Душанбе 29 Апрел 2024 мелодӣ / 20 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

تَكُنْ فِتْنَةٌ فِي الْأَرْضِ وَفَسَادٌ كَبِيرٌ﴾[1]; «Ва касоне ки куфр варзиданд, бархӣ сарпарасти бархӣ дигаранд! Агар анҷомаш надиҳед фитнае дар замин ва фасодӣ бузург хоҳад буд»! Рӯшан аст ки тақвои чунин фарде низ модоми ки ба ҳадди исмат нарасад, зомини адами сӯъи истифодаи ӯ аз қудрат беқайд ва назораташ нахоҳад буд; Зеро бисёр дида ва шунида шудааст ки тақводороне чун ба қудрат расидаанд, аз ҳудуди Худованд таҷовуз кардаанд ва даст ба ситам ёзидаанд ва бо ин васф, қудрат бахшидан ба чунин касе бидуни тақйид ва назорат, илқоъи худ дар маърази ҳалокат аст ки зулми ба худ шумурда мешавад ва ҷойиз нест; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَلَا تُلْقُوا بِأَيْدِيكُمْ إِلَى التَّهْلُكَةِ﴾[2]; «Ва худро бо дасти худ ба ҳалокат наяндозед» Ва фармудааст: ﴿إِنَّ اللَّهَ لَا يَظْلِمُ النَّاسَ شَيْئًا وَلَٰكِنَّ النَّاسَ أَنْفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ﴾[3]; «Бегумон Худованд ба мардум зулме намекунад, вале ин мардум ҳастанд ки ба худашон зулм мекунанд»; Бинобарин, Худованд итоъат аз чунин касеро бар мардум воҷиб накардааст, вале ин мардум ҳастанд ки итоъат аз чунин касеро бар худ воҷиб кардаанд; Чароки Худованд ба онон золим нест ва онон ҳастанд ки ба худ зулм мекунанд. Ҳар чанд чунин коре натанҳо зулм шумурда мешавад, бал мисдоқи боризи сафоҳат аст ки аз оммаи оқилон баъид аст, чи расад ба Парвардигори онон!

Аз инҷо дониста мешавад ки тақлид аз олимон, ба ҳеҷ рӯй муҷзӣ нест ва иҷтиҳод бар умуми мусалмонон воҷиб аст; Албатта дар сурате ки мурод аз иҷтиҳод, шинохти яқинӣ аз ақойид ва аҳкоми Ислом бошад; Чароки агар мурод аз он, шинохти заннӣ аз онҳо ҳар чанд бо итикоъ ба ахбори оҳод ва мавҳумотӣ назири иҷмоъ бошад, тафовути чандоне бо тақлид надорад ва ба табаъи он муҷзӣ нест; Чароки иллати муҷзӣ набудани тақлид, муҷзӣ набудани итикоъ ба ғайри яқиниёт дар ақойид ва аҳкоми шаръӣ аст ва ин иллат миёни тақлид ва иҷтиҳод муттакӣ бар ғайри яқиниёт, муштарак аст ва бо ин васф, иҷтиҳоди муттакӣ бар ғайри яқиниёт, муҷзӣ нест, ҳар чанд аз тақлид беҳтар бошад; Бал ҳар коре ки барои шинохти яқинӣ аз ақойид ва аҳкоми шаръӣ

↑[1] . Анфол/ 73
↑[2] . Бақара/ 195
↑[3] . Юнус/ 44