Расм ва насби тимсоли Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва аъимаи аҳли байт чи ҳукме дорад?
Расм ва насби тимсоле ки ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва аъимаи аҳли байт нисбат дода мешавад, ҷойиз нест ва ин ба чанд далил аст:
Яккум онки тасвиргирӣ аз ҷондорон аст ки дар Қуръон ва суннат ҷойиз дониста нашудааст[1].
Дуввум онки ҳамонандӣ бо масеҳиён аст; Чароки онон ба расму насби тимсоли Масеҳ алайҳи салом, Ҳавориюн ва Қиддисон мепардозанд, дар ҳоле ки ҳамонандӣ бо онон ҷойиз нест; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ كَفَرُوا﴾[2]; «Эй касоне ки имон овардед! Ҳамонанди касоне ки кофир шуданд набошед» Ва ривоят шудааст ки Умми Ҳабиб ва Умми Салама барои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳикоят карданд ки вақте дар Ҳабаша буданд, калисоеро диданд ки дар он тасовире буд, пас он ҳазрат фармуд: «إِنَّ أُولَئِكَ قَوْمٌ إِذَا كَانَ فِيهِمُ الرَّجُلُ الصَّالِحُ فَمَاتَ، بَنَوْا عَلَى قَبْرِهِ مَسْجِدًا، وَصَوَّرُوا فِيهِ تِلْكَ الصُّوَرَ، فَأُولَئِكَ شِرَارُ الْخَلْقِ عِنْدَ اللَّهِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ»[3]; «Онон қавме ҳастанд ки ҳаргоҳ марди солеҳе дар миёнашон бошад, пас аз дунё биравад, бар рӯйи қабраш масҷиде бано мекунанд ва ин тасовирро дар он мекашанд, пас онон бадтарин мардумон назди Худованд дар рӯзи Қиёмат ҳастанд».
Севвум инки аз масодиқи дурӯғ аст; Чароки чеҳра ва бадани онон дақиқан маълум нест.