Ҷумъа 26 Апрел 2024 мелодӣ / 17 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ

Мансури Ҳошимии Хуросонӣ

 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Адами имкони вилояти мутлақаи фақиҳ

Тақлид аз олимон, ба ҳеҷ рӯй муҷзӣ нест ва иҷтиҳод бар умуми мусалмонон воҷиб аст; Албатта дар сурате ки мурод аз иҷтиҳод, шинохти яқинӣ аз ақойид ва аҳкоми Ислом бошад; Чароки агар мурод аз он, шинохти заннӣ аз онҳо ҳар чанд бо итикоъ ба ахбори оҳод ва мавҳумотӣ назири иҷмоъ бошад, тафовути чандоне бо тақлид надорад ва ба табаъи он муҷзӣ нест; Чароки иллати муҷзӣ набудани тақлид, муҷзӣ набудани итикоъ ба ғайри яқиниёт дар ақойид ва аҳкоми шаръӣ аст ва ин иллат миёни тақлид ва иҷтиҳод муттакӣ бар ғайри яқиниёт, муштарак аст ва бо ин васф, иҷтиҳоди муттакӣ бар ғайри яқиниёт, муҷзӣ нест, ҳар чанд аз тақлид беҳтар бошад; Бал ҳар коре ки барои шинохти яқинӣ аз ақойид ва аҳкоми шаръӣ лозим аст, ҳамон бар умуми мусалмонон воҷиб аст. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 58-59]

Тақлид аз аксарият

Яке дигар аз гунаҳои ройиҷи тақлид, пайравӣ аз гуфта ва кардаи аксари мардум аст; Чароки бисёрӣ аз мусалмонон, гуфта ва кардаи аксари мардумро аз гуфта ва кардаи ақалли онон дурусттар мепиндоранд ва ба масобаи улгуӣ худ, пайравӣ мекунанд; Дар ҳоле ки мусалламан дурустӣ ё нодурустии як гуфта ё карда, аз шумори пайравони он табаъият намекунад, бал тобеъӣ аз мутобиқат ё адами мутобиқати он бо ақл аст ки меъёри шинохт шумурда мешавад... Бинобарин, мумкин аст ки гуфта ва кардаи аксари мардум, нодуруст бошад, бал воқеъ ин аст ки ғолиби бар он нодурустӣ аст; Зеро машҳуд аст ки аксари мардум ақлро ба кор намебанданд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْقِلُونَ... Балки аксари онон монанди чаҳорпоёнанд, балки гумроҳтар аз онҳо шумурда мешаванд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿أَمْ تَحْسَبُ أَنَّ أَكْثَرَهُمْ يَسْمَعُونَ أَوْ يَعْقِلُونَ ۚ إِنْ هُمْ إِلَّا كَالْأَنْعَامِ ۖ بَلْ هُمْ أَضَلُّ سَبِيلًا! Дар ҳоле ки ақаллияти онон, ҳаққро мешиносанд ва пайравӣ мекунанд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿فَقَلِيلًا مَا يُؤْمِنُونَ... Аз инҷо дониста мешавад ки пайравӣ аз аксарияти мардум, ваҷҳе надорад ва аз он ҳайс монеъи шинохт шумурда мешавад ки ҳақ, ҳаргоҳ бар хилофи гуфта ё кардаи онон бошад, ботил пиндошта мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَإِنْ تُطِعْ أَكْثَرَ مَنْ فِي الْأَرْضِ يُضِلُّوكَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ; «Ва агар аз аксари касоне ки дар заминанд пайравӣ куни, туро аз роҳи Худо гумроҳ мекунанд»!... Аз инҷо дониста мешавад ки шӯҳрати як гуфта, далолате бар сиҳати он надорад ва ривоҷи як карда, дурустии онро собит намекунад; Ҳамчунонки адами шӯҳрати як гуфта ва адами ривоҷи як карда, далиле бар нодурустии он нест. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 59-60]

Адами эътибори иҷмоъ

Ҷамоъат ба маънои аксарияти ғолиби мусалмонон, наметавонад меъёри ҳақ бошад ва илтизоми ба он ваҷҳе надорад ва аҳли он, лузуман аҳли ҳақ нестанд; Чунонки гуфта шудааст ҷамоъат, аҳли ҳаққанд агар чи андак бошанд. Ҳамчунонки иҷмоъ ҳаргоҳ ба маънои иштиҳор ва адами шинохти мухолиф бошад, асле дар Ислом надорад ва мусбити ҳақ нест; Чароки адами шинохти мухолиф, ба маънои адами мухолиф нест ва иштиҳор, далолате бар ҳақоният надорад. Оре, иттфоқи назари қатъии мусалмонон, бино бар адами имкони иҷтимоъи онон бар ботил, кошиф аз ҳақоният аст, вале рӯшан аст ки истиқроъи томми он мумкин нест ва истиқроъи ноқиси он муҷиби яқин намешавад. Бо ин васф, тавҷиҳи эътибори он бо истинод ба шумулаш бар раъйи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, ё хулафоъи рошидаш бино бар қавли ба ҳуҷҷияати раъйи онон низ бемаъност; Чароки шумули он бар раъйи онон, ҳангоме қатъият дорад ки асли вуҷуди он қатъӣ бошад, дар ҳоле ки асли вуҷуди он, мубтанӣ бар истиқроъи ноқис аст ки заннӣ аст ва табъан дар Ислом эътиборе надорад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا; «Ҳароина занн чизеро аз ҳақ бениёз намекунад»! [Бозгашт ба Ислом, саҳ 61-62]

Адами эътибори ҷумҳурият

Ҷумҳурият ба маънои ҳукумат бар мбнои раъйи аксарияти мардум, маъқул нест; Чароки ҳукумат аз корҳои уқалоӣ ва табъан мубтанӣ бар ақл аст ва ғаразӣ ҷуз ҷалби масолеҳ ва дафъи мафосиди умумӣ надорад, дар ҳоле ки раъйи аксарияти мардум, лузуман уқалоӣ ва мубтанӣ бар ақл нест ва меъёри шинохти масолеҳ ва мафосид шумурда намешавад ва бо ин васф, ҳукумат бар мабнои он, ғолибан ба нақзи ғараз меанҷомад; Хусусан дар ҷавомеъӣ ки ақли аксарияти мардум, рушди камтаре ёфта ва мавонеъи шинохт дар онҳо шойеъ аст... идораи умури ҷомеъа бар пояи машварат, лузуман ба маънои ҳукумат бар пояи раъйи аксарияти мардум нест; Зеро метавонад ба маънои ҳукумат бар пояи маъқултарин раъйи мардум бошад ки бо тазоруби ороъи онон дар машварат кашв мешавад ва ин муқтазои меъёр будани ақл барои шинохт аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки мабно дар ҳамаи корҳои уқало, ақл аст ва ҳукумати онон бар тибқи раъйи аксарияти мардум, ҳаргоҳ раъйи аксарияти мардум мубтанӣ бар ақл бошад, ҳукумат бар мабнои ақл шумурда мешавад на бар мабнои раъйи аксарияти мардум ва ҳар гоҳ мубтанӣ бар ақл набошад, ҳукумат бар тибқи он, кори уқало нест. Аз инҷо дониста мешавад ки ҷумҳурият ба маънои ҳукумат бар мабнои раъйи аксарияти мардум, сарфи назар аз онки раъйи онон маъқул бошад ё набошад, ҷойе дар Ислом надорад ва бо ҳеҷ тақрире қобили қабул нест, ҳар чанд машварат дар он бо мардум, ба манзури кашфи маъқултарин раъйи мавҷуд, ишколе надорад ва судманд аст. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 62-63]

Тақлид аз золимон

Бисёрӣ аз мусалмонон, аз ҳокимони золими худ пайравӣ мекунанд, дар ҳоле ки ҳокимони золимашон, аз як сӯ бо лиҳози мабнои машруъият дар Ислом, муҷоз ба ҳукумат нестанд ва аз сӯӣ дигар, ба иқтизои золим буданашон, бар тибқи ақл ва шаръ ҳукумат намекунанд ва бо ин васф, пайравӣ аз онон ба иқтизои ақл ва шаръ воҷиб нест, балки ба таври ҳатм ҳаром аст; Зеро касоне ки ҳаққи ҳукумат надоранд, табъан ҳаққи пайравӣ низ надоранд ва пайравӣ аз онон, бо таваҷҷуҳ ба мухолифаташон бо ақл ва шаръ, бо пайравӣ аз ақл ва шаръ мухолиф аст ва ин аз масоъили возеҳ ва зарурӣ аст. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 63]

Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад.

Оё пӯст ва гӯшт ва устухон нестед ва танҳо як ҷон надоред?! Пас аз Ӯ битарсед ва бар Ӯ ҷуръат наварзед ва ҳилми Ӯро бар бехабарӣ ё нодонӣ ё хушнудии Ӯ ҳамл накунед ва Ӯро бо боварҳои нодуруст ва корҳои зишт ба хашм наёваред! Оё мехоҳед ки аз осмон бар саратон санге нозил кунад ё оташе ки шуморо бисӯзонад?! Ё гарморо ҷунон бияфзояд ки бипазед ё сарморо ки ях бизанед?! Ё сатҳи дарёҳоро боло оварад то шаҳрҳотонро фарогирад?! Ё гарду ғубори ғализро барангезад то натавонед танаффус кунед?! Ё қаҳатиро ба ҷойе расонад ки саг ва гурбаро бихуред?! Ё бемориҳои маргбортаре дар миёнатон шойеъ созад то аҷсоди якдигарро аз маъобир ҷамъ кунед?! Ё яъҷуҷ ва маъҷуҷро бар шумо мусаллат кунад то мардонатонро сар буранд ва занонатонро ба канизӣ баранд?! Ё балойи дигар бар саратон оварад ки наметавонед тасаввур кунед?! [Номаи бисту шишум]

Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад.

Вой бар шумо! Чи андоза бепарво шудаед! Оё чизе нест ки шуморо битарсонад ва ба сӯи Првардигоратон бозгардонад?! Гирем аз инсоният бароъат ҷустаед ва ҳайвоният ихтиёр кардаед; Оё ҳайвон аз соҳиби худ наметарсад ва роҳи тавилаашро намешиносад?! Магар санг шудаед ва дигар эҳсосе надоред?! Агар аҳмияте намедишед ки чи балое бар саратон меояд, пас бар фарзандонатон ва фарзандони фарзандонатон то ҳафт насл раҳм кунед ки ногузир хоҳанд буд товони боварҳо ва корҳои шуморо бипардозанд! Оё аҳмияте намедиҳед ки чи балое бар сари онон хоҳад омад?! Дар ҳоле ки шуморо нафрин хоҳанд кард ва хоҳанд гуфт: «Худованд онон наёмӯрзад! Чароки бо ҳамоқати худ моро бадбахт карданд!» Ва албатта нафрини онон мустаҷоб хоҳад шуд; Зеро ононро дар маҳлакае андохтаед ки то ҳафт насл аз он берун натавонанд омад! [Номаи бисту шишум]

Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад.

Худованд шуморо бикушад! Мисле ки кар шудаед ва суханамро намешунавед! Ё мастед ва намефаҳмед чи мегӯям! Чаро вокуниш нишон намедиҳед?! Магар мурдаед?! Ё соъиқае ба шумо хӯрдааст, пас хушкидаед?! Чи кардаед ки то ин андоза хаста ва афсурдаед?! Чи хӯрдаед ки чунин ворафтаед ва сусту беъор шудаед?! Дар ҳоле ки харҳо коҳ мехуранд ва бор мебаранд ва фарёдашон гӯшро мехарошад! Ҷаҳонро ба оташ кашидаед ва ба назора нишастаед! Золимонро ба худ мусаллат кардаед, пас ҳар коре ки мехоҳанд бо шумо мекунанд, вале дасте намеҷунбонед! Танҳо дар хилват оҳе мекашед ва ғурре мезанед, чунонки гӯйи духтаракон ё пиразанонед! Оё ғайрате дар шумо нест ки чӯби зулм дар шалворатон кардаанд ва ҷуз «ох» намегӯйед?! Чаро ин хиффатро мепазиред ва ин ранҷи рӯзафзунро таҳаммул мекунед?! Чаро ҳаққи худро намеситонед ва фитнаро фуру наменишонед?! [Номаи бисту шишум]

Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад.

Чаро бо ман ҳамроҳ намешавед то ин шариронро барандозем ва ба ҷояшон касеро баргуморем ки Худованд баргузидааст, то заминро аз адолат пур кунад чунонки аз зул пур шадааст?! Чаро манро ёрӣ намекунед то риштаи корро аз дасти инон бигирем ва ба имомӣ одил аз Оли Муҳаммад биспорем?! Оё адолатро дӯст намедоред ва ба хушбахтӣ розӣ нестед?! Дар ҳоле ки адолат аз асал ширинтар ва аз мушк хушбӯйтар ва аз гули Кувкаб зеборат аст, агар бидонед! Ё метарсед ки шуморо бигиранд ё бикушанд?! Дар ҳоле ки марг аз зистан дар зиллат зери сояи золимон беҳтар аст, агар биандешед?! Ё чашм ба олимон ва бузургонатон дӯхтаед ки бо онон сохтаанд ва дар баробари зулмашон хомӯш нишастаанд?! Дар ҳоле ки олимон ва бузургонатон муштӣ хоъин ва фурумояанд ва барои онон дахмае дар қаъри Дӯзах аст; Чароки дунёро ба охират тарҷиҳ додаанд ва Биҳишти Баринро ба ноне фурӯхтаанд! Ё аз раҳмати Худованд ноумед шудаед ва пиндоштаед ки халифае барои Ӯ дар замин нест?! Дар ҳоле ки раҳмати Худованд мунқатеъ намешавад ва замин аз халифааш холӣ намемонад, вале бештаратон ғофилед! Пас инки нидои манро бишнавед ва даъватамро иҷобат кунед, пеш аз онки дер шавад ва рӯзе бар шумо биёяд ки бар амсоли шумо дар гузашта омад; Пас аз рӯи замин бардошта шавед, чунонки онон бардошат шуданд ва ба оташӣ сӯзон андохта шавед ки гӯштро мебалъад ва устухонро сиёҳ мекунад, пас аз маргӣ ҳувлнок ва қабрӣ торик ки дар он фишоре чунон фишори мангана аст! [Номаи бисту шишум]

Фарозе аз номаи он ҳазрат дар бораи инки бо андешаҳо ва омӯзаҳояш шинохта мешавад, на бо ном ва нишонаш.

Ба суханам гӯш биспоред ва напурсед ки кистам; Чароки кистии инсон дар сухани ӯ ошкор мешавад ва оқил ба сухан менигарад на ба гӯяндаи он! Чи бисёр сухани росте ки кӯдаке гӯяд ва чи бисёр сухани дурӯғе ки бузургон гӯянд! Сухани рост, рост аст агар чи кӯдаке гӯяд ва сухани дурӯғ, дурӯғ аст агар чи бузургон гӯянд! Аз ин рӯ, агар суханеро бишносед, нашнохтани гӯяндаи он ба шумо зиёне намерасонад, ҳамчунонки агар суханеро нашносед шинохтани гӯяндаи он ба шумо суде намерасонад! Пас ба суханам гӯш биспоред то манро бишносед; Чароки инсон дар зери забони хеш пинҳон аст ва касе шинохта намешавад то онгоҳ ки ба сухан дарояд. Шумо гӯш дода нашудаед магар барои шунидан ва чашм дода нашудаед магар барои дидан ва ақл дода нашудаед магар барои тамйизи ончи мешунавед ва мебинед ки кадомин рост ва кадомин норост аст. Пас суханамро бо гӯши худ бишнавед ва бо ақли худ баррасед то агар рост буд бипазиред ва агар норост буд напазиред. Худованд ба шумо тавфиқ диҳад; Чароки шайтон мехоҳад шумо нашунавед то надонед ва надонед то бадбахт шавед ва оё бадбахтӣ ҷуз дар паӣ нодонӣ аст?! [Номаи якум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Шуморе аз ёронамон моро хабар доданд, гуфтанд: Мо ҷамоъате назди Мансур будем, дар ҳоле ки ӯ андешнок заминро ламс мекард ва ба оҳистагӣ мефармуд: Худовандро чунонки сазовор аст нашнохтанд! Худовандро чунонки сазовор аст нашнохтанд! Худовандро чунонки сазовор аст нашнохтанд! Сипас сари худро ба сӯӣ мо боло овард ва фармуд: Бинависед! Пас шурӯъ кардем ба навиштан, пас фармуд: Худовандро чунонки сазовор аст нашнохтанд ҳангоме ки гуфтанд: «Худованд дар ин уммат халифае қарор надод», дар ҳоле ки медонанд дар умматҳои пешин қарор дод ва ҳеч гоҳ суннати худро тағйир намедиҳад, магар инки худ аз тағйире хабар диҳад ва аз хатми набувват хабар дода ва аз хатми хилофат хабар надода, бал дар бораи касоне аз ин уммат ки имон оварданд ва корҳои шойиста анҷом доданд фармудааст: «Ҳатман ононро дар замин халифа мегардонад ҳамон тавр ки касоне пеш аз ононро халифа гардонд», пас суннати Ӯ дар халифа қарор додани мардоне аз аҳли имон ва корҳои шойиста пас аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам то рӯзи қиёмат ба қуввати худ боқи аст, вале чун онро ба инон ки фаромӯшаш кардаанд ёдоварӣ мекунам, аз ман баййина талаб мекунанд, дар ҳоле ки баййина ҷуз бар ӯҳдаи онон нест; Зеро онон тағйири суннатеро иддаъо мекунанд ки ба субути он дар умматҳои пешин иқрор доранд ва ман мункири тағйри он ҳастам ва онон медонанд ки баййина бар ӯҳдаи муддаъӣ аст ва бар ӯҳдаи мункир нест! Бо ин ҳол, ман барои онон баййина овардаам ва он оёте аз Қуръон аст ки бар онон мехонам, вале онон дар посухи ман ба кори падаронашон истинод мекунанд! Мегӯянд: «Ту донотарӣ ё саҳоба ва тобеъин?!» дар ҳоле ки худ аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят мекунанд: «Чи бисёр ноқили донише ки худ донише надорад ва чи бисёр ноқили донише барои касе ки аз ӯ донотар аст» ва мегӯянд: «Ин бидъат аст», дар ҳоле ки бидъат чизе буд ки падаронашон дар Сақифа бунён ниҳоданд, ҳангоме ки аз ончи ёдоварӣ шудандро аз ёд бурданд, ҳамон тавр ки гузаштагон аз ёд бурданд, пас гуфтанд: «Аз мо амире бошад ва аз шумо амире»... [Фақараи 19 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: ...сипас бо Абу Бакр байъат карданд, дар ҳоле ки медонистанд Худованд ононро ба байъат бо ӯ амр накардааст, пас Умар ҳангоме ки кор аз кор гузашт гуфт: «Байъат бо Абу Бакр корӣ аҷулона ва насанҷида буд ки Худованд аз шарри он ҳифз кард, пас ҳар кас монанди онро такрор кунад, байъате бар ӯ нест», вале ҳар такрор кунандае монанди онро такрор кард ва онон бо ӯ байъат карданд ва гуфтанд: «Байъат бо Абу Бакр ҳамин тавр буд»! Пас аз Умар дар хатояш пайравӣ карданд ва дар чизе ки ба дурустӣ гуфт пайравӣ накарданд! Пас чун инро ба онон ёдоварӣ мекунем то тавба ва ислоҳ кунанд, таъассуби ҷоҳилӣ ононро фаро мегирад, мегӯянд: «Эй вой! Оё мегӯйи ки Абу Бакр ва Умар хато карданд?!», дар ҳоле ки медонанд он ду худоёне ҷуз Худованд ё паёмбароне пас аз Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нестанд, бал ду марди солеҳ буданд ки дар бархӣ чизҳо дуруст амал накарданд ва дар бархӣ чизҳо хато ва ҳеч мӯъминеро намерасад ки аз он ду дар хатояшон пайравӣ кунад; Чунонки саҳоба дар бисёрӣ аз умур, бо он ду мухолифат карданд ва фуқаҳо дар масоъили бисёре бар хилофи фатвои он ду фатво доданд ва инон низ бар онон айб нагирифтанд ва нагуфтанд: «Эй вой! Абу Бакр ва Умарро дар хато донистанд»! То он гоҳ ки ман ончи онон барояшон пароканда гуфтандро барояшон якҷо кардам ва онро рӯшан ва бепироя барояшон овардам, пас бар онон гарон омад ва гуфтанд: «Ин дини ҷадиде аст»! Дар ҳоле ки он дини ҷадиде нест, балки ҳамон дини нахустин аст, магар инки манзурашон аз ҷадид чизе бошад ки аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят мекунанд ки Худованд дар миёнашон мардеро бар меангезад ки динашонро барояшон тоза кунанд; Зеро ман динашонро пас аз инки мундарас шуда буд, барояшон тоза кардам ва барояшон дар баробари Худованд ихтиёри чизеро надорам ва нигаҳбони онон нестам. [Фақараи 19 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: Шунидам Мансур мефармояд: Ҳароина замин аз мардӣ одил аз зуррияи Иброҳим алайҳи салом ки Худованд ӯро имоме барои мардум қарор дода бошад холӣ намемонад ва ин аҳде аст ки Худованд бо Иброҳим алайҳи салом кард, ҳангоме ки ӯро бо калимоте озмуд, пас онҳоро ба анҷом расонд, пас «Фармуд: Ман туро имоме барои мардум қарор медиҳам, гуфт: Ва аз зуррияам низ? Фармуд: Аҳди Ман ба золимон намерасад», пас ин ҷоҳилони мунҳариф чи чизеро инкор мекунанд?! Оё инкор мекунанд ки аксари мусалмонон гумроҳ шуда бошанд?! «Дар ҳоле ки пеш аз онон аксари гузаштагон гумроҳ шуданд» ва онон аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят мекунанд ки ба онон фармуд: «Шумо ваҷаб ба ваҷаб ва қадам ба қадам ба роҳҳои гузаштагон хоҳед рафт»! Пас бо вуҷуди сухани Худованд ва сухани Паёмбараш, чи чизеро инкор мекунанд?! Оё инкор мекунанд ки аксари саҳоба хато карда бошанд?! Дар ҳоле ки аксарашон дар рӯзи Уҳуд хато карданд, ҳангоме ки ба сӯӣ кӯҳ мегурехтанд ва ба аҳаде нигоҳ намекарданд ва Паёмбар дар пушти сарашон ононро мехонд, пас ононро бо андӯҳе бар рӯйи андӯҳе кайфар дод ва фармуд: «Бегумон касоне аз шумо ки дар рӯзи рӯёрӯйии ду гурӯҳ по ба фирор гузоштанд, шайтон ононро ба сабаби бархӣ аз ончи касб карда буданд ба лағзиш андохт» ва дар рӯзи Ҳунайн, ҳангоме ки касраташон ононро мағрур сохт, пас ононро бениёз накард ва замин бо ҳамаи вусъаташ бар онон танг шуд, сипас по ба фирор гузоштанд ва худ аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят мекунанд ки фармуд: «Ҳароина гурӯҳе аз асҳобам (дар рӯзи қиёмат) ба сӯйи ман меоянд, пас аз атрофи ҳавз ронда мешаванд, пас мегӯям: Парвардигоро! Асҳобам! Асҳобам! Пас Мефармояд: Ту намедонӣ ки баъд аз ту чи кор карданд! Онон ба пушти сари худ боз гаштанд»! Пас бо вуҷуди сухани Худованд ва сухани Паёмбараш, чи чизеро инкор мекунанд?! Оё саҳоба ва тобеъинро худоёне ҷуз Худованд гирифтаанд, чунонки яҳудиён олимон ва роҳибонашонро гирифтанд?! «Дар ҳоле ки амр нашудаанд магар инки Худойи воҳидро бипарастанд, Худойе ҷуз Ӯ нест, Ӯ аз чизе ки шарикаш қарор медиҳанд мунназаҳ аст»! [Фақараи 20 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: Аз Мансур дар бораи сухани Худованди баландмартаба пурсидам ки мефармояд: «Ва касоне ки кофир шуданд мегӯянд ки ту Паёмбар нестӣ, бигӯ Худованд ва касе ки илми китоб назди ӯст ба унвони шоҳид миёни ман ва шумо кофӣ ҳастанд», пас фармуд: Шаҳодати Худованд китоби Ӯст ва ҳароина миёни Паёмбар ва умматаш ду шоҳид вуҷуд дорад: Китоби Худованд ва касе ки илми китоб назди ӯст ва ӯ халифаи Худованд дар миёни онон пас аз Паёмбар аст ва умматаш ҳеч гоҳ бидуни он ду нахоҳад буд то он гоҳ ки қиёмат фаро расад, гуфтам: Худованд манро фадои ту гардонад; Зеро чизе аз китоби Худованд ки пинҳон медорандро бароям ошкор кардӣ! Фармуд: Онро пинҳон намедоранд, вале дар он тадаббур намекунанд, ё бар дилҳо қуфлҳое аст! Дар ин ҳангом гиряам гирифт, пас фармуд: Туро чи мешавад?! Гуфтам: Барои мардум таъассуф мехурам; Чароки онон сухани туро нашунидаанд, дар ҳоле ки он ҳикмат ва фазлулхитоб аст ва агар онро мешуниданд, ҳидоят меёфтанд, пас фармуд: Бар онон таъассуф нахур: «Агар Худованд дар онон хайре меёфт ҳатман ба онон мешунавонд ва агар ба онон мешунавонд пушт мекарданд, дар ҳоле ки рӯйгардон буданд»! [Фақараи 21 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Шуморе аз ёронамон моро хабар доданд, гуфтанд: Мо ҷамоъате назди Мансур будем, пас ба мо рӯй намуд ва фармуд: Ҳароина барои Худованд бар мардум ду шоҳид аст: Китоби Худованд ва касе ки илми Китоб назди ӯст ва ҳеч як аз он ду ононро аз дигарӣ бениёз намекунад ва ин сухани Худованд аст ки фармудааст: «Бигӯ Худованд ва касе ки илми Китоб назди ӯст ба унвони шоҳид миёни ман ва шумо кофӣ ҳастанд», сипас ба осмон нигарист ва фармуд: Худовандо! Оё табйин кардам?! Пас аз тарси Худованд чизе ба мо ворид шуд ки Худованд медонад ҳангоме ки инро фармуд, сипас ба сӯӣ мо бозгашт ва фармуд: Ҳароина замин аз Китоби Худованд ва касе ки илми Китоб назди ӯст холӣ намемонад, то ду шоҳид миёни Паёмбар ва умматаш то рӯзи қиёмат бошанд ва касе ки илми Китоб назди ӯст марде аз итрат ва аҳли байти Паёмбар аст ва ин сухани ӯст ки фармудааст: «Ҳароина ман дар миёни шумо ду чизи гаронмояро ба ҷо мегузорам: Китоби Худованд ва итратам аҳли байтам, агар ба он ду мутамассик шавед ҳаргиз пас аз ман гумроҳ нахоҳед шуд ва он ду ҳеч гоҳ аз ҳам ҷудо намешаванд то он гоҳ ки назди ҳавз бар ман ворид шаванд», сипас бори дигар ба осмон нигарист ва фармуд: Худовандо! Оё ба таври комил адо кардам?! Пас аз ҳайбати ӯ шурӯ ба ларзидан кардем ҳангоме ки инро фармуд, ингор ки дар ин дунё набуд! [Фақараи 22 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Қоъида назди ҳазрати аллома ҳафизаҳулоҳ таъоло, ҳуҷҷияти хабари мутавотир ва адами ҳуҷҷияти хабари воҳид аст ва хабари мутавотир назди ӯ чизе аст ки дар ҳар табақа беш аз чаҳор мард онро ривоят кардаанд, ба шарти инки қарини якдигар набошанд ва дар бораи маъно ихтилоф накарда бошанд ва чизе ки ривоят кардаанд бо китоби Худованд ё суннати собит аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ё ақли салим таъоруз надошта бошад. Ҳамчунин, чизе ки дар ҳар табақа чаҳор мард онро ривоят кардаанд, дар ҳукми хабари мутавотир аст, ба шарти инки одил бошанд, илова бар се шарти пешин ва ин чизе аст ки баррасии ҳоли ровиён ҳаргоҳ беш аз чаҳор мард набошандро зарурӣ месозад. Аммо баррасии ҳоли онон ҳаргоҳ камтар ё бештар аз ин теъдод бошанд, коре аст ки ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло аз боби илзом анҷом медиҳад; Чароки аксари мусалмонон қоъил ба ҳуҷҷияти хабари воҳиди сиқа ё садуқ ҳастанд ва чи басо чизе ки тавассути панҷ мард ривоят шудаастро мутавотир намедонанд. Аз ин рӯ, ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло чизе ки ровиёни сиқа ё садуқ назди онон ривоят кардаандро ихтиёр мекунад то ҳуҷҷате бар онон бошад ва бошад ки онон ҳидоят ёбанд. [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Шарти ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло барои ихтиёри аҳодис, пас аз созгории маънои онҳо бо китоби Худованд ва суннати собит аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ақли салим, шӯҳрати ровиёни онҳо ба васоқат ё садоқат назди касоне аст ки аҳли мазҳаби онҳо ҳастанд, на мухолифони онҳо; Чунонки дар шарҳи ҳоли Ҷобир ибни Язиди Ҷуъфӣ онро табйин карда ва фармудааст: «Милок, ҳоли фард назди асҳоби ӯст (яъне аҳли мазҳаби ӯ); Чароки онон ба ҳоли ӯ огоҳтаранд ва назари сойири мардум ҳаргоҳ бо назари асҳоби ӯ мунофот дошта бошад, ҳуҷҷат нест; Чароки онон аз ӯ дуртаранд ва чи басо ба хотири дӯст надоштани мазҳабаш, дар бораи ӯ бад мегӯянд ва гувоҳи он, кори Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ки ба яҳудиён фармуд: <Абдулло ибни Салом дар миёни шумо чигуна марде аст?> пас гуфтанд: <Хуби мо ва писари хуби мо ва сарвари мо ва писари сарвари мо ва олими мо ва писари олими мост>, пас суханашон дар бораи ӯро пазируфт; Чароки онон асҳоби ӯ буданд ва сипас ба онон хабар дод ки ӯ мусалмон шудааст, пас шурӯъ ба бадгӯйи дар бораи ӯ карданд ва гуфтанд: <Бадтарини мо ва писари бадтарини мост>, вале сухани онон дар бораи ӯро пас аз инки мухолифони ӯ дар мазҳабаш шунид напазируфт ва агар сухани мухолифон дар мазҳаб пазируфта шавад, чизе аз ҳадис боқӣ намемонад; Чароки ҳар тоъифае дар бораи тоъифаи дигар бад мегӯянд; Чунонки мебинӣ шиъаён ба чизе ки аҳли суннат ривоят мекунанд вақъе намениҳанд магар чизе ки онро ҳуҷҷате бар зидди онон қарор медиҳанд ва мебинӣ аҳли суннат ба чизе ки шиъаён ривоят мекунанд намегиранд магар бо таъаҷҷуб ва истиҳзоъ ва ҳар ду миёнаи роҳро гум кардаанд, вале мо ҳар чизе ки мусалмонон дар мутобиқат бо китоби Худованд ривоят мекунандро мепазирем ҳаргоҳ назди асҳоби худ ба ростгӯйи маъруф бошанд бидуни инки барои ҳеч як аз мазоҳиб таъассуб биварзем». [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Чизе ки назди ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло милок аст, Ислом ва шӯҳрати ровӣ ба васоқат ё садоқат назди тоъифаи ӯст, на мазҳаби ӯ ё тазъифоти мухолифонаш бидуни далилӣ қобили қабул. Пас агар ровӣ аз аҳли суннат аст, милоки ҳоли ӯ назди аҳли суннат аст ва ҳолаш назди шиъа милок нест ва фарқе миёни ривоёти шиъа ва ривоёти аҳли суннат вуҷуд надорад ҳаргоҳ бо се асли пешгуфта созгор бошанд ва ровиёнашон маъруф ба васоқат ё садоқат назди аҳли мазҳаби худ бошанд. Ба ҳамин далил аст ки ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло ривоёте аз шиъаро монанди ривоёте аз аҳли суннат ихтиёр мекунад ва ривояти касеро ба хотири мазҳабаш тарк намекунад модоме ки мазҳабаш бар хилофи зарурии дин набошад, ба наҳве ки ӯро аз Ислом хориҷ созад; Чароки дар он сурат ӯ мунофиқ аст ва мунофиқ дар ҳеч заминае қобили қабули эътимод нест, агарчи ҳамаи мардум ӯро сиқа бидонанд. [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Дарсҳои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, ҳадафашон тазкияи мардум ва таълими Китоб ва ҳикмат ба онон ва меҳвар ва мабнояшон Қуръон ва суннат ва мавзӯъашон ақойид, аҳком ва ахлоқи Исломӣ аст ва мо аз миёнашон чизе ки ба масоъили муҳимтар ва мавриди ибтилотар марбут мешавадро интихоб кардаем ва онро ба гунае ки барои аҳли таҳқиқ ва мутолеъа осонтар бошад мураттаб сохтаем ва барои он таълиқотӣ муштамал бар зикри манобеъ ва бархӣ тавзиҳоти зарурӣ навиштаем. [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Ҳар дарс, дар бораи як масъалаи эътиқодӣ ё фиқҳӣ ё ахлоқӣ аст ва аз се боб ташкил шудааст:

• Боби якум баёни оёте аз Қуръон ки ба масъала марбут мешавад ва дар он тафосири арзишманде аз ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло омада ки аз миёни гуфторҳои нуронии ӯ истихроҷ шудааст ва маъонии оётро ба гунае ки дилҳоро шифо медиҳад ва мардумро аз торикӣ ба нур мебарад, табйин менамояд.

• Боби дуввум аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки ба масъала марбут мешаванд бо зикри шавоҳид ва мутобеъоти онҳо ва дар он нукоти дақиқ ва тавзиҳоти судманде аз ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло омадааст ки маънои аҳодис, ҳоли ровиён ва назари олимонро табйин мекунад.

• Боби севвум баёни аҳодиси саҳиҳе аз аҳли байт алайҳи салом ки ба масъала марбут мешаванд бо зикри шавоҳид ва мутобеъоти онҳо ва дар он назири чизҳое аст ки дар боби дуввум омадааст. [Дарси яккум, муқаддама]

Чорае аз халифаи худ дар замин қарор надода ва ниёзи ба ӯро сарнавишти маҳтум ва абадии мардум сохта ва бо ин васф, муҷодилаи онон ба манзури ёфтани ҷойгузине барои ӯ бефоида аст. Ба иборати дигар, зоҳир набудани Маҳдӣ, мусибатӣ узмо ва зойеъаи ҷубронопазир аст ва талошҳои мардум барои пур кардани ҷои холии ӯ, пуч ва беҳуда аст. Дар чунин вазъияти ҳувлнок ва асафаборе, барои мардум беҳтар аст ки ба ҷои талаф кардани вақт ва неруи худ бо ин қабил муҷодилот ва талошҳои беҳосил, ҳар чи зудтар нидои Мансурро лаббайк гӯянд ва заминаи зуҳури Маҳдиро фароҳам созанд; Чароки ин оқилонатарин кор барои бечорагон ва саргаштагони биёбон аст, вале афсӯз ки бештари онон аҳли таъаққул нестанд. [Пурсиш ва посухи 5]

Ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бидуни таваҷҷуҳ ба фирқаҳо ва мазоҳиби Исломӣ ва танҳо бо истинод ба манобеъи аслӣ ва яқинии Ислом мӯътақид аст ки замин дар ҳеҷ замоне аз «Халифаи Худованд» холӣ нест ва далилашон барои ин эътиқод аз як сӯ зарурати ақлӣ вуҷуди халифаи Худованд дар замин барои таълими кулли Ислом ва иқомаи он ба сурати холис ва комил аст бо таваҷҷуҳ ба инки чунин таълим ва иқомае зарурат дорад ва бидуни вуҷуди чунин халифае мумкин нест ва аз сӯи дигар сухани Худованд аст ки ба рӯшанӣ фармудааст: ﴿إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً; «Бегумон ман дар замин халифаеро қарор диҳандаам» Ва ба масобаи ваъдаи Ӯст ки тахаллуф намепазирад; Чунонки фармудааст: ﴿لَا يُخْلِفُ اللَّهُ وَعْدَهُ; «Худованд аз ваъдаи худ тахаллуф намекунад» Ва ба масобаи суннати Ӯст ки тағйир намепазирад; Чунонки фармудааст: ﴿فَلَنْ تَجِدَ لِسُنَّتِ اللَّهِ تَبْدِيلًا; «Пас ҳаргиз барои суннати Худованд тағйире намеёбӣ». Ин дар ҳоле аст ки танҳо халифаи Худованд дар охируззамон бо таваҷҷуҳ ба ахбори мутавотири Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам Маҳдӣ аст ва аз ин рӯ, яқин ба хилофати касе ҷуз ӯ баъд аз салаф мумкин нест, дар ҳоле ки ҷуз яқин дар Ислом кофӣ шумурда намешавад ва ин ба маънои адами имкони хилофати касе ҷуз Маҳдӣ дар ҳоли ҳозир аст. Бар ин асос, метавон ба вуҷуди Маҳдӣ ва зинда будани ӯ дар ҳоли ҳозир эътиқод дошт. [Пурсиш ва посухи 6]

Бояд таваҷҷуҳ дошт ки эшони Мансури Ҳошимии Хуросонӣ даъвати худ ба сӯӣ заминасозӣ барои зуҳури Маҳдиро бар эътиқод ба вуҷуд ва ҳаёти он ҳазрат дар ҳоли ҳозир мубтанӣ насохта, балки дар китоби худ тасриҳ фармуда ки заминасозӣ барои зуҳури он ҳазрат, ҳатто бино бар адами эътиқод ба вуҷуд ва ҳаёташ дар ҳоли ҳозир, зарури аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки бино бар ин мабно, вуҷуд ва ҳаёти ӯ агарчи мутаваққиф бар фоъиляти Худованд ба маънои таквинии Ӯст, мутаваққиф бар қобилияти мардум ба маънои пазириш ва омодагии онон аст ва Худованд ӯро дар замоне халқ мекунад ки қодир ба зуҳур дар он барои онон бошад. Бинобарин, агар ӯ ҳамакнун вуҷуд ва ҳаёт надошта бошад, заминасозӣ барои вуҷуд ва ҳаёти ӯ монанди заминасозӣ барои зуҳури ӯ зарурӣ аст ва ин мубтанӣ бар сухани Худованд аст ки фармудааст: ﴿إنَّ اللهَ لا یُغیِّرُ مَا بِقَومٍ حَتَّی یُغیِّروا مَا بِأَنفُسِهِم; «Бегумон Худованд чизе ки дар қавме астро тағйир намедиҳад то он гоҳ ки чизе ки дар худашон астро тағйир диҳанд». Ҳосил онки чи дар ҳоли ҳозир мавҷуд ва зинда бошад ва чи набошад, заминасозӣ барои зуҳури ӯ бар умуми мусалмонон воҷиб аст ва мурод аз он таҳсили муқаддамоти лозим барои таъмини амнияти ӯ ва таҳаққуқи ҳокимияти ӯст ки ҳазрати Мансур тафсили онро дар китоби «Бозгашт ба Ислом» табйин фармудааст. [Пурсиш ва посухи 6]

Иртибот бо ҳазрати Маҳдӣ алайҳи салом ба маънои гуфтугӯи ҳузурӣ бо он ҳазрат бино бар қавл ба вуҷуди ӯ дар ҳоли ҳозир, ақлан ва шаръан мумкин аст ва зоҳиран барои бархӣ аз мусалмонон воқеъ шудааст, вале ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ муддаъии иртибот бо он ҳазрат нест, ба ин маъно ки ё бо он ҳазрат иртиботе надорад ва ё онро бар мало намекунад. Дар ҳар ҳол, чи эшон бо он ҳазрат иртиботе дошта бошад ва чи иртиботе надошта бошад, тардиде нест ки ҳаргоҳ ҳокими яке аз кишварҳои Исломӣ пешниҳоди эшон мабнӣ бар канорагири аз қудрат ва интиқоли он ба Маҳдӣ алайҳи саломро воқеъан ва аз рӯӣ ихлос ва на иддаъоан ва аз рӯӣ фиреб қабул кунад ва иқдомоти амалии лозим барои исботи садоқати худ ва тасҳили зуҳури он ҳазратро ба тартибе ки дар китоби «Бозгашт ба Ислом» табйин шудааст анҷом диҳад, Худованд роҳи онро барои ӯ аз ноҳияи ҳар касе ки бихоҳад мегушояд; Чароки Ӯ ба бандагони худ ситамкор нест... Ва чизеро барои қавме тағйир намедиҳад то он гоҳ ки онон худ заминаи тағйирашро фароҳам созанд... Ва аз анҷоми коре ки барои онон лозим аст нотавон нест... Бал ҳақ он аст ки пас аз таҳсили ин муқаддамот тавассути ҳокимӣ мусалмон ва таъйиди он тавассути Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба унвони коршинос ва нозири бетараф ва қобили эътибор дар қолиби иқдомӣ муштарак, ниёзе ба иртиботи эшон бо Маҳдӣ алайҳи салом нахоҳад буд, балки Маҳдӣ алайҳи салом худ бо эшон иртибот хоҳад гирифт; Чароки ҳидояти эшон дар ин марҳала вазифаи Худованд хоҳад буд ва тайӣ ин марҳала тавассути Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бино бар қоъидаи ﴿إِنِّي ذَاهِبٌ إِلَى رَبِّي سَيَهْدِينِ; «Ман ба сӯӣ Парвардигорам равандаам манро ҳидоят хоҳад кард» анҷом мешавад. [Пурсиш ва посухи 10]

Яке аз муҳимтарин ҳақоиқи табйин шуда тавассути ҷаноби Мансур дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» ки метавон онро мабнои назарӣ инқилоби ҷаҳонии Маҳдӣ ва нуқтаи азимат ба сӯӣ зуҳури он ҳазрат донист, имкони зуҳури он ҳазрат дар сурати иҷтимоъи шуморӣ кофӣ аз мусалмонон барои ҳифозат ва ҳимоят аз ӯст. Бар ин асос, ҳадафи ҷаноби Мансур, ташкили ин иҷтимоъ ва расондани он ба Маҳдӣ аст то битавонад бо ёрии он зуҳур кунад. Бо ин васф, ҳукумате ки ҷаноби Мансур дар садади ташкили он аст, ҳукумати Маҳдӣ аст ки монанди ҳар ҳукумати дигаре, дар сурати таҳаққуқи заминаҳои ин қобили ташкил аст ва машрӯъияти таҳаққуқи заминаҳои он бо меҳварияти ташкили иҷтимоъи мазкур, аз тавобеъи машрӯъияти ҳукумати Маҳдӣ аст; Ба ин маъно ки вақте ҳукумати Маҳдӣ машрӯъ аст, заминасозӣ барои он машрӯъият дорад ва ин аз боби таҳсил муқаддамаи воҷиб аст ки ақлан воҷиб маҳсуб мешавад, то ҳадде ки имкони наҳй аз он тавассути шореъ вуҷуд надорад; Чароки наҳй аз воҷиби ақлӣ қабеҳ аст, монанди наҳй аз таҳияи об барои ғусл ва таййи тариқ барои ҳаҷ ва ин сарфи назар аз он аст ки амри шаръӣ барои он ба ҷаноби Мансур расида бошад ё нарасида бошад. [Пурсиш ва посухи 25]

Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба сӯӣ «Худ» даъват намекунад, балки ошкоро ба сӯӣ «Маҳдӣ» даъват мекунад; Чароки даъвати ӯ ба ҳампаймононе барои ҳифозат аз «Маҳдӣ» ва иъонат ва итоъати ӯ, бо ҳеҷ тақрире даъват ба «Худ» талаққӣ намешавад ва «Даъват ба худ» номидани он, монанди «Шаб» номидани «Рӯз» аст ки чизе ҷуз таҳаккум дар номгузорӣ нест. Бегумон касе ба сӯӣ «Худ» даъват мекунанд ки барои «Худ» ҳаққи ҳокимият мешиносанд ва дигаронро ба ҳифозат, иъонат ва итоъати «Худ» малзум медонанд ва ҷуз ҳифзи ҳукумати «Худ» ҳамме надоранд; Ё худпарастоне ки дар ботлоқи иддаъоҳо фуру рафтаанд ва ҷуз «Ман инам» ва «Ман онам» ҳарфе надоарнд ва ҷуз барои исботи «Худ» намекӯшанд; Ҳамонон ки худро дар радифи Паёмбарони Худо медонанд ва дар арзи хулафоъи Ӯ мешуморанд ва ба номҳои авлиёъи Ӯ меноманд, дар ҳоле ки дар назари Ӯ аз ҳашароте бефоидатаранд! [Нақд ва баррасии 16]

Чизе ки шумо онро сиёсат меномед ва мӯътақидед ки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ фоқиди он аст, ҳамон дурӯғ ва фиреб ва дурӯӣ аст ки дар Ислом ҷойе надорад ва аз ин рӯ, дар сирати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ низ дида намешавад; Ҳамчунонки бархӣ ҳамфикрони шумо дар замони амирул мӯъминин Алӣ ибни Абӣ Толиб, он ҳазратро низ бо ҳамин истедлоли шумо ба бесиёсатӣ муттаҳам мекарданд ва ба хотири созиш накардан бо золимон ва мунҳарифон, содалувҳ ва бетатбир мепиндоштанд, дар ҳоле ки он ҳазрат аз сиёсат ва татбири лозим бархурдор буд ва танҳо ба сабаби тақво аз дурӯғ ва фиреб ва дурӯӣ ва созиш бо золимон ва мунҳарифон, иҷтиноб мекард. Мансури Ҳошимии Хуросонӣ низ дар хатти Ислом ва дар хатти Алӣ ибни Абӣ Толиб аст ва аз хатти онҳо хориҷ намешавад; Ба ин маъно ки барои хушоянди касе ҳаққеро кетмон ва ботилеро изҳор намекунад ва барои ҷалби ҳимояти касе ба тамаллуқ ва чоплусӣ мутавассил намешавад, балки ҳақро ошкор месозад агар чи ҳамаи ҷаҳонро дар баробари эшон қарор диҳад ва ботилро мардуд мешуморад агарчи ҳамаи мардумро аз пиромуни эшон пароканда намояд; Чароки Худованд ва халифаи Ӯ дар замин барои ӯ кифоят мекунанд ва бо вуҷуди он ду аз душмании ҷаҳон ва аҳлаш намеҳаросад. Эшон дил аз дунёи беарзиши шумо гусастааст ва ба чизҳое ки барои шумо бисёр муҳим аст аҳммият намедиҳад; Чароки аз уфуқӣ бисёр болотар аз уфуқи диди шумо ба ҷаҳон менигарад ва аз муъодилотӣ бисёр волотар аз муъодилоти шумо пайравӣ мекунад. Эшон аз ҳеҷ гурӯҳ ва фирқа ва мазҳаб ва кишваре ба ноҳақ интиқод накарда, балки бар пояи китоби Худо ва суннати мутавотири Паёмбараш интиқод карда ва бо ин васф, эшон решаи ҳамаро назада, балки Худо решаи ҳамаро задааст! [Нақд ва баррасии 9]

Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аз инки инҳирофи ҳамаи гурӯҳҳо, фирқаҳо, мазҳабҳо ва кишварҳои Исломиро бо такя бар яқиниёти Ислом ва муштаракоти мусалмонон ва бо баёнӣ илмӣ ва дилсӯзона тазаккур дода ва умуми ононро бидуни табъиз ва истисно, ба сӯӣ Исломи холис ва комил ва заминасозӣ барои зуҳури халифаи Худованд дар замин даъват карда, пушаймон ва шармсор нест; Зеро пушаймонӣ ва шармсорӣ шоистаи касе аст ки бар хилофи китоби Худованд ва суннати Паёмбараш амал карда ва чунин касе аст ки дар дунё ва охират пушаймон ва шармсор аст. Ҳар чанд эшон ҳами гурӯҳҳо, фирқаҳо, мазҳабҳо ва кишварҳои Исломиро ба ҳамроҳӣ бо хеш дар роҳи мубораке ки дар пеш гирифтааст, даъват мекунад; Бо таваҷҷуҳ ба инки инсофан ҳамроҳӣ бо эшон дар ин роҳ, барои ҳамаи онҳо мумкин аст ва наҳзати эшон аз чунон вусъате бархурдор аст ки барои ҳамаи онҳо гунҷоиш дорад ва ҳақиқатан ва на иддаоъан мунҳасир ба ҳеҷ як аз онҳо нест ва агар онҳо натавонанд зери парчами эшон бо чунин сояи паҳоваре гирди ҳам ояанд, ҳаргиз зери парчами касе гирди ҳам нахоҳанд омад, вале рӯшан аст ки агар ҳеҷ як аз онҳо ин корро анҷом надиҳанд ва ҳамагӣ дар радди эшон иҷтимоъ кунанд, ба эшон зиёне намерасонанд, балки ба худ зиён мерасонанд ва эшон дар ҳар сурат, «Мансур» ва пирӯзи ин майдон аст; Чароки ҳадафи эшон анҷоми вазифаи ақлӣ ва шаръӣ бо табйини ҳақиқати Ислом аст ва ин ҳадафе аст ки ҳамакнун низ ҳосил шудааст; Чароки паёми эшон бо нашри китоби «Бозгашт ба Ислом» ба некӣ иблоғ гардида ва монанди базри мубораке ба ҳар гӯшаи ин замини паҳновар пошида шудааст ва табиъатан дер ё зуд, дар сарзаминҳои дур ё наздик, яке яке ва дуто дуто ва чандто чандто ҷавона мезанад ва ба рағми ҳамаи душманиҳо ва каҷандешиҳо рушд мекунад ва тавонманд мегардад то ҷойе ки ба шаҷараи таййиба бо аслӣ собот ва фаръӣ дар осмон табдил мешавад ва меваи худро медиҳад. [Нақд ва баррасии 9]

Паёми рӯшан ва калидии ин китоби бузург, бар хилофи бардошти ноқиси шумо, танҳо «Нафӣ дигарон» нест, балки «Исботи Маҳдӣ» ва «Нафӣ дигарон» аст ва ин таҷалии «Ло Илоҳа Илаллоҳ» ва тафсири «Ал байъату Лиллоҳ» аст ки шиъори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ва рукни даъвати ӯст. Ҳамаи сухани ин олими муслеҳ ва муҷоҳид он аст ки ҳеҷ ҳукумате ҷуз барои Аллоҳ нест ва муроди ӯ аз ҳукумати Аллоҳ, бар хилофи муроди сахиф ва нодурусти хавориҷ, адами ҳукумати инсони нест, бал ҳукумати инсоне аст ки Худованд ӯро мансуб карда ва аз тариқи китоби худ ва суннати мутавотири Паёмбараш ё аз тариқи оётӣ баййина, аз интисоби ӯ хабар дода ва ӯ ҳамон «Маҳдӣ» аст ки акнун дар замин вуҷуд дорад, вале ғойиб аст ва иллати ғиёби ӯ, бар хилофи пиндори бештари мардум, ирода ва иқдоми ибтидоии Худованд нест, бал ирода ва иқдоми ибтидоии мардум аст ки шароъити лози барои ӯро фароҳам накардаанд ва аз ин рӯ, масъули ҳамаи табаъот ва аворизи ношӣ аз ғиёби ӯ ҳастанд, агарчи ин табаъот ва аворизи, «Бунбаст дар уммати охируззамон» талаққӣ шавад; Чароки чунин «Бунбасте» ба «Ислом» нисбат дода намешавад то бо «Камоли» он зиддият дошта бошад, бал ба мардум нисбат дода мешавад ки боъис ва бонии он будаанд; ﴿فَاعْتَبِرُوا يَا أُولِي الْأَبْصَارِ; «Пас ибрат бигиред эй соҳибони бинишҳо»! [Нақд ва баррасии 16]

Роҳкори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ барои зуҳур ва ҳокимияти Маҳдӣ, роҳкорӣ ҷомеъ бо абъоди амниятӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ аст; Чароки ӯ барои зуҳури Маҳдӣ ба маънои имкони дастрасӣ ба ӯ, вуҷуди шумори кофӣ аз мусалмонони қавӣ ва амин ба манзури муҳофизат аз ӯ дар баробари хатароти эҳтимолиро зарурӣ медонад; Бо таваҷҷуҳ ба инки танҳо иллати адами зуҳури ӯ ба маънои адами дастрасӣ ба ӯро хавфи ӯ аз кушта шудан ё асорат медонад ва мӯътақид аст ки дар сурати тазмини амнияти ӯ тавассути ин шумор аз мусалмонон, зуҳури ӯ ба маънои дастрасӣ ба ӯ ҳатмӣ хоҳад буд. Аз ин рӯ, ба иқтизои вуҷуби ақлӣ ва шаръӣ заминасозӣ барои ӯ, дар ҳоли гирдоварии шуморӣ кофӣ аз мусалмонони қавӣ ва амин ба манзури муҳофизат аз ӯ дар баробари хатароти эҳтимолӣ аст ва аз ҳамаи онон монанди шумо, барои ин манзур ёрӣ металабад; Чароки ин олими сиддиқ, зуҳури Маҳдӣ дар сурати тазмини амнияти ӯ, ҳатто дар сурати имкони ҳокимияти ӯ, қатъӣ аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки миёни зуҳури ӯ ва ҳокимияти ӯ мулозимае нест ва зоҳир будани ӯ бидуни ҳокимияти ӯ низ судманд аст; Балки зоҳир будани ӯ, муқаддамае барои ҳокимияти ӯст; Зеро ҳокимияти касе ки зоҳир нест, мушкил аст ва бо ин васф, заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ, муқаддамаи заминасозӣ барои ҳокимияти ӯст. [Нақд ва баррасии 16]

Чи касоне китоби «Бозгашт ба Ислом» ро намехонанд ё мехонанд ва аз он баҳра намебаранд?
Ризо Ғафуриён

Иддае низ ин китоби шарифро мехонанд ва ба маъорифи он пай мебаранд, аммо дар ғавғои фитна ва ошуб ва ҳошиясозӣ ва таблиғоти масмумии душманони Худо фирефта мешаванд ва бадбин мегарданд ва дилашон тира мешавад ва ба ҷои матн ба ҳошиа мепрдозанд ва дар ниҳоят аз ҳақ дур мешаванд. Албатта тардиде нест ки ин гуноҳи бузург, нахуст бар гардани он фитнагароне аст ки аз роҳи Худо боз медоранд ва азобӣ дарднок дар интизори онҳост. Ин ҳучигарон бо вуҷуди боз будани дарвозаи нақди илмӣ ва мантиқӣ, аз он ҷо ки ҳеҷ бурҳон ва мантиқе надоранд даст ба олуда кардани фазо мезананд. Аммо ба ҳар ҳол мухотабони ин китоби шариф бояд бидонанд ки ҳаракати ҳаққи тамоми анбиёъ дар тӯли торих низ бо сампошӣ ва тавҳин ва таҳмит ва фитнагарии мустабидон ва мустакбирон ва зӯргӯён ҳамроҳ будааст ва душманони Худо ҳамвора бо бадтарин шева фазоро олуда месохтанд ва мардумро аз роҳи Худо боз медоштанд. Лизо иттифоқи ҷадиде наяфтодааст ва мухотабони ин китоби шариф бояд бо озодагӣ ва инсоф ба далил ва бароҳини он назар кунанд ва фориғ аз эҳсосоти зудгузар ва ҳаяҷоноти козиб, ҳақро биёбанд ва ба муқтазояш амал намояд ин шоъ Аллоҳ. [Мақолаи 2]

Маҳдӣ; Меҳвари иттиҳоди мусалмонон
Муҳаммад Саҷҷод Омили

Тардиде нест ки дар раъси ҳамаи орзуҳо ва ормонҳои муштараки мусалмонони ҷаҳон, барқарории адолати ҷаҳонӣ ва решакан шудани бедоди ва фасод бар рӯӣ замин дар сояи давлати мустақил ва ҳақиқатмадори Исломӣ қарор дорад. Ҳукумате ки Ислом аз ҳамон рӯзҳои нахустин, ваъдаи онро ба мусалмонон додааст ва бидуни шак ҳар орзуӣ машрӯъ ва саҳиҳи дигаре танҳо дар сурате муҳаққақ хоҳад шуд ва ҳамаи мусалмонони ҷаҳон, чи илтифот дошта бошанд ва чи надошта бошанд, чунин орзуеро дар сар мепарваранд. Аммо чизе ки дар ин миён гурӯҳи касире аз мусалмононро ба иштибоҳ андохта ва аз масири асли Ислом, мунҳариф сохта, ин таваҳҳуми шум ва беасос будааст ки барои таҳаққуқи ин ормони дерин ва орзуӣ ширин, мусалмононро ниёзе ба ҳидояти Худованд нест ва ҳар гурӯҳи аз эшон метавонад аз ҳар равише ки ба назараш дуруст аст, пайравӣ намояд ва ҳар касеро ки писандид барои қиёдат ва раҳбарии хеш ба сӯӣ ин ормони бузург баргузинад! Аммо ба рӯшанӣ мебинем ки чунин таваҳҳуми шум ва тасаввури хоме то кунун чи натоиҷе ба бор оварда ва мусалмонони ҷаҳонро ба чи рӯзе андохтааст! Имрӯз ҳар гурӯҳ аз мусалмонон касеро бар худ мусаллат сохта ва бо ҳокими дилхоҳи хеш байъат кардааст... Аз ин рӯ ҷоҳил ва золим ва таҷовуз ва ҷанг ва беадолатӣ ва фақр бар эшон муставлӣ шуда ва сояи табоҳӣ ва суқут бар сарашон сангинӣ мекунад. Ин аз он рӯст ки мусалмонон, Худовандро нодида гирифтанд ва машият ва иродаи ӯро дар ин амр ба ҳисоб наёварданд ва аз равише ки Ӯ барои расидан ба ин ормони бузург таъйин фармуда буд тахаллуф намуданд. Мусалмонон фаромӯш карданд ки изни Худованд ва амри Ӯ асл ва асоси хилқат ва санги банои офариниши ин ҷаҳон аст ва ҳамаи ҷараёнот, муъодилот ва муҳосиботи ҳокм бар он ҷуз ба хоста ва иродаи Ӯ ҷараён намеёбад ва бидуни он ҳатто сангрезаи рӯӣ замин ҳаракат намекунад. [Мақолаи 4]

Маҳдӣ; Меҳвари иттиҳоди мусалмонон
Муҳаммад Саҷҷод Омили

Мусалмонони ҷаҳон аз ин ҳақиқати бузург ғафлат кардаанд ки Худованди мутаъол, вилоят ва байъатро танҳо азони худ донистааст ва ононро аз шарик гирифтан дар он ба шиддат наҳй фармуда ва ташрик дар онро мисдоқи ширки ба Аллоҳ донистааст... Бетардид Худованди баладмартаба, ҳокими ҳақиқӣ ва молики аслии ин ҷаҳон аст ва ҳукумат бар он низ танҳо азони Ӯст. Лизо таҳаққуқи ҳукумати адолати ҷаҳонӣ танҳо ба тариқе ки Ӯ хостааст муяссар тавонад шуд ва танҳо ҳокиме ки Ӯ барои мардум баргузидааст, тавону салоҳияти барқарории адолатро хоҳад дошт ва на ҳеҷ каси дигар. Ин ҳақиқате аст ки дар айни вузуҳ ва ҳаққонияташ мавриди ғафлати амиқ воқеъ шуда ва ба фаромӯшӣ супурда шуда ва албатта ин фаромӯшӣ бисёр аҷиб ва ғайри қобили дарк аст; Чароки ҳамаи мусалмонон иттифоқи назар доранд ки бино бар ахбори мутавотири Исломӣ, қоъим ба ҳақ ва барпо кунандаи адолат бар рӯи замин ва танҳо касе ки Худованд ба хуруҷ ва қиёми ӯ ба ҳақ ва адолат ва пирӯзии ниҳойиаш хабар дода, Маҳдии оли Муҳаммад аст; «Ҳамон касе ки заминро аз қист ва адл пур мекунад; Ҳамчунонки аз зулм ва ҷавр пур шудааст» ва дар бораи ҳеҷ шахси дигаре чунин иттифоқи назире вуҷуд надорад. Ин ба он маъност ки танҳо ҳокими машруъ ва мавриди ризояти Худованд дар ин замон ҳамуст ва дар ҳоли ҳозир танҳо касе ки байъат бо ӯ барои мусалмонони ҷаҳон ҷойиз ва балки воҷиб шумурда мешавад, Маҳдӣ аст ва ҳар байъате ҷуз бо ӯ, исёни амри Худованд ва дар натиҷа табаъияти шайтон ва ба таъбири Қуръон, таҳокум ба сӯӣ тоғут шумурда мешавад ва ин нишондиҳандаи авҷи аҳмият ва маҳрумияти байъат бо Маҳдӣ дар омӯзаҳои Исломӣ аст. [Мақолаи 4]

Маҳдӣ; Меҳвари иттиҳоди мусалмонон
Муҳаммад Саҷҷод Омили

Дар ҳоли ҳозир ихтилоф ва тафриқаи уммат аз авомили сиёсӣ ва ҳокимиятҳои мутаъаддид ва мутафарриқ нашъат мегирад ва чанд дастагии мусалмонон, маълули пайравии онон аз ҳукком ва қудратҳои сиёсии гуногун аст ва табиъӣ аст ки ҳар гурӯҳ ва ҳар даста ва ҳар миллате аз мусалмонон, пайрави заъими хеш аст ва зуъамои ҷаҳони Ислом низ ҳар кадом ба сӯӣ худ мехонанд ва умуман Маҳдиро аз ёд бурдаанд; Чароки ё асосан ҳеҷ таваҷҷуҳе ба ӯ надоранд ва аз бурдани номи ӯ низ оҷизанд ва ё ин гуна таблиғ мекунанд ки зуҳури Маҳдӣ бисёр дур аст ва маълум нест дар чи замоне воқеъ мешавад. Ин гуна аст ки ҳокимони ҷаҳони Ислом дониста ё нодониста алайҳи Маҳдӣ иқдом мекунанд ва зеҳни умумии мусалмононро аз таъаммул дар бораи ӯ боз медоранд. Ҳоло агар тасаввур кунем ки нидои бедоргари даъват ба сӯӣ Маҳдӣ ва пайвастан ба ӯ ва гусастан аз ғайри ӯ ба гӯши ҳамаи мусалмонони ҷаҳон бирасад ва эшон ҳамагӣ, як садо даст аз ҳокимоне ки бидуни изни Худованд баргузидаанд, бардоранд ва ба сӯӣ Маҳдӣ бишитобанд чи хоҳад шуд? Ба ростӣ бо ба роҳ афтодани наҳзати бедорӣ бахши ҳимоят ва итоъат аз Маҳдӣ ва танин андоз шудани шиъори бозгашти мусалмонон ба сӯӣ Маҳдӣ чи таҳавулоте дар минтақа ва ҷаҳон рӯй хоҳад дод? Ба назар мерасад пеш аз ҳар чиз, авалин натиҷаи мубораки чунин ҳаракати бедоргаре, иттиҳоди муслимин дар як саф ва зери як байрақ ва низ ҳамгароӣ ва иттифоқи эшон дар сояи байъат бо гумоштаи Худованд хоҳад буд ва ин аввалин гом дар ростои таҳаққуқи ормони Исломии мо яъне таҳаққуқи ҳокимияти ҳазрати Маҳдӣ аст; Чароки тардиде нест ки як иттиҳоди ростин ва ба ҳам пайвастагии амиқ миёни суфуфи мусалмонон, пешниёзи инқилоби ҷаҳонии Маҳдавӣ шумурда мешавад. [Мақолаи 4]

Маҳдӣ; Меҳвари иттиҳоди мусалмонон
Муҳаммад Саҷҷод Омили

Ба ақидаи мо чунин наҳзати мубораки Исломӣ ки иттиҳоди ҳамаи мусалмонон дар замин байрақи Маҳдавиро ҳадафи худ қарор додааст оғоз шуда ва овоӣ «Бозгашт ба Ислом» ро сар додааст. Раҳбарии ин наҳзат бар уҳдаи андешманди ҳушёр ва мубориз, ҳазрати аълома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аст ки бо шуҷоъати беназир ва мисолзадании худ, калимаи «Ал байъату Лиллоҳ» ро шиъори наҳзати худ қарор дода ва мӯътақид аст ки танҳо мисдоқи байъат бо Аллоҳ дар даврони мо байъат бо халифаи Худо Маҳдии оли Муҳаммад аст ва ҳар байъати дигаре дар ин даврон, байъат бо тоғут шумурда мешавад. Бинобарин «Ал байъату Лиллоҳ» ба маънои инҳисори ҳукуамт ва қудрат ба касе аст ки Худованд ӯро ба унвони халифаи худ баргузидааст ва он ҳеҷ кас нест ҷуз Маҳдӣ. Ин парчамдори Исломи холис ва комил, бо ироъаи чунин қироъати асил ва мӯътабаре, мӯътақид аст ки Маҳдӣ, амуди оҳанини хаймаи Ислом аст ва то ин амуди оҳанин бар замин устувор нагардад, хаймайи Ислом барпо нахоҳад шуд. Лизо вазифаи фард фарди мусалмонони ҷаҳон, ҳимояти ҳамаҷониба ва содиқона аз Маҳдӣ ва нусрату иъонат ва итоъат аз ӯст. Ба ҳамин хотир аст ки метавон наҳзати ин андешманди бузургро наҳзати «Бозгашт ба Ислом» ё наҳзати бозгашт ба сӯӣ Маҳдӣ ном ниҳод; Чи онки рукни ракин ва иқома кунандаи мавъуди Ислом ҳамуст ва бозгашт ба ӯ дар воқеъ бозгашт ба сӯӣ Исломи ростин аст. [Мақолаи 4]