қосир» ба «усули амалӣ» дар мавзӯъоте ки оёти Қуръон ва ахбори мутавотире дар бораи онҳо вуҷуд надорад, муҷзӣ аст ва табъан ҷойе барои амали ӯ ба «ахбори воҳид» боқӣ намемонад, вале амали «муқассир» ба «усули амалӣ» монанди амали ӯ ба «ахбори воҳид», дар ҳар ҳол муҷиби бароъати зиммаи ӯ аз таклиф намешавад ва ин бунбасте аст ки худ бо сӯъи ихтиёраш падид овардааст ва табъан мунофӣ бо лутфи Худованд нест, бал мутобиқ бо қавонини Ӯст ки фармудааст: ﴿إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ[2]; «Худованд гурӯҳи золимро ҳидоят намекунад» ва фармудааст: ﴿إِنَّ اللَّهَ لَا يُصْلِحُ عَمَلَ الْمُفْسِدِينَ[3]; «Худованд амали муфсидонро дуруст намекунад» ва фармудааст: ﴿إِنَّمَا يَتَقَبَّلُ اللَّهُ مِنَ الْمُتَّقِينَ[4]; «Худованд танҳо аз парҳезкорон қабул мекунад».

↑[1] . Юнус/ 36
↑[2] . Моъида/ 51
↑[3] . Юнус/ 81
↑[4] . Моъида/ 27
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани нақд
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи нақд дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст нақди шумо дар пойгоҳ баррасӣ шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани нақди худ, нақдҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Беҳтар аст аз навиштани нақдҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин нақдҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули баррасӣ мешаванд.