Ҳадиси 4
Замин ҳеч гоҳ аз имоме ки ба василаи ӯ ба Худованд роҳ ёфта мешавад, холӣ намемонад.
رَوَى مُحَمَّدُ بْنُ عَلِيِّ بْنِ بَابَوَيْهِ [ت381ه] فِي «كَمَالِ الدِّينِ وَتَمَامِ النِّعْمَةِ»[1]، قَالَ: حَدَّثَنَا أَبِي قَالَ: حَدَّثَنَا عَبْدُ اللَّهِ بْنُ جَعْفَرٍ، عَنْ مُحَمَّدِ بْنِ عِيسَى، عَنْ جَعْفَرِ بْنِ بَشِيرٍ وَصَفْوَانِ بْنِ يَحْيَى جَمِيعًا، عَنْ ذَرِيحٍ، عَنْ أَبِي عَبْدِ اللَّهِ -يَعْنِي جَعْفَرَ بْنَ مُحَمَّدٍ الصَّادِقَ- عَلَيْهِ السَّلَامُ قَالَ: سَمِعْتُهُ يَقُولُ:
وَاللَّهِ مَا تَرَكَ اللَّهُ عَزَّ وَجَلَّ الْأَرْضَ قَطُّ مُنْذُ قَبَضَ آدَمَ إِلَّا وَفِيهَا إِمَامٌ يُهْتَدَى بِهِ إِلَى اللَّهِ عَزَّ وَجَلَّ وَهُوَ حُجَّةُ اللَّهِ عَلَى الْعِبَادِ، مَنْ تَرَكَهُ هَلَكَ وَمَنْ لَزِمَهُ نَجَا، حَقًّا عَلَى اللَّهِ عَزَّ وَجَلَّ.
Тарҷума:
Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобувей [д.381қ] дар китоби «Камолу Ал-Дин ва Тамому Ал-Неъма», ривоят карда (ба ин сурат ки) гуфтааст: Падарам разияллоҳу анҳ моро ҳадис кард, гуфт: Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар моро ҳадис кард, аз Муҳаммад ибни Исо, аз Ҷаъфар ибни Башир ва Сафвон ибни Яҳё ҳар ду, аз Зариҳ ки гуфт: Шунидам Абу Абдуллоҳ -яъне Ҷаъфар ибни Муҳаммади Содиқ- алайҳи салом мефармояд:
Ба Худо савганд Худованди аззаваҷалл аз вақте ки Одамро аз дунё бурд, заминро во нагузоштааст, магар инки дар он имоме ҳаст ки ба василаи ӯ ба Худованди аззаваҷалл роҳ ёфта мешавад ва ӯ ҳуҷҷати Худованд бар бандагон аст. Ҳар кас ӯро вогузорад ҳалок мешавад ва ҳар кас бо ӯ ҳамроҳӣ кунад наҷот меёбад. Ин ҳаққе бар Худованди аззаваҷалл аст.